ترجمة معاني سورة المطفّفين باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الناشر

مجمع الملك فهد

آية رقم 1
1. Вой(1) бар ҳоли камкунандагон,
____________________
1. Азоби сахт
آية رقم 2
2. онон, ки чун аз мардум барои худ харид карданд, паймона меситонанд, (бармекашанд) онро пур мекунанд
آية رقم 3
3. ва чун барои мардум чизе фурӯхтанд, мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд.
آية رقم 4
4. Оё инҳо намедонанд, ки зинда мешаванд,
آية رقم 5
5. дар он рӯзи бузург? Ва мувофиқи аъмолашон ҳисобу китоб карда мешаванд.
آية رقم 6
6. Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён фурӯтан меистанд.
آية رقم 7
7. Ҳақиқатан бозгашти бадкорон ҷои танг аст.
آية رقم 8
8. Ва ту чи медони он тангӣ чист? Ҳамоно он ҷой зиндонест, ки дар он азоби дардовар аст.
آية رقم 9
9.       Ва барояшон китобест навишташуда! На дар он чизе афзуда мешавад ва на кам карда мешавад.
آية رقم 10
10.   Дар он рӯз вой бар ҳоли дурӯғшуморандагон,
آية رقم 11
11.   онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд!
آية رقم 12
12.   Ва он рӯзро ба ҷуз ҳар ситамгари гунаҳкор касе дурӯғ намешуморад.
آية رقم 13
13.   Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, ғуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!» Амр чунин нест, ки мепиндоранд, балки он каломи Аллоҳ аст ва ба тариқи ваҳй ба сӯи паёмбараш фиристода шудааст.
14.   Чунин нест, ки мегӯянд, балки корҳое, ки карда буданд аз гуноҳ бар дилҳошон ғолиб шуда занг бастааст.
آية رقم 15
15.   Чунин нест, ки мегӯянд, бегумон онон дар он рӯз аз дидори Парвардигорашон(1) маҳрум бошанд.
____________________
1. Дар ин оят далелест, ки муъминон Парвардигорашонро мебинанд, модоме ки ғайри мӯъминон аз дидори Ӯ маҳруманд.
آية رقم 16
16.    Пас онҳо ба ҷаҳаннам дароянд, ҳарорати гармии онро мечашанд.
آية رقم 17
17.    Сипас ба онҳо гуфта мешавад: «Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»
آية رقم 18
18.    Ба дурустӣ, ки номаи амалҳои некӯкорон дар Иллийин(1) қарор дорад.
____________________
1. Дар мартабаҳои олӣ дар ҷаннат
آية رقم 19
19.    Ва ту эй Расул чӣ медонӣ, ки Иллийин чист?
آية رقم 20
20.    Китобест навишташуда! На дар он чизе афзуда мешавад ва на кам карда мешавад,
آية رقم 21
21.    ки фариштагони муқарраби Аллоҳ дар он ҳузур меёбанд.
آية رقم 22
22.    Бегумон некон(1) дар неъматанд,
____________________
1. Аҳли сидқ ва итоаткорон
آية رقم 23
23.    бар тахтҳо нишаста ва ба сӯи Парвардигорашон ва ба он чӣ аз неъматҳо барояшон омода карда шудааст, наззора мекунанд.
آية رقم 24
24.    Хушӣ ва хуррамии неъматро дар чеҳраҳояшон мебинӣ.
آية رقم 25
25.    Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, нӯшонида мешаванд.
آية رقم 26
26. Мӯҳри он аз мушк аст. Ва рағбаткунандагон бояд, ки барои ҳамин неъмати доими рағбат кунанд.
آية رقم 27
27. Ва омезиши он шароб аз оби Тасним аст.
آية رقم 28
28. Тасним чашмаест, ки муақаррабони даргоҳи Аллоҳ аз он менӯшанд ва ба он лаззат мебаранд.
آية رقم 29
29. Ба дурустӣ, ки гунаҳкорон дар дунё ба мӯъминон механдиданд
آية رقم 30
30. Ва чун бар онҳо мегузаштанд, масхараомезона ба чашму абрӯ ишора мекарданд
آية رقم 31
31. ва чун ба аҳли хонаи худ бозмегаштанд, шодмон бозмегаштанд.
آية رقم 32
32. Ва чун кофирон асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо гумроҳанд.
آية رقم 33
33. Ва ҳол он ки ин кофирон ба сари мӯъминон нигоҳбон фиристода нашуда буданд.
آية رقم 34
34. Пас рӯзи қиёмат мӯъминон ба кофирон
механданд, чунон ки кофирон дар дунё ба онҳо хандида буданд,
آية رقم 35
35.   бар тахтҳо такя зада ва ба он чӣ аз каромат ва неъматҳои ҷаннат барояшон дода шудааст, менигаранд.
آية رقم 36
36.   Оё ба кофирон подош ва сазои корҳое, ки мекарданд, дода шудааст?
تقدم القراءة