ترجمة معاني سورة القصص باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
الترجمة الإنجليزية - صحيح انترناشونال
المنتدى الإسلامي
الترجمة الإنجليزية
الترجمة الفرنسية - المنتدى الإسلامي
نبيل رضوان
الترجمة الإسبانية
محمد عيسى غارسيا
الترجمة الإسبانية - المنتدى الإسلامي
الترجمة الإسبانية (أمريكا اللاتينية) - المنتدى الإسلامي
المنتدى الإسلامي
الترجمة البرتغالية
حلمي نصر
الترجمة الألمانية - بوبنهايم
عبد الله الصامت
الترجمة الألمانية - أبو رضا
أبو رضا محمد بن أحمد بن رسول
الترجمة الإيطالية
عثمان الشريف
الترجمة التركية - مركز رواد الترجمة
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة التركية - شعبان بريتش
شعبان بريتش
الترجمة التركية - مجمع الملك فهد
مجموعة من العلماء
الترجمة الإندونيسية - شركة سابق
شركة سابق
الترجمة الإندونيسية - المجمع
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الإندونيسية - وزارة الشؤون الإسلامية
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الفلبينية (تجالوج)
مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - دار الإسلام
فريق عمل اللغة الفارسية بموقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - حسين تاجي
حسين تاجي كله داري
الترجمة الأردية
محمد إبراهيم جوناكري
الترجمة البنغالية
أبو بكر محمد زكريا
الترجمة الكردية
حمد صالح باموكي
الترجمة البشتوية
زكريا عبد السلام
الترجمة البوسنية - كوركت
بسيم كوركورت
الترجمة البوسنية - ميهانوفيتش
محمد مهانوفيتش
الترجمة الألبانية
حسن ناهي
الترجمة الأوكرانية
ميخائيلو يعقوبوفيتش
الترجمة الصينية
محمد مكين الصيني
الترجمة الأويغورية
محمد صالح
الترجمة اليابانية
روايتشي ميتا
الترجمة الكورية
حامد تشوي
الترجمة الفيتنامية
حسن عبد الكريم
الترجمة الكازاخية - مجمع الملك فهد
خليفة الطاي
الترجمة الكازاخية - جمعية خليفة ألطاي
جمعية خليفة الطاي الخيرية
الترجمة الأوزبكية - علاء الدين منصور
علاء الدين منصور
الترجمة الأوزبكية - محمد صادق
محمد صادق محمد
الترجمة الأذرية
علي خان موساييف
الترجمة الطاجيكية - عارفي
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
الترجمة الهندية
مولانا عزيز الحق العمري
الترجمة المليبارية
عبد الحميد حيدر المدني
الترجمة الغوجراتية
رابيلا العُمري
الترجمة الماراتية
محمد شفيع أنصاري
الترجمة التلجوية
مولانا عبد الرحيم بن محمد
الترجمة التاميلية
عبد الحميد الباقوي
الترجمة السنهالية
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الأسامية
رفيق الإسلام حبيب الرحمن
الترجمة الخميرية
جمعية تطوير المجتمع الاسلامي الكمبودي
الترجمة النيبالية
جمعية أهل الحديث المركزية
الترجمة التايلاندية
مجموعة من جمعية خريجي الجامعات والمعاهد بتايلاند
الترجمة الصومالية
محمد أحمد عبدي
الترجمة الهوساوية
الترجمة الأمهرية
محمد صادق
الترجمة اليورباوية
أبو رحيمة ميكائيل أيكوييني
الترجمة الأورومية
الترجمة التركية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفرنسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإندونيسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفيتنامية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة البوسنية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإيطالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفلبينية (تجالوج) للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفارسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
Dr. Ghali - English translation
Muhsin Khan - English translation
Pickthall - English translation
Yusuf Ali - English translation
Azerbaijani - Azerbaijani translation
Sadiq and Sani - Amharic translation
Farsi - Persian translation
Finnish - Finnish translation
Muhammad Hamidullah - French translation
Korean - Korean translation
Maranao - Maranao translation
Abdul Hameed and Kunhi Mohammed - Malayalam translation
Salomo Keyzer - Flemish (Dutch) translation
Norwegian - Norwegian translation
Samir El - Portuguese translation
Polish - Polish translation
Romanian - Romanian translation
Elmir Kuliev - Russian translation
Albanian - Albanian translation
Tatar - Tatar translation
Japanese - Japanese translation
محمد جوناگڑھی - Urdu translation
Ma Jian - Chinese translation
Turkish - Turkish translation
King Fahad Quran Complex - Thai translation
Ali Muhsin Al - Swahili translation
Abdullah Muhammad Basmeih - Malay translation
Hamza Roberto Piccardo - Italian translation
Indonesian - Indonesian translation
Bubenheim & Elyas - German / Deutsch translation
Bosnian - Bosnian translation
Hasan Efendi Nahi - Albanian translation
Sherif Ahmeti - Albanian translation
Sahih International - English translation
Czech - Czech translation
Abul Ala Maududi(With tafsir) - English translation
Tajik - Tajik translation
Alikhan Musayev - Azerbaijani translation
Muhammad Saleh - Uighur; Uyghur translation
Abdul Haleem - English translation
Mufti Taqi Usmani - English translation
Muhammad Karakunnu and Vanidas Elayavoor - Malayalam translation
Sheikh Isa Garcia - Spanish; Castilian translation
Divehi - Divehi; Dhivehi; Maldivian translation
Abubakar Mahmoud Gumi - Hausa translation
Mahmud Muhammad Abduh - Somali translation
Knut Bernström - Swedish translation
Jan Trust Foundation - Tamil translation
Mykhaylo Yakubovych - Ukrainian translation
Uzbek - Uzbek translation
Diyanet Isleri - Turkish translation
Ministry of Awqaf, Egypt - Russian translation
Abu Adel - Russian translation
Burhan Muhammad - Kurdish translation
Dr. Mustafa Khattab, The Clear Quran - English translation
Dr. Mustafa Khattab - English translation
الترجمة الإنجليزية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الفرنسية - محمد حميد الله
الترجمة البوسنية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الصربية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة الألبانية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة اليابانية - سعيد ساتو
الترجمة الفيتنامية - مركز رواد الترجمة
الترجمة التاميلية - عمر شريف
الترجمة السواحلية - عبد الله محمد وناصر خميس
الترجمة اللوغندية - المؤسسة الإفريقية للتنمية
الترجمة الإنكو بامبارا - ديان محمد
الترجمة العبرية
الترجمة الإنجليزية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الروسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة البنغالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الصينية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة اليابانية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
ترجمة معاني القرآن الكريم - عادل صلاحي
عادل صلاحي
ﰡ
آية رقم 1
ﮝ
ﮞ
1. То, Син, Мим.(1)
____________________
1. Тафсири ҳарфҳои муқаттаъа дар сураи Бақара гузашт.
____________________
1. Тафсири ҳарфҳои муқаттаъа дар сураи Бақара гузашт.
آية رقم 2
ﮟﮠﮡﮢ
ﮣ
2. Ин оятҳои китоби равшан аст, яъне,
Қуръони маҷид, баён мекунад ҳақро аз ботил ва намудор месозад роҳи ростро аз каҷ ва роҳи саодати дунёву охиратро барои инсонҳо нишон медиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\611
Қуръони маҷид, баён мекунад ҳақро аз ботил ва намудор месозад роҳи ростро аз каҷ ва роҳи саодати дунёву охиратро барои инсонҳо нишон медиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\611
آية رقم 3
3. Барои онҳое, ки ба ин Қуръон имон меоваранд, достони ростини Мӯсо ва Фиръавнро бар ту мехонем.
آية رقم 4
4. Фиръавн дар он сарзамини Миср бартарӣ ҷуст ва мардумашро(1) гурӯҳ - гурӯҳ сохт. Гурӯҳеро (яъне, банӣ Исроил) хор медошт ва писаронашонро мекушт ва занонашонро зинда мегузошт, ки ҳароина, ӯ аз фасодкорон буд.
____________________
1. Онҳо банӣ Исроил буданд.
____________________
1. Онҳо банӣ Исроил буданд.
آية رقم 5
5. Ва мехоҳем бар онон, ки дар замин заиф ва нотавон қарор дода шудаанд, миннат ниҳем ва ононро дар хубиҳо пешво созем
ва баъди ҳалоки Фиръавн ва қавмаш ононро вориси замин созем.(1)
____________________
1. Яъне, соҳиби мулки Фиръавн мешаванд.
ва баъди ҳалоки Фиръавн ва қавмаш ононро вориси замин созем.(1)
____________________
1. Яъне, соҳиби мулки Фиръавн мешаванд.
آية رقم 6
6. Ва онҳоро дар он сарзамин (Мисру Шом) обрӯву қудрат бахшидем ва ба Фиръавну Ҳомон (вазири Фиръавн) ва лашкариёнашон чизеро, ки аз он метарсиданд,(1) нишон диҳем.
____________________
1. Яъне, метарсиданд аз рафтани мулкашон ва бадар шуданашон аз диёрашон ба сабаби таваллуди Мӯсо алайҳиссалом.
____________________
1. Яъне, метарсиданд аз рафтани мулкашон ва бадар шуданашон аз диёрашон ба сабаби таваллуди Мӯсо алайҳиссалом.
آية رقم 7
7. Ва ба модари Мӯсо ваҳй кардем, ки ӯро шир бидеҳ ва агар бар ӯ тарсидӣ ба дарёи Нил биандоз ва матарсу ғамгин машав, ӯро ба ту, ҳатман бозмегардонем ва ӯро аз паёмбарон қарор медиҳем.
آية رقم 8
8. Пас, ҳангоме ки модари Мӯсо ӯро дар сандуқ ниҳод ва ба дарё афканд, ёрдамчиҳои Фиръавн ӯро аз об баргирифтанд, то саранҷоми душмани онон ва мояи андӯҳашон гардад. Ҳароина, Фиръавну Ҳомон
ва лашкариёнашон хатокор (мушрик) буданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\611
ва лашкариёнашон хатокор (мушрик) буданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\611
آية رقم 9
9. Ва зани Фиръавн (Осия барои Фиръавн) гуфт: «Ин тифл мояи шодмонии ману туст. Ӯро макушед, шояд ба мо нафъе бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ гирем». Ва онҳо ҳақиқати ҳолро намедонистанд, ки ҳалокиашон аз дасти он тифл аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\193
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\193
آية رقم 10
10. Ва дили модари Мӯсо аз ҳама чизҳои дунё холӣ гашт, ба ҷуз ғами Мӯсо. Ва агар дилашро қавӣ накарда будем, ки аз мӯъминон бошад, наздик буд, ки он чӣ дар дил дошт, онро ошкор кунад.
آية رقم 11
11. Ва ҳангоме, ки модари Мӯсо, Мӯсоро ба дарё афканд, ба хоҳари ӯ гуфт: «Аз пайи
ӯ бирав». Ва хоҳараш ӯро аз дур медид, ҳол он ки онҳо (қавми Фиръавн) намедонистанд, ки ӯ хоҳараш мебошад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\530
ӯ бирав». Ва хоҳараш ӯро аз дур медид, ҳол он ки онҳо (қавми Фиръавн) намедонистанд, ки ӯ хоҳараш мебошад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\530
آية رقم 12
12. Ва пистони ҳамаи занони ширдеҳро пеш аз баргаштанаш ба сӯи модараш бар ӯ ҳаром карда будем. Хоҳараш гуфт: «Оё мехоҳед шуморо ба хонаводае раҳнамоӣ кунам, ки ӯро бароятон шир диҳад ва некӯ тарбия кунад ва онҳо барои ӯ некхоҳ бошанд?»
آية رقم 13
13. Пас, Мӯсоро назди модараш баргардонидем, то чашмони он зан аз дидори тифлаш равшан гардад ва ғамгин набошад ва бидонад, ки албатта, ваъдаи Аллоҳ
ҳақ аст, ки фарзандашро ба ӯ бозмегардонад ва ба паёмбариаш мехонад, вале бештари мардум ҳақ будани ваъдаи Аллоҳро намедонанд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\195
ҳақ аст, ки фарзандашро ба ӯ бозмегардонад ва ба паёмбариаш мехонад, вале бештари мардум ҳақ будани ваъдаи Аллоҳро намедонанд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\195
آية رقم 14
14. Ва чун Мӯсо ба камоли рушди худ расид(1) ва барӯманд шуд, ӯро ҳикмату дониш додем ва некӯкоронро чунин подош медиҳем.
____________________
1. Яъне, аз назари қудрат ва ақлу хирад ба ҳадди камол расид.
____________________
1. Яъне, аз назари қудрат ва ақлу хирад ба ҳадди камол расид.
آية رقم 15
15. Бехабар аз мардуми шаҳр ба шаҳр дохил шуд. Ногаҳон ду танро дид, ки бо ҳам меҷанганд. Яке аз онҳо аз пайравони ӯ буд ва дигаре аз душманонаш. Пас, он кӣ аз пайравонаш буд, бар зидди он дигар, ки аз душманонаш буд, аз ӯ ёрӣ хост. Пас, Мӯсо мушти маҳкаме бар ӯ зад ва ӯро кушт(1). Гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ҳароина, ӯ душмани гумроҳкунандаи ошкор аст».
____________________
1. Ин воқеа пеш аз паёмбарии Мӯсо алайҳиссалом буд.
____________________
1. Ин воқеа пеш аз паёмбарии Мӯсо алайҳиссалом буд.
آية رقم 16
16. Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигорам, ҳароина, ман ба худ ситам кардам. Маро биёмурз». Пас, Аллоҳ ӯро биёмурзид. Албатта, Ӯ омурзандаи гуноҳҳо ва бо бандагонаш меҳрубон аст!
آية رقم 17
17. Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба шукронаи неъмате(1), ки бар ман ато кардӣ, пас, ҳаргиз пуштибони гунаҳкорон нахоҳам шуд!»
____________________
1. Яъне, тавбаи маро қабул кардӣ ва аз гуноҳам даргузаштӣ.
____________________
1. Яъне, тавбаи маро қабул кардӣ ва аз гуноҳам даргузаштӣ.
آية رقم 18
18. Пас, Мӯсо дар шаҳр тарсон ва чашм ба роҳи ҳодиса шабро субҳ намуд. Ногаҳон дид, ки марде, ки дирӯз аз ӯ мадад хоста буд, боз ҳам ӯро фарёд мезанад ва кӯмак мехоҳад. Мӯсо ба ӯ гуфт: «Ҳароина, ту гумроҳи ошкор ҳастӣ"!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\198
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\198
آية رقم 19
19. Пас, ҳангоме ки Мӯсо хост ба касе, ки душмани ҳардуи онҳо буд, ҳамла барад ва бизанад, ӯ фарёд зад ва гуфт: «Эй Мӯсо, оё мехоҳӣ ҳамчунон ки дирӯз якеро куштӣ, маро низ бикушӣ? Ту мехоҳӣ, ки дар ин сарзамин золиме бошӣ ва намехоҳӣ, ки аз солеҳон бошӣ».
آية رقم 20
20. Марде аз дурдасти шаҳр давон омаду гуфт: «Эй Мӯсо, сардорони қавми Фиръавн дар бораи ту машварат мекунанд, то туро бикушанд. Аз ин шаҳр берун бирав.
Ман, ҳароина, хайрхоҳи ту ҳастам!»
Ман, ҳароина, хайрхоҳи ту ҳастам!»
آية رقم 21
21. Пас, тарсону нигарон аз шаҳр берун шуд. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз қавми ситамкорон наҷот бидеҳ!»
آية رقم 22
22. Вақте ки Мӯсо қасд ба сӯи шаҳри Мадян(1) кард, берун аз ватани Фиръавн шуда гуфт: «Умед аст, ки Парвардигори ман маро ба роҳи рост раҳбарӣ кунад».
____________________
1. Шаҳри Мадян дар ҷануби Фаластин ҷойгир аст.
____________________
1. Шаҳри Мадян дар ҷануби Фаластин ҷойгир аст.
آية رقم 23
23. Чун ба оби чоҳи шаҳри Мадян расид, гурӯҳе аз мардумро дид, ки чорпоёни худро об медиҳанд ва дар канори онҳо ду занро дид, ки гӯсфандони худро бозмедоранд ва ба чоҳ наздик намешаванд, Мӯсо гуфт: «Шумо чӣ мекунед, чаро гӯсфандони худро об намедиҳед?» Гуфтанд: «Мо онҳоро об намедиҳем, то он гоҳ ки чӯпонҳо бозгарданд ва бираванд, ки падари мо пири кӯҳансол аст ва тавоноии ин корро надорад.»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\614
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\614
آية رقم 24
24. Пас, Мӯсо барои гӯсфандони он ду зан об дод. Сипас ба сояи дарахте бозгашту гуфт: «Эй Парвардигорам, ман, ба таҳқиқ, ба он неъмате, ки бароям мефиристӣ, мӯҳтоҷам».(1)
____________________
1. Яъне, Мӯсо он замон дар гуруснагии сахт гирифтор шуда буд.
____________________
1. Яъне, Мӯсо он замон дар гуруснагии сахт гирифтор шуда буд.
آية رقم 25
25. Пас, яке аз он ду зан, ки шармида роҳ мерафт, назди Мӯсо омад ва гуфт: «Ҳароина, падарам туро даъват мекунад, то музди об додани гӯсфандонро бидиҳад». Чун Мӯсо назди падари ӯ омад ва қиссаи саргузашти худро барояш ҳикоят кард, падари ӯ гуфт: «Матарс, ки ту аз мардуми ситамкор (Фиръавн ва қавмаш) наҷот ёфтаӣ».
آية رقم 26
26. Яке аз он ду зан барои падараш гуфт: «Эй падар, ӯро мардикор бигир, бегумон беҳтарин касеро, ки метавонӣ марди кор бигирӣ, касе аст, ки неруманди амин бошад ва ӯ чунин аст».
آية رقم 27
27. (Падари духтар Шуьайб ном дошт,) гуфт: «Ҳароина, мехоҳам яке аз ин ду духтарамро зани ту кунам, ба шарти он, ки ҳашт сол мардикори ман бошӣ. Ва агар онро то даҳ сол тамом кунӣ, пас лутфу муҳаббате аз сӯи туст ва ман намехоҳам бар ту сахтгирӣ кунам. Иншоаллоҳ, маро аз солеҳон хоҳӣ ёфт».
آية رقم 28
28. (Мӯсо гуфт:) «Ин қарордод миёни ману ту бошад, ки ҳар кадом аз ин ду муддатро анҷом додам, бар ман ситаме нахоҳад буд ва Аллоҳ таоло бар он чӣ мегӯем, гувоҳ аст».
آية رقم 29
29. Пас, чун Мӯсо он муддати муайянро ба поён расонид ва он даҳ соли комил буд ва бо занаш ба сӯи Миср равон шуд, аз сӯи кӯҳи Тур оташе дид. Ба ахли худ гуфт: «Ин ҷо истед. Ҳамоно ман оташе дидам. Шояд аз он хабаре ё пораи оташе биёварам, то гарм шавед».
آية رقم 30
30. Чун Мӯсо назди оташ омад, аз канораи рости водӣ, дар он сарзамини муборак, аз
миёни як дарахт нидо дода шуд, ки эй Мӯсо, албатта, ман Аллоҳи барҳақу Парвардигори ҷаҳониёнам.
миёни як дарахт нидо дода шуд, ки эй Мӯсо, албатта, ман Аллоҳи барҳақу Парвардигори ҷаҳониёнам.
آية رقم 31
31. Асоятро бияндоз! Чун дидаш, ки монанди море меҷунбад, тарсид ва гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. Аллоҳ гуфт: «Эй Мӯсо, пеш ой ва матарс. Ҳароина, Ту аз ҳама нохушиҳо дар амон ҳастӣ.
آية رقم 32
32. Дастатро дар гиребони худ фурӯ кун, то сафед ва дурахшанда берун ояд, бе ҳеҷ осебе. Ва то аз ваҳшат биёромӣ, дасти худ дар бағал кун. Ин ду мӯъҷиза асо ва дасти дурахшон аз ҷониби Парвардигорат бурҳони равшан барои Фиръавн ва ашрофи қавми ӯст, бегумон онон мардуме саркашанд».
آية رقم 33
33. Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигорам, ман як тан аз онҳоро куштаам, пас метарсам, ки маро бикушанд.
آية رقم 34
34. Ва бародарам Ҳорун ба забон аз ман фасеҳтар аст. Пас, ӯро ба мадади ман бифирист, то маро тасдиқ кунад, ҳароина, бими он дорам, ки дурӯғгӯям мешуморанд».
آية رقم 35
35. Аллоҳ таоло гуфт: «Туро бо бародарат қавӣ ва нерӯманд хоҳем кард ва бароятон ҳуҷҷате қарор медиҳем. Пас, ба сабаби нишонаҳое, ки шуморо додаем, ба шумо даст нахоҳанд ёфт. Шумо ва пайравонатон пирӯз хоҳед буд».
آية رقم 36
36. Чун Мӯсо оёти равшани Моро наздашон (назди Фиръавн ва қавм) овард, гуфтанд: «Ин ҷодуест бархоста, мо аз ниёгонамон чунин чизҳое нашунидаем».
آية رقم 37
37. Ва Мӯсо ба Фиръавн гуфт: «Парвардигори ман ба ҳоли он касе, ки аз ҷониби Ӯ ба ҳидоят омадааст ва оқибати писандида дар он саройи дигар аз они ӯст, огоҳтар аст. Албатта, ситамкорон наҷот намеёбанд!»
آية رقم 38
38. Фиръавн гуфт: «Эй ҷамоат, ман барои шумо маъбуде ҷуз худ намешиносам. Эй Ҳомон, барои ман хишт бипаз ва баланд манорае бисоз, шояд ки аз Аллоҳи Мӯсо бохабар шавам, ҳароина, ман дурӯғгӯяш мепиндорам».
آية رقم 39
39. Фиръавн ва лашкарҳояш ба ноҳақ дар замини Миср саркашӣ карданд ва пиндоштанд, ки баъди маргашон онҳо ба назди мо бозгардонида намешаванд.
آية رقم 40
40. Пас, Мо Фираъвн ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба баҳр андохтем. Пас, бингар, ки оқибати кори ситамкорон чӣ гуна буд?!
آية رقم 41
41. Ва ононро аз он гуна пешвоёне сохтем, ки мардумро ба оташи ҷаҳаннам даъват мекунанд ва дар рӯзи қиёмат касе ёриашон намекунад.
آية رقم 42
42. Дар ин дунё аз паяшон лаънат (хорӣ ва ғазабро) равона сохтем ва дар рӯзи қиёмат аз зиштрӯёнанд ва аз раҳмати Аллоҳ таоло маҳруманд(1).
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\209
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\209
آية رقم 43
43. Пас, аз он ки мардуми рӯзгори пешинро ҳалок сохтем, (монанди қавми Нӯҳ, Од, Самуд ва қавми Лут ва асҳоби Мадян) ба Мӯсо китоби Таврот додем, ки барои мардуми банӣ Исроил ибрату ҳидоят ва раҳмат бошад. Шояд онҳо аз ин неъматҳои Парвардигор панд гиранд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\583
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\583
آية رقم 44
44. Он гоҳ ки ба Мӯсо фармони амри пайғамбариро ваҳй кардем, ту эй Расул, на дар ҷониби ғарбии кӯҳи Тур будӣ ва на дар он ҷо ҳозир будӣ, то гуфта шавад аз
ин тариқ ин хабар ба ӯ расидааст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\617
ин тариқ ин хабар ба ӯ расидааст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\617
آية رقم 45
45. Вале Мо аз он пас (баъди Мӯсо) наслҳоеро биёфаридем, ки умри дароз ёфтанд. Пас, аҳди Аллоҳро фаромӯш карданд ва амрашро тарк намуданд. Ва ту дар миёни мардуми Мадян муқим набудӣ, ки оёти Моро бар онҳо бихонӣ. Вале Мо будем, ки ба сӯи ту онро ваҳй гуфтем ва барои мардум туро ба Паёмбари фиристодем.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\240
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\240
آية رقم 46
46. Эй Расул, ту дар канори кӯҳи Тур набудӣ, он гоҳ ки Мӯсоро нидо додем.
Вале ин раҳматест аз ҷониби Парвардигорат, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштанд, бим диҳӣ. Бошад, ки онҳо
пандпазир шаванд ва ҳар хубиро ба ҷо оранд ва аз ҳар бадӣ дурӣ гиранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\617
Вале ин раҳматест аз ҷониби Парвардигорат, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштанд, бим диҳӣ. Бошад, ки онҳо
пандпазир шаванд ва ҳар хубиро ба ҷо оранд ва аз ҳар бадӣ дурӣ гиранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\617
آية رقم 47
47. Ва чун ба сабаби аъмоле, ки кардаанд, мусибате ба онҳо расад, мегӯянд:
«Эй Парвардигори мо, чаро паёмбаре бар мо нафиристодӣ, то аз оёти Ту пайравӣ кунем ва аз мӯъминон бошем?»
«Эй Парвардигори мо, чаро паёмбаре бар мо нафиристодӣ, то аз оёти Ту пайравӣ кунем ва аз мӯъминон бошем?»
آية رقم 48
48. Чун паёмбари ростгӯй (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷониби Мо бар онон мабъус шуд, (кофирони Қурайш) гуфтанд: «Чаро он чӣ ба Мӯсо аз мӯъҷизаҳо дода шуд, ба ӯ дода нашудааст?» (Эй Расул, бигӯ барояшон:) Оё инҳо (яҳудиҳо) пеш аз ин ба он чӣ ба Мӯсо дода шуда буд, кофир нашуда буданд?
Ва гуфтанд, ки ин ҳарду (Тавроту Қуръон) ҷодуанд ва пуштибони якдигаранд ва гуфтанд: Мо ба ҳар кадоме аз онҳо имон намеоварем.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\212
Ва гуфтанд, ки ин ҳарду (Тавроту Қуръон) ҷодуанд ва пуштибони якдигаранд ва гуфтанд: Мо ба ҳар кадоме аз онҳо имон намеоварем.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\212
آية رقم 49
49. Бигӯ эй Расул: «Агар рост мегӯед, аз ҷониби Аллоҳ китобе биёваред, ки аз ин ду (Тавроту Қуръон) беҳтар роҳ бинамояд, то ман ҳам аз он пайравӣ кунам!»
آية رقم 50
50. Пас, агар ин сухани туро иҷобат накарданд, бидон, ки аз пайи ҳавои нафси хеш мераванд ва кист гумроҳтар аз касе, ки бе раҳнамоӣ аз сӯи Аллоҳ, аз пайи ҳавои нафси худ меравад? Ҳароина, Аллоҳ мардуми ситамкорро, ки мухолифати амри Ӯ карданд ва аз ҳудудаш берун рафтанд, ҳидоят намекунад.
آية رقم 51
51. Барояшон сухан дар сухан пайвастем (яъне, пай дар пай оёти Қуръонро нозил кардем), бошад, ки пандпазир гарданд.
آية رقم 52
52. Касоне, ки пеш аз ин китоб (Қуръон) китобашон дода будем, (яъне, яҳуду насорое, ки китоби Аллоҳро табдил надода буданд) ба он Қуръон ва Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон меоваранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\620
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\620
آية رقم 53
53. Ва чун бар онҳо Қуръон тиловат карда шуд, гуфтанд: «Ба он имон овардем. Бегумон ин аз ҷониби Парвардигори мо аст ва ҳақиқатан мо пеш аз нузули он ҳам мусалмон будем».
آية رقم 54
54. Онҳо касонеанд, ки ба сабаби сабре, ки кардаанд, ду бор ба онҳо подош дода мешаванд. Зеро онҳо имон ба китоби худашон доранд ва низ имон ба Қуръон доранд. Инҳо бадиро ба некӣ дур мекунанд ва низ аз он чи рӯзиашон додаем, садақа мекунанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\214
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\214
آية رقم 55
55. Ва чун сухани беҳудае бишнаванд, аз он рӯйгардонӣ мекунанд ва мегӯянд: «Кирдорҳои мо аз они мо ва кирдорҳои шумо аз они шумо. Ба саломат бимонед. Мо хостори ҷоҳилон нестем!»
آية رقم 56
56. Ҳароина, ту эй Расул, ҳар касро, ки дӯст дорӣ наметавонӣ, ҳидоят кунӣ, вале Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯ ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад.
آية رقم 57
57. Мушрикон гуфтанд: «Агар аз дини ту пайравӣ кунем, моро аз сарзаминамон бармекананд». Оё онҳоро дар ҳараме амн ҷой надодаем, ки ҳама гуна меваҳо дар он фароҳам мешавад ва ин ризқест аз ҷониби Мо? Вале аксари мушрикон қадри ин неъматҳоро намедонанд, то шукри Аллоҳро ба ҷо оранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\620
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\620
آية رقم 58
58. Чӣ басо мардуми шаҳреро ҳалок сохтем, ки дар зиндагии худ масту мағрур шуда ва саркашӣ карда буданд ва ин хонаҳои онҳост, ки баъд аз онҳо, ҷуз андаке касе дар онҳо сукунат накард ва Мо вориси онҳо будем ва онҳоро мемиронем ва ба сӯи мо бозмегарданд, пас, онҳоро мувофиқи амалҳояшон ҷазо хоҳем дод.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\621
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\621
آية رقم 59
59. Эй Расул, дар замони ту ҳаргиз Парвардигори ту мардуми шаҳрҳоро, ки гирду атрофи «Макка» буданд, ҳалок накард, то он гоҳ ки аз худашон дар Макка паёмбаре бар онҳо фиристод ва ӯ оёти Моро бар онҳо бихонд. Ва мо шаҳрҳоро нобуд накардаем, магар он ки мардумаш ситамкор будаанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\603
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\603
آية رقم 60
60. Эй мардум, чизҳое, ки ба шумо дода шудааст; (аз молу фарзанд бархурдорӣ ва) ороиши ин зиндагии дунявист. Ҳол он ки
барои парҳезгорон он чи назди Аллоҳ аст, беҳтару пойдортар аст. Чаро намеандешед?
барои парҳезгорон он чи назди Аллоҳ аст, беҳтару пойдортар аст. Чаро намеандешед?
آية رقم 61
61. Оё он кас, ки ӯро ваъдаҳои нек додаем, пас ӯ ба он ваъдаҳо хоҳад расид, ҳамонанди касест, ки ӯро аз моли инҷаҳонӣ баҳраманд кардаем, сипас дар рӯзи қиёмат аз ҳозиршудагон дар азоб хоҳад буд?
آية رقم 62
62. Ва рӯзе, ки Аллоҳ таоло ононро нидо медиҳад ва мегӯяд: «Шариконеро, ки барои Ман мепиндоштаед, куҷоянд?»
آية رقم 63
63. Онон, ки ҳукми азоб дар бораашон таҳқиқ шудааст, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо касоне, ҳастанд, ки мо гумроҳашон кардем. Аз он рӯ гумроҳашон кардем, ки худ гумроҳ будем. Аз онҳо безорӣ меҷӯем ва
ба ту мегаравем. Инҳо моро намепарастидаанд, балки шайтонҳоро мепарастиданд».
ба ту мегаравем. Инҳо моро намепарастидаанд, балки шайтонҳоро мепарастиданд».
آية رقم 64
64. Ва барои мушрикон гуфта шавад: «Акнун маъбудони худро, ки шарики Аллоҳ мепиндоштед, фарёд кунед, то шуморо ёрӣ кунанд». Пас, онҳоро мехонанд, вале ба онҳо ҷавоб намедиҳанд. Ва чун азобро бо чашми худ бубинанд, орзу мекунанд, ки кош аз ҳидоятёфтагон мебуданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\622
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\622
آية رقم 65
ﮢﮣﮤﮥﮦﮧ
ﮨ
65. Ва рӯзе, ки Аллоҳ мушриконро нидо кунад ва гӯяд: «Даъвати паёмбаронро чӣ гуна қабул кардед?».
آية رقم 66
66. Дар ин рӯз хабарҳо бар онҳо пӯшида шавад ва аз якдигар низ натавонанд пурсид.
آية رقم 67
67. Аммо он кас, ки тавба кард аз мушрикон ва имон овард ва амали солеҳ ба ҷой овард, пас, умед аст, ки аз растагорон бошад.
آية رقم 68
68. Парвардигори ту ҳар чиро, ки бихоҳад, меофаринад ва ихтиёр мекунад. Вале онҳоро ҳеҷ тавони ихтиёр нест. Пок аст Аллоҳ ва аз ҳар чӣ барояш шарик месозанд, бартар аст.
آية رقم 69
69. Ва Парвардигори ту ҳар чиро, ки дар дил пинҳон доштаанд ё ошкор кардаанд, медонад.
آية رقم 70
70. Ӯст Аллоҳи якто. Ҳеҷ маъбуде барҳақ ғайри Ӯ нест. Ситоиш хоси Ӯст, чи дар
ин ҷаҳон ва чи дар ҷаҳони дигар. Ва фармон, фармони Ӯст. Ва ҳамаи шумо ба сӯи Ӯ бозгардонда мешавед.
ин ҷаҳон ва чи дар ҷаҳони дигар. Ва фармон, фармони Ӯст. Ва ҳамаи шумо ба сӯи Ӯ бозгардонда мешавед.
آية رقم 71
71. Бигӯ эй Расул: Хабар диҳед маро эй мардум: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Аллоҳ шабатонро то рӯзи қиёмат тӯлонӣ созад? Ҷуз Ӯ кадом Аллоҳ аст, ки шуморо равшанӣ арзонӣ дорад? Магар намешунавед?»
آية رقم 72
72. Бигӯ барояшон: хабар диҳед маро: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Аллоҳ рӯзатонро то рӯзи қиёмат тӯлонӣ созад? Ҷуз Ӯ кадом маъбудест, ки барои шумо шабе оварад, ки дар он биёсоед? Магар нишонаҳо ва оёти Аллоҳро намебинед?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\623
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\623
آية رقم 73
73. Ва аз раҳмати Ӯ он ки барои шумо эй мардум, шабу рӯзро падид овард, то дар он шаб ором бигиред ва дар он рӯз ба талаби рӯзӣ бархезед, бошад, ки шукр гӯед».
آية رقم 74
74. Ва рӯзе, ки Аллоҳ он мушриконро нидо диҳад ва барояшон бигӯяд: «Шариконе, ки барои Ман дар дунё мепиндоштед, куҷоянд?"
آية رقم 75
75. Ва аз ҳар миллате шоҳиде биёварем ва гӯем: «Далели хеш биёваред. Пас, он гоҳ бидонанд, ки ҳақ аз они Аллоҳ аст ва ғоиб шавад аз назарашон он бутонеро, ки ба дурӯғ мехонанд.»
آية رقم 76
76. Ҳароина, Қорун аз қавми Мӯсо буд, ки бар онҳо ситам кард. Ва ба ӯ чунон ганҷҳое додем, ки бешак, ҳамли калидҳояш бар гурӯҳе аз мардуми нерӯманд душвор менамуд. Он гоҳ ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Ба хотири ин ҳама молат мағрурона шодӣ макун, ба дурустӣ, ки Аллоҳ таоло касонеро, ки шодӣ мекунанд ва мағрур мешаванд ва шукри Аллоҳ намекунанд, дӯст намедорад.
آية رقم 77
77. Дар он чӣ Аллоҳ ба ту арзонӣ доштааст, саройи охиратро биҷӯй ва баҳраи хешро аз дунё фаромӯш макун. Ва ҳамчунон ки Аллоҳ ба ту некӣ кардааст, бо дигарон некӣ кун ва дар замин аз пайи фасод марав, ки ҳароина, Аллоҳ таоло фасодкунандагонро дӯст намедорад!»
آية رقم 78
78. ( Қорун дар ҷавоби насиҳати қавмаш гуфт:) «Ҳамоно он чӣ ба ман дода шудааст, аз ин ганҷҳо ба сабаби дониши ман буд». Оё Қорун надонистааст, ки ба таҳқиқ, Аллоҳ пеш аз ӯ наслҳоеро ҳалок карда, ки қувваташон аз ӯ афзунтар ва шумораашон бештар будааст? Ва ин гунаҳкоронро, ки гуноҳашон муайян аст, аз гуноҳашон намепурсанд, балки ҳолати онҳоро медонад ва онҳоро азоб медиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\623
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\623
آية رقم 79
79. Пас, рӯзе Қорун бо ороиш ва зинати хеш бар қавмаш берун омад, касоне, ки хоҳони зиндагии дунё буданд, гуфтанд: «Эй кош, он чӣ ки ба Қорун дода шуда, моро низ мебуд, ба дурустӣ, ки ӯ аз баҳраи бузург бархӯрдор аст».
آية رقم 80
80. Ва касоне, ки ба онҳо дониши (илми шариат) дода шуда буд, гуфтанд: «Вой бар шумо. Аз Аллоҳ битарсед ва Ӯро итоат кунед, ки савоби Аллоҳ барои касе, ки имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, беҳтар аст аз он чӣ ба Қорун дода шудааст. Ва ин насиҳатро ба ҷуз сабркунандагон касе дигар намепазиранд.».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\223
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\223
آية رقم 81
81. Пас, Қорун ва хонаашро дар замин фурӯ бурдем ва дар баробари Аллоҳ ҳеҷ гурӯҳе надошт, ки ёрияш кунад ва низ худ ёрӣ кардани хеш натавонист.
آية رقم 82
82. Ва касоне, ки дирӯз орзу мекарданд, ки ба ҷои ӯ бошанд, мегуфтанд: «Аҷабо, ки Аллоҳ рӯзии ҳар касро, ки хоҳад фаровон кунад ё танг созад. Агар инъому фазли Аллоҳ бар мо намебуд, албатта, моро ҳам замин мисли Қорун фурӯ мебурд. Аҷабо, ки кофирон на дар дунё ва на дар охират наҷот намеёбанд».
آية رقم 83
83. Ин саройи охиратро аз они
касоне сохтаем, ки дар ин ҷаҳон на хоҳони бартариҷӯӣ ҳастанд ва на хоҳони фасод.
Ва саранҷоми нек, ки ҷаннат аст, аз они парҳезгорон аст?
касоне сохтаем, ки дар ин ҷаҳон на хоҳони бартариҷӯӣ ҳастанд ва на хоҳони фасод.
Ва саранҷоми нек, ки ҷаннат аст, аз они парҳезгорон аст?
آية رقم 84
84. Ҳар кас, ки кори неке ба ҷой орад, подоши беҳтаре аз он дорад ва ҳар кӣ гуноҳе кунад, пас, бидонанд касоне, ки
муртакиби гуноҳ мешаванд, ҷуз ба андозаи амалашон ҷазо дода намешаванд.
муртакиби гуноҳ мешаванд, ҷуз ба андозаи амалашон ҷазо дода намешаванд.
آية رقم 85
85. Ба дурустӣ, он Аллоҳе, ки Қуръонро бар ту нозил ва фарз кардааст расонидани онро, туро ба ҷойгоҳат (Макка) бозмегардонад. Бигӯ эй Расул, барои мушрикон: «Парвардигори ман беҳтар медонад, ки чӣ касе бар роҳи рост ва чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\226
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\226
آية رقم 86
86. Агар раҳмати Парвардигорат намебуд, умеди онро надоштӣ, ки ин китоб бар
ту дода мешавад, пас шукри Аллоҳро ба ҷо ор бар он неъмате, ки бар ту арзонӣ намудааст. Пас, ҳаргиз, набояд пуштибони кофирон бошӣ!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\642
ту дода мешавад, пас шукри Аллоҳро ба ҷо ор бар он неъмате, ки бар ту арзонӣ намудааст. Пас, ҳаргиз, набояд пуштибони кофирон бошӣ!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\642
آية رقم 87
87. Пас, аз он ки оёти Аллоҳ бар ту нозил шуд, туро кофирон аз он бероҳа накунанд. Мардумро ба сӯи Парвардигорат бихон ва ҳаргиз аз мушрикон мабош.
آية رقم 88
88. Бо Аллоҳи якто маъбуди дигареро махон. Ҳеҷ Аллоҳе барҳақ, ҷуз Ӯ нест. Ҳар чизе нобуд шуданӣ ҳаст, ғайри рӯйи Зоти Ӯ. Фармон, фармони Ӯст ва ҳама ба сӯйи Ӯ бозгардонида мешавед ва ҳисобу китоби гуфтору кирдоратонро бозрасӣ мекунад ва дар миёнатон одилона доварӣ хоҳад кард!
تقدم القراءة