ﮖ
surah.translation
.
ﰡ
ЮНУС
Алиф, лом, ро. Ин аст оятҳоикитоби бо ҳикмат.
Оё мардум дар тааҷҷубанд, аз ин ки бар марде аз худашон ваҳй кардем, ки мардумро битарсон ва мӯъминонро хушхабар деҳ, ки дар назди Парвардигорашон пойгоҳе баланд доранд? Кофирон гуфтанд, ки ин мард ошкоро ҷодугарест!
Парвардигори шумо Оллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз биёфарид; сипас ба арш пардохт: корҳоро тадбир кард. Ҷуз ба рухсати Ӯ шафоъаткунандае набошад. Ин аст Оллоҳ — Парвардигори шумо. Ӯро бипарастед! Чаро панд намегиред?
Бозгашти ҳамаи шумо ба Ӯст. Ин барҳақ ваъдаи Худост. Ӯ махлуқотро биёфаринад. Он гоҳ ононро ба сӯи худ бозгардонад, то касонеро, ки имон оварда ва кори шоиста кардаанд, аз рӯи адл мукофот диҳад. Ва кофиронро ба ҷазои куфрашон шаробест аз оби ҷушону азобест дардовар.
Ӯст он, ки хуршедро равшанӣ бахшиду моҳро мунаввар сохт ва барояш манозиле муъайян кард, то аз шумори солҳо ва ҳисоб огоҳ шавед. Худо ҳамаи инҳоро ҷуз ба ҳақ наёфарид ва оётро барои мардуме, ки медонанд, батафсил баён мекунад.
Дар омадушуди шабу рӯз ва он чӣ Худо дар осмонҳову замин офаридааст, барои парҳезгорон ибратҳост!
Касоне, ки ба дидори Мо умед надоранд ва ба зиндагии дунявӣ хушнуд шуда ва ба он оромиш ёфтаанд ва онон, ки аз оёти Мо бехабаранд,
ба ҷазои корҳое, ки мекардаанд, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст.
Ононро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, Парвардигорашон ба сабаби имонашон ба биҳиштҳое пурнеъмат, ки наҳрҳои об дар зери пояшон ҷорист, ҳидоят мекунад.
Дар он ҷо дуъояшон ин аст: «Бор Худое, Ту поКӣ». Ва ба ҳангоми дуруд салом мегӯянд. Ва поёни дуъояшон ин аст: «Шукр Худоро, он Парвардигори ҷаҳониён».
Агар бо ҳамон шитоб, ки мардум барои худ хайр металабанд, Худо барояшон шарр металабид, маргашон фаро расида буд. Пас ононро, ки ба дидори Мо умед надоранд, вомегузорем, то дар гумроҳии худ саргардон бимонанд.
Чун ба одамӣ зараре расад, чӣ бар паҳлу хуфта бошад ва чӣ нишаста ё истода, Моро ба дуъо мехонад. Ва чун он зарарро аз ӯ дур созем, чунон мегузарад, ки гӯӣ Моро барои дафъи он зараре, ки ба ӯ расида буд, ҳаргиз нахондааст. Амалҳои исрофкорон инчунин дар назарашон ороста шудааст.
Ва Мо мардумеро, ки пеш аз шумо буданд, чун ситам карданд ва ба паёмбаронашон, ки бо далоили равшан сӯи онҳо омада буданд, имон намеоварданд, ҳалок кардем. Мардуми гунаҳкорро инчунин ҷазо медиҳем.
Он гоҳ шуморо дар рӯи замин ҷонишини онҳо гардонидем, то бингарем, ки чӣ гуна амал мекунед.
Чун оёти равшани мо бар онон тиловат шуд, онҳо, ки ба дидори Мо умед надоранд, гуфтанд: «Қуръоне ғайри ин Қуръон биёвар ё дигаргунаш кун!» Бигӯ: «Маро нарасад, ки онро аз сӯи худ дигаргун кунам. Ҳар чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайрави ҳамон ҳастам. Метарсам, ки агар ба Парвардигорам нофармон шавам, ба азоби он рӯзи бузург гирифтор оям».
Бигӯ: «агар Худо мехост, ман онро бар шумо тиловат намекардам ва шуморо аз он огоҳ намесохтам. Ва пеш аз ин дар миёни шумо умре зистаам. Чаро ба ақл дарнамеёбед?»
Кист ситамкортар аз он, ки бар Худо дурӯғ мебандад, ё оёти Ӯро дурӯғ мебарорад? Албатта кофирон наҷот намеёбанд!.
Ғайри Худо чизҳоеро мепарастанд, ки на судашон мерасонад на зиён. Ва мегӯянд: «Инҳо шафеъони мо дар назди Худоянд». Бигӯ: «Оё ба Худо аз чизе хабар медиҳед, ки дар замину осмон аз он хабаре надорад? Худо пок аст ва аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, болотар аст!»
Мардум ҷуз як уммат набуданд, миёнашон ихтилоф афтод. Ва агар на он сухане буд, ки пеш аз ин аз Парвардигорат содир гашта буд, дар он чӣ ихтилоф мекунанд, ҳукм шуда буд.
Ва мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш мӯъҷизае бар ӯ нозил намешавад?» Бигӯ: «Илми ғайб аз они Худост. Интизор бикашед! Ман низ бо шумо мунтазир мемонам!»
Ҳар гоҳ пас аз зараре, ки ба мардум расидааст, раҳмате ба онҳо бичашонем, бинӣ, ки дар оёти Мо бадандешӣ мекунанд, бигӯ: «Макри Худо зудтар аст». Расулони Мо низ бадандешиҳои шуморо менависанд.
Ӯст, ки шуморо дар хушкӣ ва дар дарё сайр медиҳад. То он гоҳ, ки дар киштиҳо ҳастанд ва боди мувофиқ ба ҳаракаташон меоварад, шодмонанд. Чун тӯфон фаро расад ва мавҷ аз ҳар сӯ бар онҳо резад, чунон кн пиндоранд, ки дар муҳосираи мавҷ қарор гирифтаанд, Худоро аз рӯи ихлоси ақида бихонанд, ки агар моро аз ин хатар бираҳонӣ, аз шукргузорон хоҳем буд.
Чун Худо онҳоро бираҳонад, бинӣ, ки дар замин ба ноҳақ саркашӣ кунанд. Эй мардум, ин саркашӣ ба зиёни худатон аст. Манфиатест дар ин зиндагии дунявӣ. Он гоҳ ҳама ба назди Мо бозмегардед то аз корҳое, ки мекардаед, огоҳатон созем.
Мисоли ин зиндагии дунё чун боронест, ки аз осмон нозил кунем, то ба он ҳар гуна растаниҳо аз замин бирӯяд, чӣ онҳо, ки одамиён мехӯранд ва чӣ онҳо, ки чорпоён мечаранд. Чун замин зинати худ баргирифт ва ороста шуд ва мардумаш пиндоштанд, ки худ қодир бар он ҳама будаанд, фармони Мо шабҳангом ё ба рӯз даррасад ва чунон аз бехаш барканем, ки гӯӣ дирӯз дар он макон ҳеҷ чиз набудааст, Оётро барои мардуме, ки меандешанд, инчунин тафсил медиҳем.
Худованд ба сарои саломат даъват мекунад ва ҳар киро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад!
Музди онон, ки некӣ мекунанд, некист ва чизе афзун бар он. На сияхрӯй шаванду на хор. Инҳо аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.
Ва барои онон, ки муртакиби бадиҳо шаванд, музди ҳар бадӣ монанди он аст ва хори бар онҳо ғолиб мешавад. Касе онҳоро аз хашми Худо нигаҳ намедорад, чунон шаванд, ки гӯё сураташон дар порае аз шаби торик пушида шуда аст. Инҳо аҳли ҷаҳанаманд ва ҷовидона дар он ҳастанд.
Ва рӯзе ҳамаи онҳоро дар маҳшар гирд оварем. Сипас мушриконро гӯем: «Шумо ва бутҳоятон дар макони худ қарор гиред!» Сипас онҳоро аз якдигар ҷудо мекунем ва бутҳояшон мегӯянд: «Шумо ҳаргиз моро намепарастидаед».
Худо ба гувоҳӣ миёни мову шумо кофист, ки мо аз парастиши шумо ҳаргиз огоҳ набудаем.
Дар он ҷо ҳар кас ҳарчӣ кардааст, ҷазоашро хоҳад дид ва ҳамаро ба сӯи Худо — мавлои ҳақиқиашон бозмегардонанд ва ҳамаи он бутон, ки ба ботил мепарастиданд, нобуд мешаванд.
Бигӯ: «Чӣ касе аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад? Кист, ки шунавоиву биноӣ мебахшад? Зиндаро аз мурда падид меорад ва мурдаро аз зинда ва корхоро ба сомон меоварад?» Хоҳанд гуфт: «Оллоҳ». Бигӯ: «Оё намотарсед?».
Он Оллоҳ — Парвардигори хақиқии шумост, баъд аз ҳақиқат ҷуз гумроҳӣ чист? Пас ба куҷо рӯй меоваред?
Пас сухани Парвардигори ту дар бораи исёнгарон, ки гуфт: «Инҳо имон намеоваранд», ба ҳақиқат пайваст!
Бигӯ: «Оё аз ин бутони шумо касе ҳаст, ки чизеро биёфаринад ва боз зинда кунад?» Бигӯ: «Худои якто махлуқотро меофаринад ва боз зинда мекунад. Пас чӣ гуна аз ҳақ бероҳатон мекунанд?»
Бигӯ: «Оё аз ин бутони шумо касе ҳаст, ки ба ҳақ роҳ намояд?» Бигӯ: «Худо ба ҳақ роҳ менамояд. Оё он, ки ба ҳақ роҳ менамояд ба пайравӣ сазовортар аст а он ки ба ҳақ роҳ наменамояд ва худ низ мӯҳтоҷи ҳидоят аст? Шуморо чӣ мешавад? Чӣ гуна ҳукм мекунед?»
Бештарашон фақат пайрави гумонанд ва гумон наметавонад ҷои ҳақро бигирад. Албатта Худо ба коре, ки мекунанд, огоҳ аст!
Нашояд, ки ин Қуръонро ҷуз ба Худо нисбат кунанд балки тасдиқи чизест, ки пеш аз он омадааст ва баёни он китоб аст. Шакке нест, ки аз ҷониби Парвардигори чаҳониён аст.
Мегӯянд, ки онро ба дурӯғ ба Худо нисбат мекунад. Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ҷуз Худо ҳар киро, ки метавонед, ба ёрӣ бихонед ва сурае монанди он биёваред».
Чизеро дурӯғ шумурданд, ки ба илми он иҳота наёфта буданд ва ҳанӯз азобаш ба онҳо наомадааст. Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ паёмбаронро чунин ба дурӯғ баровардаанд. Пас бингар, ки оқибати кори ситамкорон чӣ гуна будааст.
Баъзе аз онҳо ба он имон меоваранд ва баъзе имон намеоваранд. Ва IIарвардигори ту ба фасодкорон огоҳтар аст!
Агар туро ба дурӯғ нисбат кардан, бигӯ: «Амали ман аз они ман аст ва амали шумо аз они шумо. Шумо аз кори ман безоред ва ман аз кори шумо безорам».
Баъзе аз онҳо ба ту гӯш медиҳанд. Оё агар дарнаёбанд, ту метавонӣ каронро шунаво созӣ?
Баъзе аз онҳо ба ту менигаранд. Оё агар набинанд, ту метавонӣ кӯрони нобиноро роҳ бинамоӣ?
Худованд ба мардум ҳеҷ ситам намекунад, вале мардум худ ба худ ситам мекунанд!
Ва рӯзе, ки Худованд ононро дар маҳшар гирд оварад, чунон пиндорӣ, ки танҳо соате аз рӯз дар дунё истодаанд, якдигарро бишиносанд. Онҳо, ки дидор бо Худоро дурӯғ, меҳисобиданд, зяёндидаанд ва ҳидоятнаёфтаанд!
Ё баъзе аз чизҳоеро, ки ба онҳо ваъда додаем, ба ту менамоёнем ё туро мемиронем. Бозгашти ҳамаашон ба назди мост ва Худо ба ҳар коре, ки мекунанд, шоҳид аст.
Ҳар умматеро паёмбаре буд ва чун паёмбарашон биёмад, корҳо миёнашон ба адолат ҳал шуданд ва мавриди ситам воқеъ нашуданд.
Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас ин ваъда чӣ вақт хоҳад буд?»
Бигӯ: «Ман дар бораи худ, ҷуз он чӣ Худо бихоҳад, молики ҳеҷ суду зиёне нестам. Марги ҳар умматеро замоне муайян аст. Чун замонашон фаро расад, на як соат дер кунанд ва на як соат пеш раванд».
Бигӯ: «Чӣ мекунед, агар азоби ӯ ба ногоҳ шабҳангом ё ба рӯз фаро расад? Гуноҳкорон чӣ чизро инчунин ба шитоб металабанд?
Оё чун азоб ба вуқӯъ пайвандад, ба он имон меоваред? Акнун ин ҳамон чизест, ки фаро расиданашро ба шитоб мехостед.
Он гоҳ ба ситамкорон гӯянд: «Азоби ҷовидро бичашед! Оё на чунин аст, ки дар баробари амалҳоятон ҷазо мебинед?»
Аз ту хабар мепурсанд, ки оё ҳақ аст? Бигӯ: «Оре, савганд ба Парвардигорам, ки ҳақ аст ва шуморо қувваи фирор аз он нест!»
Агар ҳар гунаҳкоре соҳиби ҳамаи рӯи замин бошад, хоҳад, ки худро ба он азоб бозхарад ва чун азобро бингаранд, пушаймонии худ дар дил ниҳон доранд. Миёнашон ба адолат ҳукм шавад ва мавриди ситам воқеъ нагарданд.
Бидонед, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Худост! Ва огоҳ бошед, ки ваъдаи Худо ҳақ аст, вале бештарашон намедонанд!
Ӯст, ки зинда мекунаду мемиронад ва ҳама ба сӯи Ӯ бозмегарданд.
Эй мардум, барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон панде омад ва шифое барои он беморие, ки дар дил доред ва роҳнамоиву раҳмате барои мӯъминон.
Бигӯ: «Ба фазли Худову раҳмати Ӯ». Шодмон шаванд, зеро ин ду аз ҳар чӣ ҷамъ мекунанд, беҳтар аст.
Бигӯ: «Оё ба ризқе, ки Худо бароятон нозил кардааст, нигаристаед? Баъзеро ҳаром шумурдед ва баъзеро ҳалол». Бигӯ: «Худо ба шумо иҷоза додааст ё ба Ӯ дурӯғ мебандед?»
Онон, ки ба Худо дурӯғ мебанданд, дар бораи рӯзи қиёмат чӣ гумон кардаанд? Худо фазли худро ба мардумон арзонӣ медорад, вале бештаринашон шукр намегуянд!
Дар ҳар коре, ки бошӣ ва ҳар чӣ аз Қуръон бихонӣ ва даст ба ҳар амале, ки бизанед, ҳангоме ки ба он мепардозед, мо нозир бар шумо ҳастем. Бар Парвардигори ту ҳатто ба миқдори заррае дар замину осмонҳо пушида нест. Ва ҳар чӣ хурдтар аз он ё бузургтар аз он бошад, дар китоби мубин навишта шудааст.
Огоҳ бошед, ки бар дустони Худо биме нест ва ғамгин намешаванд.
Касонеро, ки имон оварданд ва парҳезгорӣ мекарданд,
хушхабар аст онҳоро дар дунёву охират. Сухани Худо дигаргун намешавад. Ин аст комёбии бузург!
Сухани онон туро ғамгин насозад. Иззат ба тамомӣ аз они Худованд аст. Ӯст, ки шунавову доност!
Огоҳ бошед, ки аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва онон, ки ғайри Худоро шарикон мехонанд, аз гумони худ пайравӣ мекунанд ва дурӯғ мегӯянд.
Ӯст, ки шабро бароятон падид овард, то дар он биёромед ва рӯзро падид овард, то дар он бубинед. Дар инҳо барои мардуме, ки мешунаванд, ибратҳост!
Гуфтанд: «Худо фарзанде интихобидаст». Пок аст! Бениёз аст! Аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст! Шуморо бар он сухан далеле нест. Чаро дар бораи Худо чизҳое мегӯед, ки ба он огоҳ нестед?
Бигӯ: «Онҳо, ки ба Худо дурӯғ мебанданд, наҷот намеёбанд!».
Бархӯрдорӣ аз дунё, он гоҳ бозгашташон ба сӯи Мо. Сипас ба ҷазои куфр варзиданашон азобе сахташон мечашонем.
Барояшон достони Нӯҳро бихон, он гоҳ, ки ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, агар истодани ман дар миёни шумо ва ёдоварии оёти Худо бар шумо гарон меояд, ман бар Худо таваккал мекунам, корубори худ ва бутонатонро гирд оваред, чунон ки ҳеҷ чиз аз коре, ки мекунед, бар шумо пӯшида набошад ва ба душмании ман қадам ба пеш ниҳед ва маро мӯҳлат надиҳед!
Ва агар пушт кардед, ман аз шумо ҳеҷ музде нахостаам, ки музди ман бо Худост ва ман амр шудаам, ки аз таслимшудагон бошам!»
Дурӯғаш бароварданд ва Мо ӯву ҳамроҳонашро дар киштӣ бираҳонидем ва ононро ҷонишини пешиниён сохтем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ мешумурданд, ғарқ кардем. Пас бингар, ки оқибати бимдодашудагон чӣ гуна буд!
Он гоҳ пас аз ӯ паёмбароне бар қавмашон фиристодем ва онон далелҳое равшан оварданд, вале мардум ба он чӣ пеш аз он дурӯғ бароварда буданд, имон оваранда набуданд. Бар дилҳои таҷовузкорон инчунин мӯҳр мениҳем!
Ва пас аз онҳо Мӯсову Ҳорунро ҳамроҳи оётамон бар Фиръавну бузургони қавмаш фиристодем. Ва онон саркашӣ карданд ва мардуме табаҳкор буданд.
Ва чун ҳақ аз назди Мо ба сӯи онҳо омад, гуфтанд, ки ин ҷодуе ошкор аст.
Мӯсо гуфт: «Оё сухани ҳақро, ки инак бар шумо нозил шудааст, ҷоду мехонед ва ҳол он ки ҷодугарон наҷот намеёбанд!»
Гуфтанд: «Оё омадаӣ, то моро аз он дин, ки падаронамонро бар он ёфтаем, дур созӣ, то дар замин сарварӣ ёбед? Вале мо ба шумо имон намеоварем!»
Фиръавн гуфт: «Ҳамаи ҷодугарони доноро назди ман биёваред!»
Чун ҷодугарон омаданд, Мӯсо гуфт: «Бияфканед, ҳар чиро, ки бояд бияфканед!»
Чун бияфканданд, Мӯсо гуфт: «Он чӣ шумо овардаед, ҷодуст ва Худо онро ботил хоҳад сохт, зеро Худо кори фасодкоронро ба салоҳ намеоварад!
Ва Худованд бо суханони худ ҳақро ба исбот мерасонад, агарчи гунаҳгоронро нохуш ояд».
Аз бими озори Фиръавн ва бузургони қавми ӯ, ҷуз гурӯҳе аз онҳо ба Мӯсо имон наёварданд. Ва Фиръавн дар замин бартарӣ меҷӯст ва ӯ аз таҷовузкорон буд.
Мӯсо гуфт: «Эй қавми ман, агар ба Худо имон овардаед ва таслими фармон ҳастед, ба Ӯ таваккал кунед!»
Гуфтанд; Бар Худо таваккал кардем, эй Парвардигори мо, моро мағлуби ин мардуми ситамкор макун,
ва ба раҳмати худ моро аз ин кофирон раҳоӣ бахш!»
Ба Мӯсо ва бародараш ваҳй кардем, ки барои қавми худ дар Миср хонаҳое муҳайё кунед ва хонаҳои худро ибодатгоҳ созед ва намоз гузоред ва мӯъминонро хушхабар деҳ.
Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигори мо, ба Фиръавну бузургони қавмаш дар ин ҷаҳон зинату амвол додаӣ, эй Парвардигори мо, то дигаронро аз тариқи Ту гумроҳ кунанд. Эй Парвардигори мо, молҳояшонро нобуд соз ва дилашонро сахт кун! Имон намеоваранд, то он гоҳ, ки азоби дардоварро бингаранд».
Гуфт: «Хости шумо иҷобат шуд, собитқадам бошед ва ба тариқаи нодонон пайравӣ макунед».
Мо банӣ—Исроилро аз дарё гузаронидем. Фиръавну лашкариёнаш ба қасди ситаму таҷовуз ба таъқибашон пардохтанд. Чун Фиръавн ғарк мешуд, гуфт: «Имон овардам, ки ҳеҷ худованде ҷуз он ки банӣ—Исроил ба он имон овардаавд, нест ва ман аз таслимшудагонам».
Оё акнун? Ва ту пеш аз ин исён мекардӣ ва аз фасодкорон буди.
Имрӯз ҷисми туро ба хушкӣ мепартоем, то барон онон, ки пас аз ту мемонанд, ибрате бошӣ ва ҳол он ки бисёре аз мардум аз оёти Мо ғофиланд!
Албатта банӣ-Исроилро дар маконе некӯ ҷой додем ва аз покиҳо рӯзияшон додем ва то он ҳангом, ки соҳиби дониш нашуда буданд, зиддияте надоштанд. Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ зиддият мекарданд, миёнашон ҳукм хоҳад кард!
Агар дар он чӣ бар ту нозил кардаем, дар шубҳа ҳастӣ, аз онҳое, ки китоби осмонии пеш аз туро мехонанд, бипурс. Албатта ҳақ аст он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст. Пас набояд дар шумори шубҳакукандагон бошӣ!
Ва аз онон, ки оёти Худоро дурӯғ мебароранд, мабош, ки дар зумраи зиёнкунандагон бошӣ.
Касоне, ки сухани Парвардигори ту дар бораи онон воҷиб шудааст, имон намеоваранд,
ҳарчанд ҳар гуна мӯъҷизае бар онон ошкор шавад, то он гоҳ, ки азоби дардоварро бингаранд.
Чаро мардуми ҳеҷ деҳае, ба ҳангоме ки имонашом нафъашон мсдод, имон наёварданд. магар қавми Юнус, ки чун имон оварданд, азоби хорӣ дар дунёро аз онон бардоштем ва то ҳангоме ки аҷалашон фаро расид, аз зиндагӣ бархурдорашон кардем.
Агар Парвардигори ту бихоҳад, ҳамаи касоне, ки дар рӯи заминанд, имон меоваранд. Оё ту мардумро маҷбур мекунӣ, ки имон биёваранд?
Бе хости Худо ҳеҷ касро нарасад, ки имон биёварад. Ва палидиро бар касоне, ки хиради худ ба кор намебаранд, муқаррар мекунад.
Бигӯ: «Бингаред, ки чӣ чизҳое дар осмонҳову замин аст!» Ва ин оёту ҳушдорҳо қавмеро, ки имон намеоваранд, нафъ намекунад!
Интизори рӯзеро мекашанд монанди рӯзҳое, ки пешиниёнашон мунтазираш буданд? Бигӯ; «Интизор бикашед, ки ман низ бо шумо мунтазирам!»
Он гоҳ паёмбаронамон ва касонеро, ки имон овардаанд, мераҳонем. Зеро бар Мо фариза аст, ки мӯъминонро бираҳонем.
Бигӯ: «Эй мардум, агар шумо дар дини ман шак доред, ман чизҳоеро, ки ба ҷои Оллоҳ мепарастед, намепарастам. Ман Оллоҳро мепарастам, ки шуморо мемиронад ва амр шудаам, ки аз мӯъминон бошам!»
Ва ба дини пок рӯй овар ва аз мушрикон мабош!
Ба ҷои Оллоҳ худоёнеро, ки на ба ту суд мерасонанд ва на зиён, махон. Агар чунин кунӣ, аз ситамкорон хоҳӣ буд.
Ва агар Худо ба ту зиёне бирасонад, ҷуз Ӯ касе дафъи он натавонад кард Ва агар барои ту хайре бихоҳад, ҳеҷ кас фазли Ӯро бознатавонад дошт. Фазли худро ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, мерасонад ва Ӯ омурзандаву меҳрубон аст!
Бигӯ: «Эй мардум, паёми ростин аз ҷониби Парвардигоратон бароятон, фаро расид. Пас ҳар кас, ки ба роҳи рост ҳидоят ёбад, ҳидоят ба суди ӯст. Ва ҳар ки гумроҳ гардад, ба зиёни худ ба гумроҳӣ афтодааст. Ва ман ӯҳдадори шумо нестам».
Чизеро, ки ба ту ваҳй мешавад, пайравӣ кун ва сабр кун то Худо доварӣ кунад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст!