Тарҷумаи сураи ҒОШИЯ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية - عارفي
Verse 1
ﭽﭾﭿﮀ
ﮁ
[Эй Паёмбар] Оё хабари қиёмати ҳавлноки фарогир ба ту расидааст?
Verse 2
ﮂﮃﮄ
ﮅ
Дар он рӯз чеҳраҳое хору залил хоҳанд буд
Verse 3
ﮆﮇ
ﮈ
[Дар дунё] Пайваста талош карда [ва] хаста шуда [ва чун дар роҳи ҳақ набуда, натиҷае надидаанд]
Verse 4
ﮉﮊﮋ
ﮌ
Дар оташи сӯзон дармеоянд
Verse 5
ﮍﮎﮏﮐ
ﮑ
Аз чашмаи бисёр гарм ба онҳо нӯшонда мешаванд
Verse 6
ﮒﮓﮔﮕﮖﮗ
ﮘ
Ғизое ҷуз хори хушку талх надоранд
Verse 7
ﮙﮚﮛﮜﮝﮞ
ﮟ
Ки на [ононро] фарбеҳ кунад ва на гуруснагиро дафъ менамояд
Verse 8
ﮠﮡﮢ
ﮣ
Дар он рӯз чеҳраҳое шодобу тоза ҳастанд
Verse 9
ﮤﮥ
ﮦ
Ва аз саъй [-ю талош]-и худ хушнуданд
Verse 10
ﮧﮨﮩ
ﮪ
Дар биҳишти барин ҳастанд
Verse 11
ﮫﮬﮭﮮ
ﮯ
Дар он ҷо ҳеҷ сухани беҳудае намешунаванд
Verse 12
ﮰﮱﯓ
ﯔ
Дар он чашма [-ҳои об] равон бошад
Verse 13
ﯕﯖﯗ
ﯘ
Дар он тахтҳои [зебои] баланд [поя] аст
Verse 14
ﯙﯚ
ﯛ
Ва ҷомҳое [ки дар канори чашмаҳо] ниҳода шуда
Verse 15
ﯜﯝ
ﯞ
Ва болиштҳои [муназзам] чидашуда
Verse 16
ﯟﯠ
ﯡ
Ва [низ] фаршҳои гаронбаҳо густурда шудааст
Verse 17
ﯢﯣﯤﯥﯦﯧ
ﯨ
Оё [кофирон] ба шутур наменигаранд, ки чи гуна офарида шудааст?
Verse 18
ﯩﯪﯫﯬ
ﯭ
Ва ба осмон [наменигаранд], ки чи гуна барафрошта шудааст?
Verse 19
ﯮﯯﯰﯱ
ﯲ
Ва ба кӯҳҳо [наменигаранд], ки чи гуна [муҳкам бар замин] насб шудааст?
Verse 20
ﯳﯴﯵﯶ
ﯷ
Ва ба замин [наменигаранд], ки чи гуна густурда шудааст?
Verse 21
ﯸﯹﯺﯻ
ﯼ
Пас, [эй Паёмбар] панд бидеҳ, ки ту танҳо панддиҳандаӣ
Verse 22
ﯽﯾﯿ
ﰀ
Ту бар онон мусаллат [-у чира] нестӣ [ки бар имон водорашон кунӣ]
Verse 23
ﭑﭒﭓﭔ
ﭕ
Аммо касе, ки рӯй бигардонад ва кофир шавад
Verse 24
ﭖﭗﭘﭙ
ﭚ
Сипас Аллоҳ таоло ӯро бо бузургтарин азоб муҷозот мекунад
Verse 25
ﭛﭜﭝ
ﭞ
Ҳамоно бозгашти онҳо ба сӯйи Мост
Verse 26
ﭟﭠﭡﭢ
ﭣ
Сипас бе гумон, ҳисобашон [низ] бо Мост
تقدم القراءة