سورة البروج

الترجمة الطاجيكية

Тарҷумаи сураи БУРУҶ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية

الترجمة الطاجيكية

الناشر

مجمع الملك فهد

Verse 1
1. Аллоҳ қасам мехӯрад ба осмон, ки дорои бурҷҳост
Verse 2
2. ва қасам ба рӯзи қиёмат, ки ваъда додааст, дар он халқро ҷамъ меоварад
Verse 3
3. ва қасам(1) ба гувоҳ(2) ва он чӣ ки ба он гувоҳӣ(3) дода шудааст,
____________________
1. Ба ҷуз Аллоҳ барои ҳеҷ кас сазовор нест, ки ба махлуқ савганд хурад, агар чунин кунад ба Аллоху таъоло шарик овардааст. 2. Рӯзи ҷумъа. 3. Рӯзи Арафа. Муфассирон дар маънои ин оят ихтилофи бисёр доранд. Тафсири ибни Касир 8/364
Verse 4
4. аҳли хандақҳо ҳалок шуданд аз барои он, ки мӯъминонро азоб доданд
Verse 5
5. ва оташе афрӯхтанд аз ҳезумҳо,
Verse 6
6. он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд
7. ва онон бар он чӣ ки бо мӯъминон (азоб) мекарданд, шоҳид буданд.
8. Ва аз онҳо интиқом мегирифтанд, азоб мекарданд мӯъминонро, магар барои он ки ба Аллоҳи ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд,
9.       он Аллоҳе, ки подшоҳии осмонҳову замин аз они Ӯст ва бар ҳар чизе гувоҳ аст ва чизе бар Ӯ пӯшида нест.
10.   Албатта онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа карданд, то ки онҳоро аз дини Аллоҳ боздоранд, сипас тавба накарданд, азоби ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост.
11.   Бегумон барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он дарёҳо ҷорист ва он комёбии бузургест!
Verse 12
12.   Албатта интиқом гирифтани Парвардигори ту аз душманонаш сахт аст.
Verse 13
13.   Ӯст, ки нахуст пайдо мекунад ва пас аз марг зинда месозад.
Verse 14
14.   Ӯ бахшояндаву дӯстдоранда аст, барои тавбакунандагон.
Verse 15
15.   Ӯст соҳиби Арши бузург.
Verse 16
16.   Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад ва чизе монеъи иродаи Ӯ шуда наметавонад.
Verse 17
17.   Эй Расул, оё хабари лашкарҳо ба ту расидааст?
Verse 18
18.   Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд, ки онҳо паёмбарони хешро дурӯғ бароварданд ва ба азоби Аллоҳ гирифтор шуданд.
19.   Оре, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, оятҳои Аллоҳро тасдиқ накарданд;
Verse 20
20.   ва Аллоҳ аз ҳама сӯ бо илму қудрати худ бар онҳо иҳота дорад.
Verse 21
21.   Балки, ин Қуръони бузургвор ва олиқадр аст.
Verse 22
22.   Дар Лавҳи Маҳфуз ҷой дорад! Ҳеҷ гоҳ табдилу таҳриф нахоҳад шуд.
تقدم القراءة