ترجمة سورة القمر

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة القمر باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Қиёмат наздик шуд ва моҳ ба ду ним пора гардид.(1)
____________________
1. Дар замоне, ки кофирони Макка аз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам суол карданд, то барояшон мӯъҷизае бинамояд, пас аз Аллоҳ талаб кард, моҳ ба ду ним пора гардид. Тафсири Табарӣ 22\565
2.       Ва агар мушрикон мӯъҷизае бубинанд,
ки бар сидқи паёмбарии Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам далолат кунад, аз имон овардан рӯй бигардонанд ва баъд аз ин далелҳои равшан бигӯянд: Ин «ҷодуи бузурге аст,» ки гузаро ва нопойдор аст.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\475
3.       Ва дурӯғ шумурданд кофирон паёмбарии Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро ва аз паи ҳавою ҳавасҳои хеш пайравӣ карданд. Ва ҳар коре, ки дар дунё анҷом мешавад аз неку бад барои соҳиби худ дар рӯзи қиёмат қароргоҳе дорад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\426
4.Ва ба таҳқиқ барояшон хабарҳое, ки омадааст, аз дурӯғ баровардани умматони пешина паёмбарони худро ва муҷиби азоб гардиданашон, барои кофирони Қурайш ибратест боздоранда, ки аз куфрашон бозистанд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\475
5.Ин Қуръоне, ки ба наздашон оварда шуд, ҳикмати расо ва басанда аст. Вале бимдиҳандагонро он қавмеро, ки аз Қуръон рӯ гардондаанд ва имон наовардаанд фоида надиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\427
6.Пас, эй Расул аз онҳо рӯй бигардон ва то рӯзи бузург мунтазир бош, ки дар он рӯз, ки он даъваткунанда (Исрофил) ононро ба чизе нохуш фаро мехонад ва он рӯз, рӯзи ҳисобу ҷазо аст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\824
7.Дар ҳоле ки чашмонашон хору залил аст. Чун малахҳое пароканда аз қабрҳо берун меоянд ва ба сӯи ҳисоб бо шитоб мераванд.
8.Сарҳоро боло гирифта ба сӯи он даъваткунанда (Исрофил) мешитобанд. Кофирон мегуянд: «Ин рӯз бениҳоят рӯзи душворест!»(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\476
9.       Эй Расул, пеш аз инҳо (яъне, мушрикони қавмат) қавми Нӯҳ паёмбарашон Нӯҳро дурӯғ шуморида буданд.
Пас бандаи Моро дурӯғгӯ шуморида ва гуфтанд: Ӯ «девона аст!» «Ва бо ӯ бо дуруштӣ рафтор шуд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\476
10.   Пас Нӯҳ дуъо кард ба ҷониби Парвардигори хеш, ки: «Ҳароина, ман мағлуб шудаам ва тавони муқобил шудани онҳоро надорам аз онҳо, интиқом бигир!»
11.   Пас мо дуъояшро иҷобат кардем ва дарҳои осмонро ба обе, ки бисёр ба шиддат резандааст, кушодем.
12.   Ва аз замин чашмаҳо шикофтем, сипас об барои коре, ки муқаддар шуда буд, фароҳам омад(1).
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\428
13.   Ва ӯро (яъне, Нӯҳ ва қавмашро) бар он киштии аз тахтаҳову мехҳо сохта шудааст, савор кардем.
14.   Киштӣ зери назари Мо равон шуд. Ва такзибкунандагонро ба сабаби куфрашон ғарқ кардем. Ин буд ҷазои касоне, ки куфр варзиданд.(1)
____________________
1. Дар ин оят сифати чашми Аллоҳ исбот шудааст, чуноне ки лоиқ ба зоти бузургии Ӯ дорад.
15.   Ва албатта, қиссаи Нӯҳ бо қавми худ ва он киштиро барои ояндагон нишонае сохтем, то ибрат ва панд бигиранд. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст аз ин нишона панду ибрат бигирад?
16.   Пас, азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд, барои касоне, ки куфр варзиданд ва паёмбаронро дурӯғ шумориданд?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\825
17.   Ва ҳамоно лафзи Қуръонро барои хондан ва ҳифзи он ва андеша намудан ва фаҳмидани маъноҳояш осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\429
18.   Қавми Од, ки паёмбарашон Ҳудро такзиб(1) карданд, ба азоб гирифторашон кардем. Пас, бингаред, ки азоби Ман барояшон дар ҳоли куфрашон ва бим доданиҳои Ман бар дурӯғ шуморидани
паёмбаронашон чи гуна буд?(2)
____________________
1. Ба паёмбариаш имон наёварданд. 2. Тафсири Табарӣ 22\585
19.   Ҳароина, Мо бар онҳо дар рӯзи шум барои ҳалок намуданашон пай дар пай боди сарди сахт фиристодем,
20.   боде, ки мардумонро аз замин бармеканд ва бар сарҳояшон маҳкам бар замин мекуфт ва сарҳояшон аз баданҳояшон ҷудо мешуд ва гӯё, ки онҳо танаҳои дарахтони хурмои аз реша баркандае буданд.(1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 7\479
21.   Пас, азоби Ман барояшон дар ҳоли куфрашон ва бим доданиҳои Ман
бар дурӯғ шуморидани паёмбаронашон чи гуна буд? (Оре, азоби бузургу дарднок буд!)
22.   Ба ҳамоно лафзи Қуръонро барои хондан, ва ҳифзи он ва андеша намудан ва фаҳмидани маъноҳояш осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?(1)
____________________
1. Ин оят бештар ба тиловати Қуръон ва таълим гирифтану таълим додани он водор менамояд. Тафсири Бағавӣ 7\429
23.   Қавми Самуд (яъне, қавми Солеҳ паёмбар) бимдиҳандагонро(1) дурӯғгӯ бароварданд.
____________________
1. Яъне паёмбароне, ки қавмҳои худро бо мӯъҷизаҳои илоҳӣ бимдиҳанда буданд.
24.   Сипас гуфтанд: «Оё танҳо башаре аз худамонро пайравӣ кунем? Ӯ яккаву танҳост ва бар даъвати худ ҳеҷ пайравӣ надорад, ҳароина, мо дар ин сурат гумроҳу девона бошем!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\590
25.   Оё аз миёни ҳамаи мо каломи Аллоҳ хос ба ӯ нозил шудааст? Балки, ӯ дурӯғгӯи худписанде аст».
26.   Ба зудӣ фардо (яъне, дар вақти фуруд омадани азоб дар дунё ва рӯзи қиёмат онҳо) хоҳанд донист, ки чӣ касе дурӯггӯйи худписанд аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\591
27.   Ҳароина, Мо мувофиқи талаботашон модашутурро аз санг берун оварандаем ва барои озмоиши онҳо фиристанда ҳастем. Пас, эй Солеҳ то фуруд омадани азоб мунтазири онҳо бош ва бар даъвати худ ва бар азиятдоданашон туро сабр кун!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\591
28.   Ва ба онҳо бигӯй, ки об миёни онҳо ва шутур тақсим шудааст. (Яъне, рӯзе навбати шутур ва рӯзе навбати онҳо) навбати ҳар кадоме, ки бошад, танҳо он сари об меравад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\826
29.   Ёрашонро барои куштани шутур нидо доданд, пас ӯ шамшер баргирифту онро бо дасти худ бикушт.
30.   Пас, азоби Ман барояшон дар ҳолати куфрашон ва бим доданиҳои Ман барои касе, ки паёмбарони Маро нофармонбардорӣ кардааст, чи гуна буд?
31.   Ҳароина, Мо бар онҳо як наъраи даҳшатнок(1) фиристодем. Пас, монанди он алафҳои хушки оғили чаҳорпоён шуданд.
____________________
1. Мурод аз ин наъра Ҷабраил алайҳис салом аст, чунон бонг зад, ки ҳама ҷо ба ҷо ҳалок шуданд.
32.   Ва ҳамоно лафзи Қуръонро барои хондан ва ҳифзи он ва андеша намудан ва фаҳмидани маъноҳояш осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\429
33.   Қавми Лут бимдиҳандагонро дурӯғгӯ бароварданд.
34.   Ҳароина, Мо бар онҳо сангбоде фиристодем ва ҳамаро ҳалок кардем ғайри хонадони Лут, ки онҳоро саҳаргоҳ (яъне, дар охири шаб) наҷот додем.
35.   Ин наҷот додан неъмате буд аз ҷониби Мо бар Лут ва бар оли ӯ ва ононро, ки сипос гӯянд, чунин подош медиҳем.
36.   Ва ҳақиқатан Лут онҳоро аз азоби Мо сахт бим дода буд, вале бар шакку гумони худ ба ӯ гӯш надоданд, балки бо бимдиҳандагон ба ҷидол бархостанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\432
37.   Ва бегумон бо Лут дар бораи меҳмононаш (яъне, аз фариштагоне, ки ба сурати мардони ҷавон омада буданд), сухани зиште гуфтанд. Пас Мо чашмонашонро кӯр гардонидем чизеро дида натавонистанд. Ва барояшон гуфта шуд: Бичашед азобу бимдоданиҳои Маро!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\597
38.   Ва ба таҳқиқ, бомдодон азоби пойдору бардавом(1) ба суроғашон омад.
____________________
1. Он азоб, боридани санг бар болояшон ва сарнагун кардани диёрашон
буд.
39.    Пас, ба сабаби куфру такзибатон азоби Ман ва бимдоданиҳои Маро, ки Лут
алайҳиссалом ба шумо бим карда буд, бичашед!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\433
40.    Ва ҳамоно лафзи Қуръонро барои хондан, ва ҳифзи он ва андеша намудан ва фаҳмидани маъноҳояш осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\429
41.    Ва ба ростӣ, бимдиҳандагони азоб назди хонадони Фиръавн омаданд.
42.    Ҳамаи оёти Моро, ки далолат бар тавҳиди Мо ва ҳақиқати паёмбаронамон мекард, дурӯғ шумориданд. Он гоҳ Мо низ онҳоро азоб кардем, чун азоб кардани пирӯзманди пурқудрат.
43.    Эй ҷамоъати Қурайш, оё кофирони шумо аз онҳо (яъне, аз кофирони қавмҳои гузашта, ки ба сабаби такзибашон ҳалок шуданд,) бартаранд ё дар китобҳои нозилшудаи пешина омадааст, ки аз азоб илоҳӣ дар амон ҳастед? (На! Ҳаргиз чунин нест.)(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\827
44.   Балки кофирони Макка мегӯянд, ки мо ҳамагӣ муттаҳид ва шикастнопазир ҳастем ба интиқом бармехезем ва ҳеҷ гурӯҳ моро мағлуб натавонад кард?(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\433
45.   Ба зудӣ он ҷамъ аз кофирони Макка назди мӯъминон шикаст хоҳанд хӯрд ва пушт гардонда бозгарданд.(1)
____________________
1. Яъне, мағлуб мешаванд. Рӯзи Бадр чунин ҳам шуд. Тафсири ибни Касир
7\482
46.   Балки ваъдагоҳи онҳо қиёмат аст ва ба ҷазои мустаҳиқ гирифтор хоҳанд шуд ва азоби қиёмат аз азоби рӯзи Бадр сахттару талхтар аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\434
47.   Ҳароина, гунаҳкорон дар гумроҳӣ ва девонагианд.
48.   Рӯзе, ки онҳоро ба чеҳраҳояшон дар ҷаҳаннам кашанд, барояшон гуфта мешавад: Бичашед азоби сақарро (дӯзахро)!
49.   Ҳароина, Мо ҳар чизро ба андоза офаридаем! (Ва илми Мо дар он
пеш рафтааст ва дар Лавҳи Маҳфуз сабт шудааст.)(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\435
50.   Ва фармони Мо танҳо як фармон аст ва он гуфтани як калима аст: "Шав!" пас, мешавад, монанди чашм бар ҳам задан аст.(1)
____________________
1. Яъне, монанди як миҷа куфтан аст. Тафсири Табарӣ 22\607
51.   Ва касоне, ки монанди шумо дар доираи куфр буданд, аз умматони гузашта албатта, онҳоро ҳалок кардем. Оё аз ин азобҳое, ки ба онҳо расид, пандгирандае ҳаст?(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\436
52.   Ҳар коре, ки кардаанд, аз неку бад дар дафтарҳост навишта ва сабтшуда бо дасти фариштагони маъмуре, ки ба ин кор амр шудаанд.
53.   Ҳар кори бузургу хурде, ки дар дунё кардаанд, дар дафтарҳои махсус навишта шудааст ва ба он ҷазо дода мешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\486
54.   Ҳароина, парҳезгорон рӯзи қиёмат дар боғҳои бузург ва ҷӯйборони васеъи биҳишт қарор доранд,
55. дар маҷлиси ростин, ки беҳудагӯӣ ва бадкорӣ дар он вуҷуд надорад назди подшоҳи тавоно, ки Офаридгори ҳамаи коинот аст!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\487
Icon