سورة النبأ

الترجمة الطاجيكية

Тарҷумаи сураи НАБА ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية

الترجمة الطاجيكية

الناشر

مجمع الملك فهد

Verse 1
1.       Аз чи чиз (кофирони Қурайш) ҳамдигарро мепурсанд?
Verse 2
2.       Аз он хабари бузурге суол мекунанд,
Verse 3
3.       ки дар он ихтилоф доранд ва он Қуръон аст, ки хабар медиҳад аз рӯзи баъс(1), (ки кофирони Қурайш ба он имон наёварда буданд.)
____________________
1. Яъне, зинда гардонидани баъд аз миронидан
Verse 4
4.       Оре, мушрикон ба зудӣ хоҳанд донист, (ки Аллоҳ ба сабаби бовар надоштанашон ба рӯзи қиёмат, эшонро чӣ хоҳад кард?)
Verse 5
5.       (Боз ҳам, таъкид менамояд:) Оре, ба зудӣ хоҳанд донист! (Ин таъкид барои рост ва ҳақиқат будани паёмбарии Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам далолат менамояд ва он чи ки ӯ, аз Қуръон ва аз рӯзи зинда гардонидани баъд аз миронидан овардааст.) (Дар ин оят ваъид ва таҳдиде аст барои аҳли куффор)
Verse 6
6. Оё Мо заминрро бистаре насохтем?
Verse 7
7. Ва кӯҳҳоро мехҳое нанамудаем, то замин устувор истад?!
Verse 8
8. Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт (марду зан) офаридем.
Verse 9
9. Ва хобатонро мояи оромиш қарор додем, то баданҳоятон роҳат кунад.
Verse 10
10. Ва шабро пӯшишатон қарор додем, ки бо торикиаш шуморо фаро мегирад, чунон ки дар бар дорандаи либосро мепӯшонад.
Verse 11
11. Ва рӯзро вақти талоши маъош (касб) қарор додем, то барои ободии ҳаёти худ саъю кӯшиш намоед.
Verse 12
12.   Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем, ки дар он шикофӣ ва нуқсон нест.
Verse 13
13.   Ва хуршедро чароғи равшане офаридем.
14.   Аз абрҳои боронафшон оби фаровоне нозил кардем,
Verse 15
15.   то бо василаи он донаву наботот бирӯёнем барои мардумон ва ҳайвонот
Verse 16
16.   ва ба василаи он низ бӯстонҳои дарҳампечидаро ато фармоем.
17.   Бегумон рӯзи доварӣ (қиёмат,) рӯзест муъайян, барои аввалину охирин
18.   Рӯзе, ки дар сур(1) дамида шавад ва шумо онгоҳ гурӯҳ-гурӯҳ меоед. (Яъне, ҳамаи уммат бо ҳамроҳи пешвоёнашон меоянд.)
____________________
1. Дар карнай пуф карда шавад ва ҳама аз қабрҳояшон бархезанд ва барои ҳисоб оянд.
Verse 19
19.   Осмон шикофта шавад ва ҳар сурохӣ даре бошад, то фариштагон аз он дарвозаҳо фуруд оянд
Verse 20
20.   Ва кӯҳҳо, баъди устувор будан равон сохта шаванд ва чун саробе несту нобуд гарданд.
Verse 21
21.   Бегумон ҷаҳаннам камингоҳест, дар интизори кофирон ва барои онҳо омода шудааст
Verse 22
22.   ва барои саркашон бозгаштгоҳест.
Verse 23
23.   Замонҳои дароз дар он ҷо абадӣ бошанд.
24.   Дар он ҷо на ҳавои хунукӣ мечашанду на нӯшиданиҳои фораме менӯшанд,
Verse 25
25.   фақат оби ҷушону хуну чирк нӯшанд.
Verse 26
26.   Ин ҷазоест мувофиқи кирдорашон, ки дар ин дунё чунин амал карда буданд.
27.   Бегумон, ки онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд ва наметарсиданд
Verse 28
28.   Ва оёти Моро ба куллӣ дурӯғ мешумурданд ва ба он чӣ Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оварда буд, онро тасдиқ надоштанд
Verse 29
29.   Ва ҳама чизро донистаем ва дар, китобе(1) сабт кардаем.
____________________
1. Яъне, Лавҳи Маҳфуз Тафсири Саъдӣ 1\906
30.   Пас таъми талхии азобро бичашед, эй кофирон, ки дар ҳаққи шумо ҷуз азобе нахоҳем афзуд.
Verse 31
31.   Албатта парҳезгоронро комёбии бузургест, онон касонеанд, ки аз Парвардигори хеш метарсанд ва амали шоиста мекунанд ва ба дохил шудани ҷаннат комёб мешаванд
Verse 32
32.   ва барояшон низ бӯстонҳову дарахтони ангур
Verse 33
33.   ва духтарони навҷавоне ҳамсинну сол
Verse 34
34.   ва ҷомҳои пур аз шароб
35.   Ва онҳо дар он ҷо на сухани беҳуда мешунаванд ва на дурӯғ
36.   ва ин мукофотест аз сӯи Парвардигорат, подош ва бахшише аз рӯи ҳисоб
37.   Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Аллоҳи Раҳмон, дар дунёву охират, ки аз ҳайбати У сухан гуфта натавонанд,
38.   рӯзе, ки Ҷабраил ва фариштагон ба саф меистанд ва касе сухан намегӯяд, магар касе ки Аллоҳи Меҳрубон ба ӯ рухсат диҳад, ва ӯ сухани дуруст гӯяд. Ва ҳеҷ касро шафоъат карда наметавонанд, магар ба иҷозати Аллоҳи Меҳрубон
39.   Он рӯз, рӯзи ҳақ аст. Дар омадани он рӯз ҳеҷ шакке нест. Пас ҳар касе бихоҳад, наҷот ёфтанро аз азоб, роҳи бозгаште ба сӯи Парвардигори худ бигирад бо амалҳои солеҳ.
40.    Мо шуморо аз азоби рӯзи қиёмат, ки наздикаст, бим додем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст, аз амали нек ё бад, мебинад ва кофир аз сахтии ҳисоб мегӯяд: Эй кош, ман хок мебудам ва боз зинда намешудам.
تقدم القراءة