ﮖ
surah.translation
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1. Алиф, Лом, Ро,(1) Ин аст оёти китоби боҳикмат.
____________________
1. Сухан дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд.
____________________
1. Сухан дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд.
2. Оё мардуми Макка дар тааҷҷубанд, аз ин ки бар марде аз худашон ваҳй кардем, ки мардумро битарсон ва мӯъминонро мужда деҳ, ба ин ки дар назди Парвардигорашон пойгоҳи баланде(1) доранд? Пас, чун Расули Аллоҳ барояшон ваҳйи илоҳиро тиловат кард, кофирон гуфтанд, ки ин Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҷодугарест ошкоро!(2)
____________________
1. Савоби некӣ. 2. Тафсири Бағавӣ 4/120
____________________
1. Савоби некӣ. 2. Тафсири Бағавӣ 4/120
3. Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз биёфарид, сипас ба Арш баланд ва муртафеъ гардид(1) ва Ӯ тадбир мекунад корҳоро. Ҷуз ба рухсати Ӯ шафоаткунандае дар рӯзи қиёмат набошад. Ин аст Аллоҳ, Парвардигори шумо. Ӯро бипарастед! Чаро панд намегиред?(2)
____________________
1. Ин сифат лоиқ ба ҷалол ва азаматии Ӯ мекунад ва сифатҳои Ӯ ба ҳеҷ махлуқоташ монандӣ надорад. Баёни ин сифат дар сураи Аъроф ояти 54 зикр шуд. 2. Тафсири Табарӣ 15/18
____________________
1. Ин сифат лоиқ ба ҷалол ва азаматии Ӯ мекунад ва сифатҳои Ӯ ба ҳеҷ махлуқоташ монандӣ надорад. Баёни ин сифат дар сураи Аъроф ояти 54 зикр шуд. 2. Тафсири Табарӣ 15/18
4. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ӯст. Ин ба яқин ваъдаи Аллоҳ аст. Ӯст офариниши махлуқотро оғоз мекунад, сипас онро ба ҳайати аввал бозгардонад, то касонеро, ки имон оварда ва кори шоиста кардаанд, аз рӯи адл мукофот диҳад. Ва кофиронро ба ҷазои куфрашон шаробест аз оби ҷӯшон, ки рӯй ва меъдаҳоро пора-пора мекунад ва азоби дардоварест ба сабаби куфрашон.
5. Ӯст, он ки хуршедро дурахшанда ва моҳро мунаввар сохт ва барои моҳ манзилҳо(1) муайян кард, то шумори сол ва ҳисобро бидонед. Аллоҳ ҳамаи инҳоро ҷуз ба ҳақ наёфарид ва оётро барои мардуме, ки медонанд, ба тафсил баён мекунад.
____________________
1. Ба офтоб рӯзро ва ба маҳтоб моҳу солҳо дониста мешаванд. Тафсири Ибни Касир 4\248
____________________
1. Ба офтоб рӯзро ва ба маҳтоб моҳу солҳо дониста мешаванд. Тафсири Ибни Касир 4\248
6.Дар рафтуомади шабу рӯз ва он чӣ Аллоҳ дар осмонҳову замин офаридааст, барои парҳезгорон ибратҳост!
7.Касоне, ки ба дидори Мо умед надоранд ва аз рӯзи қиёмат наметарсанд ва савобу азобро дурӯғ меҳисобанд ва ба зиндагии дунявӣ хушнуд шуда ва ба он оромиш ёфтаанд ва онон, ки аз оёти оятҳои Қуръон ва муъҷизаҳои Мо бехабаранд,
8.Чунин касоне, ки ба ҷазои корҳое, ки мекарданд, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\25
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\25
9. Онон, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, Парвардигорашон ба сабаби имонашон ба биҳишти пурнеъмате, ки ҷӯйҳои об дар зери манзилҳояшон ҷорист, ҳидоят мекунад.
10. Дуояшон дар он ҷо "Парвардигоро, Ту покӣ" ва дуруди Аллоҳ ва фариштагон ва дуруди баъзеашон баъзеро дар ҷаннат "салом" аст ва поёни дуояшон ин аст "Шукру сипоси махсус Парвардигори ҷаҳониёнро".
11. Агар бо ҳамон шитоб, ки мардум барои худ хайр металабанд, Аллоҳ барояшон шар мерасонид, ҳароина, уқубат ва азоб онҳоро нобуд мекард. Пас ононро, ки ба дидори Мо умед надоранд ва аз азоби Мо наметарсанд, вомегузорем, то дар гумроҳии хеш саргардон бимонанд.
12. Ва чун ба одамӣ зараре расад, чи бар паҳлӯ хуфта бошад ва чи нишаста ё истода, Моро ба дуо мехонад. Ва чун он зарарро аз ӯ дур созем, боз ба мисли гузашта ба ширкаш давомат мекунад, чунон мегузарад, ки гӯё Моро барои дафъи он зараре, ки ба ӯ расида буд, ҳаргиз нахондааст. Аъмоли исрофкорон инчунин дар назарашон ороста шудааст.(1)
____________________
1. Тафсипи Табарӣ 15/37
____________________
1. Тафсипи Табарӣ 15/37
13. Ва Мо мардумеро, ки пеш аз шумо буданд, чун ситам карданд ва ба Аллоҳ шарик оварданд ва ба паёмбаронашон, ки бо далелҳои равшан сӯи онҳо омада буданд, имон намеоварданд, ҳалок кардем. Мардуми табаҳкорро инчунин ҷазо медиҳем.
14. Он гоҳ шуморо, эй мардум, дар рӯи замин ҷонишини онҳо гардонидем,то бингарем, ки чӣ гуна амал мекунед: оё нек мекунед ё бад?
15. Чун оёти равшани мо бар мушрикон тиловат шуд, онҳо, ки ба дидори Мо умед надоранд ва аз рӯзи ҳисоб наметарсанд ва имон ба рӯзи аз нав зинда шудан надоранд, гуфтанд: «Қуръоне ғайри ин Қуръон биёвар ё дигаргунаш кун!»(1) Бигӯ барояшон эй Паёмбар: «Маро нарасад, ки онро аз сӯи худ дигаргун кунам. Ҳар чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайрави ҳамон ҳастам. Метарсам, ки агар ба Парвардигорам фармонбар нашавам, ба азоби он рӯзи бузург гирифтор оям».
____________________
1. Яъне, ҳалолашро ҳаром ва ҳаромашро ҳалол кун ва маъбудонамонро беайб гузор ва бузургонамонро бехирад маҳисоб. Тафсири Табарӣ 15\40
____________________
1. Яъне, ҳалолашро ҳаром ва ҳаромашро ҳалол кун ва маъбудонамонро беайб гузор ва бузургонамонро бехирад маҳисоб. Тафсири Табарӣ 15\40
16. Бигӯ эй Расул: «Агар Аллоҳ мехост, ман онро бар шумо тиловат намекардам ва шуморо Аллоҳ аз он огоҳ намесохт. Бидонед, ки он ҳақ аст аз ҷониби Аллоҳ. Ва ба дурустӣ, ки шумо ҳақиқати ҳоли маро медонистед, ки пеш аз ин дар миёни шумо умре зистаам ва нахондаам, нанавиштаам, на дарс омӯхтам ва на аз касе таълим гирифтаам. Чаро ба ақл дарнамеёбед? »(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/359
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/359
17. Кист ситамкортар аз он, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебандад ё оёти Ӯро дурӯғ мепиндорад? Ҳароина гунаҳгорон растагор намешаванд!
18. Мушрикон ғайри Аллоҳ чизҳоеро мепарастанд, ки на судашон мерасонад на зиён. Ва мегӯянд: «Инҳо (бутон) шафоаткунандагони мо дар назди Аллоҳанд». Бигӯ барояшон эй Паёмбар: «Оё хабардор мекунед Аллоҳро ба он чӣ намедонад дар осмонҳо ва замин? Аллоҳ пок аст ва аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, бузургтар аст!»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4/126
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4/126
19. Мардум дар аввал бар як дин буданд ва он ислом буд. Баъд аз он миёнашон ихтилоф афтод. Пас, баъзе кофир шуданд ва баъзеи дигар бар ҳақ боқӣ монданд. Ва агар намебуд калимае,(1) ки пеш содир шуда аз ҷониби Парвардигори ту, ҳамоно ҳукм карда мешуд миёни онҳо дар он чи ихтидоф доранд.
____________________
1. Он калима иборат буд аз мукофоти баду нек дар рӯзи қиёмат. Тафсири Бағавӣ 4\127
____________________
1. Он калима иборат буд аз мукофоти баду нек дар рӯзи қиёмат. Тафсири Бағавӣ 4\127
20. Ва кофирони саркаш мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш мӯъҷизае бар ӯ нозил намешавад, то бидонем, ки паёмбари барҳақ аст?» Бигӯ (эй Расул барояшон): «Илми ғайб аз они Аллоҳ аст. Интизорӣ бикашед эй қавм амри Аллоҳро, то кӣ барҳақ аст ва кӣ ноҳақ! Ман низ бо шумо мунтазир мемонам!»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4/127
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4/127
21. Ва ҳар гоҳ пас аз зараре (қаҳтӣ), ки ба мардуми мушрик расидааст, раҳмате(1) ба онҳо бичашонем, бинӣ, ки дар оёти Мо бадандешӣ (тамасхур) мекунанд, бигӯ эй Паёмбар барои инҳо мушрикон: «Тадбири Аллоҳ зудтар аст». Расулони Мо (малоикаҳо) низ бадандешиҳои шуморо менависанд.(2)
____________________
1. Осонӣ, кушоиш ва осудаҳолӣ. 2. Тафсири Табарӣ 15/50
____________________
1. Осонӣ, кушоиш ва осудаҳолӣ. 2. Тафсири Табарӣ 15/50
22. Ӯст, ки шуморо дар хушкӣ ва дар дарё сайр медиҳад. То он гоҳ ки дар киштиҳо ҳастанд ва боди мувофиқ ба ҳаракаташон меоварад, шодмонанд. Чун тӯфон фаро расад ва мавҷ аз ҳар сӯ бар онҳо резад, чунон пиндоранд, ки дар муҳосираи мавҷ қарор гирифтаанд, (яқин мекунанд, ки ҳалок мешаванд), Аллоҳро аз рӯи ихлос ва ягонагӣ бихонанд, ки агар моро аз ин хатар бираҳонӣ, ҳатман, аз шукргузорон хоҳем буд.
23. Чун Аллоҳ онҳоро аз баҳр наҷот дод, бинӣ, ки дар замин ба ноҳақ саркашӣ кунанд ба сӯйи гуноҳ ва фасодкорӣ дар замин бармегарданд. Эй мардум, ин саркашӣ ба зиёни худатон аст. Манфиат мебаред дар ин зиндагии дунявӣ. Он гоҳ ҳама ба назди Мо бозмегардед, то аз корҳое, ки мекардед, огоҳатон созем.
24. Масали зиндагии ин дунё чун боронест, ки аз осмон нозил кунем, то бар асари он ҳар гуна растаниҳо аз замин бирӯянд, аз он чи одамиён мехӯранд ва он чи чорпоён мечаранд. Чун замин ҳусни хеш баргирифт ва ороста шуд (бо гулҳову гиёҳ) ва аҳли замин пиндоштанд, ки худ қодир бар он ҳама будаанд, фармони Мо барои нобуд кардани набототи он ҳангоми шаб ё ба рӯз даррасад ва чунон аз бехаш барканем, ки гӯё дирӯз дар он макон ҳеҷ чиз набудааст. Оётро барои мардуме, ки меандешанд, инчунин тафсил медиҳем, то ки аз дунёву охираташон баҳравар шаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/361
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/361
25. Аллоҳ ба сарои амн ва амон (ҷаннат) даъват менамояд ва ҳар киро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад! (Ва он роҳ Ислом аст).
26. Подоши онон, ки некӣ мекунанд, некист (ҷаннат) ва чизе афзун бар он дидори Аллоҳ аст. На сияҳрӯй шаванду на хор.(1) Инҳо аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.
____________________
1. Чунон ки дӯзахиёнро ба ин ҳолатҳо (хорию рӯсиёҳӣ) мубтало созад.
____________________
1. Чунон ки дӯзахиёнро ба ин ҳолатҳо (хорию рӯсиёҳӣ) мубтало созад.
27. Ва барои онон, ки муртакиби бадиҳо шаванд, ҷазои ҳар кори баде ба андозаи он хоҳад буд ва ононро дар рӯзи қиёмат хорӣ фаро хоҳад гирифт. Касе онҳоро аз азоби Аллоҳ нигаҳ намедорад, чунон шаванд, ки гӯё рӯяшон бо пораҳое аз шаби торик пӯшида шудааст. Инҳо аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он ҳастанд.
28. Ва ба ёд ор эй Паёмбар, рӯзе ҳамаи онҳоро барои ҳисобу ҷазо дар маҳшар гирд оварем. Сипас мушриконро гӯем: «Шумо ва шариконатон (ононро, ки шарики Аллоҳ сохтаед) дар макони худ қарор гиред!» Сипас онҳоро аз якдигар ҷудо мекунем ва ба Аллоҳ шарик сохтаҳояшон мегӯянд: «Шумо ҳаргиз моро дар дунё намепарастидед».
29. Ба Аллоҳ шарик сохтаҳояшон (маъбудҳояшон) барои мушрикон мегӯянд: Аллоҳ барои гувоҳй миёни мову шумо кофист, ки мо аз парастиши шумо ҳаргиз огоҳ набудаем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15/80
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15/80
30. Дар он ҷо (рӯзи қиёмат, дар вақти ҳисоб) ҳар кас ҳар чӣ кардааст, подошашро хоҳад дид. Агар некӣ карда бошад, барояш некӣ аст ва агар бадӣ карда бошад, барояш бадӣ аст. Ва ҳамаро ба сӯи Аллоҳ мавлои ҳақиқияшон
бозгардонида мешаванд, пас аҳли ҷаннат ба ҷаннат дохил мешавад ва аҳли дӯзах ба дӯзах ва ҳамаи он бутон, ки мушрикон ба ботил мепарастиданд, нобуд мешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/362
бозгардонида мешаванд, пас аҳли ҷаннат ба ҷаннат дохил мешавад ва аҳли дӯзах ба дӯзах ва ҳамаи он бутон, ки мушрикон ба ботил мепарастиданд, нобуд мешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/362
31. Бигӯ эй Паёмбар, барои мушрикон: «чӣ касе аз осмон борон фуруд меорад ва аз замин ба шумо навъҳои гуногун аз наботот ва дарахтҳо рӯзӣ медиҳад? Кист, ки шунавоиву биноиро молик бошад? Ва кист, ки зиндаро аз мурда (ҳамчунон, ки мӯъминро аз кофир
ва чӯҷаро аз тухм) падид меорад ва мурдаро аз зинда (кофирро аз мӯъмин ва тухмро аз мурғ) ва кист, ки корҳоро ба сомон меоварад?» Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Пас, бигӯ: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед, ки бо Ӯ шарик меоред?»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/362
ва чӯҷаро аз тухм) падид меорад ва мурдаро аз зинда (кофирро аз мӯъмин ва тухмро аз мурғ) ва кист, ки корҳоро ба сомон меоварад?» Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Пас, бигӯ: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед, ки бо Ӯ шарик меоред?»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/362
32. Пас, он Аллоҳ, Парвардигори ҳақиқии шумост (яъне, Ӯ фақат мустаҳиқи ибодат аст), баъд аз ҳақиқат ҷуз гумроҳӣ чист? Пас, чӣ гуна аз ибодати Ӯ рӯй мегардонед, дар ҳоле ки Ӯ мустаҳиқи ибодат аст?(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4/267
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4/267
33. Ҳамчунон ки инҳо, мушрикон кофир шуданд ва ҳамеша бар ширки худ давомат карданд. Пас, сухан (ҳукм ва қазо)-и Парвардигори ту дар бораи фосиқон(1) ба ҳақиқат пайваст, ки гуфт: «Инҳо
ба ягонагии Аллоҳ ва на ба паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон намеоваранд»!(2)
____________________
1. Касоне, ки аз тоати Парвардигор берун рафтанд ва кофир шуданд. 2. Тафсири Табарӣ 15/85
ба ягонагии Аллоҳ ва на ба паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон намеоваранд»!(2)
____________________
1. Касоне, ки аз тоати Парвардигор берун рафтанд ва кофир шуданд. 2. Тафсири Табарӣ 15/85
34. Бигӯ эй Паёмбар: «Оё аз ин шариконе, ки шумо ба Аллоҳ шарик сохтаед касе ҳаст, ки чизеро биёфаринад ва боз пас аз мурдан, зинда кунад?» Бигӯ эй Паёмбар: «Аллоҳи якто махлуқотро меофаринад ва боз пас аз мурдан, зинда мекунад. Пас чӣ гуна аз ҳақ бероҳаатон мекунанд?»
35. Бигӯ эй Паёмбар, барои инҳо мушрикон: «Оё аз ин шариконе, ки шумо ба Аллоҳ шарик сохтаед, касе ҳаст, ки ба ҳақ роҳ намояд?» Бигӯ барояшон: «Аллоҳ гумроҳро
ба ҳақ роҳ менамояд. Оё он Зоте, ки ба ҳақ роҳ менамояд ба пайравӣ сазовортар аст ё он касе, ки ба ҳақ роҳ намеёбад, магар ин ки ба ҳақ ҳидоят карда шавад? Пас шуморо чӣ шудааст? чӣ гуна ҳукм мекунед?»
ба ҳақ роҳ менамояд. Оё он Зоте, ки ба ҳақ роҳ менамояд ба пайравӣ сазовортар аст ё он касе, ки ба ҳақ роҳ намеёбад, магар ин ки ба ҳақ ҳидоят карда шавад? Пас шуморо чӣ шудааст? чӣ гуна ҳукм мекунед?»
36. Ва бештари мушрикон фақат пайрави гумонанд дар ибодати бутон ва гумон наметавонад ҷои ҳақро бигирад. Албатта, Аллоҳ ба коре, ки ин мушрикон мекунанд, (аз куфрашон) огоҳ аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15/89
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15/89
37. Ва нашояд, ки касе ин Қуръонро аз назди ғайри Аллоҳ орад, зеро ҳеҷ кас бар он тавоноӣ надорад, балки тасдиқкунандаи китобҳои пешина аст. Ва ин Қуръон баёни шариат аст барои мардум. Дар он шакке нест, ки аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/364
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/364
38. Ё мегӯянд, ки Қуръонро (Муҳаммад) ба дурӯғ ба Аллоҳ нисбат додааст. Бигӯ барояшон эй Расул: «Агар рост мегӯед, ҷуз Аллоҳ ҳар киро, ки метавонед, ба ёрӣ бихонед ва сурае монанди он биёваред».
39. Балки дурӯғ шумурданд чизеро ва кофир шуданд, ки ба илми он иҳота наёфта буданд ва ҳанӯз аз ҳақиқати он бехабаранд. Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ ҳамчунин паёмбаронро ба дурӯғ нисбат доданд. Пас, бингар эй Муҳаммад, ки оқибати кори ситамгорон чӣ гуна будааст.
40. Ва эй Паёмбар, баъзе аз қавми ту ба Қуръон имон меоваранд ва баъзе то мурданашон имон намеоваранд. Ва Парвардигори ту ба фасодкорон огоҳтар аст!
41. Ва агар туро, эй Расул, мушрикон дурӯғ бароварданд, бигӯ барояшон: «Амали ман аз они ман аст ва амали шумо аз они шумост. Шумо аз он чи ман мекунам, безоред ва ман аз он чи шумо мекунед, безорам».
42. Ва баъзе аз он мушрикон ба ту гӯш медиҳанд, вале ҳидоят намеёбанд.
Оё агар дарнаёбанд нафаҳманд маънои сухани туро, ту метавонӣ ношунавоёнро шунаво созӣ? Ҳаргиз наметавонӣ, зеро онҳо каломи ҳақро намешунаванд(1).
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\365
Оё агар дарнаёбанд нафаҳманд маънои сухани туро, ту метавонӣ ношунавоёнро шунаво созӣ? Ҳаргиз наметавонӣ, зеро онҳо каломи ҳақро намешунаванд(1).
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\365
43. Баъзе аз кофирон ба далелҳои(1) ҳақ будани паёмбарии ту менигаранд, валекин намебинанд, ки Аллоҳ аз нури имон туро чиҳо додааст. Оё агар набинанд, ту метавонӣ кӯрони(2) нобиноро роҳ бинамоӣ?
____________________
1. Роҳнамоӣ, ахлоқ ва амалҳои хуб. Тафсири Саъдӣ 1\365 2. Кӯрии дил
____________________
1. Роҳнамоӣ, ахлоқ ва амалҳои хуб. Тафсири Саъдӣ 1\365 2. Кӯрии дил
44. Аллоҳ ба мардум ҳеҷ ситам намекунад, вале мардум худ ба нафси худ ситам мекунанд ва ба сабаби гунаҳгориашон худро гирифтори ғазаби Аллоҳ месозанд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\95
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\95
45. Ва рӯзе, ки Аллоҳ он
мушриконро барои ҳисобу китоб дар маҳшар гирд оварад, чунон пиндорӣ,
(эй Паёмбар), ки танҳо дар қабрҳояшон ба миқдори соате аз рӯз дар дунё истодаанд, то якдигарро бишиносанд. Баъд аз он аз ҳавли даҳшати қиёмат соати шиносоӣ бурида мешавад. Онҳо, ки дидор бо Аллоҳро дурӯғ меҳисобанд, зиёндидаанд ва ҳидоятнаёфтагонанд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\ 135
мушриконро барои ҳисобу китоб дар маҳшар гирд оварад, чунон пиндорӣ,
(эй Паёмбар), ки танҳо дар қабрҳояшон ба миқдори соате аз рӯз дар дунё истодаанд, то якдигарро бишиносанд. Баъд аз он аз ҳавли даҳшати қиёмат соати шиносоӣ бурида мешавад. Онҳо, ки дидор бо Аллоҳро дурӯғ меҳисобанд, зиёндидаанд ва ҳидоятнаёфтагонанд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\ 135
46. Ё баъзе аз чизҳоеро, ки ба онҳо ваъда додаем аз азоб, ба ту (эй Паёмбар) менамоёнем ё туро пеш аз нишон додани он азобҳо мемиронем. Бозгашти ҳамаашон ба назди мост ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунанд, нозир аст. Пас дар охират ҷазояшон хоҳад дод.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\ 135
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\ 135
47. Ва ҳар умматеро паёмбаре буд чунон ки ба сӯи шумо Муҳаммадро фиристодам, ки шуморо ба дини Аллоҳ ва тоати Аллоҳ мехонд ва чун паёмбарашон биёмад, корҳо миёнашон ба адолат ҳукм карда шуд ва онҳо ғайр аз амалҳои худ ба чизи дигаре мавриди ситам воқеъ нашуданд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\99
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\99
48. Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас ин ваъдаи рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»
49. Бигӯ эй Паёмбар: «Ман дар бораи худ молики ҳеҷ суду зиёне нестам, ҷуз он чӣ Аллоҳ бихоҳад. Марги ҳар
умматеро замоне муайян аст. Чун замони маргашон фаро расад, на як лаҳза дер кунанд ва на як лаҳза пеш афтанд».
умматеро замоне муайян аст. Чун замони маргашон фаро расад, на як лаҳза дер кунанд ва на як лаҳза пеш афтанд».
50. Бигӯ эй Расул, бар ман бигӯед агар азоби Аллоҳ шабонагоҳ ё дар рӯз ба суроғи шумо биёяд, гунаҳкорон ба хотири чӣ чизе барои фаро расидани он (азоб) шитоб доранд?
51. Эй мушрикон, оё чун азоб ба вуқӯъ пайвандад, пас имон меоваред? Ҳол он ки имон оварданатон дар он вақт суде надорад. Он вақт барояшон гуфта шавад: Акнун ин ҳамон чизест,(1) ки фаро расиданашро ба шитоб мехостед».(2)
____________________
1. Вақти фуруд омадани азоб. 2. Тафсири Бағавӣ 4\137 ва Табарӣ 15\101
____________________
1. Вақти фуруд омадани азоб. 2. Тафсири Бағавӣ 4\137 ва Табарӣ 15\101
52. Он гоҳ ба ситамкороне, ки бар нафси хеш зулм карданд, гуфта шавад: «Азоби ҷовидро бичашед! Шумо ҷуз ба қадри он чи мекардед, ҷазо дода намешавед»
53. Ва аз ту мепурсанд, ки оё азоби рӯзи қиёмат ҳақ аст? Бигӯ: «Оре, савганд ба Парвардигорам, ки ҳақ аст ва шумо Уро боздоранда аз азоб нестед, балки дар зери ҳукмронии Ӯ ҳастед!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\102
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\102
54. Ва агар ҳар касе, шарик оварад ва кофир шавад, соҳиби ҳамаи сарвати рӯи замин бошад, барои наҷоти худ аз азоб албатта, онро фидя диҳад. Ва чун (пешвоёни мушрикон) азобро бингаранд, пушаймонии хеш дар дил пинҳон доранд, миёнашон ба адолат ҳукм шавад ва мавриди ситам воқеъ нагарданд.
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\103
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\103
55. Бидонед, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Аллоҳ аст! Ва огоҳ бошед, ки ваъдаи Аллоҳ(1) ҳақ аст, вале бештарашон ҳақиқати онро намедонанд!
____________________
1. Расидан ба дидори Аллоҳ ва азобаш барои мушрикон.
____________________
1. Расидан ба дидори Аллоҳ ва азобаш барои мушрикон.
56. Ӯст, ки зинда мекунаду мемиронад ва ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонида мешаванд.
57. Эй мардум, барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон панде омад, ки шуморо аз азоби Аллоҳ бим медиҳад ва он Қуръон аст, ки дорои ахлоқ ва аъмоли шоистаи шумо аст ва дар он шифоест барои он беморие, ки дар дил доред (аз нодонӣ, шакку шубҳа ва ширк) ва роҳнамоиву раҳматест барои мӯъминон.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\365
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\365
58. Эй Паёмбар, барои ҳамаи мардум бигӯ: Ба фазли Аллоҳу раҳмати Ӯ (ки Қуръон ва дини ислом аст), шодмон шаванд, зеро ин ду (яъне, фазлу раҳмати Аллоҳ) аз ҳар чӣ аз матои дунё ва лаззатҳои он ҷамъ мекунанд, беҳтар аст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\365
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\365
59. Бигӯ эй Паёмбар, барои мушрикон: «Оё ба ризқе, ки Аллоҳ бароятон (аз ҳайвонот, наботот ва хайрот) нозил кардааст, нигаристаед? Баъзеро ҳаром шумурдед ва баъзеро ҳалол». Бигӯ барояшон: «Аллоҳ ба шумо иҷоза додааст, ё ба Ӯ дурӯғ мебандед?»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\111
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\111
60. Онон, ки дар бораи рӯзи қиёмат ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд, чӣ гумон кардаанд? Оё гумон мекунанд, ки бо ин кирдорашон гуноҳонашон омурзида мешавад? Аллоҳ фазли худро ба мардумон арзонӣ медорад, ки онҳоро зуд ба азоб намегирад, балки дар дунё мӯҳлаташон медиҳад, вале бештаринашон шукр намегӯянд ва ба худ вазнинӣ меоранд ва ҳалолкардаи Аллоҳро бар худ ҳаром мекунанд!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\276
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\276
61. Эй Расул, дар ҳар коре, ки бошӣ ва ҳар чӣ аз Қуръон бихонӣ ва ҳар амалеро, ки мекунед аз неку бад, Мо гувоҳ бар шумо ҳастем. Ва мувофиқи он амалҳоятон подошатон хоҳем дод ва бар Парвардигори ту ҳатто ба миқдори заррае дар замину осмонҳо пӯшида нест. Ва ҳар чӣ хурдтар аз он ё бузургтар аз он бошад, дар Китоби мубин(1) навишта шудааст.
____________________
1. Лавҳ-ул-маҳфуз: китобест, ки тақдири ҳама махлуқот дар он сабт шудааст.
____________________
1. Лавҳ-ул-маҳфуз: китобест, ки тақдири ҳама махлуқот дар он сабт шудааст.
62. Огоҳ бошед, ки бар дӯстони Аллоҳ биме нест ва ғамгин намешаванд.
63. Ва аз сифати дӯстони Аллоҳ ин аст, ки имон ба Аллоҳ оварданд ва расули Ӯро пайравӣ намуданд ва бинобар иҷро намудани амрҳояш ва дур будан аз маъсияташ аз Аллоҳ метарсанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\368
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\368
64. Барои дӯстони Аллоҳ дар зиндагии дунё ва охират башорат аст. Сухани Аллоҳ дигаргун намешавад. Ин аст комёбии бузург!
65. Сухани мушрикон туро эй Расул, ғамгин насозад. Зеро иззат комилан аз они Аллоҳ аст. Ӯ шунавову огоҳ аст.
66. Огоҳ бошед, ки аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳо аст (аз фариштагон) ва ҳар чӣ дар замин аст (аз инсу ҷин ва ғайра) ва онон, ки ғайр аз Аллоҳ шариконеро фарёд мекунанд ғайр аз гумон чизи дигареро пайравӣ намекунанд ва корашон ғайр аз тахмин ва дурӯғ гуфтан чизи дигаре нест.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\368
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\368
67. Уст, ки шабро бароятон падид овард, то дар он орому роҳат ёбед ва рӯзро равшан кард, то дар он бубинед ва ризқу рӯзии зиндагиатонро дарёбед. Албатта, дар инҳо барои мардуме, ки мешунаванд, нишонаҳоест бар ваҳдонияти Аллоҳ, ки Ӯст сазовори ибодат!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\282
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\282
68. Мушрикон гуфтанд: «Аллоҳ фарзанде гирифтааст». (Мисли гуфтаашон: фариштагон духтарони Аллоҳанд ё ки Исо писари Аллоҳ аст) Пок аст! Аллоҳ аз ин гуфтаҳо ва бениёз аст! Аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст! Шуморо бар он сухани бофтаатон далеле нест. Чаро дар бораи Аллоҳ чизҳое мегӯед, ки ба он огоҳ нестед?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\146
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\146
69. Бигӯ: «Онҳо, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд,(1) наҷот намеёбанд.
____________________
1. Яъне, ба Аллоҳ фарзанд нисбат медиҳанд.
____________________
1. Яъне, ба Аллоҳ фарзанд нисбат медиҳанд.
70. Ба сабаби куфру дурӯғашон дар дунё, фоидаи андакест, сипас бозгашташон ба сӯи Мост. Он гоҳ ба сабаби куфре, ки меварзиданд, Мо азоби сахтеро ба онон мечашонем.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\283
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\283
71. Барои куффори Макка қиссаи Нӯҳро бихон, он гоҳ ки ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, агар истодани ман дар миёни шумо ва
ёдоварии оёти Аллоҳ бар шумо гарон меояд, ман бар Аллоҳ таваккал намудаам. Пас, дар кори худ ҳамроҳи бутҳоятон азм кунед, чунон ки ягон чиз аз коре, ки мекунед, бар шумо пӯшида набошад (яъне, бемалол ва ошкоро якҷоя бо бутҳо кор гиред, ман парвое надорам) ва он чиро мехоҳед дар ҳаққи ман анҷом диҳед ва маро мӯхлат надиҳед!
ёдоварии оёти Аллоҳ бар шумо гарон меояд, ман бар Аллоҳ таваккал намудаам. Пас, дар кори худ ҳамроҳи бутҳоятон азм кунед, чунон ки ягон чиз аз коре, ки мекунед, бар шумо пӯшида набошад (яъне, бемалол ва ошкоро якҷоя бо бутҳо кор гиред, ман парвое надорам) ва он чиро мехоҳед дар ҳаққи ман анҷом диҳед ва маро мӯхлат надиҳед!
72. Ва агар аз даъвати ман рӯй гардонед ба ман зиёне намерасонед ман аз шумо ҳеҷ музде нахостаам ва музди ман ғайр аз Аллоҳ аз каси дигаре нест ва ман амр шудаам, ки аз таслимшудагон бошам!»
73. Пас, қавмаш Нӯҳро дурӯғ шумориданд. Мо ӯ ва ҳамроҳонашро дар киштӣ наҷот додем ва ононро ҷонишини пешиниён сохтем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ мешумурданд, ғарқ кардем. Пас, (эй Расул) бингар, ки оқибати бимдодашудагон (яъне касоне, ки туро дурӯғ шумориданд ва бар
куфрашон давомат карданд)
чӣ гуна буд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\153
куфрашон давомат карданд)
чӣ гуна буд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\153
74. Сипас баъди Нӯҳ паёмбароне ( чун Ҳуд, Солеҳ, Иброҳим, Лут ва Шуайб ва дигаронро) бар қавмашон фиристодем ва онон далелҳои равшане оварданд бар ҳақ будани паёмбариашон, вале мардум ба он чӣ пеш аз он дурӯғ бароварда буданд, насиҳатҳои паёмбаронро қабул накарданд ва имон наоварда буданд. Ҳамчунин бар дилҳои таҷовузкорон мӯҳр мениҳем!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\154
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\154
75. Ва пас аз паёмбароне, ки баъди Нӯҳ ба сӯи қавмашон фиристода будем, Мӯсову Ҳорунро низ ҳамроҳи оётамон бар Фиръавну бузургони қавмаш фиристодем. Ва онон саркашӣ карданд ва мардуми табаҳкоре буданд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\155
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\155
76. Ва чун ҳақ аз назди Мо ба сӯи онҳо омад, гуфтанд, ки ин ҷодуе ошкор аст.
77. Мӯсо (бо тааҷҷуб) гуфт:
«Оё сухани ҳақро, ки инак, бар шумо нозил шудааст, ҷоду мехонед ва ҳол он ки ҷодугарон дар дунёву охират наҷот намеёбанд!»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\370
«Оё сухани ҳақро, ки инак, бар шумо нозил шудааст, ҷоду мехонед ва ҳол он ки ҷодугарон дар дунёву охират наҷот намеёбанд!»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\370
78. Гуфт Фиръавн ва қавмаш барои Мӯсо: «Оё пеши мо омадаӣ, то моро аз он дин, ки бар он падарони худро ёфтаем, дур созӣ, мехоҳед шумо (Мӯсо ва бародараш Ҳорун) дар замин бузургӣ ва роҳбарӣ барои ду нафари шумо бошад. Вале мо ба шумо боварӣ надорем!»
79. Ва Фиръавн гуфт: «Ҳамаи ҷодугарони доноро назди ман биёваред!»
80. Пас, чун ҷодугарон омаданд, Мӯсо барояшон гуфт: «Партоед, он чиро аз ресмонҳо ва асоҳоятон, ки шумо бо худ доред!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\159
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\159
81. Чун ресмон ва асоҳояшонро партофтанд, Мӯсо барояшон гуфт: «Он чӣ шумо овардаед, ҷодуст ва Аллоҳ онро ботил хоҳад сохт, зеро Аллоҳ кори фасодкоронро ба салоҳ намеоварад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\371
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\371
82. Ва Аллоҳ бо суханони худ ҳақро ба субот мерасонад, агарчи гунаҳкоронро нохуш ояд».
83. Пас, ҳеҷ касе ба Мӯсо имон наовард, магар ҷавононе аз банӣ Исроил, он ҳам ба тарс аз Фиръавн ва бузургони қавми ӯ, ки мабодо онҳоро аз дин баргардонанд. Бегумон Фиръавн дар замин туғён карда буд ва аз зумраи таҷовузкорон буд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\287
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\287
84. Ва Мӯсо гуфт: «Эй қавми ман, агар ба Аллоҳ имон овардаед ва агар мусалмон ҳастед, ба Ӯ таваккал кунед!»
85. Пас, қавми Мӯсо барояш гуфтанд: Бар Аллоҳ таваккал кардем, эй Парвардигори мо, моро мағлуби ин мардуми ситамкор макун, то гумон накунанд, ки онҳо барҳақанд.
86. Ва ба раҳмати худ моро аз дасти ин кофирон наҷот деҳ, зеро қавми Фиръавн онҳоро ғулом мегирифтанд ва дар корҳои ифлос ба кор мебурданд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\171
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\171
87. Ба Мӯсо ва бародараш ваҳй кардем, ки барои қавми худ дар шаҳри Миср хонаҳо бигиред ва хонаҳои худро ибодатгоҳ созед ва намози фарзшударо дар вақташ гузоред ва мӯъминонро ба нусрат ва савоби бисёр мужда диҳед.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\289
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\289
88. Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигори мо, ба Фиръавну бузургони қавмаш дар ин ҷаҳон зинату (қасрҳо, хидматгорон, маркабҳои фохира) амволи бузург додаӣ, то дигаронро аз роҳи Ту гумроҳ кунанд. Эй Парвардигори мо, амволашонро нобуд соз ва бар дилҳояшон мӯҳр бинеҳ, пас имон наёранд, то он гоҳ ки азоби дардоварро бубинанд».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\372
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\372
89. Аллоҳ гуфт: «Хости Шумо иҷобат шуд, дар ҳаққи Фиръавн ва гурӯҳаш ва молҳояшон, собитқадам бошед ва даъвататонро давом диҳед ва бо роҳи нодонон пайравӣ макунед».
____________________
(1) Тафсири Табарӣ 15\185
____________________
(1) Тафсири Табарӣ 15\185
90. Мо банӣ Исроилро аз баҳр гузаронидем. Фиръавну лашкариёнаш ба қасди ситаму таҷовуз аз ақиби онҳо шуданд. Чун Фиръавн ғарқ мешуд, ва яқин донист, ки ҳалок мешавад, гуфт: «Имон овардам, ки ҳеҷ маъбуде нест ҷуз он ки банӣ Исроил ба он имон овардаанд ва ман аз таслимшудагонам».
91. Оё акнун (эй Фиръавн) Аллоҳро сазовори парастиш меҳисобӣ? Ва пеш аз расидани ин азоб Аллоҳро исён мекардӣ ва аз бадкорон будӣ. Дар ҳолати марг ва азоб туро тавба суд надиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\194
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\194
92. Имрӯз ҷисми туро аз дарё наҷот медиҳем(1) ба берун меафканем, то барои онон, ки пас аз ту мемонанд, ибрате бошӣ ва ҳол он ки бисёре аз мардум аз оёти Мо ғофиланд!
____________________
1. Яъне, банӣ Исроил дар ҳалок шудани Фиръавн бовар накарданд, пас, Аллоҳ ҷисми мурдаи ӯро ба берун афканд, то яқин бидонанд, ки мурдааст. Тафсири Табарӣ 15 \ 198
____________________
1. Яъне, банӣ Исроил дар ҳалок шудани Фиръавн бовар накарданд, пас, Аллоҳ ҷисми мурдаи ӯро ба берун афканд, то яқин бидонанд, ки мурдааст. Тафсири Табарӣ 15 \ 198
93. Албатта, банӣ Исроилро дар макони некӯе ҷой додем ва аз покиҳо рӯзияшон додем ва то он ҳангом, ки соҳиби дониш нашуда буданд, ихтилофе надоштанд.(1) Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф мекарданд, миёнашон ҳукм хоҳад кард!
____________________
1. Яъне, дар омадани паёмбари охири замон ихтилоф надоштанд, зеро сифатҳои ӯро дар китобашон меёфтанд. Чун паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба паёмбарӣ мабъус гардид, баъзе имон оварданд ва баъзе кофир шуданд. Тафсири Табарӣ 15 \ 199
____________________
1. Яъне, дар омадани паёмбари охири замон ихтилоф надоштанд, зеро сифатҳои ӯро дар китобашон меёфтанд. Чун паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба паёмбарӣ мабъус гардид, баъзе имон оварданд ва баъзе кофир шуданд. Тафсири Табарӣ 15 \ 199
94. Агар дар он чӣ бар ту нозил кардаем, дар шубҳа ҳастӣ, бипурс аз онҳое, ки пеш аз ту буданд, ки китоби Тавроту Инҷилро мехонанд ва аз омадани ту ихтилоф надоштанд, зеро ки дар китобҳояшон аз сифатҳои омадани ту хабардор буданд. Ҳароина, ҳақ аст он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст. Пас, набояд аз ҷумлаи шубҳакунандагон бошӣ!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15 \ 200
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15 \ 200
95. Ва мабош (эй Расул) аз онон, ки оёти Аллоҳро дурӯғ мешуморанд; онгоҳ аз зиёнкороне шавӣ, ки Аллоҳ ғазаб ва гирифтори азобашон кард!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15 \ 204
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15 \ 204
96. Касоне, ки сухани Парвардигори ту 1). дар бораи онон собит шуд, имон намеоваранд,
____________________
1. Яъне, ҳукми Аллоҳ бар лаънат ва ғазаб дар бораи онҳо собит шуд. Тафсири Табарӣ15\205
____________________
1. Яъне, ҳукми Аллоҳ бар лаънат ва ғазаб дар бораи онҳо собит шуд. Тафсири Табарӣ15\205
97. агарчи бар онҳо ҳар нишона ва мӯъҷизае биёяд, то он гоҳ ки азоби дардоварро бубинанд.
98. Имон овардани ҳеҷ қавме ва миллате, дар вақти фуруд омадани азоби Парвардигор барояшон фоидае надод,(1) магар қавми Юнус, ки чун имон оварданд азоби хоркунандаро дар дунё аз онон бардоштем ва эшонро то замони муайяне аз зиндагии дунё бархурдор кардем.
____________________
1. Чунон ки Фиръавн дар вақти ғарқ шудан имон овард, вале суде накард. Тафсири Табарӣ 15 \ 205
____________________
1. Чунон ки Фиръавн дар вақти ғарқ шудан имон овард, вале суде накард. Тафсири Табарӣ 15 \ 205
99. Эй Расул, агар Парвардигори ту бихоҳад, ҳамаи касоне, ки дар рӯи заминанд, имон меоваранд. Лекин Ӯро дар ин ҳикматест; касеро бихоҳад ҳидоят мекунад ва касеро бихоҳад мувофиқи ҳикматаш гумроҳ месозад. Оё ту мардумро маҷбурӣ вомедорӣ, ки имон биёваранд?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\374
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\374
100. Бе ҳукми Аллоҳ ҳеҷ кас наметавонад имон биёварад. Ва азобро бар касоне, ки хиради хеш ба кор намебаранд, муқаррар мекунад.
101.Бигӯ эй Расул, барои қавми худ: «Бингаред ва ибрат бигиред, аз чизҳое, ки дар осмонҳову замин аст аз нишонаҳои Парвардигор!» Ва ин оёту ҳушдориҳо қавмеро, ки имон намеоваранд, суде намебахшад!
102. Оё ҷуз ин аст, ки интизории рӯзеро мекашанд, монанди рӯзҳое, ки пешиниёнашон мунтазираш буданд?
Бигӯ эй Расул: «Интизорӣ бикашед, азоби Аллоҳро, ки ман низ бо шумо мунтазирам!»
Бигӯ эй Расул: «Интизорӣ бикашед, азоби Аллоҳро, ки ман низ бо шумо мунтазирам!»
103. Он гоҳ паёмбаронамон ва касонеро, ки имон овардаанд, аз азоби Худ наҷот медиҳем. Зеро бар Мо лозим аст, ки аз фазлу карами Худ мӯъминонро наҷот диҳем. Чунон ки паёмбарони гузаштаро бо ҳамроҳи имоноварандагонашон наҷот додем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\216
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\216
104. Бигӯ эй Расул: «Эй мардум, агар шумо дар ҳақ будани дини ман шак доред, ман чизҳоеро (аз бутон), ки ба ҷои Аллоҳ мепарастед, намепарастам. Ман Аллоҳро мепарастам, ки шуморо мемиронад ва амр шудаам, ки аз мӯъминон бошам!»
105. Ва эй Паёмбар ба дини ислом ва яктопарастӣ рӯй овар ва аз мушрикон мабош, ки дар ибодати Парвардиюрашон шариконеро муқаррар сохтанд ва худро ба он сабаб ҳалок сохтанд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\218
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\218
106. Ба ҷои Аллоҳ чизеро, ки ба ту на фоида мерасонад ва на зиён, махон (яъне ибодат макун онҳоро ба умеди фоида дидан ва ё хавф бурдан аз онҳо)! Агар чунин кунӣ, аз ситамкорон (аз мушрикон) хоҳӣ буд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\219
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\219
107. Ва агар Аллоҳ ба ту зиёне бирасонад, ҷуз Ӯ касе дафъи он натавонад кард. Ва агар барои ту хайре бихоҳад, ҳеҷ кас фазли ӯро боздошта натавонад. Аллоҳ фазли худро ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, мерасонад ва
касе наметавонад монеъи он гардад ва Ӯ омурзандаи гуноҳони тавбакунандагон ва меҳрубон ба имондорони итоаткор аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\219
касе наметавонад монеъи он гардад ва Ӯ омурзандаи гуноҳони тавбакунандагон ва меҳрубон ба имондорони итоаткор аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\219
108. Бигӯ: «Эй мардум, паёми ростин, ки Қуръон аст аз ҷониби Парвардигоратон тавассути паёмбари содиқи охирзамон бароятон омадааст. Пас, ҳар кас, ки ба роҳи рост ҳидоят ёбад, ҳидоят ба фоидаи ӯст. Ва ҳар кӣ аз ҳақ гумроҳ гардад, ба зиёни хеш ба гумроҳӣ афтодааст. Ва ман ӯҳдадори муроқиби аъмол ва масъули назорат бар афъоли шумо нестам ва қудрати онро надорам, ки шуморо аз куфр боздорам ва ба пазириши имон водор созам».
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\220
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\220
109. Аз он чи ки бар ту ваҳй мешавад, пайравӣ кун ва сабр кун дар баробари азият ва озоре, ки дар роҳи таблиғи рисолати осмонӣ ба ту мерасад, то он ки Аллоҳ миёни ту ва дигарон доварӣ ва файсала кунад ва фармони худро содир намояд ва Ӯ беҳтарини ҳукмкунандагон аст!
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\221
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\221