ترجمة معاني سورة الذاريات باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الناشر

مجمع الملك فهد

آية رقم 1
1. (Аллоҳ савганд ёд мекунад:) Савганд ба бодҳое, ки хокро ба сахтӣ пароканда мекунанд,
آية رقم 2
2. пас савганд ба абрҳои бардорандаи бори об,
آية رقم 3
3. пас савганд ба киштиҳое, ки ба осонӣ дар обҳои баҳру уқёнусҳо равонанд,
آية رقم 4
4.  пас савганд ба фариштагоне, ки бо фармони Аллоҳ миёни халқаш тақсимкунандаи корҳоянд,
آية رقم 5
5. ки ҳароина, он чӣ шуморо ваъда ва бим медиҳанд, аз омадани қиёмат ва ҳисоб рост аст
آية رقم 6
6. ва ҳароина, рӯзи ҷазои аъмол, ҳатман омаданист.
آية رقم 7
7. (Ва Аллоҳ савганд ёд мекунад:) Савганд ба осмон, ки ороста ба ситорагон аст.
آية رقم 8
8.  Бегумон шумо эй такзибкунандагон(1) дар бораи Қуръон ва ба хусуси пайғамбар дар сухане гуногун дар бораи ваҳй бо ҳам ихтилоф доред.
____________________
1. Касоне, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат бовар надоранд
آية رقم 9
9. Аз ҳақ (Қуръон ва паёмбар) рӯй гардон мешавад, он касе, ки аз имон овардан ба Қуръон ва паёмбар рӯйгардон шуда бошад.
(Аз сабаби он, ки ҳуҷҷату бурҳонҳои равшани илоҳиро қабул надошт, пас ба роҳи хайр муваффақ нашуд.)
آية رقم 10
10.   Марг бод бар он шаккокон ва
дурӯғгӯён,
آية رقم 11
11. онон, ки ба ғафлат дар куфру дар ҷаҳл фурӯ мондаанд.
آية رقم 12
12. Инҳо дурӯғгӯён бо тамасхур мепурсанд: «Рӯзи ҷазо кай хоҳад буд?»
آية رقم 13
13.   Рӯзи ҷазо, рӯзест, ки бар оташ азобашон мекунанд,
آية رقم 14
14. ва барояшон гуфта мешавад «Азоби худро бичашед! Ин аст он чизе, ки дар дунё ба шитоб металабидед! » (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/372
آية رقم 15
15. Ҳароина, парҳезгорон, ки дар дунё аз Аллоҳ метарсиданд, дар боғҳову канори чашмасорон бошанд.
16. Он чиро аз орзуҳояшон Парвардигорашон ба онҳо ато кардааст, ба хурсандӣ гирифтаанд ва ба он розӣ ҳастанд Ҳароина, пеш аз он дар дунё бо ба ҷо овардани амалҳои шоиста некӯкор будан (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/808
آية رقم 17
17. Он некӯкорон андаке аз шабро мехобиданд ва шабро бо намоз зиндадорӣ мекарданд
آية رقم 18
18. ва ба ҳангоми саҳар аз гуноҳони хеш истиғфор (тавба) мекарданд (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/372
آية رقم 19
19. ва дар амволашон барои муҳтоҷон аз пурсандаву маҳрум; (он ки аз рӯи ҳаё намепурсад), ҳаққе буд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/375
آية رقم 20
20.   Ва дар замин барои аҳли яқин (ба онон, ки ба ваҳдонияти Аллоҳ бовар доранд ва рисолатии паёмбарашро тасдиқ мекунанд), далоили равшан ва ибратҳоест
آية رقم 21
21.   ва низ дар вуҷуди худатон нишонаҳои ошкоре ҳаст, ки далолат бар ягонагии офаридагори шумо мекунад ва танҳо Ӯ сазовори ибодат аст. Оё намебинед, то аз он ибрат бигиред?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\420
آية رقم 22
22.   Ва ризқи шумо ва ҳар чӣ ба шумо аз неку бад ва савобу иқоб ваъда шуда, ҳамааш дар осмон навишта шудааст.
23.   Пас, Аллоҳ ба Зоти поки худ қасам ёд мекунад:) савганд ба Парвардигори осмонҳову замин, ки он чи ваъда шудааст бароятон ҳақ аст, ҳамон гуна ки шумо бо якдигар) сухан мегӯед ва дар суханатон шак намеоред(1).
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\809
آية رقم 24
24.   Эй Расул, оё хабари меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст, ки он меҳмонон фариштагон буданд?
25.   Он гоҳ ки назди ӯ омаданду гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом! Шумо мардуми ношиносед!»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\376
آية رقم 26
26.   Дар ниҳон ва шитобон назди аҳли худ рафт ва қасд ба гӯсолаи фарбеҳе карда онро кушта бирён карда овард.
آية رقم 27
27.   Таъомро ба наздашон гузошту бо лутфу
меҳрубони гуфт: «Чаро намехӯред?»(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\421
28.   Он ҳангом, ки дид, ки намехӯранд, пас дар дилаш аз онҳо тарсе ёфт. Гуфтанд (барояш): «Матарс!» Мо паёмбарони Аллоҳ ҳастем. Ва ӯро ба писаре доно башорат доданд, ки ҳамсари ӯ Сора барояш таваллуд мекунад ва чун ба ҳадди мардӣ мерасад, онгоҳ бисёр доно ва огоҳ аз илми илоҳӣ мешавад ва ӯ Исҳоқ алайҳиссалом аст(1).
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\425
29.   Пас чун занаш башорати малоикаҳоро шунид, фарёдзанон (аз таъаҷҷуб) омад ва бар чеҳрааш заду гуфт: «чӣ гуна таваллуд мекунам, ҳол он ки ман пирзани нозо ҳастам».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\809
30.   Малоикаҳо барояш гуфтанд: «Парвардигори ту ҳамчунин фармудааст он чӣ ба ту хабар додаем ва Ӯ бар ҳар чӣ қодир аст, пас дар қудрати Ӯ таъаҷҷубе нст. Ва ҳароина, Ӯ ҳаким аст ҳама ашёро ба ҳикмати худ дар ҷояш мегузорад ва ба шоистагии бандагонаш доност!»
آية رقم 31
31.   Иброҳим ба малоикаҳо гуфт: «Эй расулон, ба чӣ кор омадаед?»
آية رقم 32
32.   Гуфтанд: «Мо ҳароина, ба сӯи мардуми табаҳкор(1) фиристода шудаем,
____________________
1. Қавми Лут алайҳиссалом
آية رقم 33
33.   то пораҳои сангҳои гилӣ бар сарашон биборем, ҳалокашон созем,
آية رقم 34
34.   ки бар он сангҳо аз ҷониби Парвардигорат барои аз ҳад гузаштаҳо (дар гуноҳ) нишонае гузошта шудааст».
آية رقم 35
35.   Пас, ҳамаи касонеро, ки дар он ҷо имон оварда буданд, аз диёри қавми Лут берун овардем.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\377
آية رقم 36
36.   Ва дар он шаҳр ҷуз як хонаи дигаре аз фармонбардорон наёфтем. Ва он хонаи
Лут алайҳиссалом буд, магар ҳамсараш, ки ӯ аз ҳалокёфтагон буд(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\810
آية رقم 37
37.   Ва дар он сарзамин(1) барои касоне, ки аз азоби дардовар метарсанд, нишоне, ки далолат бар ҳалоки куффор аст, боқӣ гузоштем.(2)
____________________
1. Диёри қавми Лут алайҳиссалом. 2. Тафсири Бағавӣ 7\377
آية رقم 38
38. Ва дар қиссаи Мӯсо, барои касоне, ки аз азоби дарднок метарсанд, нишонае қарор додем, он гоҳ ки ӯро бо далелҳои ошкор (бо мӯъҷизаҳои равшан) назди Фиръавн фиристодем.
آية رقم 39
39.Ва Фиръавн ба ҳамаи нерӯяш рӯй гардонду гуфт: Ин Мӯсо: «Ҷодугарест ё девонае!»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\811
آية رقم 40
40.   Пас Фиръавн ва лашкарҳояшро фурӯ гирифтем ва ба баҳр андохтем. Ва ӯ ба сабаби куфру инкори ҳақ сазовори маломат буд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\378
آية رقم 41
41.   Ва низ барои андешакунандагон ибратест дар ҳалок шудани қавми Од, чун боди ақимро(1) бар онҳо фиристодем.
____________________
1. Бодест, ки дар он хайру баракат нест, дар куҷое ки вазад он ҷоро ба вайронӣ мебарад.
42.   Ба ҳар чизе ки мевазид, онро боқӣ намегузошт, магар ки онро чун устухони пӯсида мегардонд.
آية رقم 43
43.   Ва низ панду ибратест дар ҳалок шудани қавми Самуд, чун ба онҳо гуфта шуд: «Замоне чанд то ба охир расидани умратон баҳра баред».
آية رقم 44
44.   Пас онон аз фармони Парвардигорашон сар тофтанд ва ҳамчунон ки бо чашми сар менигаристанд, раъди тунде онҳоро фурӯ гирифт.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\811
آية رقم 45
45.   Пас на тавони гурехтан ва на тавони ба по истодан доштанд ва на интиқомгиранда буданд, то худро кумак кунанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\436
46.   Ва пеш аз он гурӯҳ қавми Нӯҳро ҳалок сохта будем, зеро онҳо қавми фосиқе(1) буданд.
____________________
1. Қавме, ки мухолифи амри Аллоҳ ва аз тоъати Ӯ берун буданд.
آية رقم 47
47.   Ва аммо осмонро бо қувват ва қудрати азим бино кардем ва онро сақфе барои замин қарор додем ва ҳаққо, ки Мо бар паҳноварии канорҳои он тавоноем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\811
آية رقم 48
48.   Ва заминро паҳн кардаем ва барои зиндагии мардумон омода сохтаем, пас чӣ омодакунандагони хубе ҳастем!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\439
آية رقم 49
49.   Ва аз ҳар (мавҷудот) чиз ҷуфте(1) биёфаридаем, бошад, ки аз қудрати илоҳӣ ибрат гиред.(2)
____________________
1. Монанди шабу рӯз, сиёҳу сафед, ҷаннату дузах ва ғайраҳо. 2. Тафсири ибни Касир 7\424
50.   Пас Паёмбар гӯяд: Эй мардум аз азоби Аллоҳ, ба сӯи раҳмати Аллоҳ ба василаи имон овардан ба Аллоҳу расулаш ва ба пайравӣ намудану амал кардан ба фармонаш бигрезед. Ҳароина, ман шуморо аз ҷониби ӯ бимдиҳандае ошкорам.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\440. Ҳар вақте ки ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мушкиле дучор мешуд, зуд ба намоз меистоданд. Ин аст мурод аз гурехтан ба сӯи Аллоҳ.
51.   Ва бо Аллоҳи якто маъбуди дигареро мапарастед. Ҳароина, ман шуморо аз ҷониби ӯ бимдиҳандае ошкорам.
52.   Ҳамин гуна, ки қурайшиҳо паёмбарашон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ мебароранд, ҳеҷ паёмбаре ба сӯи мардумони пеш аз онҳо наёмад, магар ин гуфтанд: «Ӯ ҷодугар ё девонаест»(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\425
آية رقم 53
53.   Оё ба гузаштагон ва ояндагон дурӯғ баровардани паёмбаронро бо якдигар васият карда буданд? На! Балки, онҳо мардуми саркаше буданд, ки дилҳо ва амалҳояшон дар куфр варзидан ва саркашӣ кардан монанди якдигараст. Пас ояндагоншон чунин гуфтаанд, чунон ки гузаштагонашон гуфтаанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\442
آية رقم 54
54.   Пас, эй Расул, аз мушрикон рӯй бигардон, то фармони Аллоҳ дар ҳаққи онҳо ба ту нозил гардад. Касе туро маломат нахоҳад кард, зеро он чиро, ки бар ӯҳдаи ту буд, ба охир расонидаӣ.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\442
آية رقم 55
55.   Ва панд деҳ, ба ростӣ ки панд додан ба мӯъминон фоидае мебахшад.
آية رقم 56
56.   Ва ҷинну одамиро наёфаридаам, магар барои (ҳадафи бузурге, то танҳо) маро ибодат кунанд, (на ғайри Маро)(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\813
57.   Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки маро таъом диҳанд. (Аллоҳ таъоло худ эҳтиёҷ ба халқ надорад, балки онҳо ҳама ба Ӯ эҳтиёҷманданд. Ӯ офаридагор ва рӯзидиҳандаи онҳост ва аз онҳо бениёз аст).
آية رقم 58
58.   Ҳароина, Аллоҳ барои бандагонаш рӯзидиҳандааст. Ва Ӯст соҳиби тамоми нерӯи сахти устувор!
59.   Пас, ҳароина, барои касоне, ки ситам кардаанд(1), аз азоб насибаест монанди насибае, ки ёронашон доштанд. Пас, набояд, ки ба шитоб аз ман азоб талаб кунанд! Бегумон он омаданист.(2)
____________________
1. Ба сабаби бовар надоштанашон ба паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам. 2. Тафсири Саъдӣ 1\813
آية رقم 60
60.   Вой (ва ҳалокӣ бод) бар онон, ки куфр варзиданд ба Аллоҳу расулаш, аз он рӯз, ки онҳо ба фуруд омадани азоб ваъда дода мешаванд! Ва он рӯз рӯзи қиёмат аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\442
تقدم القراءة