ترجمة معاني سورة فاطر باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الترجمة الإنجليزية - صحيح انترناشونال
المنتدى الإسلامي
الترجمة الإنجليزية
الترجمة الفرنسية - المنتدى الإسلامي
نبيل رضوان
الترجمة الإسبانية
محمد عيسى غارسيا
الترجمة الإسبانية - المنتدى الإسلامي
الترجمة الإسبانية (أمريكا اللاتينية) - المنتدى الإسلامي
المنتدى الإسلامي
الترجمة البرتغالية
حلمي نصر
الترجمة الألمانية - بوبنهايم
عبد الله الصامت
الترجمة الألمانية - أبو رضا
أبو رضا محمد بن أحمد بن رسول
الترجمة الإيطالية
عثمان الشريف
الترجمة التركية - مركز رواد الترجمة
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة التركية - شعبان بريتش
شعبان بريتش
الترجمة التركية - مجمع الملك فهد
مجموعة من العلماء
الترجمة الإندونيسية - شركة سابق
شركة سابق
الترجمة الإندونيسية - المجمع
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الإندونيسية - وزارة الشؤون الإسلامية
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الفلبينية (تجالوج)
مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - دار الإسلام
فريق عمل اللغة الفارسية بموقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - حسين تاجي
حسين تاجي كله داري
الترجمة الأردية
محمد إبراهيم جوناكري
الترجمة البنغالية
أبو بكر محمد زكريا
الترجمة الكردية
حمد صالح باموكي
الترجمة البشتوية
زكريا عبد السلام
الترجمة البوسنية - كوركت
بسيم كوركورت
الترجمة البوسنية - ميهانوفيتش
محمد مهانوفيتش
الترجمة الألبانية
حسن ناهي
الترجمة الأوكرانية
ميخائيلو يعقوبوفيتش
الترجمة الصينية
محمد مكين الصيني
الترجمة الأويغورية
محمد صالح
الترجمة اليابانية
روايتشي ميتا
الترجمة الكورية
حامد تشوي
الترجمة الفيتنامية
حسن عبد الكريم
الترجمة الكازاخية - مجمع الملك فهد
خليفة الطاي
الترجمة الكازاخية - جمعية خليفة ألطاي
جمعية خليفة الطاي الخيرية
الترجمة الأوزبكية - علاء الدين منصور
علاء الدين منصور
الترجمة الأوزبكية - محمد صادق
محمد صادق محمد
الترجمة الأذرية
علي خان موساييف
الترجمة الطاجيكية - عارفي
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
الترجمة الهندية
مولانا عزيز الحق العمري
الترجمة المليبارية
عبد الحميد حيدر المدني
الترجمة الغوجراتية
رابيلا العُمري
الترجمة الماراتية
محمد شفيع أنصاري
الترجمة التلجوية
مولانا عبد الرحيم بن محمد
الترجمة التاميلية
عبد الحميد الباقوي
الترجمة السنهالية
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الأسامية
رفيق الإسلام حبيب الرحمن
الترجمة الخميرية
جمعية تطوير المجتمع الاسلامي الكمبودي
الترجمة النيبالية
جمعية أهل الحديث المركزية
الترجمة التايلاندية
مجموعة من جمعية خريجي الجامعات والمعاهد بتايلاند
الترجمة الصومالية
محمد أحمد عبدي
الترجمة الهوساوية
الترجمة الأمهرية
محمد صادق
الترجمة اليورباوية
أبو رحيمة ميكائيل أيكوييني
الترجمة الأورومية
الترجمة التركية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفرنسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإندونيسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفيتنامية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة البوسنية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإيطالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفلبينية (تجالوج) للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفارسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
Dr. Ghali - English translation
Muhsin Khan - English translation
Pickthall - English translation
Yusuf Ali - English translation
Azerbaijani - Azerbaijani translation
Sadiq and Sani - Amharic translation
Farsi - Persian translation
Finnish - Finnish translation
Muhammad Hamidullah - French translation
Korean - Korean translation
Maranao - Maranao translation
Abdul Hameed and Kunhi Mohammed - Malayalam translation
Salomo Keyzer - Flemish (Dutch) translation
Norwegian - Norwegian translation
Samir El - Portuguese translation
Polish - Polish translation
Romanian - Romanian translation
Elmir Kuliev - Russian translation
Albanian - Albanian translation
Tatar - Tatar translation
Japanese - Japanese translation
محمد جوناگڑھی - Urdu translation
Ma Jian - Chinese translation
Turkish - Turkish translation
King Fahad Quran Complex - Thai translation
Ali Muhsin Al - Swahili translation
Abdullah Muhammad Basmeih - Malay translation
Hamza Roberto Piccardo - Italian translation
Indonesian - Indonesian translation
Bubenheim & Elyas - German / Deutsch translation
Bosnian - Bosnian translation
Hasan Efendi Nahi - Albanian translation
Sherif Ahmeti - Albanian translation
Sahih International - English translation
Czech - Czech translation
Abul Ala Maududi(With tafsir) - English translation
Tajik - Tajik translation
Alikhan Musayev - Azerbaijani translation
Muhammad Saleh - Uighur; Uyghur translation
Abdul Haleem - English translation
Mufti Taqi Usmani - English translation
Muhammad Karakunnu and Vanidas Elayavoor - Malayalam translation
Sheikh Isa Garcia - Spanish; Castilian translation
Divehi - Divehi; Dhivehi; Maldivian translation
Abubakar Mahmoud Gumi - Hausa translation
Mahmud Muhammad Abduh - Somali translation
Knut Bernström - Swedish translation
Jan Trust Foundation - Tamil translation
Mykhaylo Yakubovych - Ukrainian translation
Uzbek - Uzbek translation
Diyanet Isleri - Turkish translation
Ministry of Awqaf, Egypt - Russian translation
Abu Adel - Russian translation
Burhan Muhammad - Kurdish translation
Dr. Mustafa Khattab, The Clear Quran - English translation
Dr. Mustafa Khattab - English translation
الترجمة الإنجليزية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الفرنسية - محمد حميد الله
الترجمة البوسنية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الصربية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة الألبانية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة اليابانية - سعيد ساتو
الترجمة الفيتنامية - مركز رواد الترجمة
الترجمة التاميلية - عمر شريف
الترجمة السواحلية - عبد الله محمد وناصر خميس
الترجمة اللوغندية - المؤسسة الإفريقية للتنمية
الترجمة الإنكو بامبارا - ديان محمد
الترجمة العبرية
الترجمة الإنجليزية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الروسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة البنغالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الصينية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة اليابانية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
ترجمة معاني القرآن الكريم - عادل صلاحي
عادل صلاحي

الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الناشر

مجمع الملك فهد

1. Ҳама ситоишҳо(1) аз они Аллоҳ аст, ки падидоварандаи осмонҳо ва замин аст. Фариштагонро ба сӯи бандагонаш паёмоваранда қарор додааст, дорои болҳои дугона ва сегона ва чаҳоргонаанд, ки бо он болҳо барои расонидани амри Аллоҳ парвоз мекунанд. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад, меафзояд. Бегумон Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност.
____________________
1. Яъне, ситоиш барои Аллоҳе, ки тамоми сифатҳояш комил ва бенуқсон аст ва низ ситоиш ба неъматҳои зоҳирӣ ва ботинӣ ва динӣ ва дунявии Ӯ.
2. Ҳар раҳмате, ки Аллоҳ барои мардум бикушояд(1), касе наметавонад онро боздорад. Ва он чиро боздорад, касе ҷуз Ӯ наметавонад онро равон созад. Ва Ӯст пирӯзманду ҳаким. Аз ин рӯ, на дар коре оҷиз мемонад ва на кореро бидуни ҳикмат анҷом
медиҳад!(2)
____________________
1. Аз тамоми намуди неъматҳояш, мисли борон, ризқ, саломатӣ, илм ва дигар неъматҳо. 2. Тафсири Табарӣ 20\437
3. Эй мардум, неъматеро, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ додааст бо дилу забон ва узвҳои хеш Ӯро, ёд кунед. Оё ҷуз Аллоҳ офаринандаи дигаре ҳаст, ки шуморо аз осмон борон ва аз замин об ва маъданҳо рӯзӣ диҳад? Аллоҳи барҳақ, ҷуз Ӯ маъбуди дигаре нест, пас чӣ гуна аз тавҳид ва ибодати Ӯ бероҳа мешавед?
4. Агар туро эй Расул, қавмат дурӯғгӯ шумориданд, паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту будаанд, дурӯғгӯ бароварданд ва ҳамаи корҳо ба сӯи Аллоҳ бозгардонда мешавад, пас ҳар якеро тибқи амалаш ҷазо дода мешавад.(1)
____________________
1. Ин оят барои Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам тасаллои мебошад.
5. Эй мардум, ваъдаи Аллоҳ дар бораи қиёмат ва савобу азоб ҳақ аст. Зиндагии дунё (лаззат ва шаҳватҳояш) шуморо нафиребад ва он шайтони фиребанда шуморо дар бораи Аллоҳ(1) нафиребад.
____________________
1. Яъне, шайтон дар дили шумо меандозад, ки даргоҳи Аллоҳ васеъ, Ӯ омурзандаи гуноҳон ва бахшояндаи меҳрубон аст, ба ин сабаб бепарво шуда даст ба маъсият мезанед.
6. Шайтон ба таҳқиқ, душмани шумост. Ӯро душман гиред ва итоат накунед ӯро. Албатта, ӯ фармонбарони хешро даъват мекунад, то ҳама аз дӯзахиён бошанд.
7. Ва онон, ки кофир шуданд ва ягонагии Аллоҳро инкор кардаанд ва низ он чи паёмбарон овардаанд, инкор кардаанд, барояшон дар охират азоби сахтест ва барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, омӯрзиш аз гуноҳҳояшон ва савоби бузургест. Ва он ҷаннат аст.
8. Оё он ки кирдори бадаш дар назараш ороста шуда, пас онро нек ва зебо мебинад, монанди мӯъмини шоистакор аст? Пас, охират азоби сахтест ва барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, омурзиш аз гуноҳҳояшон ва савоби бузургест. Ва он ҷаннат аст. Аллоҳ, ба таҳқиқ, ҳар киро бихоҳад бероҳ гардонад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро бихоҳад ҳидоят кунад, ҳидоят мекунад. Набояд ки ҷони ту ба хотири онҳо дучори ғаму андӯҳ шавад. Албатта, Аллоҳ ба корҳои баде, ки мекунанд, огоҳ аст ва ба бадтарин ҷазо гирифторашон мекунад(1).
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\442
9. Ва Аллоҳ аст, он Зоте, ки бодҳоро фиристод, то абрҳоро барангезанд. Пас, мо он абрҳоро ба сарзаминҳои мурда меронем ва замини мурдаро бо василаи он зинда мекунем. Зинда гаштан дар рӯзи қиёмат низ чунин аст.
10.   Ҳар кӣ хоҳони иззат аст, аз Аллоҳ талаб намояд ва бидонад, ки иззат ҳама аз они Аллоҳ аст ва ҷуз бо итоат ва пайравӣ аз Ӯ ба даст намеояд. Сухани хушу пок мисли тиловати Қуръон ва тасбеҳ ва зикри Аллоҳ ба сӯи Ӯ боло меравад ва кирдори нек аст, ки онро боло мебарад. Ва барои он мушрикҳо, ки аз рӯи макр ба фасодкорӣ мепардозанд, азоби сахтест ва макрашон низ аз миён меравад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\446
11.   Ва Аллоҳ шуморо аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид. Он гоҳ ҷуфтҳои якдигаратон қарор дод. Ҳеҷ зане ҳомила намешавад ва таваллуд намекунад, магар ба илми Ӯ. Ва ҳеҷ солхӯрдае умре ба ӯ дода намешавад ва аз умри касе чизе кам намегардад, ҷуз он ки ҳама дар китоби Лавҳи Маҳфуз навишта шудааст. Ва
бешак, ин корҳо бар Аллоҳ осон аст!
12.   Ин ду баҳр баробар нестанд: яке обаш ширину гуворост ва яке шӯру талх. Аз ҳарду гӯшти (моҳӣ) тоза мехӯред ва аз онҳо чизҳое барои ороиши тани хеш (аз дурру марҷон) берун мекашед ва мебинӣ киштиҳоро барои ёфтани ризқу рӯзӣ ва ғанимат, ки обро мешикофанд ва пеш мараванд, то шумо аз фазли Аллоҳ ризқу рӯзӣ талабед
ва бошад, ки сипостузор бошед!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\417
13.   Аллоҳ аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро ром кард. Ҳар яке то замоне муайян дар ҳаракатанд. Ин аст Аллоҳ, Парвардигори шумо. Фармонравоӣ аз они Ӯст. Чизҳоеро, ки ғайри Ӯ маъбуди хеш мехонед, молики пӯсти миёни донаи хурмое ҳам нестанд.
14.   Эй мардум, агар он маъбудони ботилро бихонед, садоятонро намешунаванд ва агар бишнаванд, ҷавобатон намегӯянд ва дар рӯзи
қиёмат ширк оварданатонро инкор мекунанд ва ҳеҷ кас монанди Аллоҳ туро огоҳу бохабар насозад!
15.   Эй мардум, шумо дар ҳамаи чиз ба Аллоҳ мӯҳтоҷед. Ӯ аз ҳамаи махлуқоташ бениёз аст ва дар зот ва номҳояш ситоиш карда шудааст.
آية رقم 16
16.   Агар бихоҳад, шуморо аз миён мебарад ва мардуми дигареро меоварад, ҷойгузини шумо месозад, ки ӯро бо ягонагӣ парастиш мекунанд(1).
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\454
آية رقم 17
17.   Ва ин кор бар Аллоҳ душвор нест.
18.   Ва ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш накашад. Ва агар шахси гаронборе касеро барои бардоштани бори гуноҳи худ талаб кунад, чизе аз он бори гуноҳ бардошта намешавад, ҳарчанд аз хешованди наздики ӯ бошад. Ҳароина, ту фақат касонеро метарсонӣ, ки Парвардигорашонро нодида метарсанд ва намози фарзшударо дар вақташ мегузоранд. Ҳар кӣ аз ширк пок шавад ва тақво пеша кунад, албатта, барои худ пок
шудааст. Ва бозгашти ҳама ба сӯи Аллоҳ аст ва ҳар якеро мувофиқи кирдорашон ҷазои муносиб хоҳад дод.(1).
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\456
آية رقم 19
19.   Ва нобинову бино баробар нестанд.
آية رقم 20
20.   ва на торикиву равшанӣ.
آية رقم 21
21.   ва на сояву ҳарорати офтоб.
22.   Ва зиндагону мурдагон баробар нестанд. Албатта, Аллоҳ ҳар киро хоҳад, мешунавонад. Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар гӯр хуфтаанд, бишунавонӣ, пас ҳамчунон наметавонӣ ҳақиқатро бар кофироне, ки дилҳояшон мурдааст, бишунавонӣ.
آية رقم 23
23.   Ту ҷуз бимдиҳандае нестӣ.
24.   Ҳароина, Мо туро ба ҳақ ба пайғамбарӣ фиристодем, то мужда диҳӣ ба ҷаннат касонеро, ки ба ту имон оварданд ва ба фармудаи ту амал намудаанд ва бим диҳӣ ба дӯзах касонеро, ки ба ту имон наовардаанд ва аз амри ту сарпечӣ кардаанд ва
ҳеҷ миллате нест, магар ки дар миёнашон бимдиҳандае омада буд, то ҳуҷҷати Аллоҳро бар онҳо барпо намояд!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\688
25.   Ва агар туро мушрикон дурӯғгӯ шуморанд, бегумон касоне ҳам, ки пеш аз онон будаанд, пайёмбаронашонро, ки бо мӯъҷизот ва бо навиштаҳо ва китоби равшанибахш ба миёнашон омада буданд, дурӯггӯ баровардаанд.
آية رقم 26
26.   Сипас онҳоеро, ки куфр варзиданд, ба навъҳои азоб фурӯ гирифтам. Пас, бингар уқубати ман чӣ гуна буд?
27.   Оё надидаӣ, ки Аллоҳ, ба таҳқиқ, аз осмон борон фиристод, пас ба он меваҳои гуногун рӯйёнидем? Ва аз кӯҳҳо роҳҳое: сафед ва сурх ва рангоранг ва ба ғоят сиёҳ падид овардем.
28.   Ва ҳамчунин аз мардум ва ҷунбандагон (ҷонварон) ва чаҳорпоёни бо рангҳои гуногун падид овардем. Албатта, аз миёни бандагони Аллоҳ танҳо донишмандон, ки фармонашро итоат мекунанд аз иқоби Ӯ
метарсанд. Ва ҳароина, Аллоҳ дар мулкаш пирӯзманду қавӣ аст ва гуноҳи тавбакунандагонро омӯрзанда аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\462
29.    Ба таҳқиқ, онон, ки китоби Қуръонро мехонанд ва ба он амал мекунанд ва намозро дар вақташ мегузоранд ва аз он чи ба онҳо додаем, пинҳониву ошкоро садақа мекунанд, умедвор ба тиҷорате(1) ҳастанд, ки ҳаргиз зиён намекунад ва барбод намеравад.
____________________
1. Мурод аз тиҷорат он савобҳое, ки Аллоҳ барои бандагонаш ваъда додааст. Тафсири Бағавӣ 6\420
30.    Зеро Аллоҳ мукофоташонро ба пуррагӣ медиҳад ва аз фазли худ подоше бар он меафзояд. Ба таҳқиқ, Аллоҳ гуноҳонашонро омурзанда аст ва пазирандаи сипос аст, ки некии андакро аз онҳо мепазирад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\689
31.    Ҳар чӣ аз он китоби Қуръон ба ту эй Расул, ваҳй кардаем, ҳақ ва тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз Қуръон аст ва албатта, Аллоҳ бар ҳоли бандагонаш огоҳ аст ва ба амалҳояшон биност!
32. Сипас баъди ҳалоки умматҳо китоби Қуръонро ба касоне аз бандагонамон, ки баргузида будем (яъне, уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ба мерос додем. Баъзе бар худ ситам карданд ва баъзе роҳи миёнаро баргузиданд ва баъзе бо фармони Аллоҳ дар корҳои нек пешво ҳастанд. Ва ин аст бахшоише бузург!
33.    Ба биҳиштҳое, ки ҷойгоҳи ҷовидонаи онҳост, дохил мешаванд. Дар он ҷо онҳоро бо дастбандҳои зару марворид меороянд ва дар он ҷо ҷомаҳояшон аз ҳарир (абрешим) аст.
34.    Ва мегӯянд: Ҳамаи сипос Аллоҳро, ки ғаму андӯҳ аз мо дур кард. Ба таҳқиқ, Парвардигори мо омурзандаву шукрпазир аст, ки аз камбудиҳоямон даргузашта ва некиҳоямонро қабул кард ва дар онҳо афзуд!
35.    Он Аллоҳе, ки моро аз фазли хеш ба ин саройи ҷовидон даровард, ки дар он ҷо на ранҷе ҷисмонӣ бар мо мерасад ва на хастагии рӯҳонӣ.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\689
36.     Ва касоне, ки куфр варзиданд, оташи ҷаҳаннам барои онон аст, на ҳукм карда мешавад бар онҳо, то бимиранд, ки дар роҳат бимонанд ва на чизе аз азобашон кам карда мешавад. Носипосонро чунин ҷазо медиҳем!
37.     Ва он кофирон аз даруни оташ фарёд зананд: «Эй Парвардигори мо, моро берун ор, то корҳои шоиста қунем, ғайр аз он чи дар дунё мекардем». (Ба онҳо мегӯем): Оё он қадар шуморо умр надода будем, ки пандгирандагон панд гиранд? Ва шуморо бимдиҳанда омад, то ба сӯи мо бозгардед ва тавба кунед. Пас, таъми азобро бичашед, ки гунаҳкоронро ёваре нест, ки аз дӯзах онҳоро берун оварад!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\556
38.     Албатта, Аллоҳ донои ниҳони осмонҳову замин аст ва ҳароина, Ӯ ба он чи дар дилҳост, аз хайру шар покӣ ва нопокӣ огоҳ аст.
(Пас, дар ягонагии Аллоҳ ва паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алйҳи ва саллам шак маоред)(1).
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\479
39.     Ӯ Аллоҳ, ки шуморо дар рӯйи замин ҷонишини пешиниён кард, пас ҳар кас, ки кофир шавад, куфраш бар зиёни ӯст ва куфри кофирон дар пешгоҳи Парвардигорашон ҷуз бар хашм наяфзояд. Ва ҷуз зиён ва гумроҳӣ чизе дигар насиби кофирон нагардад.
40.     Эй Расул, барои мушрикон бигӯ: «Оё шариконеро, ки ба ҷои Аллоҳи якто мехондед, дидед? Ба ман нишон диҳед, ки аз замин чӣ чизро офаридаанд? Ё ин ки дар офариниши осмон ширкате доранд? Оё бар он мушрикҳо китобе аз осмон фиристодаем, ки онро дар кори ширк ва бутпарастиашон ҳуҷҷати худ созанд? Балки, ҳақ ин аст, ки ситамкорон ба якдигар ҷуз фиреб ваъдае намедиҳанд».
41.     Ба таҳқиқ, Аллоҳ осмонҳову заминро нигаҳ медорад, то аз ҷо беҷо нашаванд ва агар аз ҷо беҷо шаванд, ҳеҷ як аз
шумо, ҷуз Ӯ наметавонад онҳоро нигаҳ дорад. Албатта, Аллоҳ бар кофирон ва осиён бурдбор аст ва онҳоро зуд ба уқубат намегирад ва тавбакунандагонро омурзанда аст!
42.     Кофирони Макка ба Аллоҳ қасамҳои сахт хӯрданд, ки агар бимдиҳандае биёяд, онҳоро аз азоби Аллоҳ битарсонад, беҳтар аз ҳар уммати дигар ҳидоят ёбанд. Вале чун бимдиҳандае омад, бадбинияшон афзуд;
43.     Инҳо ба хотири саркашӣ дар замин ва найрангҳои баде буд, ки варзиданд. Ва ин найрангҳои бад(1) ҷуз найрангбозонро дарбар нагирад. Оё саркашон ҷуз суннате, ки бар гузаштагон (аз азоб) рафтааст, мунтазири чизи дигаре ҳастанд? Дар суннати Аллоҳ, ҳаргиз табдиле намеёбӣ ва дар суннати Аллоҳ, ҳаргиз тағйире намебинӣ, ки азобро аз худ ё аз дигаре дур кунанд.
____________________
1. Мурод аз ин ширк аст. Тафсири Табари 20 \ 483
44.     Оё кофирони Макка дар рӯи замин намегарданд, то бубинанд, монанди Оду Самуд ва амсоли онҳоро, ки
нисбат аз кофирони Макка нерӯе бештар доштаанд, оқибати онҳо чӣ шуд? Ҳеҷ чиз дар осмонҳову замин нест, ки Аллоҳро нотавон созад. Ҳароина, Ӯ доно аст ба кирдори бандагонаш ва тавоност бар ҳалок кардани онҳо!
45.    Ва агар Аллоҳ бихоҳад,
мардумро ба сабаби корҳои баде, ки кардаанд, фавран бозхост кунад, бар рӯйи замин ҳеҷ ҷунбандае боқӣ нагузорад ва лекин Аллоҳ бо лутфу карами Худ ҷазои онҳоро то замоне муайян (рӯзи қиёмат) ба таъхир меандозад ва чун муддаташон тамом шуд, албатта, Аллоҳ ба аъмоли бандагони хеш огоҳ аст ва аз гуфтору кирдор ва пиндори онҳо бохабар аст, аз ин рӯ, чунон ки сазовор аст, подоши аъмолашонро медиҳад!
تقدم القراءة