Тарҷумаи сураи АНКАБУТ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية - عارفي
Verse 1
ﮡ
ﮢ
Алиф, лом, мим
Verse 2
Оё мардум пиндоштаанд, ҳамин ки [ба забон] бигӯянд: «Имон овардем», ононро [ба ҳоли худ] вомегузоранд ва озмуда намешаванд?
Verse 3
Ва ба ростӣ касонеро, ки пеш аз онон буданд, низ озмудем ва то Аллоҳ таоло касонеро, ки [дар бораи имонашон] рост гуфтаанд, бозшиносад ва дурӯғгӯёнро [низ] маълум гардонад
Verse 4
Оё касоне, ки корҳои ношоиста кардаанд, пиндоштаанд, ки метавонанд аз Мо пешӣ бигиранд [ва аз азобамон бигурезанд]? Чи бад доварӣ мекунанд!
Verse 5
Ҳар ки ба дидори Аллоҳ таоло умед дорад, [бидонад, ки] ваъдаи Аллоҳ таоло, ҳатман, хоҳад омад ва ӯ шунавову доност
Verse 6
Ва ҳар ки [дар роҳи ҳақ] бикӯшад, ба суди хеш кӯшидааст. Бе тардид, Аллоҳ таоло аз ҷаҳониён бениёз аст
Verse 7
Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, яқинан гуноҳонашонро мезудоем ва ононро ба беҳтар аз он чи кардаанд, подош медиҳем
Verse 8
Ва ба инсон супориш кардем, ки ба падару модараш некӣ намояд ва [гуфтем]: «Агар он ду кӯшиданд, то чизеро, ки ту ба он донише надорӣ шарики Ман созӣ, пас, аз онҳо итоат макун. Бозгаштатон ба сӯи Ман аст, он гоҳ шуморо аз [ҳақиқати] он чи мекардед, огоҳ хоҳам кард
Verse 9
Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, албатта, ононро дар [зумраи] шоистагон дармеоварем
Verse 10
Ва бархе аз мардум ҳастанд, ки мегӯянд «ба Аллоҳ таоло имон овардем». Аммо ҳангоме ки дар роҳи Аллоҳ таоло озор мебинанд, озори кофиронро ҳамчун азоби Аллоҳ таоло [сахту ҷонкоҳ] медонанд [ва аз имонашон даст мекашанд] ва агар аз сӯйи Парвардигорат пирӯзӣ [ва кушоише бароятон] пеш ояд, мегӯянд: «Бе тардид, мо [низ] бо шумо ҳамроҳ будем». Оё Аллоҳ таоло ба он чи дар дилҳои ҷаҳониён аст, донотар нест?
Verse 11
ﮠﮡﮢﮣﮤﮥ
ﮦ
Ва ба ростӣ, Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд, ба хубӣ мешиносад ва яқинан, мунофиқонро [низ] мешиносад
Verse 12
Ва касоне, ки куфр варзиданд, ба касоне, ки имон оварданд, мегуфтанд: «Аз роҳи мо пайравӣ кунед, ва ҳатман, бори гуноҳонатонро ба уҳда мегирем», вале онон ҳаргиз чизе аз гуноҳони эшонро бар уҳда нахоҳанд гирифт. Ба ростӣ, ки онон дурӯғгӯ ҳастанд
Verse 13
Ва, ҳатман, бори сангини [гуноҳи] худ ва борҳои сангин [-и гуноҳи пайравон]-ашонро ҳамроҳи бори сангини худ ба дӯш хоҳанд кашид ва яқинан, рӯзи қиёмат дар мавриди дурӯғҳое, ки мебофтанд, бозхост хоҳанд шуд
Verse 14
Ва Мо Нуҳро ба сӯи қавмаш фиристодем ва ӯ нуҳсаду панҷоҳ сол дар миёни онон буд. Он гоҳ, дар ҳоле ки ситамгор [-у кофир] буданд, тӯфон [-и сангин] ононро фаро гирифт
Verse 15
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖ
ﭗ
Пас ӯ [Нуҳ] ва сарнишинони киштиро наҷот додем ва он [киштӣ]-ро нишонае барои [ибрат гирифтани] ҷаҳониён қарор додем
Verse 16
Ва [ёд кун аз] Иброҳим он гоҳ ки ба қавмаш гуфт: «Аллоҳро бипарастед ва аз Ӯ парво кунед, [ки] агар бидонед, ин кор бароятон беҳтар аст
Verse 17
Ҷуз ин нест, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло шумо фақат бутҳое [аз сангу чӯб]-ро мепарастед ва [бо ин кор ба Аллоҳ таоло] дурӯғ мебандед. Дар ҳақиқат, касонеро, ки шумо ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ихтиёри рӯзиатонро надоранд, пас, [неъмату] рӯзиро танҳо аз пешгоҳи Аллоҳ таоло талаб кунед ва Ӯро бипарастед ва шукри Ӯро ба ҷо оваред [ки] ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешавед
Verse 18
Ва [эй мушрикон] агар шумо [Муҳаммадро] дурӯғгӯ бидонед, [аҷиб нест] бе тардид, бархе аз умматҳои пеш аз шумо низ [паёмбарони илоҳиро] дурӯғгӯ ангоштанд. Ва паёмбар вазифае ҷуз расонидани ошкори [ваҳй] надорад»
Verse 19
Оё надиданд, ки Аллоҳ таоло чи гуна офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад? Ҳатман, ин кор барои Аллоҳ таоло осон аст
Verse 20
[Эй паёмбар, ба кофирон] бигӯ: «Дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки Аллоҳ таоло чи гуна офаринишро оғоз кард, пас, [ба ҳамин сурат низ] зиндагии дигарро падид меоварад. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар коре тавоност
Verse 21
Ӯ ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва бар ҳар ки бихоҳад, раҳмат меоварад ва [ҳамагӣ] ба сӯяш бозгардонда мешавед
Verse 22
Шумо - [на] дар замин ва на дар осмон – ҳаргиз нотавонкунандаи Ӯ нестед ва ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ корсозу ёваре надоред»
Verse 23
Ва касоне, ки ба оёти Аллоҳ таоло ва дидори Ӯ куфр варзиданд, ононанд, ки аз раҳмати Ман маъюсанд ва азоби дардноке барояшон [дар пеш] аст
Verse 24
Он гоҳ ҷавоби қавми ӯ [Иброҳим] ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ӯро бикушед, бисӯзонед». Пас, Аллоҳ таоло аз оташ наҷоташ дод. Бе тардид, дар ин [раҳоӣ аз оташ] барои гурӯҳе, ки имон меоваранд, нишонаҳое [барои ибрат гирифтан] аст
Verse 25
Ва [Иброҳим] гуфт: «Шумо ба ҷойи Аллоҳ таоло бутҳое барои худ баргузидаед, ки [мояи дӯстӣ ва] муҳаббат миёни шумо дар зиндагии дунё бошад. Он гоҳ рӯзи қиёмат мункири якдигар мешавед ва ҳамдигарро лаънат мекунед ва ҷойгоҳатон оташ аст ва ҳеҷ ёригаре нахоҳед дошт»
Verse 26
Пас, Лут ба ӯ имон овард ва [Иброҳим] гуфт: «Ман ба сӯйи Парвардигорам [ба сарзамини Шом] ҳиҷрат мекунам. Бе тардид, Ӯ шикастнопазири ҳаким аст»
Verse 27
Ва Исҳоқу Яъқубро ба ӯ бахшидем ва миёни фарзандонаш нубувват ва китоб [-и осмонӣ] қарор додем ва подошашро дар ин дунё додем ва яқинан, ӯ дар охират [низ] аз шоистагон хоҳад буд
Verse 28
Ва [ёд кун аз] Лут ҳангоме ки ба қавмаш гуфт: «Воқеан, кори бисёр зиште мекунед, ки пеш аз шумо ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон анҷом надодааст
Verse 29
Оё бо мардон меомезед ва [ба қасди таҷовуз ба мусофирон] роҳро мебандед ва дар маҷолиси худ муртакиби корҳои нописанд мешавед»? Пас, посухи қавмаш ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Агар ростгӯӣ, азоби илоҳиро пеш овар»
Verse 30
ﯱﯲﯳﯴﯵﯶ
ﯷ
[Лут] Гуфт: «Парвардигоро, маро дар баробари муфсидон ёрӣ кун»
Verse 31
Ва ҳангоме ки фиристодагони мо ба Иброҳим башорати [таваллуди писарашро] доданд, ба ӯ гуфтанд: «Мо сокинони шаҳри [Садум]-ро нобуд хоҳем кард, [чаро ки] бе тардид, мардуми он ҷо ситамгоранд»
Verse 32
[Иброҳим] Гуфт: «Лут низ дар он ҷост». Фариштагон гуфтанд: «Мо беҳтар медонем чи касоне дар он ҷо ҳастанд. Ӯ ва хонаводаашро, ҳатман, наҷот хоҳем дод, магар ҳамсараш, ки аз бозмондагон [дар азоб] хоҳад буд»
Verse 33
Ва чун фариштагони мо назди Лут омаданд, аз [тасаввури бешармии қавмаш нисбат ба] онон нигарон ва дилтанг шуд ва [фариштагон] гуфтанд: Натарс ва андуҳгин набош. Мо ту ва хонаводаатро, ҳатман, наҷот медиҳем, магар ҳамсаратро, ки аз бозмондагон [дар азоб] аст
Verse 34
Мо бар сокинони ин шаҳр – ба кайфари он ки нофармонӣ [ва гуноҳ] кардаанд – азобе аз осмон фуруд меоварем»
Verse 35
Ва дар ҳақиқат, мо аз он шаҳр [-и вайроншуда] барои касоне, ки меандешанд, нишона [ва ибрати] ошкоре боқӣ гузоштем
Verse 36
Ва ба сӯйи [сокинони] Мадян бародарашон Шуайб [-ро фирситодем]. Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед ва ба рӯзи бозпасин умедвор бошед ва дар замин ба фасод [ва табоҳӣ] накӯшед»
Verse 37
Вале ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва зилзила ононро фаро гирифт. Пас, дар хонаҳои худ ба рӯй афтоданд ва ҳалок шуданд
Verse 38
Ва [қавми] Од ва Самудро [низ ҳалок кардем] ва яқинан бархе аз хонаҳои [вайроншудаи] онон бароятон намоён аст. Ва шайтон корҳояшонро дар назарашон биёрост ва ононро аз роҳи [ҳақ] боздошт, дар ҳоле ки [нисбат ба ҳаққу ботил] бино буданд
Verse 39
Ва Қорун ва Фиръавн ва Ҳомонро [низ нобуд кардем] ва ба ростӣ, Мӯсо бо далоили равшан наздашон омад, пас, онон дар сарзамин [-и Миср] саркашӣ карданд, вале [аз азоби илоҳӣ] пешӣ нагирифтанд [ва роҳи фирор надоштанд]
Verse 40
Пас, ҳар яке аз эшонро ба [кайфари] гуноҳашон азоб кардем. Пас, ба бархе аз онон борони санг фиристодем ва бархе дигарро бонги маргбор фурӯ гирифт ва бархеро дар замин фурӯ бурдем ва бархеро ғарқ кардем. Аллоҳ таоло ҳаргиз ба онон ситам накард, балки онон [худ] ба хештан ситам мекарданд
Verse 41
Масали касоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло дӯстоне [аз сангу чӯб ва мурдагонро ба унвони шафоатгар] барои худ баргузидаанд, ҳамчун масали анкабут аст, ки хонаи [бедавомро паноҳгоҳи хеш] баргузидааст ва бе тардид, сусттарин хонаҳо хонаи анкабут аст. Агар [мушрикон ин ҳақиқатро] медонистанд, [бутҳоро ба парастиш намегирифтанд]
Verse 42
Яқинан, Аллоҳ таоло ҳар он чиро ба ҷойи Ӯ [ба парастиш] мехонанд медонад ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
Verse 43
Ин масалҳоро барои мардум мезанем ва ҷуз доноён касе онҳоро дарнамеёбад
Verse 44
Аллоҳ таоло осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид. Бе тардид, дар ин [офариниш] барои муъминон нишонае [аз қудрати илоҳӣ] аст
Verse 45
[Эй паёмбар] Он чиро аз ин китоб бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун ва намоз барпо дор. Ба ростӣ, ки намоз инсонро аз гуноҳ ва зишткорӣ бозмедорад ва, албатта, ёди Аллоҳ таоло [аз ҳар коре] болотар аст ва Аллоҳ таоло медонад, ки чи мекунед
Verse 46
[Эй муъминон] Бо аҳли китоб ҷуз ба беҳтарин шева баҳсу мунозира накунед, магар касоне аз онон, ки ситам карданд [ва бо шумо ба ҷанг брахостанд] ва бигӯед: «Мо ба тамоми он чи [аз сӯйи Аллоҳ таоло] бар мо ва шумо нозил шудааст, имон овардаем ва маъбуди мо ва шумо якест ва мо таслими [фармони] Ӯ ҳастем»
Verse 47
Ва бад-ин гуна [ки ба паёмбарони пешин китоби осмонӣ фурӯ фиристодем] ин китобро [низ] бар ту нозил кардем, пас, касоне, ки [пеш аз ту] ба онон китоб [-и осмонӣ] додем, ба ин [Қуръон низ] имон меоваранд ва аз инон [мушрикон] касоне ҳастанд, ки ба он имон меоваранд ва ҷуз кофирон [касе] оёти Моро инкор намекунад
Verse 48
Ва пеш аз [нузули] Қуръон ту [ҳаргиз] ҳеҷ китобе намехондӣ ва бо дасти худ чизе наменавиштӣ, вагарна, ҳатман, ботиландешон [дар бораи ҳақиқати паёмбариат] тардид мекарданд
Verse 49
Балки он [китоб муштамил бар] оёти равшанест, ки дар синаи донишварон [-и муъмин] ҷой дорад ва ҷуз ситамгорон [-и мушрик касе] оёти Моро инкор намекунад
Verse 50
Ва [мушрикон] гуфтанд: «Чаро муъҷизоте аз сӯи Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст»? Бигӯ: «Муъҷизот назди Аллоҳ таоло аст [ва ба фармони Ӯ нозил мешавад] ва ман фақат бимдиҳандаи ошкорам»
Verse 51
Оё барояшон кофӣ нест, ки Мо Қуръонро бар ту нозил кардем, ки [пайваста] бар онон хонда мешавад? Бе гумон, дар ин [Қуръон] барои мардуме, ки имон меоваранд, раҳмату панд аст
Verse 52
Бигӯ: «Ҳамин бас, ки Аллоҳ таоло миёни ману шумо гувоҳ аст. Ӯ он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва касоне, ки ба ботил гаравидаанд ва ба Аллоҳ таоло куфр варзидаанд, ононанд, ки зиёнкоранд»
Verse 53
Ва [мушрикон] ба шитоб аз ту дархости азоб мекунанд ва агар мавъиди муқарраре [дар кор] набуд, яқинан, азоби [илоҳӣ] ба [суроғи] онон меомад ва [саранҷом] дар ҳоле ки ғофиланд, ногаҳон ба суроғашон хоҳад омад
Verse 54
ﭟﭠﭡﭢﭣﭤ
ﭥ
Ва [мушрикон] ба шитоб аз ту дархости азоб мекунанд, ва яқинан, дузах бар кофирон иҳота дорад
Verse 55
Рӯзе, ки азоб аз болои сару зери пояшон ононро фаро мегирад ва [Аллоҳ таоло ба онон] мефармояд: «[Кайфари] Он чиро анҷом медодед, бичашед
Verse 56
Эй бандагони ман, ки имон овардаед, бе гумон, замини Ман густарда аст [пас, барои раҳоӣ аз фишори мушрикон ҳиҷрат кунед] ва танҳо Маро парастед»
Verse 57
Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст; он гоҳ ба сӯи Мо бозгардонда мешавед
Verse 58
Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ҳатман, ононро дар ғурфаҳое аз биҳишт ҷой медиҳем, ки ҷӯйборҳо аз зери он ҷорӣ аст. Ҷовидона дар он хоҳанд монд. Чи накуст подоши амалкунандагон!
Verse 59
ﮙﮚﮛﮜﮝ
ﮞ
[Ҳамон] Касоне, ки шикебоӣ варзиданд ва танҳо бар Парвардигорашон таваккал мекунанд
Verse 60
Ва чи бисёр ҷондороне, ки [наметавонанд] рӯзии худро ҳамл [ё захира] кунанд. Аллоҳ таоло ба онҳо ва шумо рӯзӣ медиҳад ва Ӯ шунавову доност
Verse 61
Ва агар аз онон [мушрикон] бипурсӣ: «Чи касе осмонҳо ва заминро офарида ва хуршеду моҳро ба хидмат [-и инсон] гумоштааст?». Мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло. Пас, чи гуна [аз ҳақ] рӯйгардон мешаванд?
Verse 62
Аллоҳ таоло [неъмату] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад густурда медорад ва [ё] танг мегирад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност
Verse 63
Ва агар аз онон бипурсӣ: «Чи касе аз осмон борон фиристод ва ба василаи он заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – зинда кард»? Мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Бигӯ: «Ҳамду ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст», балки бештарашон [дар ин нишонаҳо] намеандешанд
Verse 64
Ва ин зиндагии дунё [чизе] ҷуз саргармӣ ва бозича нест ва бе тардид, сарои охират зиндагонӣ [-и ростин] аст. Агар [кофирон ин ҳақиқатро] медонистанд [ба дунё дилбаста намебуданд]
Verse 65
Вақте [мушрикон] дар киштӣ савор мешаванд, Аллоҳро бо ихлос мехонанд, аммо чун ононро ба хушкӣ мерасонад ва [аз хатари ғарқ шудан] мераҳонад, он гоҳ [боз ҳам] ширк меварзанд
Verse 66
[Чунин мекунанд] То нисбат ба неъматҳое, ки ба эшон додаем, носипосӣ кунанд ва [аз лаззатҳои зиндагии дунё] баҳраманд бошанд. Пас, ба зудӣ [саранҷоми дарднокашонро] хоҳанд донист
Verse 67
Оё надидаанд, дар ҳоле ки мардум перомунашон [гирифтори қатлу ғорат ҳастанд ва] мавриди дастбурд қарор мегиранд, Мо ҳарами амне [барои мардуми Макка] падид овардем? Оё [боз ҳам] ба [бутҳои] ботил имон меоваранд ва нисбат ба неъмати Аллоҳ таоло носипосӣ мекунанд?
Verse 68
Ва кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ё ҳақро – он гоҳ ба ӯ мерасад – дурӯғ меангорад? Оё дар дузах ҷойгоҳе барои кофирон нест?
Verse 69
Касоне, ки дар роҳи [хушнудии] Мо мекӯшанд, ҳатман, ба роҳҳои хеш ҳидояташон мекунем ва бе тардид, Аллоҳ таоло бо накукорон аст
تقدم القراءة