ترجمة سورة الرحمن

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة الرحمن باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1. Аллоҳи меҳрубон.
2. Қуръонро ба инсон таълим дод (ва барояш тиловат, ҳифз ва фаҳми маънои онро осон гардонид.)
3. Инсонро офаридааст
4. ва барои баён сохтани мақсадаш ба ӯ сухан гуфтан омӯзондааст, (то аз дигар махлуқот фарқ карда шавад.)
5. Офтоб ва моҳтоб ба ҳисоби муайян (дақиқ) дар ҳаракатанд.
6. Ва ситорагон дар осмон ва дарахтон дар замин медонанд Парвардигорашонро ва саҷдааш мекунанд. (Ва сар фуруд меоранд ба амри Холиқашон барои масолеҳи бандагонаш.)(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/828
7.Ва осмонро болои замин барафрохт ва дар замин тарозуи адлро муайян кард (ва бандагонашро амр кардааст,)
8. то дар тарозу таҷовуз (хиёнат) макунед.
9. Вазн карданро ба адолат риъоя кунед ва аз тарозу мазанед!
10. Ва заминро барои мардум паҳн кард, то дар он ҷойгир шаванд.
11. дар он меваҳост ва дарахтони дорои ғилоф (пӯсти) хурмост.
12. Ва дар он донаҳои баргдор ва райҳон аст барои шумо ва чаҳорпоёни шумо.
13. Пас, кадом як аз неъматҳои динӣ ва дунявии Парвардигоратонро (эй гурӯҳи ҷин ва инсонҳо) дурӯғ мешуморед?(1)
____________________
1. Чи хуб ҷавоб додаанд ҷинҳо ҳангоме, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои онҳо ин сураро тиловат мекарданд, пас ҳар вақте ки ин оятро мехонданд, ҷинҳо мегуфтанд: "Эй Парвардигори мо чизеро аз неъматҳоят дурӯғ намешуморем, пас аз они Туст ҳамд ва сано." Инчунин бояд банда ҳар вақте ки бар ӯ хонда шавад неъматҳои Парвардигораш онро иқрор кунад ва Парвардигорашро шукр ва сано гӯяд. Тафсири Саъдӣ 1/828
14. Аллоҳ таъоло инсонро (Одам алайҳис салом) аз гили хушкшудае чун сафол биёфарид.
15.   Ва ҷин (Иблис)-ро аз шӯълаи оташ офарид.
16.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй гӯруҳи ҷин ва инсонҳо) дурӯғ мешуморед?
17.   Ӯ субҳонаҳу ва таъоло Парвардигори ду машриқ ва ду мағриб: (Яъне офтоб дар фасли зимистон машриқу мағрибе дорад ва дар тобистон машриқ ва мағриби дигаре дорад. Пас ҳама зери тадбир ва халқияти Ӯст)(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/830
18.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
19.   Ду баҳрро дар баробари ҳам равона кардааст (ширин ва шӯр), то ба ҳам якҷо шаванд.
20.   Миёнашон пардаест, то ба ҳам омехта намешаванд, (балки ширин, ширин ва шӯр, шӯр боқӣ мемонад бо вуҷуди як ҷо будан).
21.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
22.   Аз он ду баҳр ба қудрати Аллоҳ марвориду марҷон берун меояд.
23.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
24.   Ва аз они Ӯст киштиҳои равоншаванда монанди кӯҳ дар баҳрҳо.
25.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
26.   Ҳар чӣ ки бар рӯи замин аст аз махлуқот, фонӣ (тамом) шуданист.
27.   Ва дар охир рӯи Парвардигорат, ки соҳиби бузургиву инъом аст, боқӣ мемонад.(1)
____________________
1. Дар ин оят исботи сифати руйи Аллоҳу таъоло омадааст, ки лоиқ ба худаш мебошад, бемисл ва бемонанд.
28.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
29.   Мепурсанд ҳоҷатҳои худро аз Аллоҳ, ҳар чизе, ки дар осмону замин аст. Ҳар рӯз Ӯ дар корест: Азиз мекунад ва хор мекунад, медиҳад ва манъ мекунад ҳар касеро, ки хоҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/830
30.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
31.   Ба зудӣ барои ҳисобу ҷазои шумо амалҳое, ки дар дунё кардаед эй инсу ҷин, мепардозем! Пас гунаҳгоронро азоб мекунем ва тоъаткоронро савоб
медиҳем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/830
32.    Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
33.    Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, агар метавонед, ки бигрезед аз қазо ва қадари Ӯ аз гӯшаву канораҳои осмонҳову замин, пас бигрезед! Вале натавонед гурехт, магар бо доштани қудрат ва ҳуҷҷате аз ҷониби Аллоҳ.(1)
____________________
1. Чи гуна метавонед кард, ҳол он, ки молики фоида ва зарари худ нестед? Тафсири Саъдӣ 1/830
34.    Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
35.    Бар шумо шӯълае аз оташ фиристода шавад ва миси гудохташуда бар саратон рехта шавад, пас, ҳаргиз натавонед якдигарро ёрӣ кард. (Эй гурӯҳи ҷин ва инс).(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/48
36.    Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
37.    Пас чун дар рӯзи қиёмат осмон бишикофад онгоҳ монанди гули сурх, ҳамчун равған гудохта шавад.
38.    Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
39.    Пас он рӯзи қиёмат ҳеҷ инсон ва ҷинне аз гуноҳаш пурсида намешавад, то гуноҳаш маълум гардад, зеро Аллоҳ таъоло гуноҳашонро медонад.
40.    Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
41.    Фариштагон гунаҳкоронро аз қиёфаи чеҳраашон мешиносанд ва аз мӯи пеши сар ва пойҳояшон мегиранду пас ба дӯзах мепартоянд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/831
42.    Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
43.    Ба он гунаҳкорон (аз рӯи сарзаниш ва таҳқир) гуфта шавад: Ин ҳамон ҷаҳаннамест, ки гунаҳкорон дар дунё дурӯғаш мепиндоштанд.
44.   Байни он (дӯзах) ва оби гарми ҷӯшон давр мезананд, гоҳо дар он азоб карда мешаванд ва гоҳо нӯшонида мешаванд аз ҳамим.(1)
____________________
1. Ҳамим, обест бениҳоят ҷушонида, ки рудаҳоро канда мекунад). Тафсири Табарӣ 23\54
45.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
46.   Ва барои касе, ки аз истодан дар ҳузури Парвардигораш тарсидааст, ду биҳишт аст.
47.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
48.   Ин ду ҷаннат соҳиби шоху навдаҳои бешуморанд (яъне, сермева ва серсояанд).
49.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
50.   Дар он ду ҷаннат, ду чашмаи об ҷорист.
51.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
52.   Дар он ду ҷаннат аз ҳар гуна мевае ду навъ аст(1).
____________________
1. Ҳар навъ лаззат ва ранги дигаре дорад.
53.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
54.   Ва барои онон, ки аз Парвардигорашон тарсиданд: ду ҷаннат аст, ки дар он ба некӯи зиндагӣ мекунанд, такя зада бар бистарҳое, ки астараш аз ҳариру абрешими соф бошад ва меваҳои он ду биҳишт дар наздикашон бошанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/831
55.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
56.   Дар он кохҳо ҳуроне бошанд чашм фурӯшиста(1) ки пеш аз шавҳаронашон дар ҷаннат дасти ҳеҷ инсон ва ҷин ба онҳо нарасидааст.
____________________
1. Яъне, фақат ба шавҳарони худ нигаранд.
57.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
58.   Гӯё, он ҳурон, (яъне ҳамсарон дар ҳусну ҷамол) монанди ёқуту марҷон бошанд.
59.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
60.   Оё подоши касе, ки дар дунё амали нек кардааст, ҷуз некӣ кардан ба ӯст? Ва он некӣ дар охират ҷаннат аст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/831
61.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
62.   Ва ғайри он ду биҳишт, боз ду биҳишти дигар аст.
63.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
64.   Ин ду ҷаннат сабз ва хурраманд, ҳатто аз ғояти (шиддати) сабзӣ моил ба сиёҳианд.
65.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
66.   Дар он ду ҷаннат, ду фаввораи обе аст, ки ҳеҷ гоҳ обаш канда намешавад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/457
67.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
68.   Дар он ду биҳишт, меваҳои гуногун ва дарахти хурмо ва анор ҳаст.
69.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
70.   Дар он биҳиштҳо занони нексирату зеборӯй ҳастанд.
71.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
72.   Ҳурони нигаҳдошта дар хаймаҳо.
73.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯг мешуморед?
74.   Дасти ҳеҷ инсон ва ҷин пеш аз онҳо дар дунё ба онҳо нарасидааст.
75.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
76.   Дар ҳоле, ки болиштҳои сабз ва бистарҳои некую зебо такя задаанд.
77.   Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯт мешуморед?
78.   Бисёр бузург ва пурбаракот аст номи Парвардигори ту, он соҳиби бузургии комил ва икромкунандаи дӯстонаш мебошад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/831
Icon