Тарҷумаи сураи ТИН ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية - عارفي
Verse 1
ﭫﭬ
ﭭ
Савганд ба анҷир ва зайтун [ва ба Фаластин сарзамини рӯиши онҳо]
Verse 2
ﭮﭯ
ﭰ
Ва савганд ба Тӯри Сино
Verse 3
ﭱﭲﭳ
ﭴ
Ва савганд ба ин шаҳри амн [Макка]
Verse 4
ﭵﭶﭷﭸﭹﭺ
ﭻ
[Ки] Яқинан, Мо инсонро дар беҳтарин сурат [ва бо фитрати пок] офаридем
Verse 5
ﭼﭽﭾﭿ
ﮀ
Сипас ӯро [ки инҳироф ёфт] ба пасттарин [мароҳили] пастӣ баргардонидем.
Verse 6
Магар касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд; пас, барои онон подоше пойдор [дар пеш] аст
Verse 7
ﮋﮌﮍﮎ
ﮏ
Пас, [эй инсон] чи чизе баъд [аз ин ҳама далоили равшан] туро ба такзиби [рӯзи] ҷазо во медорад?
Verse 8
ﮐﮑﮒﮓ
ﮔ
Оё Аллоҳ таоло беҳтарин довар [ва ҳокими мутлақ] нест?
تقدم القراءة