ترجمة معاني سورة الشرح
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1. Эй Паёмбар, оё синаатро барои ту (барои муқаррароти динӣ ва даъват ба сӯи Аллоҳ ва ҷамиъи хубиҳо) накушодем?
2. Ва бори гаронатро аз пуштат барнадоштем?
3. Ҳамон боре, ки пушти туро вазнин кардааст.
4. Ва ному овозаатро дар дунёву охират бароят баланд гардонидем.
5. Пас бегумон дар канори душворӣ осонӣ аст!
6. Албатта дар канори душворӣ осонист. Азияти душманонат туро аз нашри рисолат бознадоранд.
7. Чун аз кору бори дунё фориғ шавӣ, ба ибодат кӯш
8. ва ба сӯи Парвардигорат рӯй ор!