Тарҷумаи сураи АНБИЁ ба الطاجيكية аз Tajik - Tajik translation
Verse 1
АНБИЁ
Рӯзи ҳисоби мардум наздик шуд ва онон ҳамчунон ба ғафлат рӯйгардонанд.
Verse 2
Аз сӯи Парвардигорашон барояшон ҳар панде тозае омад, онро шуниданд ва саргарми бозича буданд.
Verse 3
Дилҳояшон ғофил шудааст. Ва он ситамгарон сар дар гӯши якдигар ниҳоданду пинҳонӣ гуфтанд: «Оё ин мард як инсоне монанди шумо нест? Оё бо он ки ба чашмн худ мебинед, ҳамчунон аз паи ҷоду меравед?»
Verse 4
Гуфт: «Парвардигори ман аз ҳар сухане дар осмону замин огоҳ аст ва Ӯ шунавову доност».
Verse 5
Гуфтанд: «На Хобҳои парешон аст ё дурӯғест, ки мебофад ё шоирест. Пас барои мо аз он гуна, ки ба паёмбарони пешин дода шуда буд, мӯъҷизае биёварад».
Verse 6
Пеш аз онҳо мардуми деҳаеро, ки ҳалок кардем, имон наёварда буданд. Оё инҳо имон меоваранд?
Verse 7
Мо пеш аз ту ба пайрамбарӣ фақат мардонеро, ки ба онҳо ваҳй мекардем фиристодем ва агар худ намедонед, аз аҳли китоб бипурсед.
Verse 8
Онҳоро ҷасадҳое накардем, ки ба таъом мӯҳтоҷ набошанд ва умри ҷовидон ҳам надоштанд.
Verse 9
Сипас ҳар ваъдае, ки ба онҳо додем, баровардем ва онҳову ҳар касро, ки хостем, раҳонидем ва аз ҳад гузарандагонро ҳалок кардем.
Verse 10
Китобе бар шумо нозил кардаем, ки дар он шарафи бузурги шумост. Оё ба ақл дарнамеёбед?
Verse 11
Ва чӣ бисёр ситамкор мардумеро, ки ҳалок кардем ва ба ҷояшон мардуме дигар биёфаридем.
Verse 12
Чун азоби моро ҳис мекарданд, ба ногоҳ аз он ҷо мегурехтанд.
Verse 13
Мегузеред! Бо нозу ишрат ба хонаҳои худ боз гардед то пурсида шавед!
Verse 14
ﭯﭰﭱﭲﭳ
ﭴ
Гуфтанд; «Вой бар мо, мо ситамкор будаем!»
Verse 15
Ва ҳамеша суханашон ин буд, то ҳамаро чун кишти даравида ва оташи хомӯшгашта гардонидем.
Verse 16
Мо ин осмону замин ва он чиро миёни он дӯст, ба бозича наофаридаем.
Verse 17
Агар хостори бозичае мебудем, Худ онро меофаридем, агар хоста будем.
Verse 18
Балки ҳақро бар сари ботил мезанем, то онро дар ҳам кӯбад ва ботил нобудшаванда аст. Ва вой бар шумо аз он чӣ ба Худо сифат медиҳед.
Verse 19
Аз они Ӯст ҳар кӣ дар осмонҳову замин аст. Ва онон, ки дар назди Ӯ ҳастанд, аз ибодаташ ба такаббур сар наметобанд ва хаста намешаванд,
Verse 20
ﮰﮱﯓﯔﯕ
ﯖ
Шабу рӯз, бе он ки сустие дар онҳо падид ояд, тасбеҳ мегӯянд.
Verse 21
Оё дар замин худоёне интихобидаанд, ки мурдагонро аз гӯр бар мехезонанд?
Verse 22
Агар дар замину осмон худоёне ғайри Оллоҳ мебуд, ҳар ду табоҳ мешуданд. Пас Оллоҳ — Парвардигори арш аз ҳар чӣ ба васфаш мегӯянд, пок аст.
Verse 23
ﯮﯯﯰﯱﯲﯳ
ﯴ
Ӯ дар баробари ҳеҷ як аз корҳое, ки мекунад, пурсида намешавад, вале мардум пурсида мешаванд.
Verse 24
Оё ба ҷуз Ӯ худоёнро интихобидаанд? Бигӯ: «Ҳуҷҷати худ биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд ва сухане касоне, ки пеш аз ман будаанд». На, бештаринашон чизе аз ҳақ намедонанд ва аз он рӯй мегардонанд.
Verse 25
Мо пеш аз ту ҳар паёмбаре ки фиристодем, фақат ба ӯ ваҳй кардем, ки ғайри Ман худое нест. Пас Маро бипарастед.
Verse 26
Ва гуфтанд, ки Худои раҳмон соҳиби фарзанд аст. Пок аст Ӯ. Балки онон бандагоне гироми ҳастанд,
Verse 27
ﭬﭭﭮﭯﭰﭱ
ﭲ
дар сухан бар Ӯ пешӣ намегиранд ва ба фармони Ӯ кор мекунанд.
Verse 28
Медонад ҳар чӣ дар баробари онҳост ва ҳар чӣ пушти сари онҳост. Ва онон ҷуз касонерю, ки Худо аз онҳо хушнуд аст, шафоъат намекунанд ва аз бими Ӯ ларзонанд.
Verse 29
Ҳар кас аз онҳо, ки бигӯяд: «Ман ғайри Ӯ худоям», ҷазои чунин касеро ҷаҳаннам медиҳад ва золимонро чунин ҷазо медиҳем.
Verse 30
Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин ба ҳам якҷоя часпида буданд, Мо онҳоро ҷудо кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об пайдо кардем? Чаро имон намеоваранд?
Verse 31
Ва бар замин кӯҳҳо биёфаридем то наларзонадашон. Ва дар он роҳҳои васеъ сохтем, бошад, ки роҳи худ биёбанд.
Verse 32
Ва осмонро сақфе нигоҳдошташуда кардем ва боз ҳам аз ибратҳои он рӯ мегардонанд.
Verse 33
Ӯст касе, ки шабу рӯз ва офтобу моҳро, ки ҳар як дар фалаке шиноваранд, биёфарид.
Verse 34
Мо пеш аз ту ҳеҷ инсонеро ҷовидон насохтаем. Чӣ сон агар ту низ бимирӣ, онҳо ҷовидон бимонанд?
Verse 35
Ҳар кас таъми маргро мечашад. Ва шуморо ба хайру шар меозмоем. Ва ҳама ба назди Мо бозмегардед.
Verse 36
Кофирон чун туро бубинанд, бешак масхараат хоҳанд кард, ки оё ин ҳамон мардест, ки аз худоёнатон ба бадӣ ёд мекунад? Ва инҳо худ ёди Худои раҳмонро мункиранд.
Verse 37
Одамӣ шитобкор офарида шуда. Оёти худро ба шумо нишон хоҳам дод, шитоб макунед.
Verse 38
Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас он ваъда куҷост?»
Verse 39
Кофирон он гоҳ, ки натавонанд оташро аз чеҳраву пушти худ боздоранд ва касе ба ёриашон барнахезад, хоҳанд донист.
Verse 40
Аммо қиёмат ба ногаҳон биояд ва ҳайронашон созад ва аз ӯҳдаи бозгардонидани он барнаёянд ва мӯҳлаташон надиҳанд.
Verse 41
Паёмбаронеро, ки пеш аз ту буданд, низ ба масхара гирифта буданд, вале азобе, ки масхарааш мекарданд, бар сари масхаракунандагон фуруд омад.
Verse 42
Бигӯ: «Кист он ки шуморо шабу рӯз аз қаҳри Худои раҳмон ҳифз мекунад?» Бо ин ҳама аз ёд кардани Парвардигорашон рӯйгардонӣ мекунанд.
Verse 43
Ё он ки худоёне доранд, ки ба ҷои мо ононро аз ҳодисаҳо нигоҳ медоранд? На! Он худоён ёрии худро натавонанд ва на дар баробари мо паноҳида шаванд.
Verse 44
Балки мо онҳо ва падаронашонро баҳраманд кардем, то умрашон ба дароз кашид. Оё намебинанд, ки қасди ин сарзамин мекунем ва аз атрофи он кам мекунем? Оё боз ҳам онҳо пирӯзанд?
Verse 45
Бигӯ: «Ман шуморо ба ваҳй бим медиҳам», вале каронро чун бим диҳанд, намешунаванд.
Verse 46
Ва агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онҳо бирасад, хоҳанд гуфт: «Вой бар мо, ки ситамкор будаем!»
Verse 47
Рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас ситам намешавад. Агар амале ба сангинии як хардал ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем, ки мо ҳисоб карданро басандаем!
Verse 48
Ба Мӯсо ва Ҳорун китобе додем, ки ҳаққу ботилро аз якдигар ҷудо мекунад ва равшаниву панд аст барои парҳезгорон.
Verse 49
Онон, ки аз Худои худ дар ниҳон метарсанд ва аз рӯзи қиёмат ҳаросноканд.
Verse 50
Ин муборак Қуръонест, ки нозил кардаем, Оё мункири он ҳастед?
Verse 51
Пеш аз ин ба Иброҳим қувваи шинохташро ато кардем ва ба ӯ огоҳ будем.
Verse 52
Он гоҳ, ки ба падараш ва қавмаш гуфт: «Ин суратҳо, ки ба парастиши онҳо дил ниҳодаед, чистанд?»
Verse 53
ﯔﯕﯖﯗﯘ
ﯙ
Гуфтанд: «Падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд».
Verse 54
Гуфт: «Албатта шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкоро будаед».
Verse 55
Гуфтанд: «Барои мо сухани ҳаққе овардаӣ ё моро ба бозӣ гирифтаӣ?»
Verse 56
Гуфт: «На, Парвардигори шумо Парвардигори осмонҳову замин аст. Он ки онҳоро биофаридааст. Ва ман бар ин сухан, ки мегӯям, гувоҳӣ медиҳам.
Verse 57
Ва ба Худо савганд, ки чун шумо биравед, чораи ин бутонатонро хоҳам кард».
Verse 58
Онҳоро пора-пора кард. Лекин бузургтаринашонро, пора накард, шояд бар он рӯй оранд.
Verse 59
Гуфтанд: «Чӣ кас ба худоёни мо чунин кардааст? Албатта ӯ аз ситамкорон аст!»
Verse 60
Гуфтанд: «Шунидаем, ки ҷавоне ба номи Иброҳим аз онҳо сухан мегуфтааст».
Verse 61
Гуфтанд: «Ӯро ба назди мардум биёваред то шоҳидӣ диҳанд».
Verse 62
ﭴﭵﭶﭷﭸﭹ
ﭺ
Гуфтанд: «Эй Иброҳим ту бо худоёни мо чунин кардаӣ?»
Verse 63
Гуфт: «Балки бузургтаринашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед».
Verse 64
Бо худашон гуфтугӯ карданд ва гуфтанд: «Шумо худ ситамкор ҳастед».
Verse 65
Он гоҳ ба ҳайрат сар фурӯ доштанд ва гуфтанд: «Ту худ медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд».
Verse 66
Гуфт: «Оё ғайри Оллоҳ чизеро мепарастед, ки на шуморо фоида мерасонад, на зиён.
Verse 67
Безорам аз шумо ва аз он чизҳое, ки ғайри Оллоҳ мепарастед. Оё ба ақл дарнамеёбед?
Verse 68
Гуфтанд; «Агар мехоҳед коре бикунед, (Иброҳимро) бисӯзонед ва худоёни худро ёрӣ дихед».
Verse 69
Гуфтем: «Эй оташ, бар Иброҳим хунук ва саломат бош!»
Verse 70
ﯟﯠﯡﯢﯣ
ﯤ
Мехостанд барои Иброҳим макре бияндешанд, вале мо зиёнкорашон гардонидем.
Verse 71
Ӯ ва Лутро наҷот додем ва ба сарзамине, ки онро баракати ҷаҳониён қарор додаем, бурдем.
Verse 72
Ва ба ӯ Исҳоқ ва фарзандзодае чун Яъқубро бахшидем. Ва ҳамаро аз шоистагон гардонидем.
Verse 73
Ва ҳамаро пешвоёне сохтем, ки ба амри Мо ҳидоят мекарданд. Ва анҷом додани корҳои нек ва барпой доштани намоз ва додани закотро ба онҳо ваҳй кардем ва ҳама парастандаи Мо буданд.
Verse 74
Ва ба Лут ҳукму илм додем ва аз он деҳа, ки мардумаш корҳои палид мекарданд, наҷоташ бахшидем. Онҳо, ки мардуме баду фосиқ буданд!
Verse 75
Ӯро дар раҳмати худ дохил кардем, ки ӯ аз шоистагон буд.
Verse 76
Ва Нӯҳро ёд кун, ки пеш аз он Моро нидо дод ва Мо ба ӯ посух додем ва ӯву хонадонашро аз меҳнате бузург раҳонидем.
Verse 77
Ва ӯро бар мардуме, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, пирӯзӣ додем. Онон бад мардуме буданд ва Мо ҳамаро ғарқ сохтем,
Verse 78
Ва Довуду Сулаймонро ёд кун, он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ карданд, ки гӯсфандони он қавм шабона дар он ҷо мечариданд. Ва Мо шоҳиди доварии онҳо будем.
Verse 79
Ва ин шеваи довариро ба Сулаймон омӯхтем ва ҳамаро ҳукму илм додем ва кӯҳҳоро мутеъи Довуд гардонидем, ки онҳо ва паррандагон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд ва ин ҳама Мо кардем.
Verse 80
Ва ба Ӯ омӯхтем, то бароятон зиреҳ бисозад. То шуморо ба ҳангоми ҷангиданатон ҳифз кунад. Оё сипосгузорӣ мекунед?
Verse 81
Ва тундбодро фармонбардори Сулаймон кардем, ки ба амри ӯ дар он сарзамин, ки баракаташ дода будем, ҳаракат мекард. Ва Мо бар ҳар чизе доноем.
Verse 82
Ва гурӯҳе аз девон барояш дар дарё шиноварӣ мекарданд ва ғайри он ба корҳои дигар машғул буданд ва Мо ҳофизи онҳо будем.
Verse 83
Ва Айюбро ёд кун, он гоҳ, ки Парвардигорашро нидо дод: «Ба ман беморӣ ва ранҷ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ».
Verse 84
Дуъояшро иҷобат кардем. Ва озор аз ӯ дур кардем ва хонадонашро ва монанди онҳоро бо онҳо ба ӯ бозгардонидем. Ва ин раҳмате буд аз ҷониби Мо то худопарастон ҳамеша ба ёд дошта бошанд.
Verse 85
Ва Исмоил ва Идрис ва Зулкифлро ёд кун, ки ҳама аз собирон буданд.
Verse 86
Ононро сазовори бахшоиши худ гардонидем ва ҳама аз шоистагон буданд.
Verse 87
Ва Зуннунро он гоҳ, ки хашмнок бирафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем. Ва дар торикӣ нидо дод: «Х, еч худое чуз Ту нест. Ту пок хастй ва ман аз ситамкорон хастам».
Verse 88
Дуъояшро мустачоб кардем ва уро аз андух рахонидем ва муъминонро инчунин мерахонем.
Verse 89
Ва Закариёро ёд кун, он гох ки Парвардигорашро нидо дод: «Эй Парвардигори ман, маро танҳо вомагузор. Ва Ту беҳтарини ворисонӣ!»
Verse 90
Дуъояшро мустаҷоб кардем ва ба у Яҳёро бахшидем ва занашро барояш шоиста гардонидем. Инҳо дар корҳои нек шитоб мекарданд ва ба биму умед Моро мехонданд ва дар баробари Мо фурӯтан (сархам) буданд.
Verse 91
Ва он занро ёд кун, ки шармгоҳи худро нигоҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худо дар ӯ дамидем ва ӯву фарзандашро барои ҷаҳониён ибрате гардонидем.
Verse 92
Ин шариъати шумост, шариъате ягона. Ва Ман Парвардигори шумоям, Маро бипарастед!
Verse 93
Ва дар дини худ фирқа-фирқа шуданд. Ҳама ба назди Мо бозмегарданд!
Verse 94
Ҳар кас, ки коре шоиста кунад ва имон оварда бошад, кушиши ӯро ношукрӣ нест ва Мо амалҳояшонро менависем.
Verse 95
Ва деҳаеро, ки ба ҳалокат расонидаем, муҳол аст, ки бозгаште дошта бошанд.
Verse 96
То он гоҳ, ки Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шаванд ва онон аз баландиҳо ба шитоб фароянд.
Verse 97
Ва он ваъдаи ростин наздик гардад ва чашмони кофирон ҳамчунон хира монад: «Вой бар мо, мо аз ин ҳол ғофил будем. Балки ситамкор будем!»
Verse 98
Шумо ва он чизҳое, ки ғайри Оллоҳ мепарастидед, ҳезумҳои дӯзах ҳастед. Шумо ба дӯзах хоҳед рафт!
Verse 99
Агар инҳо худоён мебуданд, ба ҷаҳаннам намерафтанд ва ҳол он ки ҳама дар ҷаҳаннам ҷовидонанд.
Verse 100
Онон дар ҷаҳаннам фарёд мекашанд ва дар он ҷо ҳеҷ намешунаванд.
Verse 101
Касоне, ки пеш аз ин муқаррар кардаем, ки ба онҳо некӯӣ кунем, аз дӯзах барканоранд.
Verse 102
Инҳо садои дӯзахро намешунаванд ва дар биҳишт, ки ҳар чӣ хоҳанд, муҳайёст, ҷовидонаанд.
Verse 103
Он ваҳшати бузург ғамгинашон накунад ва фариштагон ба дидорашон оянд, ки ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо ваъда дода буданд.
Verse 104
Рӯзе, ки осмонро чун туморе навишта дар ҳам печонем. Ва чунон ки нахустин бор биёфаридем, офариниш аз сар гирем. Ин ваъдаест, ки бароварданаш бар ӯхдаи Мост ва Мо чунон хоҳем кард.
Verse 105
Ва Мо дар Забур, пас аз Таврот, навиштаем, ки ин заминро бандагони солеҳи Ман ба мерос хоҳанд бурд.
Verse 106
ﮉﮊﮋﮌﮍﮎ
ﮏ
Ва дар ин китоб таблиғест барои мардуми худопараст!
Verse 107
ﮐﮑﮒﮓﮔ
ﮕ
Ва фиристодем туро фақат барои он, ки мехостем ба мардуми ҷаҳон раҳмате ато кунем.
Verse 108
Бигӯ: «Ба ман ваҳй шуда, ки Худой шумо Худоест якто, оё ба Ӯ гардан мениҳед?»
Verse 109
Пас агар рӯйгардон шуданд, бигӯ: «Шуморо хабар додам, то ҳама дар огоҳӣ яксон бошед. Ва ман намедонам, он чӣ шуморо ваъда кардаанд, наздик аст ё дур.
Verse 110
Ӯст, ки медонад ҳар суханеро, ки ба овози баланд гӯед ё дар дил пинҳон доред.
Verse 111
Ва намедонам шояд ин (дер кардани азоб) озмоише барои шумо ва баҳрамандӣ то ба ҳангоми марг бошад».
Verse 112
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ҳақ довари кун. Ва Парвардигори мо бахшоянда аст ва бо вуҷуди он чӣ мегӯед, ҳама аз Ӯ ёрӣ меҷӯянд».
تقدم القراءة