ﮔ
surah.translation
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1. (Эй Паёмбар асҳобат) туро аз ғаниматҳои (1) ҷанги "Бадр" мепурсанд, (чи гуна ва бар чи касон онҳоро тақсим менамоӣ?) Бигӯ (барояшон): «Ғаниматҳои ҷангӣ аз они Аллоҳу паёмбар аст. (Пас Расул ба амри Парвардигораш онро тақсим менамояд.) Агар аз мӯъминон ҳастед, аз азоби Аллоҳ битарсед ва бар маъсияти Ӯ пеш наоед ва ба сабаби молҳо байни якдигар кашмакашӣ ва душманӣ макунед ва бо якдигар ба оштӣ зиндагӣ кунед ва аз Аллоҳу паёмбараш фармон баред!»(2)
____________________
1. Молҳое, ки ба ҷанг насиби муъминон гардидаанд
2. Тафсири Ибни Касир 4\ 10
____________________
1. Молҳое, ки ба ҷанг насиби муъминон гардидаанд
2. Тафсири Ибни Касир 4\ 10
2. Мӯъминон касоне ҳастанд, ки чун номи Аллоҳ
зикр карда шавад, хавф дилҳояшонро фаро гирад ва чун оёти Аллоҳ бар онон хонда шавад, имонашон ба сабаби андеша кардани оёташ афзун гардад ва бар Парвардигорашон таввакал мекунанд ва умед ба ҷуз Ӯ надоранд ва ғайр аз Ӯ аз касе намеҳаросанд, (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/385
зикр карда шавад, хавф дилҳояшонро фаро гирад ва чун оёти Аллоҳ бар онон хонда шавад, имонашон ба сабаби андеша кардани оёташ афзун гардад ва бар Парвардигорашон таввакал мекунанд ва умед ба ҷуз Ӯ надоранд ва ғайр аз Ӯ аз касе намеҳаросанд, (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/385
3. касоне, ки намози фарзиро дар вақташ мегузоранд ва аз он чӣ рӯзияшон додаем, садақа мекунанд.
4. Инҳо мӯъминони ҳақиқӣ ҳастанд дар зоҳир ва ҳам дар ботин. Дар назди Парвардигорашон соҳиби дараҷот ва омӯрзишу ризқи пок ҳастанд. (Ва он ҷаннат аст.) (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/315
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/315
5. Чунон ки шумо дар ғаниматҳо кашмакаш кардед, Аллоҳ онҳоро аз шумо баргирифт ва тақсимоти онҳоро ба худ ва расулаш қарор кард. Инчунин Парвардигорат фармоиш дод, ки туро аз хонаат (1) ба ҳақ берун кунад ва берун омадани ту ба тариқи ваҳй буд, ки Ҷабраил бароят овард, ҳол он ки гурӯҳе аз мӯъминон нохушнуд буданд ба вохӯрии ҷанги мушрикон. (2)
____________________
1. Барои сайди корвони Қурайш 2. Тафсири Ибни касир 4/14
____________________
1. Барои сайди корвони Қурайш 2. Тафсири Ибни касир 4/14
6.(Эй Муҳаммад, чун барои онҳо ҳақ равшан шуд, ки ҷанг ба вуқуъ хоҳад пайваст,) гурӯҳе аз мӯъминон дар бораи ҷанг бо Паёмбар муҷодала намуданд ва рӯ ба рӯ шудани душманро написандиданд, ки гӯё онҳоро ба сӯи марг меронанд ва онҳо ба он менигаранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/315
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/315
7.Ва ба ёд оваред онгоҳ, ки Аллоҳ ба шумо ваъда дод, яке аз ду гурӯҳ (яъне, корвони тиҷорати Қурайш ё ҷанги душман) аз они шумост ва бар он пирӯз мешавед. Ва шумо дӯст доштед, ки гурӯҳе насиби шумо гардад, ки қудрат ва силоҳ надоред, вале Аллоҳ мехоҳад, ки ҳақро бо суханонаш ошкор ва устувор бигардонад ва кофиронро решакан созад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/398
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/398
8.Аллоҳ мехост, то дини ҳақро собит ва ботилро (ширк ва аҳли онро) нобуд гардонад, ҳарчанд мушрикони гунаҳкор хушнуд набошанд.
9. Ва ба ёд оред он неъматеро, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ кард дар ҷанги Бадр, он гоҳ, ки аз Парвардигоратон ёрӣ хостед ва Аллоҳ дуъои шуморо бипазируфт, ки Ман бо ҳазор фариштаи аз паи якдигар оянда, ёриатон мекунам! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/316
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/316
10. Ва Аллоҳ ин мададро (яъне, фиристонидани фариштагонро) накард, магар барои шодмонии шумо, то дилҳоятон ба он ором гирад. Ва ёрӣ танҳо аз сӯи Аллоҳ аст на аз қуввату тавоноии шумо, ки Ӯ пирӯзманд аст дар мулкаш ва дар тадбиру шариаташ бо ҳикмат аст!
11. Ва ба ёд оред он замонеро, ки Аллоҳ аз хавфи душманатон чунон оромиатон дода буд, ки хоби сабуке шуморо фурӯ гирифт ва аз осмон бароятон бороне борид, то зоҳири шуморо ба он пок кунад ва ботинатонро аз васвасаҳои шайтон дур намояд ва дилҳоятонро бо сабр кардан дар муқобили душман қавӣ гардонад ва қадамҳоятонро устувор созад. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/421
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/421
12. (Ва ба ёд ор эй Паёмбар он замонеро, ки) Парвардигорат ба фариштагон (ононе ки мусалмононро дар ҷанги Бадр ёрӣ доданд) ваҳй кард: «Ман бо шумоям. Шумо дилҳои мӯъминонро устувор созед. Ман дар дилҳои кофирон бим хоҳам афканд. гарданҳояшонро бизанед (1) ва тамоми пайвандҳои узви онҳоро бизанед!»
____________________
1. Ин хитоб ба фариштагон аст ё ба мӯъминон, ки Аллоҳ онҳоро меомӯзонад, ки чи гуна бо мушрикон биҷанганд ва раҳм накунанд. Тафсири Саъдӣ 1/316
____________________
1. Ин хитоб ба фариштагон аст ё ба мӯъминон, ки Аллоҳ онҳоро меомӯзонад, ки чи гуна бо мушрикон биҷанганд ва раҳм накунанд. Тафсири Саъдӣ 1/316
13. Зеро ин ба он сабаб аст, ки бо Аллоҳу паёмбараш ба мухолифат бархостанд.
Ва ҳар ки бо Аллоҳу паёмбараш мухолифат варзад, бидонад, ки уқубати Аллоҳ сахт аст!
Ва ҳар ки бо Аллоҳу паёмбараш мухолифат варзад, бидонад, ки уқубати Аллоҳ сахт аст!
14. Ин азобро бичашед ва ин азоби шумо дар дунёст ва дар охират азоби оташ барои кофирон аст!
15. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, чун бо кофирон дар ҷанг рӯ ба рӯ шудед, пас пушт нагардонед ва нагурезед, балки собитқадам бошед ва дар баробари сахтиҳои ин кор сабр кунед.
Зеро ин амр боиси нусрат ва пирӯзии дини Аллоҳ мешавад. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/435
Зеро ин амр боиси нусрат ва пирӯзии дини Аллоҳ мешавад. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/435
16. Ва ҳар кӣ аз онон дар вақти ҷанг пушти худро бигардонад ва рӯ ба гурез кунад, -магар он ки ҳадафаш аз канорагирӣ барои ҳамлаи дубора ё ба қасди пайвастан ба гӯруҳи дигар бошад- пас, мавриди хашми Аллоҳ қарор мегирад ва ҷойгоҳи
ӯ ҷаҳаннам аст ва чи бад ҷойгоҳест!
ӯ ҷаҳаннам аст ва чи бад ҷойгоҳест!
17. Шумо ононро намекуштед ба тавоноӣ ва қудрати худ, Аллоҳ буд, ки онҳоро мекушт бо ин ки шуморо бар куштани онҳо қодир гардонид.
Ва он гоҳ, ки рег ба сӯи онон андохтӣ, бар рӯи мушрикон бирасид, ту наяндохтӣ, балки Аллоҳ андохт то мӯъминонро хуб биозмояд ва ба василаи ҷиҳод ба болотарин дараҷаҳо бирасонад. Ва неъмати худашро бар онҳо шиносонад, то ки шукри Ӯро ба ҷо оранд. Албатта, Аллоҳ ба дуъо ва гуфтаҳое, ки пинҳон ё ошкор медоред, шунаво аст ва он чи дар он салоҳи бандагонаш аст, доност! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/448 ва тафсири Бағавӣ 3/339
Ва он гоҳ, ки рег ба сӯи онон андохтӣ, бар рӯи мушрикон бирасид, ту наяндохтӣ, балки Аллоҳ андохт то мӯъминонро хуб биозмояд ва ба василаи ҷиҳод ба болотарин дараҷаҳо бирасонад. Ва неъмати худашро бар онҳо шиносонад, то ки шукри Ӯро ба ҷо оранд. Албатта, Аллоҳ ба дуъо ва гуфтаҳое, ки пинҳон ё ошкор медоред, шунаво аст ва он чи дар он салоҳи бандагонаш аст, доност! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/448 ва тафсири Бағавӣ 3/339
18. Ин пирӯзӣ аз ҷониби Аллоҳ буд, ки ба шумо расид! Ва Аллоҳ (дар оянда) заъифкунандаи ҳилаи кофирон аст, ё барои ҳақ сар фурӯ меоранд ё ҳалок мешаванд. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни касир 4/32
____________________
1. Тафсири Ибни касир 4/32
19. (Эй мушрикон), агар пирӯзии гурӯҳи ҳақро металабед, инак пирӯзӣ ба суроғи шумо омадааст (яъне, Муҳаммадро бар шумо нусрат додем)
ва агар аз куфр бозистед, бароятон беҳтар аст ва агар бозгардед ба ҷанги зидди Муҳаммад, бозмегардем боз Муҳаммадро бар шумо нусрат медиҳем, он гуна ки дар Бадр шикаст ҳӯрдед ва гурӯҳи шумо ҳарчанд бисёр бошад, бароятон суде нахоҳад дошт, ки Аллоҳ бо мӯъминон аст бо кӯмак ва нусрати худ. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/343
ва агар аз куфр бозистед, бароятон беҳтар аст ва агар бозгардед ба ҷанги зидди Муҳаммад, бозмегардем боз Муҳаммадро бар шумо нусрат медиҳем, он гуна ки дар Бадр шикаст ҳӯрдед ва гурӯҳи шумо ҳарчанд бисёр бошад, бароятон суде нахоҳад дошт, ки Аллоҳ бо мӯъминон аст бо кӯмак ва нусрати худ. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/343
20. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед ба он чи ки шуморо фармудааст ва аз он чи ки
шуморо манъ кардааст ва тарки тоъати Ӯ ва расулаш макунед, дар ҳоле, ки сухани ӯро мешунавед аз он чи ки тиловат карда мешавад бароятон аз Қуръон. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/343 ва Ибни Касир 4/33
шуморо манъ кардааст ва тарки тоъати Ӯ ва расулаш макунед, дар ҳоле, ки сухани ӯро мешунавед аз он чи ки тиловат карда мешавад бароятон аз Қуръон. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/343 ва Ибни Касир 4/33
21. Ва (эй мӯъминон), дар мухолифати амри Аллоҳ ва расулаш монанди мушрикон ва мунофиқоне мабошед, ки оятҳои Аллоҳ бар онҳо хонда мешуд, гуфтанд, ки шунидем, дар ҳоле, ки намешуниданд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/458
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/458
22. Ба дурустӣ бадтарини ҷонварон дар назди Аллоҳ ин карону (касоне, ки ҳақро намешунаванд) гунгон (касоне, ки ҳақро намегӯянд) ҳастанд, ки ба ақл (амр ва наҳйи Аллоҳро) дарнамеёбанд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/459
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/459
23. Ва агар дар онон Аллоҳ хайре меёфт, ҳақро ба онҳо мешунавонид, лекин медонад дар онҳо хайре нест ва имон намеоранд ва агар ҳам ба онон ҳақро мешунавонд аз сабаби саркашӣ ва инкорашон ҳақро, боз ҳам бармегаштанд ва аз ҳақ руй мегардониданд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/343
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/343
24. Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед, ки Ӯ Парвардигори шумост ва ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки ӯ паёмбар ва фиристодаи Ӯст, чун Аллоҳу паёмбараш шуморо ба чизе фаро хонанд, ки зиндагиятон мебахшад (зиндагии маънавӣ, яъне шуморо ба сӯи дини ҳақ ва имон мехонад), даъваташонро иҷобат кунед ва эй мӯъминон бидонед, ки Аллоҳ миёни одамӣ ва қалбаш ҳоил аст (1) ва ҷамиъи ашё зери тасарруфи Ӯ ҳастанд. Сазовор аст, ки даъваташ пазируфта шавад ва бидонед, ки ҳама ба пешгоҳи Ӯ гирд оварда шавед! Ва некӯкорро ба некӯияш подош дода мешавад ва бадкорро ба бадиаш ҷазо дода мешавад. (2)
____________________
1. Дилҳоро ба ҳар тараф, ки бихоҳад, мегардонад2. Тафсири Табарӣ 13 \ 472
____________________
1. Дилҳоро ба ҳар тараф, ки бихоҳад, мегардонад2. Тафсири Табарӣ 13 \ 472
25. Ва эй мӯъминон, битарсед аз фитнае (бало ва азоб), ки танҳо ситамкоронатонро (1) дар бар нахоҳад гирифт ва бидонед, ки Аллоҳ касеро, ки
ба мухолифати амр ва нахяш барояд, ба сахтӣ уқубат мекунад!
____________________
1. Мумкин аст шумии ин ба солеҳон бирасад.
ба мухолифати амр ва нахяш барояд, ба сахтӣ уқубат мекунад!
____________________
1. Мумкин аст шумии ин ба солеҳон бирасад.
26. Ва ба ёд оваред, (эй мӯъминон), неъматеро, ки бар шумо арзонӣ кард, он замонеро, ки андак будед ва дар шумори хоршудагони ин сарзамини Макка будед ва бими он доштед, ки мардум шуморо аз миён бардоранд ва Аллоҳ паноҳатон дод дар Мадина ва ёрӣ кард ва пирӯзатон гардонид дар Бадр ва аз чизҳои покиза рӯзиатон дод, бошад, ки шукргузорӣ кунед!
27. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед ба Аллоҳ ва паёмбараш хиёнат макунед ва низ дар амонатҳои худатон хиёнат макунед ва худ медонед, ки он амонат аст ва вафо намудан бар он воҷиб аст. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 3/486
____________________
1. Тафсири Табарӣ 3/486
28. Эй мӯъминон, бидонед, ки дороиҳо ва фарзандон василаи озмоиши шумоянд, то шуморо маълум бидорад оё шумо Ӯро шукр мекунед ва итоъаташро ба ҷо меоред ё шуморо молу фарзанд аз тоъаташ машғул месозад ва бидонед, ки подоши бузург дар назди Аллоҳ аст. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4/42
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4/42
29. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, агар аз Аллоҳ битарсед (ба анҷом додани амрҳояш
ва дур будан аз манъ кардаҳояш), шуморо биноии шинохти ҳақ аз ботил диҳад ва гуноҳонатонро маҳв созад ва шуморо биёмӯрзад, ки Аллоҳ соҳиби фазлу карами (1) бузург аст! (2)
____________________
1. Бахшиш 2. Тафсири Бағавӣ 3/349
ва дур будан аз манъ кардаҳояш), шуморо биноии шинохти ҳақ аз ботил диҳад ва гуноҳонатонро маҳв созад ва шуморо биёмӯрзад, ки Аллоҳ соҳиби фазлу карами (1) бузург аст! (2)
____________________
1. Бахшиш 2. Тафсири Бағавӣ 3/349
30. Ва он ҳангомро ба ёд овар, ки кофирон дар бораи ту нақша мекашиданд, то дар зиндонат афкананд ё бикушандат ё аз шаҳри Макка берунат созанд. Онон нақша мекашиданд ва Аллоҳ низ макру ҳиллаи онҳоро ботил мекард ва Аллоҳ беҳтарини тадбиркунандагон аст.
31. Чун оёти Мо хонда шуд бар онон, ки аз рӯи ҷаҳл ва саркашиашон ба Аллоҳ ва оятҳои Қуръон кофир шуданд, гуфтанд: «Шунидем
ва агар мехостем қатъан мо ҳам мисли ин Қуръонро мегуфтем, (вале аз рӯи саркашиашон гуфтанд), ки ин Қуръон ғайр аз афсонаҳои пешиниён чизи дигаре нест!» (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/320
ва агар мехостем қатъан мо ҳам мисли ин Қуръонро мегуфтем, (вале аз рӯи саркашиашон гуфтанд), ки ин Қуръон ғайр аз афсонаҳои пешиниён чизи дигаре нест!» (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/320
32. Ва эй Паёмбар сухани мушриконро ба ёд овар), ки гуфтанд: «Бор Илоҳо, агар ин (Муҳаммад) аз ҷониби Ту омадаву ҳақ аст, бар мо аз осмон бороне аз санг бибор ё азобе дардоваре бар мо бифирист».
33. То он гоҳ, ки ту (эй Расул), дар миёнашон ҳастӣ, Аллоҳ ин мушриконро азоб накунад ва то он гоҳ, ки аз Аллоҳ омӯрзиш металабанд, низ Аллоҳ азобашон нахоҳад кард.
34. Чаро Аллоҳ мушриконро азоб накунад, ҳол он ки дӯстонаш (мӯъминон)- ро аз тавоф кардан
ва намоз гузоридан дар Масҷидулҳаром бозмедоранд ва соҳибони он нестанд? Соҳибони он танҳо парҳезгоронанд, ки фарзҳои Аллоҳро барпо медоранд ва аз нофармонии Ӯ дур меистанд, вале бештаринашон намедонанд! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/354
ва намоз гузоридан дар Масҷидулҳаром бозмедоранд ва соҳибони он нестанд? Соҳибони он танҳо парҳезгоронанд, ки фарзҳои Аллоҳро барпо медоранд ва аз нофармонии Ӯ дур меистанд, вале бештаринашон намедонанд! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/354
35. Ва намози мушрикон дар назди хонаи Каъба ҷуз ҳуштак кашидан ва кафкубӣ чизи дигаре нест. Пас ба подоши куфратон азоби қатл ва асириро, ки дар рӯзи Бадр ба онон расид, бичашед! (1)
____________________
1. Гурӯҳе кушта шуданд ва гурӯҳи дигаре ба асир гирифта шуданд. Тафсири Ибни Касир 4\53
____________________
1. Гурӯҳе кушта шуданд ва гурӯҳи дигаре ба асир гирифта шуданд. Тафсири Ибни Касир 4\53
36. Онон, ки ягонагии Аллоҳро инкор карданд ва паёмбарашро нофармонӣ карданд, амволашонро харҷ мекунанд ва ба мушрикон ва гумроҳон медиҳанд, то мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоранд. Молҳояшонро харҷ хоҳанд кард ва ҳасрат хоҳанд бурд, мехоҳанд, ки нури Аллоҳро хомӯш кунанд, сипас бо дасти мӯъминон мағлуб мешаванд. Ва кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоваранд! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/529
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/529
37. То Аллоҳ нопокро аз пок ҷудо намояд ва нопоконро баъзеро бо баъзеи дигар рӯи ҳам биниҳад. Он гоҳ ҳамаро гирд оварад ва ба
ҷаҳаннам афканад. Инҳо кофирон дар дунёву охират зиёнкоронанд!
ҷаҳаннам афканад. Инҳо кофирон дар дунёву охират зиёнкоронанд!
38. Ба кофирони қавмат, (ки ягонагии Аллоҳро инкор карданд), бигӯй, ки агар бозистанд аз куфр (ва душманиашон бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба сӯи имон бозгарданд,) гуноҳони гузаштаи онҳо омӯрзида мешавад ва агар бозгарданд ва давомат кунанд бар куфрашон, донанд, ки бо пешиниён чӣ рафторе шудааст (яъне Аллоҳ паёмбаронашро нусрат медиҳад ва душманонашро ҳалок мегардонад). (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/356
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/356
39. Эй мӯъминон бо мушрикон биҷангед, то дигар фитнае (ширк) набошад ва дин, ҳама дини Аллоҳ гардад. Пас бало аз бандагони Аллоҳ бардошта мешавад. Пас агар бозистоданд (аз ширк), Аллоҳ кирдорашонро мебинад ва чизе бар Ӯ пӯшида ва пинҳон намемонад. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/537
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/537
40. Ва агар ин мушрикон рӯй гардонанд аз даъват карданатон онҳоро ба сӯи имон (ба Аллоҳ ва расулаш) ва бо шумо ҷанг накарданро ва бар куфр ва ҷангидани шумо барпой истанд, пас бидонед, ки Аллоҳ мавлои (1) шумост Ӯ мавло ва ёридиҳандаи некӯст! (2)
____________________
1. Мададгор ва сарпараст 2. Барои дӯстонаш. Тафсири Бағавӣ 3/357
____________________
1. Мададгор ва сарпараст 2. Барои дӯстонаш. Тафсири Бағавӣ 3/357
41. Ва бидонед, ки ончи (моле), ки ғанимат ёфтед аз кофирон ва он мол аз ҳар ҷинсе, ки бошад, пас аз панҷ як ҳиссааш аз они Аллоҳ ва паёмбар ва хешовандони Паёмбар (ки қабилаи Ҳошим ва Мутталибанд) ва ятимон, мискинҳо, мусофирон аст, агар имон овардед ба Аллоҳ ва Қуръоне, ки фиристодем ба бандаи худ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар он рӯзе, ки ҷудо шуд ҳақ аз ботил ва рӯзе, ки ба ҳам омаданд он ду гурӯҳ (1) ва Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност. (2)
____________________
1. Яъне, гӯруҳе аз мӯъминон ва гӯруҳе аз мушрикон
2. Тафсири Саъдӣ 1 \ 321
____________________
1. Яъне, гӯруҳе аз мӯъминон ва гӯруҳе аз мушрикон
2. Тафсири Саъдӣ 1 \ 321
42. Ба ёд оред, ҳангоме ки шумо дар канораи водии наздиктар (ба Мадина) будед ва душманони шумо дар канораи водии дуртар (аз Мадина) буданд ва он корвон дар маконе поинтар (аз соҳили баҳри Сурх) аз шумо буд. Агар шумо бо якдигар замони ҷангро таъйин мекардед, боз ҳам аз он хилоф меварзидед, то коре, ки Аллоҳ муқаррар кардааст, воқеъ шавад, то ҳар ки ҳалок мешавад, ба далеле ҳалок шавад ва ҳар ки зинда мемонад, ба далеле зинда монад. Ва ба дурустӣ, ки Аллоҳ ба гуфтори ҳар ду гурӯҳ шунавост ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад ва ба ниятҳои шумо доност!
43. Ба ёд ор (эй Паёмбар), Аллоҳ дар хоб миқдори душманонатро ба ту кам нишон дод. Пас мӯъминонро ба ин хабар додӣ, дилашон қувват пайдо кард ва бар ҷанги онҳо ҷасорат пайдо карданд. Агар шумораи онҳоро бисёр нишон медод, аз тарс нотавон мешудед ва дар тасмим ба ҷанг ба низоъ (ихтилоф) бармехостед, вале Аллоҳ шуморо аз душманон дар амон дошт, ки Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/364
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/364
44. Ва он гоҳ, ки чун ба ҳам расидед, ононро дар чашми шумо кам намуд ва шуморо низ дар чашми онон кам намудор кард, то ду гурӯҳ ба ҳамдигар ҳамлавар шаванд ва то Аллоҳ кореро, ки шуданӣ буд, ба анҷом расонад (ва он пирӯзии мусалмонон ва шикаст ва расвоии кофирон ва кушта шудани раҳбарони онон аст). Ва ҳамаи корҳо ба Аллоҳ бармегардад! Ва Аллоҳ покро аз нопок ҷудо месозад. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/322
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/322
45. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, агар ба гурӯҳе аз душман бархӯрдед, пойдорӣ кунед ва Аллоҳро бисёр ёд кунед, то нусраташро ба шумо арзонӣ намояд, бошад, ки пирӯз шавед. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/574
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/574
46. Ва ба Аллоҳу паёмбараш итоъат кунед ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон ва буздил шавед ва давлату қуввати шумо
биравад. Дар муқобили душман сабр пеша гиред, ки Аллоҳ ҳамроҳи собирон аст! Онҳоро нусрат диҳад ва хорашон нагардонад. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/575
биравад. Дар муқобили душман сабр пеша гиред, ки Аллоҳ ҳамроҳи собирон аст! Онҳоро нусрат диҳад ва хорашон нагардонад. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/575
47. Монанди он касон (мушрикон) мабошед, ки сармасти мағрур ва барои худнамоӣ аз диёри хеш берун омаданд ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд.
Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунанд, иҳота (огоҳии комил) дорад.
Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунанд, иҳота (огоҳии комил) дорад.
48. Ба ёд оред, вақте ки шайтон кирдори мушриконро дар назарашон биёрост ва барояшон гуфт: «Имрӯз аз мардум касе бар шумо пирӯз намешавад ва ман паноҳдиҳандаи шумоям». Вале чун ду гурӯҳ рӯ ба рӯ шуданд; мушрикон ҳамроҳи шайтон ва мӯъминон ҳамроҳи фариштагон шуданд. Ӯ (шайтон) бозгашту гуфт: «Ҳароина ман аз шумо безорам, дар ҳақиқат ман чизҳоеро мебинам, ки шумо намебинед, (яъне шайтон нишонаҳои пирӯзии мусалмононро бо мадади Аллоҳ аз тариқи фиристодани фириштагон
дид ва гуфт, ки) ман аз Аллоҳ метарсам, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад шахсеро, ки ба Ӯ нофармонӣ кунад!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/366
дид ва гуфт, ки) ман аз Аллоҳ метарсам, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад шахсеро, ки ба Ӯ нофармонӣ кунад!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/366
49. Ба ёд оред, вақте ки аҳли ширк ва мунофиқон ва он касоне, ки дар дил беморие доранд, ҳол он ки медиданд, ки мусалмонон андакеанд ва душманонашон бисёр, гуфтанд: «Дини инҳо (яъне мусалмонон) фирефта аст». Ва инҳо (мунофиқон) дарк накарданд, ки ҳар кас, ки
ба Аллоҳ таваккал кунад ва ба ваъдаи Ӯ шак накунад, Аллоҳ ӯро хор накунад, ба дурустӣ, ки Аллоҳ тавоно аст ва ҳеҷ нерӯе наметавонад Ӯро шикаст диҳад ва дар он чи тақдир карда иҷро намудааст, бо ҳикмат мебошад! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/322
ба Аллоҳ таваккал кунад ва ба ваъдаи Ӯ шак накунад, Аллоҳ ӯро хор накунад, ба дурустӣ, ки Аллоҳ тавоно аст ва ҳеҷ нерӯе наметавонад Ӯро шикаст диҳад ва дар он чи тақдир карда иҷро намудааст, бо ҳикмат мебошад! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/322
50. (Эй Расул), агар бубинӣ он замонро, ки фариштагон ҷони кофиронро меситонанд ва ба рӯю пушташон мезананд ва мегӯянд: «Азоби сӯзонро бичашед!»
51. Ин азоб ба сабаби он кирдорҳоест, ки пеш аз ин карда будед ва Аллоҳ ба бандагонаш мисқоли заррае ситам раво намедорад.
52. Кирдори мушрикони Қурайш, ки дар ҷанги Бадр кушта шуданд, ба монанди одати қавми Фиръавн буд ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, онҳо ба оёти Аллоҳ кофир шуданд. Пас Аллоҳ онҳоро ба ҷазои гуноҳонашон азоб кард, ки Аллоҳ нерӯманд ва сахтуқубат аст! Ва ҳар касро ки бихоҳад бигирад, ӯ наметавонад Аллоҳро нотавон намояд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/323 ва Тафсири Табарӣ 13/18
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/323 ва Тафсири Табарӣ 13/18
53. Ин ҷазои бад ба он хотираст, ки Аллоҳ неъматеро, ки ба қавме арзонӣ доштааст, дигаргун насозад, то ҳоли худро аз итоъат кардан ба анҷом додани гуноҳ тағйир диҳанд ва дар муқобили неъмат носипосӣ кунанд. Ва Аллоҳ ба гуфтори халқаш шунаво ва ба ҳолашон доност!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/324
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/324
54. Ҳоли инҳо (кофирон) монанди одати қавми Фиръавн буд, ки Мӯсоро дурӯғгӯй бароварданд ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, онҳо оёти Парвардигорашонро дурӯғ шумориданд ва Мо ба ҷазои гуноҳонашон ҳалокашон кардем ва қавми Фиръавнро ғарқ сохтем, зеро ҳама ситамгор буданд. Пас инчунин онҳоро ҳалок кардем дар Бадр ва баъзеашонро бо асир афтодан хор кардем. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/21
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/21
55. Албатта, бадтарин ҷунбандагон (инсонҳо) дар назди Аллоҳ онҳоянд, ки кофир шудаанд ва бар куфри худ давомат карданд ва ба расулони Аллоҳ имон намеоваранд ва ягонагии Ӯро иқрор намекунанд ва ба шариъати Ӯ низ пайравӣ намекунанд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/21
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/21
56. Касоне, ки ту аз онон (аз яҳудиёни Қурайза) паймон гирифтӣ, ки бо ту ҷанг намекунанд, сипас паёпай паймони хешро мешикананд ва бо шикастани паймонашон аз Аллоҳ наметарсанд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/369
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/369
57. пас агар онҳоро (1) дар ҷанг биёбӣ, парокандаашон соз (бо куштан), то пайравонашон низ пароканда шаванд ва ба ин гуна корашон ҷуръат накунанд ва низ дигар душманон (аз арабҳо ва ғайрашон) битарсанд ва бошад, ки ибрат гиранд (2)
____________________
1. Аҳду паймон шиканандагонро
2. Тафсири Табарӣ 14\24
____________________
1. Аҳду паймон шиканандагонро
2. Тафсири Табарӣ 14\24
58. Эй Расул, агар тарсидӣ, ки гурӯҳе дар паймон хиёнат меварзанд, ба онон эълон кун, ки байни ману шумо паймоне боқӣ намондааст, (яъне ҳар ду гурӯҳ донанд, ки байнашон паймоне намондааст) монанди худашон амал хоҳӣ кард. Зеро Аллоҳ хоинони аҳдшиканро дӯст надорад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/324
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/324
59. Онон, ки кофир шудаанд, напиндоранд, ки пешдастӣ кардаанд (яъне, аз қудрати Аллоҳ берун шудаанд ва ӯ онҳоро ҷазо дода наметавонад), (1) зеро Аллоҳро нотавон карда наметавонанд.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/324
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/324
60. Ва (эй мусалмонон), дар баробари душманонатон метавонед нерӯ ва аспони саворӣ омода кунед, то душманони Аллоҳ ва душманони худ ва ғайри онҳоро, ки шумо онҳоро намешиносед ва Аллоҳ мешиносад, битарсонед. Ва он чиро, ки дар роҳи Аллоҳ харҷ мекунед, (андак ё бисёр) подоши он дар рӯзи қиёмат ба пурраги ба шумо бозгардонда шавад ва аз савоби он аз шумо кам карда нашавад. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/373
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/373
61. Ва агар ба сулҳ майл кунанд, (эй Паёмбар) ту низ ба сулҳ майл кун ва бар Аллоҳ таваккал кун, ки Ӯст шунаво ба суханони шумо ва доно ба ниятҳои шумо!
62. Ва агар онон, ки бо ту аҳд бастанд ва хостанд, ки туро бифиребанд, Аллоҳ барои ту кофист. Ӯст, ки туро ба ёрии хеш ва ёрии мӯъминон қувват додааст.
63. Дилҳояшонро (1) ба якдигар меҳрубон сохт. Агар ту ҳамаи он чиро, ки дар рӯи замин аст, харҷ мекардӣ, наметавонистӣ, ки дилҳои онҳоро ба якдигар меҳрубон созӣ. Вале Аллоҳ дилҳояшонро ба якдигар меҳрубон кард, ки бо якдигар дӯсту бародар гаштанд. Ба дурустӣ, ки Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!
____________________
1. Байни Авс ва Хазраҷ, ки дар ҷоҳилият байнашон шӯриш ва душманӣ буд. Тафсири Бағавӣ 3\374
____________________
1. Байни Авс ва Хазраҷ, ки дар ҷоҳилият байнашон шӯриш ва душманӣ буд. Тафсири Бағавӣ 3\374
64. Эй Паёмбар, Аллоҳ туро ва мӯъминонеро, ки аз ту пайравӣ мекунанд, аз бадии душманонатон кифоякунандааст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/49
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/49
65. Эй Паёмбар, мӯъминонро ба ҷанг барангез. Агар аз шумо бист тан сабркунандагон бошанд ва дар ҷанг пойдорӣ кунанд, бар дусад тан аз душманонашон пирӯзӣ хоҳанд ёфт. Ва агар сад тан сабркунандагон (1) бошанд, ба ҳазор тан аз кофирон пирӯз мешаванд. Зеро онҳо кофирон мардуме маҳрум аз илму фаҳманд. (Яъне мушрикон барои умеди савоб намеҷанганд ва дар ҷанг устувор намебошанд, зеро хавф мебаранд, ки кушта шаванд) (2)
____________________
1. Сабркунандагоне, ки умеди аҷру савоб мекунанд
2. Тафсири Бағавӣ 3\375
____________________
1. Сабркунандагоне, ки умеди аҷру савоб мекунанд
2. Тафсири Бағавӣ 3\375
66.Акнун Аллоҳ бар шумо сабук кард (эй мӯъминон) ва аз нотавониятон огоҳ шуд. Агар аз шумо сад тан сабркунандагон(1) бошанд ва дар ҷанг пой фушуранд, бар дусад тан пирӯз мешаванд.
Ва агар аз шумо ҳазор тан бошанд, ба ёрии Аллоҳ бар ду ҳазор тан аз кофирон пирӯз мешаванд. Ва Аллоҳ бо сабркунандагон аст.
____________________
1. Сабркунандагоне, ки умеди аҷру савоб мекунанд
Ва агар аз шумо ҳазор тан бошанд, ба ёрии Аллоҳ бар ду ҳазор тан аз кофирон пирӯз мешаванд. Ва Аллоҳ бо сабркунандагон аст.
____________________
1. Сабркунандагоне, ки умеди аҷру савоб мекунанд
67.Барои ҳеҷ паёмбаре шоиста нест, ки дар вақти асир гирифтани кофирон, онҳоро ба хотири фидя гирифтан озод кунад, бояд онҳо аз байн бурда шаванд ва шарри онҳо кам гардад. Шумо бо гирифтани фидя ва зинда нигоҳ доштани онҳо молу матоъи дунёро мехоҳед ва Аллоҳ маслиҳати охиратро мехоҳад. Ва Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/326
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/326
68.Агар аз ҷониби Аллоҳ ҳукме, ки қазо ва қадари Ӯ бар он рафтааст, (яъне, бар ҳалол будани ғаниматҳо ва фидя гирифтан бар асирон)- намебуд, азоби бузург ба шумо мерасид.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/326
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/326
69. Эй мӯъминон, аз он чӣ ба ғанимат гирифтаед, (аз моли мушрикон дар Бадр) (1) ки ҳалол асту покиза, бихӯред. Ва аз Аллоҳ битарсед. Албатта, Аллоҳ барои бандагонаш омӯрзанда ва ба онҳо меҳрубон аст!
____________________
1. Тафсири Табарӣ 1472
____________________
1. Тафсири Табарӣ 1472
70. Эй Паёмбар, ба асироне, ки дар дасти шумо ҳастанд, бигӯ: «Агар Аллоҳ дар дилҳоятон нишони имон бубинад, беҳтар аз он моле, ки аз шумо гирифта шудааст, ба шумо хоҳад дод ва аз фазли хеш хайри фаровоне бароятон фароҳам менамояд ва гуноҳонтонро меомӯрзад ва шуморо дохили биҳишт менамояд ва Аллоҳ тавбакунандагонро омӯрзанда ва ба онҳо меҳрубон аст!». (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4/93
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4/93
71. Агар қасди хиёнат (1) ба туро дошта бошанд, пеш аз ин ба Аллоҳ хиёнат варзидаанд ва Аллоҳ туро бар онҳо нусрат додааст ва Аллоҳ доно аст бар он чи дар замирҳо (дилҳо) ҳаст,
ҳаким аст дар тадбири ҳоли бандагонаш!
____________________
1. Қавли асирафтодагон; Эй Муҳаммад, мо ба он чи овардаӣ, имон овардем ва шаҳодат медиҳем, ки ту расули Аллоҳ ҳастӣ. Тафсири Табарӣ 14 \ 76
ҳаким аст дар тадбири ҳоли бандагонаш!
____________________
1. Қавли асирафтодагон; Эй Муҳаммад, мо ба он чи овардаӣ, имон овардем ва шаҳодат медиҳем, ки ту расули Аллоҳ ҳастӣ. Тафсири Табарӣ 14 \ 76
72. Онон, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд ва ба шариъати Ӯ амал кардаанд ва ҳиҷрат (1) кардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардаанд ва онон, (2) ки ба муҳоҷирон ҷой дода ва ёриашон кардаанд онҳо дӯстон ва ёрони якдигаранд. Ва онон, ки имон овардаанд ва ҳиҷрат накардаанд, шумо ҳомӣ ва нусратдиҳандаи онон нестед, то он гоҳ, ки муҳоҷират кунанд. Вале агар шуморо ба ёрӣ талабиданд, пас ёрӣ кардани онҳо ва дар канори онҳо ҷангидан воҷиб аст, магар он, ки бар зидди он гурӯҳе бошад, ки миёни шумо ва онҳо паймоне баста шуда бошад. Ва Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, биност! Ва ҳар якеро мувофиқи ният ва амалаш подош медиҳад.
____________________
1. Муҳоҷирон 2. Ансор
____________________
1. Муҳоҷирон 2. Ансор
73. Кофирон низ дӯст ва мададгори якдигаранд. Агар шумо бо мӯъминон дӯстӣ накунед ва бо кофирон душманӣ наварзед, дар ин
сарзамин фитнаву фасоди бузург падид хоҳад омад. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/327
сарзамин фитнаву фасоди бузург падид хоҳад омад. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/327
74. Онон, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд ва тарки диёри худ (1) карда ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардаанд ва онон, (2) ки ҷояшон додаанд ва ёриашон кардаанд, ба ҳақиқат мӯъминонанд, омӯрзиши гуноҳон ва рӯзии некӯ дар ҷаннатҳои наъим аз они онҳост.
____________________
1. Аз Макка ба сӯи Мадина ҳиҷрат намуданд
2. Ансор, касоне ҳастанд, ки дар Мадина истиқомат мекарданд ва Расули Аллоҳ ва асҳобашро ҷой доданд. Тафсири Бағавӣ 3\379
____________________
1. Аз Макка ба сӯи Мадина ҳиҷрат намуданд
2. Ансор, касоне ҳастанд, ки дар Мадина истиқомат мекарданд ва Расули Аллоҳ ва асҳобашро ҷой доданд. Тафсири Бағавӣ 3\379
75. Ва ҳамчунин касоне, ки баъд аз муҳоҷирон ва ансор омадаанд ва ба хубӣ аз онон пайравӣ карда, имон овардаанд ва ҳиҷрат кардаанд ва ҳамроҳи шумо ҷиҳод кардаанд, аз шумо ҳастанд. (Яъне, он чи барои шумост, ба онон ҳам мерасад ва он чи ки ба зарари шумост, ба зарари онҳо низ мебошад) Ба ҳукми китоби Аллоҳ хешовандон ба якдигар сазовортаранд ба ҷуз асабаҳо (1) ва касоне ки дорои саҳме аз тарака ҳастанд, касе дигар аз майит мерос намебарад. Ва агар асабаҳо ва касоне, ки дорои саҳме аз тарака ҳастанд, вуҷуд надошта бошанд, наздиктарин хешовандони мурда мерос мебаранд. Ва Аллоҳ бар ҳар чизе доност! (2)
____________________
1. Падару писар ва набераҳои писари ва амаку амакбачаҳо
2. Тафсири Саъдӣ 1 \ 327
____________________
1. Падару писар ва набераҳои писари ва амаку амакбачаҳо
2. Тафсири Саъдӣ 1 \ 327