ترجمة سورة عبس

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة عبس باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйро турш кард ва рӯй баргардонид(1),
____________________
1. Ин гуна рафтор аз ҷониби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои тарки афзал буд на ин ки корашон аз рӯи гуноҳ буд, зеро паёмбарон маъсуманд, балки ин корашон тобеъи сиришти инсонӣ аст, монанди хашм, ризо, ханда ва гиря. Узри ибни Мактум низ ин буд, ки намедонист Расулуллоҳ саллаллоху алайҳи ва саллам ба дигарон машғуланд, ки ба Ислом мушарраф шаванд.
2.чун он нобино; Абдулло ибни Мактум ба наздаш омад, дар он вақт Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба даъвати бузургони Қурайш машғул буд.
3.Ва ту эй Паёмбар чӣ донӣ, шояд, ки он марди нобино покиза шавад,
4.ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад.
5.Аммо он ки ӯ тавонгар аст, бо мол ва ба имон эҳтиёҷ надорад,
6.ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ ва ба каломи вай гӯш медиҳӣ
7.       ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\336
8.       Ва аммо он, касе ки шитобон ба назди ту омад
9.       ва ӯ аз камбудӣ кардан дар роҳи ҳақ аз Аллоҳ метарсад,
10.   вале ту аз ӯ рӯй метобӣ, ба дигаре рӯй меорӣ, амри Аллоҳ чунин нест, магар ин ки байни бузургу нотавон, бою камбағал, марду зан баробар бошӣ(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\319
11.   Оре, ин оятҳои Қуръон пандест,
12.   пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад.
13.   Оятҳои Қуръон дар саҳифаҳое гаронқадр аст,
14.   саҳифаҳое, ки пок ва дорои манзалати баланд,
15.   ба дасти котибони,
16.   бузургвору некӯкор(1) сабт шудааст.
____________________
1. Фариштагон
17.   Лаънат ва азоб бод бар инсони кофир, ки чӣ носипос (ношукр) аст!
18.   Аллоҳ уро аввалин бор аз чи офаридааст?
19.   Аз нутфае офаридаст ва онгоҳ ӯро ба андозае сохтааст,
20.   сипас роҳашро осон сохт ва барояш роҳи неку бадро баён кард.
21.   Баъд ӯро мемиронад ва вориди гӯраш мегардонад.
22.   Сипас ҳар вақте ки хоҳад, ӯро барои ҳисобу китоб зинда мегардонад
23.   Ҳаргиз чунин мабод! Он чиро, ки ба ӯ фармуда буд, анҷом надод.
24.   Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад, ки чӣ гуна Аллоҳ таъоми ӯро барои нигоҳ доштани ҳаёташ офарид.
25.   Мо боронро ба фаровонӣ фурӯ рехтем,
26.   сипас заминро ба некӣ шикофтем,
27.   онгоҳ дар он донаҳо рӯёнидем,
28.   ва ангуру сабзавот
29.   ва зайтуну дарахтони хурмо
30.   ва боғҳои пурдарахту анбуҳ
31.   ва меваву алафро,
32.   то шумову чорпоёнатон баҳра баред.
33.   Пас ҳангоме ки он бонги гӯшкаркунанда рӯзи қиёмат, ки гӯшҳоро кар месозад, даррасад,
34.   рӯзе, ки одамӣ аз ҳавли он рӯз аз бародараш бигурезад
35.   ва аз модару падараш
36.   ва аз ҳамсару фарзандонаш.
37.   Ҳар касеро аз онон дар он рӯзи қиёмат коре ҳаст, ки ӯро ба худ машғул медорад.
38.   Дар он рӯз чеҳраҳое шод ва дурахшонанд,
39.   хандонанду шодонанд.
40.   Ва чеҳраҳои дӯзахиён дар он рӯз ғуборолуданд,
41.   торикӣ онҳоро фурӯ мепӯшонад.
42.   Инҳо кофиронанд, ки ба неъматҳои Аллоҳ куфр оварданд ва оётҳои Ӯро дурӯғ бароварданд ва бадкоронанд, ки ба маҳорими Аллоҳ ҷуръат карданд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 24\234
Icon