Тарҷумаи сураи АНФОЛ ба الطاجيكية аз Tajik - Tajik translation
Verse 1
АНФОЛ
Туро аз ғаноими (ғаниматҳои) ҷангӣ мепурсанд, бигӯ: «Ғаноими ҷангӣ азони Худову паёмбар аст. Пас агар аз мӯъминон ҳастед, аз Худой битарсед ва бо якдигар ба оштӣ зист кунед ва аз Худову паёмбараш фармон баред!»
Verse 2
Мӯъминон касоне ҳастанд, ки чун номи Худо бурда шавад, хавф дилҳошонро фаро гирад ва чун оёти Худо бар онон хонда шавад, имонашон афзун гардад ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд,
Verse 3
ﭹﭺﭻﭼﭽﭾ
ﭿ
ҳамон касон, ки намоз мегузоранд ва аз он чӣ рӯзиашон додаем, садақа мекунанд.
Verse 4
Инҳо мӯьминони ҳақиқи ҳастанд. Дар назди Парвардигорашон соҳиби дараҷотанд ва мағрифату ризқе некӯ.
Verse 5
Ончунон буд, ки Парвардигорат туро аз хонаат ба ҳақ берун овард, ҳол он ки гурӯҳе аз мӯъминон нохушнуд буданд.
Verse 6
Бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда дар бораи он бо ту муҷодала мекунанд, чунон қадам бармедоранд, ки гуё мебинанд, ки онҳоро ба сӯӣ марг мебаранд.
Verse 7
Ва ба ёд ор он гоҳро, ки Худо ба шумо ваъда дод, ки яке аз он ду гурӯҳ ба дасти шумо афтад ва дӯст доштед, ки он гурӯҳ ки холӣ аз қудрат аст, ба дас ти шумо афтад, ҳол он ки Худо мехост ба суханони уд ҳақро бар ҷои худ нишонад ва решаи кофиронро қатъ кунад,
Verse 8
ҳақро собит ва ноҳақро ночиз гардонад, ҳарчанд гуноҳкорон нохушнуд бошанд.
Verse 9
Ва он гоҳ ки аз Парвардигоратон ёрӣ хостед ва Худо қабул кард, ки ман бо ҳазор фаришта, ки аз паи якдигар меоянд, ёриятон мекунам!
Verse 10
Ва он корро Худо ҷуз барои шодмонии шумо накард ва то дилҳоятон ба он ором гирад. Ва ёрӣ танҳо аз сӯӣ Худост, ки Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!
Verse 11
Ва ба ёд ор он гоҳро, ки Худо чунон эминиатон дода буд, ки хобе сабук шуморо фурӯ гирифт ва аз осмон бароятон бороне борид, то шустушӯятон диҳад на васвасаи шайтонро аз шумо дур кунад ва дилҳоятонро қавӣ гардонад ва қадамҳоятонро устувор созад.
Verse 12
Ва он гоҳро, ки Парвардигорат ба фариштагон ваҳй кард: «Ман бо шумоям Шумо мӯъминонро ба пойдорӣ водоред. Ман дар дилҳои кофирон бим хоҳам андохт. Бар гарданҳояшон бизанед ва ангуштонашонро қатъ кунед!»
Verse 13
Зеро бо Худову паёмбараш ба мухолифат бархостанд. Ва ҳар ки бо Худову паёмбараш мухолифат варзад, бидонад, ки уқубати Худо сахт аст!
Verse 14
ﮱﯓﯔﯕﯖﯗ
ﯘ
Уқубатро бичашед ва азоби оташ аз они кофирон аст!
Verse 15
Эй касоне, ки имон овардаед, чун кофиронро ҳамлавар дидед, ба гурез пушт накунед;
Verse 16
ҷуз онҳо, ки барои ҳамлае бозмегарданд ё онҳо, ки ба ёрии гурӯҳе дигар мераванд, ҳар кас, ки пушт ба душман кунад, мавриди хашми Худо қарор ме-гирад ва ҷойгоҳи ӯ ҷаҳаннам аст ва ҷаҳаннам бад ҷойгоҳест!
Verse 17
Шумо ононро намекуштед. Худо буд, ки онҳоро мекушт. Ва он гоҳ, ки тир меандохтӣ, ту тир намеандохтӣ, Худо буд, ки тир меандохт, то ба мӯъминон неъмате неку арзонӣ дорад, Албатта' Худо шунавову доност!
Verse 18
ﭩﭪﭫﭬﭭﭮ
ﭯ
Инчунин буд! Ва Худо сусткунандаи ҳилаи кофирон аст.
Verse 19
Агар пирӯзӣ хоҳед, пирӯзиятон фаро расид ва агар аз куфр бозистед, бароятон беҳтар аст ва агар бозгардед, бозмегардем ва сипоҳи шумо ҳарчанд фаровон бошад, бароятон нафъе нахоҳад дошт, ки Ху до бо мӯъминон аст.
Verse 20
Эй касоне, ки имон овардаед ба Худову паёмбараш итоъат кунед ва дар ҳоле, ки сухани Ӯро мешунавед, аз Ӯ рӯй бармагардонед.
Verse 21
Ва аз онон мабошед, ки гуфтанд, ки шунидем, дар ҳоле, ки намешуниданд.
Verse 22
Бадтарини ҷонварон дар назди Худо ин карону гунгон ҳастанд, ки дарнамеёбанд.
Verse 23
Ва агар Худо хайре дар онон меёфт, шунавояшон месохт ва агар ҳам ононро шунаво сохта буд, боз ҳам бармегаштанд ва рӯйгардон мешуданд.
Verse 24
Эй касоне, ки имон овардаед, чун Худову паёмбараш шуморо ба чизе даъват кунанд, ки зиндагиятон мебахшад, даъваташонро қабул кунед ва бидонед, ки Худо миёни одамӣ ва қалбаш ҳоил аст ва ҳама ба пешгоҳи Ӯ гирд оварда шавед!
Verse 25
Ва битарсед аз фитнае, ки танҳо ситамкоронатонро дар бар нахоҳад гирифт ва бидонед, ки Худо ба сахтӣ уқубат мекунад!
Verse 26
Ва ба ёд оваред он ҳангомро, ки андак будед ва д а р шумори хоршудагони ин сарзамин бими он доштед, ки мардум шуморо аз миён бардоранд ва Ху до паноҳатон дод ва ёрӣ кард ва пирӯз гардонид ва аз чизҳои покиза рӯзи дод, ки шояд шукр гӯед!
Verse 27
Эй касоне, ки имон овардаед, медонед, ки набояд ба Худову паёмбар хиёнат кунед ва дар амонат набояд хиёнат кунед.
Verse 28
Бидонед, ки молҳоятон ва фарзандонатон василаи озмоиши шумоянд ва музди бузург дар назди Худост.
Verse 29
Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз Худо би тарсед, шуморо биноии шинохти ҳақ аз ботил диҳад ва гуноҳонатонро нест кунад ва шуморо биёмурзад, ки соҳиби фазлу караме бузург аст!
Verse 30
Ва он ҳангомро ба ёд овар, ки кофирон дар бораи ту макре карданд, то дар бандат афкананд ё бикушандат ё аз шаҳр берун созанд. Онон макр кар данд ва Худо низ макр кард ва Худо беҳтарини макркунандагон аст.
Verse 31
Чун оёти Мо бар онҳо хонда шуд, гуфтанд: «Шунидем. Ва агар бихоҳед монанди он мегӯем, ки ин чизе ғайри афсонаҳои пешиниён нест!»
Verse 32
Ва он ҳангомро, ки гуфтанд: «Бор Худое, агар ин ки аз ҷониби ту омада ҳақ аст, бар мо аз осмон бороне аз санг бибор ё азоби дардоваре бар мо бифирист».
Verse 33
З То он гоҳ, ки ту дар миёнашон ҳастӣ. Худо азобашон накунад ва то он гоҳ, ки аз Худо омурзиш металабанд, низ Худо азобашон нахоҳад кард.
Verse 34
Чаро Худо азобашон накунад, ҳол он ки мардумро аз Масҷидулҳаром бозмедоранд ва соҳибони он нестанд? Соҳибони он танҳо парҳезгоронанд, ва ле бештаринашон намедонанд!
Verse 35
Ва дуъояшон дар назди хонаи Каъба ҷуз хуштак кашидан ва даст задан ҳеҷ набуд. Пас ба ҷазои ин коратон азобро бичашед!
Verse 36
Кофирон амволашонро харҷ мекунанд, то мардумро аз роҳи Худо боздоранд. Амволашонро харҷ хоҳанд кард ва ҳасрат хоҳанд бурд, сипас мағлуб мешаванд. Ва кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоваранд!
Verse 37
То Худо нопокро аз пок ҷудо кунад ва нопоконро барҳам занад. Он гоҳ ҳамаро гирд кунад ва ба ҷаҳаннам партояд. Инҳо зиёнкоронанд!
Verse 38
Бо кофирон бигӯй, ки агар даст бардоранд, гуноҳони гузаштаи онҳо бахшида шавад ва агар бозгарданд, донанд, ки бо пешиниён чӣ рафторе шудааст.
Verse 39
Бо онон набард кунед, то дигар фитнае набошад ва дини ҳама дини Худо гардад. Пас агар бозистоданд, Худо кирдорашонро мебинад.
Verse 40
Ва агар рӯй гардонанд, бидонед. ки Худо мавлои шумост, Ӯ мавло ва ёридиҳандаи некӯст!
Verse 41
Ва агар ба Худо ва он чӣ бар бандаи худ дар рӯзи фурқон, ки ду гурӯҳ ба ҳам расиданд, нозил кардаем, имон овардаед, бидонед, ки ҳар гоҳ чизе ба ғанимат гирифтед, хумси (панҷяки) он аз они Худову паёмбар ва хешовандону ятимон ва мискинону дар роҳ мондагон аст. Ва Худо ба ҳар чизе тавоност!
Verse 42
Шумо дар каронаи наздиктари биёбон будед ва онҳо дар каронаи дуртар буданд ва он қофила дар маконе пасттар аз шумо буд. Агар шумо бо якдигар замони ҷангро таъйин мекардед, боз ҳам аз он хилоф меварзидед, то коре, ки Худо муқаррар кардааст, воқеъ шавад, то ҳар кӣ ҳалок мешавад, ба далеле ҳалок шавад ва ҳар кӣ зинда мемонад, ба далеле зинда монад. Албатта Худо шунавову доност!
Verse 43
Дар хоб Худо шуморашонро ба ту андак нишон дод. Агар шумори онҳоро бисёр нишон дода буд, аз тарс нотавон мешудед ва дар тасмим ба ҷанг ба низоъ бармехостед, вале Худованд шуморо аз душманон дар амон дошт, ки Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст!
Verse 44
Ва он гоҳ, ки чун ба ҳам расидед, ононро дар чашми шумо андак намуд ва шуморо низ дар чашми онон андак, то он коре, ки муқаррар дошта буд, воқеъ гардад. Ва ҳамаи корҳо ба Худо бармегардад!
Verse 45
Эй касоне, ки имон овардаед, агар ба гурӯҳе аз душман бархӯрдед, пойдорӣ кунед ва Худоро фаровон ёд кунед, бошад, ки ғолиб шавед.
Verse 46
Ба Худову паёмбараш итоъат кунед ва бо якдигар ба низоъ бармахезед, ки нотавон шавед ва қуввати шумо биравад. Сабр пеша кунед, ки Худо ҳамроҳи собирон аст!
Verse 47
Монанди он касон мабошед, ки сармасти ғурур ва барон худнамоӣ аз диёри худ берун омаданд ва дигаронро аз роҳи Худо боздоштанд. Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунанд, (бо илми худ) иҳота дорад.
Verse 48
Шайтон кирдорашонро дар пазарашон биёрост ва гуфт; «Имрӯз аз мардум касе бар шумо ғолиб намешавад ва ман паноҳи шумоям». Вале чун ду гурӯҳ рӯбарӯ шуданд, ӯ бозгашту гуфт: «Ман аз шу мо безорам, ки чизҳое мебинам, ки шумо намебинед, ман аз Худо метарсам, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад!»
Verse 49
Мунофиқон ва он касоне, ки дар дил беморие доранд, гуфтанд: «Инҳоро динашон фирефта аст». Ва ҳар кас, ки ба Худо таваккул кунад, ӯро пирӯзманд ва ҳаким хоҳад ёфт!
Verse 50
Агар бубинӣ он замонро, ки фариштагон ҷони кофиронро меситонанд ва ба рӯйҳову пушташон мезананд ва мегӯянд: «Азоби сӯзонро бичашед!»
Verse 51
Ин ба ҷазои корҳое буд, ки пеш аз ин карда будед ва Худо ба бандагонаш ситам кунанда нест,
Verse 52
Монанди амали хонадони Фиръавн ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд» Онҳо ба оёти Худо кофир шуданд. Пас Худо онҳоро ба ҷазои гуноҳонашон азоб кард, ки Худо нерӯманд ва сахтуқубат аст!
Verse 53
Зеро Худо неъматеро, ки ба қавме арзонӣ дошта аст, дигаргун насозад, то он қавм худ дигаргун шаванд. Ва Худо шунаво ва доност!
Verse 54
Монанди амали хонадони Фиръавн ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд. Онҳо оёти Парвардигорашонро дурӯғ донистанд ва Мо ба ҷазои гуноҳонашон ҳалокашон кардем ва хонадони Фиръавнро ғарқ сохтем, зеро ҳама ситамкор буданд.
Verse 55
Албатта бадтарин ҷунбандагон дар назди Худо онҳоянд, ки кофир шудаанд ва имон намеоваранд.
Verse 56
Касоне, ки ту аз онон паймон гирифтӣ, сипас паёпай паймони хешро мешикананд ва ҳеҷ наметарсанд.
Verse 57
Пас агар онҳоро дар ҷанг биёбӣ, парокандаашон соз, то пайравонашон низ пароканда шаванд, шояд ки ибрат гиранд.
Verse 58
Агар медонӣ, ки гурӯҳе дар паймон хиёнат мекунанд, ба онон эълом кун, ки монанди худашон амал хоҳӣ кард. Зеро Худо хоинонро дӯст надорад!
Verse 59
Онон, ки кофир шудаанд, напиндоранд, ки растаанд, зеро Худоро нотавон намесозанд.
Verse 60
Ва дар баробари онҳо то метавонед нерӯ ва аспони саворӣ омода кунед, то душманони Худо ва душманони худ ва ғайри онҳоро, ки шумо намешиносед ва Худо мешиносад битарсонед. Ва он чиро, ки дар роҳи Худо харҷ мекунед, ба тамомӣ ба шумо бозгардонда шавад ва ба шумо ситам нашавад.
Verse 61
Ва агар ба сулҳ майл кунанд, ту низ ба сулҳ майл кун. Ва бар Худо таваккал кун, ки Ӯст шунаво ва доно!
Verse 62
Ва агар хостанд, ки туро бифиребанд, Худо ба рои ту кофист. Ӯст, ки туро ба ёрии худ ва ёрии мӯъминон қувват додааст.
Verse 63
Дилҳояшонро ба якдигар меҳрубон сохт. Агар ту ҳамаи он чиро, ки дар рӯи замин аст, харҷ мекарди, дилҳои онҳоро ба якдигар меҳрубон намесохтӣ, Вале Худо дилҳояшонро ба якдигар меҳрубон сохт, ки Ӯ пирузманду ҳаким аст!
Verse 64
Эй паёмбар, Худо ва мӯъминоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд, туро басанд.
Verse 65
Эй паёмбар, мӯъминонро ба ҷанг барангез. Агар аз шумо бист тан бошанд ва дар ҷанг пойдорӣ кунанд, бар дусад тан ғалаба хоҳанд ёфт. Ва агар сад тан бошанд, ба ҳазор тан аз кофирон пирӯз мешаванд. Зеро онон мардуме маҳрум аз фаҳманд.
Verse 66
Акнун Худо коратонро сабук кард ва аз нотавониятон огоҳ шуд. Агар аз шумо сад тан бошанд ва дар ҷанг сабр кунанд. бар дусад тан пирӯз мешаванд. Ва агар аз шумо ҳазор тан бошанд, ба ёрии Худо бар ду ҳазор тан пирӯз мешаванд. Ва Худо бо онҳост, ки сабр мекунанд!
Verse 67
Барои ҳеҷ паёмбаре насазад* ки асирон дошта бошад, то ки дар рӯи замин куштори бисёр кунад. Шумо матоъи инҷаҳониро мехоҳед ва Худо охиратро мехоҳад. Ва Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!
Verse 68
Агар пеш аз ин аз ҷониби Худо ҳукме нашуда буд, ба сабаби он чӣ гирифта будед, азобе бузург ба шумо мерасид.
Verse 69
Аз он чӣ ба ғанимат гирифтаед, ки ҳалол асту покиза, бихӯрел. Ва аз Худо битарсед. Албатта Худо бахшандаву меҳрубон аст!
Verse 70
Эй паёмбар, ба асироне, ки дар дасти шумо ҳастанд, бигӯ: «Агар Худо дар дилҳоятон нишони имон бубинад, беҳтар аз он чӣ аз шумо гирифта шуда, ба шумо хоҳад дод на шуморо мебахшад ва Худо бахшандаву меҳрубон аст!»
Verse 71
Агар қасди хиёнат ба туро дошта бошанд, пеш аа ин ба Худо хиёнат намудаанд ва Худо туро бар онҳо нусрат додааст, ки донову ҳаким аст!
Онон, ки имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд ва онон, ки ба муҳоҷирон ҷой дода ва ёриашон кардаанд, ёру дӯсти якдигаранд. Ва онон, ки имон овардаанд, ва муҳоҷират накардаанд, ёру дӯсти шумо нестанд, то он гоҳ ки муҳоҷират кунанд. Вале агар шуморо ба ёрӣ талабиданд, бояд ба ёриашон бархезед. ғайри он, ки бар зидди он гурӯҳе бошад, ки миёни шумо ва онҳо паймоне баста шуда бошад. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, биност!
Verse 73
Кофирон низ ёру дӯсти якдигаранд. Агар риояи он накунед, фитнаву фасоде бузург дар он сарзамин падид хоҳад омад.
Verse 74
Онон, ки имон овардаанд, ва муҳочират карда анд ва дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд ва онон, ки ҷояшон додаанд ва ёриашон кардаанд, ба ҳақиқат мӯъминонанд, бахшоиш ва рӯзии некӯ аз они онҳост.
Verse 75
Ва касоне, ки баъдан имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд ва ҳамроҳи шумо ҷиҳод кардаанд, аз шумо ҳастанд. Ба ҳукми китоби Худо хешовандон ба якдигар сазовортаранд. Ва Худо бар ҳар чизе доност!
تقدم القراءة