سورة البروج

الترجمة الطاجيكية - عارفي

Тарҷумаи сураи БУРУҶ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية - عارفي

الترجمة الطاجيكية - عارفي

Verse 1
Савганд ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост
Verse 2
Ва савганд ба рӯзи мавъуд [қиёмат]
Verse 3
Ва савганд ба ҳар ки гувоҳӣ диҳад ва ба ҳар ки мавриди гувоҳӣ қарор гирад
Verse 4
Марг бар одамсӯзони хандақ!
Verse 5
[Ҳамон оташи] Афрӯхта аз ҳезумҳои бисёр [ки муъминонро дар он месӯзонданд];
Verse 6
ҳангоме ки бар [канораи] он нишаста буданд
Ва он чиро бо муъминон анҷом медоданд, тамошо мекарданд
Ва ҳеҷ эроде аз онон нагирифтанд, ҷуз ин ки ба Аллоҳи пирӯзманди сутуда имон оварда буданд
[Ҳамон] Касе, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ аст
Ба ростӣ, касоне, ки мардону занони муъминро шиканҷа [ва озор] доданд ва пас [аз анҷоми он кор] тавба накарданд, пас, барои эшон азоби ҷаҳаннам [муҳайё] аст ва азоби оташ [дар пеш доранд]
Ҳамоно барои касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, боғҳое [аз биҳишт] аст, ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ва ин аст комёбии бузург
Verse 12
Бе гумон, [муҷозоту] сахтгирии Парвардигорат бисёр шадид аст
Verse 13
Дар ҳақиқат, Ӯст, ки [офаринишро] оғоз мекунад ва дубора [баъд аз марг] бозмегардонад
Verse 14
Ва ҳам Ӯ омурзанда [ва] дӯстор [-и муъминон] аст
Verse 15
[Ӯ Аллоҳ таоло] Соҳиби Арш, [ва] баландмартаба [ва шукӯҳманд] аст
Verse 16
[Ва] Он чиро бихоҳад, анҷом медиҳад
Verse 17
[Эй Паёмбар] Оё достони лашкариён [-и ҳақситез] ба ту расидааст?
Verse 18
[Лашкари] Фиръавн ва [қавми] Самуд
Балки касоне, ки кофир шуданд, пайваста дар такзиб [-и ҳақ] ҳастанд
Verse 20
Ва Аллоҳ таоло аз ҳар сӯ бар онон иҳота дорад
Verse 21
Оре, ин [оёт шеъру сеҳр нест, балки] Қуръони шукӯҳманд аст
Verse 22
Дар Лавҳи маҳфуз [аз ҳар гуна таҳрифу табдил дар амон] аст
تقدم القراءة