ترجمة معاني سورة محمد باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
الترجمة الإنجليزية - صحيح انترناشونال
المنتدى الإسلامي
الترجمة الإنجليزية
الترجمة الفرنسية - المنتدى الإسلامي
نبيل رضوان
الترجمة الإسبانية
محمد عيسى غارسيا
الترجمة الإسبانية - المنتدى الإسلامي
الترجمة الإسبانية (أمريكا اللاتينية) - المنتدى الإسلامي
المنتدى الإسلامي
الترجمة البرتغالية
حلمي نصر
الترجمة الألمانية - بوبنهايم
عبد الله الصامت
الترجمة الألمانية - أبو رضا
أبو رضا محمد بن أحمد بن رسول
الترجمة الإيطالية
عثمان الشريف
الترجمة التركية - مركز رواد الترجمة
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة التركية - شعبان بريتش
شعبان بريتش
الترجمة التركية - مجمع الملك فهد
مجموعة من العلماء
الترجمة الإندونيسية - شركة سابق
شركة سابق
الترجمة الإندونيسية - المجمع
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الإندونيسية - وزارة الشؤون الإسلامية
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الفلبينية (تجالوج)
مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - دار الإسلام
فريق عمل اللغة الفارسية بموقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - حسين تاجي
حسين تاجي كله داري
الترجمة الأردية
محمد إبراهيم جوناكري
الترجمة البنغالية
أبو بكر محمد زكريا
الترجمة الكردية
حمد صالح باموكي
الترجمة البشتوية
زكريا عبد السلام
الترجمة البوسنية - كوركت
بسيم كوركورت
الترجمة البوسنية - ميهانوفيتش
محمد مهانوفيتش
الترجمة الألبانية
حسن ناهي
الترجمة الأوكرانية
ميخائيلو يعقوبوفيتش
الترجمة الصينية
محمد مكين الصيني
الترجمة الأويغورية
محمد صالح
الترجمة اليابانية
روايتشي ميتا
الترجمة الكورية
حامد تشوي
الترجمة الفيتنامية
حسن عبد الكريم
الترجمة الكازاخية - مجمع الملك فهد
خليفة الطاي
الترجمة الكازاخية - جمعية خليفة ألطاي
جمعية خليفة الطاي الخيرية
الترجمة الأوزبكية - علاء الدين منصور
علاء الدين منصور
الترجمة الأوزبكية - محمد صادق
محمد صادق محمد
الترجمة الأذرية
علي خان موساييف
الترجمة الطاجيكية - عارفي
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
الترجمة الهندية
مولانا عزيز الحق العمري
الترجمة المليبارية
عبد الحميد حيدر المدني
الترجمة الغوجراتية
رابيلا العُمري
الترجمة الماراتية
محمد شفيع أنصاري
الترجمة التلجوية
مولانا عبد الرحيم بن محمد
الترجمة التاميلية
عبد الحميد الباقوي
الترجمة السنهالية
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الأسامية
رفيق الإسلام حبيب الرحمن
الترجمة الخميرية
جمعية تطوير المجتمع الاسلامي الكمبودي
الترجمة النيبالية
جمعية أهل الحديث المركزية
الترجمة التايلاندية
مجموعة من جمعية خريجي الجامعات والمعاهد بتايلاند
الترجمة الصومالية
محمد أحمد عبدي
الترجمة الهوساوية
الترجمة الأمهرية
محمد صادق
الترجمة اليورباوية
أبو رحيمة ميكائيل أيكوييني
الترجمة الأورومية
الترجمة التركية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفرنسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإندونيسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفيتنامية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة البوسنية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإيطالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفلبينية (تجالوج) للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفارسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
Dr. Ghali - English translation
Muhsin Khan - English translation
Pickthall - English translation
Yusuf Ali - English translation
Azerbaijani - Azerbaijani translation
Sadiq and Sani - Amharic translation
Farsi - Persian translation
Finnish - Finnish translation
Muhammad Hamidullah - French translation
Korean - Korean translation
Maranao - Maranao translation
Abdul Hameed and Kunhi Mohammed - Malayalam translation
Salomo Keyzer - Flemish (Dutch) translation
Norwegian - Norwegian translation
Samir El - Portuguese translation
Polish - Polish translation
Romanian - Romanian translation
Elmir Kuliev - Russian translation
Albanian - Albanian translation
Tatar - Tatar translation
Japanese - Japanese translation
محمد جوناگڑھی - Urdu translation
Ma Jian - Chinese translation
Turkish - Turkish translation
King Fahad Quran Complex - Thai translation
Ali Muhsin Al - Swahili translation
Abdullah Muhammad Basmeih - Malay translation
Hamza Roberto Piccardo - Italian translation
Indonesian - Indonesian translation
Bubenheim & Elyas - German / Deutsch translation
Bosnian - Bosnian translation
Hasan Efendi Nahi - Albanian translation
Sherif Ahmeti - Albanian translation
Sahih International - English translation
Czech - Czech translation
Abul Ala Maududi(With tafsir) - English translation
Tajik - Tajik translation
Alikhan Musayev - Azerbaijani translation
Muhammad Saleh - Uighur; Uyghur translation
Abdul Haleem - English translation
Mufti Taqi Usmani - English translation
Muhammad Karakunnu and Vanidas Elayavoor - Malayalam translation
Sheikh Isa Garcia - Spanish; Castilian translation
Divehi - Divehi; Dhivehi; Maldivian translation
Abubakar Mahmoud Gumi - Hausa translation
Mahmud Muhammad Abduh - Somali translation
Knut Bernström - Swedish translation
Jan Trust Foundation - Tamil translation
Mykhaylo Yakubovych - Ukrainian translation
Uzbek - Uzbek translation
Diyanet Isleri - Turkish translation
Ministry of Awqaf, Egypt - Russian translation
Abu Adel - Russian translation
Burhan Muhammad - Kurdish translation
Dr. Mustafa Khattab, The Clear Quran - English translation
Dr. Mustafa Khattab - English translation
الترجمة الإنجليزية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الفرنسية - محمد حميد الله
الترجمة البوسنية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الصربية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة الألبانية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة اليابانية - سعيد ساتو
الترجمة التاميلية - عمر شريف
الترجمة السواحلية - عبد الله محمد وناصر خميس
الترجمة اللوغندية - المؤسسة الإفريقية للتنمية
الترجمة الإنكو بامبارا - ديان محمد
الترجمة العبرية
الترجمة الإنجليزية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الروسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة البنغالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الصينية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة اليابانية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
ترجمة معاني القرآن الكريم - عادل صلاحي
عادل صلاحي
ﰡ
آية رقم 1
1.Аллоҳ аъмоли неки касонеро, ки ба ягонагии Аллоҳ кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд, ботил сохт.
آية رقم 2
2.Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба он чӣ (яъне, Қуръон) бар Муҳаммад нозил шуда, ки он ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорашон омадааст, имон овардаанд, Аллоҳ гуноҳонашонро мебахшад ва он чи аз амалҳои баде анҷом додаанд, азобашон намекунад ва корҳояшонро дар дунёву охират ба салоҳ меоварад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/151
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/151
آية رقم 3
3.Ва ин зоеъ сохтани аъмоли неки кофирон ва бахшидани гуноҳи мӯъминон ба он сабаб аст, ки кофирон ботилро (шайтон) пайравӣ карданд ва онон, ки имон оварданд, пайравӣ карданд ҳаққеро(1), ки аз ҷониби Парвардигорашон омада буд. Аллоҳ барои мардум инчунин мисолҳои онҳоро баён мекунад.(2)'
____________________
1. Муҳаммад Саллаллоҳу алайҳи ва саллам. 2. Тафсири Табарӣ 22/153
____________________
1. Муҳаммад Саллаллоҳу алайҳи ва саллам. 2. Тафсири Табарӣ 22/153
آية رقم 4
4. Пас эй мӯъминон чун бо кофирон рӯ ба рӯ шудед дар майдони ҷанг, гарданашонро бизанед. Ба ҳамчунин идома диҳед, то ба андозае душманро ба куштан ё захмӣ кардан, заъиф намоед ва чун онҳоро сахт фурӯ куфтед, асирашон кунед ва сахт бибандед. Он гоҳ оноҳро ба эҳсон озод кунед ё ба фидя (ба ивази пулу мол). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Аллоҳ. Ва агар Аллоҳ мехост (на ба роҳи ҷанг, балки аз роҳҳои дигаре, мисли тӯфон, заминларза, сел, ғарқ сохтан ва дигар офатҳо) аз он кофирон интиқом мегирифт, вале хост, то шуморо ба якдигар биёзмояд. Ва онон, ки дар роҳи Аллоҳ кушта шудаанд, ҳаргиз савоби аъмолашонро ботил намекунад.
آية رقم 5
ﮫﮬﮭ
ﮮ
5. Ба зудӣ, Аллоҳ дар дунё бо тоъат ва ризоияти худаш ононро ҳидоят хоҳад кард ва корҳояшонро ба салоҳ меоварад.
آية رقم 6
ﮯﮰﮱﯓ
ﯔ
6. Ва ононро ба биҳиште, ки барояшон васф кардааст, дохил месозад ва манзилҳояшонро барояшон муаррифӣ менамояд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/280
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/280
آية رقم 7
7. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал намудаед, агар дини Аллоҳро бо ба ҷо овардани фармудаҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш ёрӣ кунед, шуморо бар зидди душманонатон ёрӣ мекунад ва қадамҳоятонро устувор медорад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/785
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/785
آية رقم 8
ﯟﯠﯡﯢﯣﯤ
ﯥ
8. Ва касоне, ки куфр варзиданд, марг бар онон бод! Аллоҳ аъмолашонро ботил кардааст.
آية رقم 9
9. Зеро онон чизеро, (аз Қуръон,) ки Аллоҳ нозил кардааст, (бар паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нохуш доштанд ва ба он бовар надоранд. Дар натиҷа Аллоҳ аъмолашонро нобуд кард, (зеро дар тоъати шайтон буданд.) (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/161
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/161
آية رقم 10
10. Оё кофирон дар замин сайр накардаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо будаанд ва паёмбаронашонро дурӯғгӯ баровардаанд, чӣ гуна будааст? Аллоҳ ҳалокашон кард ва кофирон низ оқибате монанди онҳоро доранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/786
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/786
آية رقم 11
11. Ин (яъне, ёрӣ додани мӯъминон ва ҳалок кардани кофирон) ба он сабаб аст, ки Аллоҳ ёвари касонест, ки имон овардаанд. Ва кофиронро ҳеҷ дӯст ва ёваре нест.
آية رقم 12
12. Бегумон Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, ба биҳиштҳое, ки ҷӯйҳо аз зери қасрҳо ва дарахтони он ҷорист, дохил мегардонад.
Ва кофирон дар дунё баҳраманд мешаванд ва мехӯранд чун чорпоён бехабар аз саранҷоми кор ва ҷойгоҳашон оташ аст.
Ва кофирон дар дунё баҳраманд мешаванд ва мехӯранд чун чорпоён бехабар аз саранҷоми кор ва ҷойгоҳашон оташ аст.
آية رقم 13
13. Ва эй Расул, чи шаҳрҳои зиёде, ки мардумаш аз мардуми шаҳри ту (Макка), ки аз он берунат карданд, хеле нерӯмандтар буданд, ба ҳар гуна азобҳо ҳалокашон кардем ва ҳеҷ ёрикунандае надоштанд, ки аз азоби Аллоҳ онҳоро наҷот диҳанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/765
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/765
آية رقم 14
14. Оё касе, ки аз ҷониби Парвардигораш далели равшане дорад, монанди касест, ки кирдори бадаш дар назараш ороста шудааст ва монанди касоне аст, ки аз паи ҳавасҳои худ мераванд? (Ҳаргиз монанд нестанд.)
آية رقم 15
15. Васфи биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, чунин аст, ки дар он ҷӯйборҳоест аз обҳое тағйирнопазир ва ҷӯйборҳое аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва ҷӯйборҳое аз шароб, ки барои нӯшандааш лаззат аст ва ҷӯйборҳое аз асали мусаффо. Ва онон
дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд, барои онон ҳаст ва низ аз омурзиши Парвардигорашон бархурдоранд. Оё биҳиштиён монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи дӯзах ҷовидонаанд ва ононро аз оби ҷӯшоне меошомонанд, ки рӯдаҳояшонро пора-пора мекунад?
дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд, барои онон ҳаст ва низ аз омурзиши Парвардигорашон бархурдоранд. Оё биҳиштиён монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи дӯзах ҷовидонаанд ва ононро аз оби ҷӯшоне меошомонанд, ки рӯдаҳояшонро пора-пора мекунад?
آية رقم 16
16. Ва баъзе аз мунофиқон ба ту (эй Расул) гӯш медиҳанд, то он гоҳ ки аз назди ту берун раванд, аз донишмандони асҳоби паёмбар, ки Аллоҳ ба онҳо илм додааст, масхараомезона мепурсанд: «Ин чӣ суханоне буд, ки Муҳаммад алҳол чанд лаҳза пештар гуфт:» Аллоҳ бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст, ҳақро намефаҳманд ва аз пайи ҳавою ҳавасҳои худ рафтаанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/283
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/283
آية رقم 17
ﯱﯲﯳﯴﯵﯶ
ﯷ
17. Ва онон, ки ба сӯи ҳақ ҳидоят ёфтаанд, Аллоҳ бар ҳидояташон афзуд ва ба онон парҳезгорӣ ато фармуд.
آية رقم 18
18. Пас оё инҳо кофирон танҳо мунтазири онанд, ки ба ногоҳ қиёмат фаро расад? Ҳароина, нишонаҳои қиёмат ошкор шудааст. Ва чун фаро расад, панд гирифтанашон чӣ фоидае барои онҳо дорад?
آية رقم 19
19. Пас, бидон эй Расул ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест. Ва аз гуноҳи худ ва аз гуноҳи мардону занони мӯъмин омӯрзиш бихоҳ. Ва Аллоҳ медонад, маҳалли ҳаракати шуморо, ки рӯз ба куҷо меравед ва қароргоҳи
шуморо низ медонад, ки шаб дар куҷо меоромед.
шуморо низ медонад, ки шаб дар куҷо меоромед.
آية رقم 20
20. Ва касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд мегӯянд: «Кошкӣ аз ҷониби Аллоҳ сурае нозил мешуд ва моро ба ҷанги зидди душманон мехонд?» Чун сурае аз мӯҳкамот (оятҳояш равшан) нозил шавад ва дар он сухан аз ҷанг рафта бошад, ононро, ки дар дилашон шубҳа ва нифоқ аст, мебинӣ, ки ба сӯи ту монанди нигоҳи касе, ки аз сакароти марг беҳуш шуда бошад, менигаранд. Пас барояшон шоистатар аст, ки
آية رقم 21
21. фармонбардорӣ кунанд Аллоҳро ва сухани некӯ гӯянд мувофиқи шариъат.
Ва ҳангоме ки ҷанг воҷиб шавад, мунофиқонро аз он нохуш ояд, агар бо Аллоҳ содиқ бошанд дар имону амал барояшон аз гуноҳу нофармонбардорӣ беҳтар аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/176
Ва ҳангоме ки ҷанг воҷиб шавад, мунофиқонро аз он нохуш ояд, агар бо Аллоҳ содиқ бошанд дар имону амал барояшон аз гуноҳу нофармонбардорӣ беҳтар аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/176
آية رقم 22
22. Пас оё агар (аз Қуръон ва суннати паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйгардондед, ҷуз ин интизор меравад, ки дар замин фасод кунед ва пайванди хешовандиятонро бибуред, (мисле, ки пешиниёнатон карданд?) (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/287
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/287
آية رقم 23
23. Инҳоянд (фасодкунандагон ва қатъкунандагони пайванди хешу таборӣ), ки Аллоҳ лаънаташон кардааст ва гӯшҳояшонро аз шунидани ҳақ кару чашмонашонро аз дидани роҳи ҳидоят кӯр сохтааст. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/788
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/788
آية رقم 24
24. Оё ин мунофиқон дар панду андарзҳои Қуръон намеандешанд ё бар дилҳо қуфлҳост, ки чизе аз Қуръон ба он дохил намешавад? (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/179
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/179
آية رقم 25
25. Бегумон касоне ки муртад шуданд аз Ислом ва ба куфри гузаштаи худ баргаштанд, баъд аз он ки бар онон роҳи ҳидоят равшан шуд, шайтон ба онҳо корҳои бадашонро дар назарашон биёрост ва онҳоро ба орзуҳои тулонӣ фиреб дод. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/288
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/288
آية رقم 26
26.Ва ин аз дин баргаштанашон ба он сабаб аст, ки ба он гурӯҳ, (яҳудиён), ки оёти Аллоҳро нохуш медоштанд, мегуфтанд: "Мо дар баъзе аз корҳо фармонбардори шумо ҳастем." Ва Аллоҳ аз розашон огоҳ аст.(1)
____________________
1. Мусалмон бояд ҳазар кунад аз тоъате, ки мухолифи амри Аллоҳ ва расули Ӯ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст.
____________________
1. Мусалмон бояд ҳазар кунад аз тоъате, ки мухолифи амри Аллоҳ ва расули Ӯ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст.
آية رقم 27
27.Пас чӣ гунааст ҳолашон, он гоҳ ки фариштагон онҳоро мемиронанд ва бар чеҳраҳову пуштҳояшон мезананд?
آية رقم 28
28.Ин тавр сахт ҷон ситонидан аз мунофиқон ба сабаби он аст, ки аз он чӣ Аллоҳро ба хашм меоварад, пайравӣ мекардаанд ва аз он чӣ хушнудаш месохт, бадбинӣ доштаанд. Пас Аллоҳ низ савоби амалҳои некашонро нобуд кард (монанди садақа ва силаи раҳм ва дигар амалҳо.)(1)
____________________
2. Тафсири Табарӣ 22/183
____________________
2. Тафсири Табарӣ 22/183
آية رقم 29
29.Оё онон, (мунофиқон), ки дар дилашон бемориест аз ҳасаду душамнӣ бар аҳли Ислом, мепиндоранд, ки Аллоҳ кинаеро, ки дар дил пинҳон доранд, ҳаргиз, ошкор нахоҳад кард?
آية رقم 30
30. Ба агар бихоҳем (нишонаҳои зоҳирии онҳоро ба ту эй Расул) нишон медиҳем, пас ҳароина, ту онҳоро ба симо ва қиёфаҳояшон бишиносӣ ва ҳатман, ту онҳоро дар тарзи сухан гуфтанашон мешиносӣ. Ва Аллоҳ аз аъмолатон огоҳ аст (ва ҳеҷ кори нек ё баде бар Ӯ пинҳон намемонад, пас шуморо дар баробари амалҳоятон ҷазои муносиб медиҳад.) (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/185
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/185
آية رقم 31
31. Ва албатта, эй мӯъминон шуморо меозмоем бо ҷанг кардан бо душманони Аллоҳ, то муҷоҳидон ва собиронатонро бо вуҷуди огоҳӣ аз аъмолатон маълум бидорем ва ахборатонро ошкор кунем, то ростгӯ аз дурӯғгӯ маълум шавад. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/289
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/289
آية رقم 32
32. Албатта, касоне, ки ба ягонагии Аллоҳ имон наёварданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва баъд аз он ки роҳи ҳидоят барояшон ошкор шуда буд, ки ӯ паёмбари бар ҳақ аст, бо паёмбар мухолифат варзидаанд, ҳаргиз ҳеҷ зиёне ба дини Аллоҳ нахоҳанд расонид ва Аллоҳ савоби аъмолашонро нобуд хоҳад кард. Зеро ба он амалҳо ризоияти Аллоҳро ирода накарда буданд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/186
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/186
آية رقم 33
33. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, ба Аллоҳ ва ба Паёмбар итоъат кунед ва савоби аъмоли хешро бо куфру маъсият ботил масозед.
آية رقم 34
34. Албатта, Аллоҳ касонеро, ки ба ягонагии Аллоҳ куфр варзиданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва дар куфр мурданд, пас ҳаргиз Аллоҳ гуноҳашонро нахоҳад омурзид ва бар куфрашон азобашон хоҳад дод.
آية رقم 35
35. Эй мӯъминон, аз ҷиҳоди мушрикон сустӣ наварзед, то даъват ба мусолиҳа кунед. Шумо аз онҳо боло ва бартар ҳастед ва Аллоҳ бо мадади худ ҳамроҳи шумост ва аз савоби амалҳоятон ҳаргиз кам нахоҳад кард. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7/323
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7/323
آية رقم 36
36. Зиндагии инҷаҳонӣ фақат бозиву беҳудагист, магар он ки барои Аллоҳ бошад.
Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, Аллоҳ подошҳоятонро хоҳад дод. Ва аз шумо ҳамаи амволатонро барои закот наметалабад.
Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, Аллоҳ подошҳоятонро хоҳад дод. Ва аз шумо ҳамаи амволатонро барои закот наметалабад.
آية رقم 37
ﯘﯙﯚﯛﯜﯝ
ﯞ
37. Агар тамоми молатонро талабад ва ба доим ҳам талабад, он гоҳ аз додани мол бухл меварзед ва манъ мекунед ва кинаҳои дар дил доштаатонро ошкор месозад. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7/324
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7/324
آية رقم 38
38. Огоҳ бошед, эй мӯъминон, ки шуморо ба хайр кардан дар роҳи ҷиҳод даъват мекунанд, то дар роҳи Аллоҳ нафақа кунед. Баъзе аз шумо бухл меварзанд ва ҳар кас, ки бухл варзад, дар ҳаққи худ бухл варзидааст. Зеро Аллоҳ аз шумо бениёз аст ва шумо ба Ӯ ниёзмандед.
Ва агар аз имон овардан ба Аллоҳ рӯй бартобед, ба ҷойи шумо мардуме дигар орад, ки ҳаргиз монанди шумо набошанд. Балки фармони Ӯ ва фармони расулашро ба ҷо меоранд ва дар роҳи Ӯ бо тану молашон ҷиҳод мекунанд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/192
Ва агар аз имон овардан ба Аллоҳ рӯй бартобед, ба ҷойи шумо мардуме дигар орад, ки ҳаргиз монанди шумо набошанд. Балки фармони Ӯ ва фармони расулашро ба ҷо меоранд ва дар роҳи Ӯ бо тану молашон ҷиҳод мекунанд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/192
تقدم القراءة