Surah Al-Infitar in Тоҷикӣ
ИНФИТОР · سورة الإنفطار · Verses: 19 · Meccan
Translation: Тоҷикӣ translation 1 (الترجمة الطاجيكية - عارفي)
-
1
إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنفَطَرَتۡ
Он гоҳ ки осмон шикофта шавад -
2
وَإِذَا ٱلۡكَوَاكِبُ ٱنتَثَرَتۡ
Он гоҳ ки ситорагон пароканда шаванд [ва фуру резанд] -
3
وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ فُجِّرَتۡ
Ва он гоҳ ки дарёҳо [ба ҳам омезанд ва] равон гарданд -
4
وَإِذَا ٱلۡقُبُورُ بُعۡثِرَتۡ
Ва он гоҳ ки қабрҳо зеру рӯ шавад -
5
عَلِمَتۡ نَفۡسࣱ مَّا قَدَّمَتۡ وَأَخَّرَتۡ
[Дар он ҳангом] Ҳар кас медонад, чи чизҳоеро пешопеш фиристода ва чи чизҳоеро вопас ниҳода [ва бар ҷой гузоштааст]
-
6
يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ ٱلۡكَرِيمِ
Эй инсон, чи чизе туро [нисбат] ба Парвардигори каримат мағрур сохтааст? -
7
ٱلَّذِي خَلَقَكَ فَسَوَّىٰكَ فَعَدَلَكَ
Он [Парвардигоре], ки туро офарид ва сипас сару сомонат дод ва он гоҳ мутаодил ва муносибат кардааст -
8
فِيٓ أَيِّ صُورَةࣲ مَّا شَآءَ رَكَّبَكَ
Ва ба ҳар шакле [ва сурате], ки хост, туро таркиб намуд -
9
كَلَّا بَلۡ تُكَذِّبُونَ بِٱلدِّينِ
Ҳаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; балки шумо рӯзи ҷазоро такзиб мекунед -
10
وَإِنَّ عَلَيۡكُمۡ لَحَٰفِظِينَ
Ва бе гумон, нигоҳбононе [аз фариштагон] бар шумо гуморида шудаанд -
11
كِرَامࣰا كَٰتِبِينَ
Ки нависандагоне бузургворанд -
12
يَعۡلَمُونَ مَا تَفۡعَلُونَ
Он чиро анҷом медиҳед, медонанд [ва аъмоли неку бади шуморо сабт мекунанд] -
13
إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمࣲ
Мусалламан, накукорон дар неъмат [-ҳои биҳишт] ҳастанд -
14
وَإِنَّ ٱلۡفُجَّارَ لَفِي جَحِيمࣲ
Ва яқинан бадкорон дар [оташи] ҷаҳаннаманд -
15
يَصۡلَوۡنَهَا يَوۡمَ ٱلدِّينِ
Рӯзи ҷазо ба он дароянд [ва бисӯзанд] -
16
وَمَا هُمۡ عَنۡهَا بِغَآئِبِينَ
Ва ҳаргиз онон аз он ҷо ба дур ва [дар амон] набошанд -
17
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ
Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷазо чист? -
18
ثُمَّ مَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ
Боз ту чи медонӣ, ки рӯзи ҷазо чист? -
19
يَوۡمَ لَا تَمۡلِكُ نَفۡسࣱ لِّنَفۡسࣲ شَيۡـࣰٔاۖ وَٱلۡأَمۡرُ يَوۡمَئِذࣲ لِّلَّهِ
Рӯзе, ки ҳеҷ кас қодир ба анҷоми коре барои дигаре нест; ва дар он рӯзи ҳукм [ва фармон] аз они Аллоҳ таоло аст