Тарҷумаи сураи ИБРОҲИМ ба الطاجيكية аз Tajik - Tajik translation
Verse 1
ИБРОҲИМ
Алиф, лом, ро. Китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро ба фармони Парвардигорашон аз торикӣ ба рӯшноӣ бибарӣ ва ба роҳи Худои пирӯзманди сутуданӣ (ҳамаи забонҳо шукри Ӯкунанд) роҳ намоӣ.
Verse 2
Худое, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Ӯст! Пас вой бар кофирон аз азобе сахт.
Verse 3
Онҳое, ки зиндагии дунёро аз охират дӯсттар доранд ва дигаронро аз роҳи Худо бозмедоранд ва онро мунҳариф (каҷрав нишон доданашро) мехоҳанд, сахт дар гумроҳӣ ҳастанд.
Verse 4
Ҳар паёмбареро фақат ба забони мардумаш фиристодем, то битавонад паёми Худоро барояшон баён кунад. Пас Худо ҳар киро бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!
Verse 5
Мӯсоро бо оёти худ фиристодем, ки қавми худро аз торикӣ ба рӯшанӣ берун ор ва рӯзҳои Худоро ба ёдашон биёвар. Ва дар ин барои ҳар сабркунандаи шукргузор ибратҳоест!
Verse 6
Ва Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Неъматеро, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ба ёд оваред, он гоҳ ки шуморо аз фиръавниён бираҳонид. Ба сахтӣ озоратон мекарданд ва писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд ва дар ин аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо озмоише бузург буд».
Verse 7
Ва Парвардигоратон эълом кард, ки агар Маро шукр гӯед, бар неъмати шумо меафзоям ва агар ношукрӣ кунед, бидонед, ки азоби Ман сахт аст!
Verse 8
Ва Мӯсо гуфт: «Агар шумо ва ҳамаи мардуми рӯи замин кофир шавед, Худо бениёз ва сазовори ситоиш аст!»
Verse 9
Оё хабари касоне, ки пеш аз шумо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва низ касоне, ки баъд аз онҳо будаанд, ба шумо нарасидааст? Ғайри Худо касеро аз онон огоҳӣ нест. Паёмбаронашон ҳамроҳ бо далоили равшан омаданд ва онҳо даст бар даҳон бурданду гуфтанд: Мо ба он чӣ ба он амр шудаед, имон намеоварем ва дар чизе, ки моро ба он мехонед, сахт дар шубҳа ҳастем».
Verse 10
Паёмбаронашон гуфтанд: «Оё дар Худо — он офаринандаи осмонҳову замин — шакке ҳаст? Шуморо даъват мекунад, то гуноҳонатонро бибахшад ва то муддате муайян шуморо зинда гузорад». Гуфтанд: «Шумо мардумоне монанди мо ҳастед. Мехоҳед моро аз он чӣ падаронамон мепарастиданд, боздоред. Барои мо далеле равшан биёваред!»
Verse 11
Паёмбаронашон гуфтанд: мо мардумоне монанди шумо ҳастем, вале Худо ба ҳар як бандагонаш, ки бихоҳад, миннат ниҳад. Моро нашояд, ки барои шумо далеле, ҷуз ба фармони Худо, биёварем ва мӯъминон бар Худо таваккал кунанд.
Verse 12
Чаро бар Худо таваккал накунем ва ҳол он ки Ӯ роҳи моро ба мо бинамуд? Ва мо бар озоре, ки ба мо мерасонед, сабр хоҳем кард ва таваккалкунандагон бар Худо таваккал кунанд».
Verse 13
Кофирон ба Паёмбаронашон гуфтанд: «Ё шуморо аз сарзамини худ меронем ё ба дини мо бозгардед». Пас Парвардигорашон ба паёмбарон ваҳй кард, ки ситамкоронро ҳалок хоҳем кард.
Verse 14
Ва шуморо пас аз онҳо дар он сарзамин ҷой хоҳем дод, Ин аз они касест, ки аз истодан дар пешгоҳи Ман ва аз ваъдаи азоби Ман битарсад!
Verse 15
ﮣﮤﮥﮦﮧ
ﮨ
Пирӯзӣ хостанд ва ҳар ҷаббори саркаше ноумед шуд.
Verse 16
Пушти сараш ҷаҳаннам аст, то дар он ҷо аз оби чирку хунаш бихӯронанд.
Verse 17
Ҷуръа-ҷуръа онро менӯшад ва ба осонӣ фурӯ набарад ва марг аз ҳар сӯ бар ӯ метозад, аммо намемирад, ва азобе сахт дар интизори ӯст.
Verse 18
Мисоли аъмоли касоне, ки ба Худо кофир шудаанд, чун хокистарест, ки дар рӯзе тӯфонӣ боде сахт бар он бивазад. Тавони нигоҳ доштани он чиро, ки ба даст оварданд, надоранд. Ин аст гӯмроҳии беохир!
Verse 19
Оё надидаӣ, ки Худо осмонҳову заминро ба ҳақ офаридааст? Агар бихоҳад, шуморо аз байн мебарад ва махлуқе нав меоварад.
Verse 20
ﭡﭢﭣﭤﭥ
ﭦ
Ва ин бар Худо душвор нест.
Verse 21
Ҳама дар пешгоҳи Худо ҳозир оянд. Заъифон ба Онҳое, ки такаббурӣ мекарданд, гӯянд: «Мо пайрави шумо будем. Оё акнун метавонед моро ба кор оед ва андаке аз азоби Худоро аз мо дафъ кунед?» Гӯянд: «Агар Худо моро ҳидоят карда буд, мо низ шуморо ҳидоят мекардем. Ҳоло моро роҳи халосӣ нест. Барои мо яксон аст, чӣ бетобӣ кунем, чӣ сабр варзем».
Чун кор ба поён ояд, шайтон гӯяд: «Худо ба шумо ваъда дод ва ваъдаи Ӯ дуруст буд ва ман низ ба шумо ваъда додам, вале ваъдаи худ хилоф кардам. Ва бароятон ҳеҷ далелу бурҳоне наёвардам, фақат ки даъвататон кардам, шумо низ даъвати ман иҷобат кардед, пас маро маломат макунед, худро маломат кунед. На ман фарёдраси шумоям, на шумо фарёдраси ман. Аз ин ки маро пеш аз ин шарики Худо карда будед, безорам». Зеро барои ситамкорон азобест дардовар!
Verse 23
Касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки наҳрҳо дар он ҷорист, дароваранд, ба фармони Парвардигорашон дар он ҷо ҷовидона бимонанд ва ба салом якдигарро таҳийят (салом) гӯянд.
Verse 24
Оё надидаӣ, ки Худо чӣ гуна мисол овард? Сухани пок чун дарахте пок аст, ки решааш дар замин устувор ва шохаҳояш дар осмон аст.
Verse 25
Ба фармони Худо ҳар замон меваи худро медиҳад. Худо барои мардум мисолҳо меоварад, бошад, ки панд гиранд!
Verse 26
Ва мисоли сухани нопок чун дарахте нопок аст, ки реша дар замин надорад ва барпо натавонад монд.
Verse 27
Худо мӯъминонро ба сабаби эътиқоди устуворашон дар дунёву охират пойдор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад ва ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад.
Verse 28
Оё надидаӣ он касонро, ки неъмати Худоро ба куфр иваз сохтанд ва мардуми худро ба диёри ҳалок бурданд?
Verse 29
ﮐﮑﮒﮓﮔ
ﮕ
Ба ҷаҳаннам, он қароргоҳи бад, дохил мешаванд!
Verse 30
Барои Худо шариконе қарор доданд, то мардумро аз роҳи Ӯ гумроҳ созанд. Бигӯ: «Акнун баҳраманд гардед, ки бозгаштатон ба оташ аст».
Verse 31
Ба бандагони Ман, ки имон овардаанд, бигӯ то намоз бигузоранд ва аз он чӣ рӯзиашон додаем, ниҳону ошкоро садақа кунанд, пеш аз он, ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯхте бошад ва на ҳеҷ дӯстие ба кор ояд.
Verse 32
Худост, ки осмонҳову заминро офарид ва аз осмон борон нозил кард ва ба он борон барои рӯзии шумо меваҳо руёнид ва киштиҳоро роми шумо кард то ба фармони Ӯ дар даре равон шаванд ва рӯдҳоро итоаткунандаи шумо сохт.
Verse 33
Ва офтобу моҳро, ки ҳамеша дар ҳаракатанд, роми шумо кард ва шабу рӯзро фармонбари шумо гардонид.
Verse 34
Ва ҳар чӣ аз Ӯ хостед, ба шумо арзонӣ доштааст ва агар хоҳед, ки неъматҳояшро шумор кунед, натавонед, дар ҳақиқат одами ситамкор ва кофири неъмат аст!
Verse 35
Ва Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин сарзаминро тинҷ гардон ва марову фарзандонамро аз парастиши бутон дур бидор.
Verse 36
Эй Парвардигори ман, инҳо бисёре аз мардумро гумроҳ кардаанд, пас ҳар кас, ки аз ман пайравӣ кунад, аз ман аст ва ҳар кас фармони ман набарад, ту омурзандаву меҳрубонӣ!
Verse 37
Эй Парвардигори мо, баъзе аз фарзандонамро ба водии бе ҳеҷ киштае, наздики хонаи гиромии ту ҷой додам, эй Парвардигори мо, то намоз бигузоранд. Дилҳои мардумон чунон кун, ки майли онҳо кунанд ва аз ҳар мевае рӯзиашон деҳ, шояд, ки сипос гузоранд!
Verse 38
Эй Парвардигори мо, ҳар чиро пинҳон медорем, ё ошкор месозем, Ту ба он огоҳӣ. Ва бар Худо ҳеҷ чиз дар замину осмон пӯшида нест!
Verse 39
Сипос Худоеро, ки дар ин пирӣ Исмоилу Исҳоқро ба ман ато кард. Парвардигори ман дуъоҳоро мешунавад!
Verse 40
Эй Парвардигори ман, маро ва фарзандони маро барпойдорандагони намоз гардон. Эй Парвардигори мо, дуъои маро бипазир.
Verse 41
Эй Парвардигори мо, маро ва падару модарам ва ҳамаи мӯъминонро дар рӯзи шумор бибахшоӣ!»
Verse 42
Ва напиндор, ки Худо аз кирдори ситамкорон ғофил аст. Азобашонро то он рӯз, ки чашмҳо дар он хира мемонад, ба дер мепартояд!
Verse 43
Мешитобанд, сарҳоро боло гирифтаанд, чашм бар ҳам намезананд ва дилҳояшон холи аз хирад аст.
Verse 44
Мардумро аз он рӯз, ки азоб фаро мерасад, битарсон. Ситамкорон мегӯянд: «Бор Худоё, моро андаке мӯҳлат дех, то даъвати Туро иҷобат кунем ва ба паёмбаронн Ту пайравӣ кунем». Оё шумо пеш аз ин савганд намехӯрдед, ки ҳаргиз завол намеёбед? (намемиред).
Verse 45
Дар хонаҳои касоне, ки худ бар худ ситам мекарданд, ҷой гирифтед ва донистед бо онон чӣ гуна рафтор кардем ва бароятон мисолҳо овардем.
Verse 46
Онон найрангҳои худ намуданд ва Худо аз найрангҳояшон огоҳ буд. Ҳарчанд, ки аз найрангҳояшор кӯҳ аз пой меафтод.
Verse 47
Мапиндор, ки Худо ваъдаеро, ки ба паёмбаронаш додааст, хилоф мекунад. Худованд пирӯзманд ва интиқомгиранда аст.
Verse 48
Он рӯз, ки замин ба замине ғайри ин замин мубаддал шавад ва осмонҳо ба осмоне дигар ва ҳама дар пешгоҳи Худои воҳиди қаҳҳор ҳозир оянд!
Verse 49
ﮭﮮﮯﮰﮱﯓ
ﯔ
Гунаҳкоронро дар он рӯз ба ғулҳое, ки дастро ба гардан банданд, баста бубинӣ.
Verse 50
ﯕﯖﯗﯘﯙﯚ
ﯛ
Ҷомаҳошон аз қатрон аст ва оташ рӯйҳояшонро пушидааст.
Verse 51
То Худо ҳар касро баробари амалаш ҷазо диҳад, албатта Худо зудҳисобкунанда аст!
Verse 52
Ин паёмест барои мардум то ба он бимнок шаванд ва бидонанд, ки Ӯст Худои якто ва то хирадмандон панд гиранд!
تقدم القراءة