Тарҷумаи сураи ВОҚИА ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية
Verse 1
ﮃﮄﮅ
ﮆ
1. Ҳангоме ки воқеъа барпо шавад, (яъне, қиёмат воқеъ шавад),
Verse 2
ﮇﮈﮉ
ﮊ
2. ки воқеъ шудани онро ягон касе дурӯғгӯянда нест,
Verse 3
ﮋﮌ
ﮍ
3. қиёмат душманони Аллоҳро дар дӯзах пасткунандааст ва дӯстони Аллоҳро дар ҷаннат баландкунанда.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/7
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/7
Verse 4
ﮎﮏﮐﮑ
ﮒ
4. Он гоҳ ки замин ба сахтӣ биларзад.
Verse 5
ﮓﮔﮕ
ﮖ
5. Ва кӯҳҳо ба пуррагӣ реза-реза карда шаванд.
Verse 6
ﮗﮘﮙ
ﮚ
6. Ва чун ғуборе дар ҳаво пароканда гарданд.
Verse 7
ﮛﮜﮝ
ﮞ
7.Ва шумо эй мардум се гурӯҳ хоҳед шуд:
Verse 8
ﮟﮠﮡﮢﮣ
ﮤ
8.Пас гурӯҳи рост, соҳиби ҷойҳои олианд. Чи хуб аст ҷойгоҳашон!
Verse 9
ﮥﮦﮧﮨﮩ
ﮪ
9.Ва гурӯҳи чап, соҳиби ҷойҳои пастанд. Чи бад аст ҳолашон!!
Verse 10
ﮫﮬ
ﮭ
10. Ва пешсафон сӯи хубиҳо дар дунё, онҳо пешсафон сӯи дараҷаҳо дар охират мебошанд. Касоне, ки дар дунё дар анҷом додани корҳои хуб пешсафанд, дар охират пеш аз ҳама вориди ҷаннат мешаванд.
Verse 11
ﮮﮯ
ﮰ
11. Инҳо муқаррабони даргоҳи Илоҳӣ ҳастанд, наздик карда шудагонанд дар назди Аллоҳ,
Verse 12
ﮱﯓﯔ
ﯕ
12. дар биҳиштҳои пурнозу неъмат хоҳанд буд.
Verse 13
ﯖﯗﯘ
ﯙ
13. Дохил мешавад ба ҷаннат, гурӯҳе аз пешиниёни ин уммат ва умматони дигар.
Verse 14
ﯚﯛﯜ
ﯝ
14. Ва шумораи андаке аз пасомадагон ҳастанд,
Verse 15
ﯞﯟﯠ
ﯡ
15. бар тахтҳои гавҳарнишон хоҳанд нишаст.
Verse 16
ﯢﯣﯤ
ﯥ
16. Такязада рӯ ба рӯйи якдигар нишаста бошанд.
Verse 17
ﭑﭒﭓﭔ
ﭕ
17. Бар гирди онҳо мегарданд, барои хидмати онҳо писарони ҳамеша ҷавон, ки пир намешаванд ва на мемиранд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/101
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/101
Verse 18
ﭖﭗﭘﭙﭚ
ﭛ
18. Бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷаннат ҷорист,
Verse 19
ﭜﭝﭞﭟﭠ
ﭡ
19. ки аз нӯшидани он сардард нашаванд ва на аз ҳуш мераванд.
Verse 20
ﭢﭣﭤ
ﭥ
20. Ва ин ходимон барои ҷаннатиҳо биёранд ҳар навъ меваеро, ки мехоҳанд.
Verse 21
ﭦﭧﭨﭩ
ﭪ
21. Ва гӯшти парранда, аз ҳар навъе, ки писандашон бошад.
Verse 22
ﭫﭬ
ﭭ
22. Ва барои онҳост ҳурони занони шаҳлочашм,
Verse 23
ﭮﭯﭰ
ﭱ
23. монанди марворидҳое дар садаф пинҳон кардашуда.
Verse 24
ﭲﭳﭴﭵ
ﭶ
24. Ин ҳама неъматҳое, ки барояшон дода мешавад, мукофоти амалҳои некест, ки дар дунё мекарданд.
Verse 25
ﭷﭸﭹﭺﭻﭼ
ﭽ
25. Дар ҷаннат на сухани беҳуда мешунаванд ва на ҳарфе, ки гуфтани он гуноҳ бошад,
Verse 26
ﭾﭿﮀﮁ
ﮂ
26. ҷуз сухане, ки солим аз ин айбҳо бошад ва ба якдигар салом гӯянд.
Verse 27
ﮃﮄﮅﮆﮇ
ﮈ
27. Ва аҳли саодат, чи бузург аст макон ва подоши онҳо!
Verse 28
ﮉﮊﮋ
ﮌ
28. Дар зери дарахтони сидри бехор.
Verse 29
ﮍﮎ
ﮏ
29. Ва дарахтони мавз (банан), ки меваҳояшон бар якдигар чида шудаанд.
Verse 30
ﮐﮑ
ﮒ
30. Ва сояи доимӣ.
Verse 31
ﮓﮔ
ﮕ
31. Ва оби ҷорӣ.
Verse 32
ﮖﮗ
ﮘ
32. Ва дар миёни меваҳои фаровон ҳастанд,
Verse 33
ﮙﮚﮛﮜ
ﮝ
33. ки на тамом мешавад ва на манъ мегардад.
Verse 34
ﮞﮟ
ﮠ
34. Ва бистарҳои баланд.
Verse 35
ﮡﮢﮣ
ﮤ
35. Мо биёфаридем занҳои аҳли ҷаннатро ғайри офаринишие, ки дар дунё буданд, яъне, офариниши комиле, ки нобуд намешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/833
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/833
Verse 36
ﮥﮦ
ﮧ
36. Ва ононро дӯшиза (бикр) гардонидем.
Verse 37
ﮨﮩ
ﮪ
37. Назди шавҳарони дӯстдоранда ҳамсинну сол.
Verse 38
ﮫﮬ
ﮭ
38. Ҳамаи ин неъматҳо барои аҳли саодат аст,
Verse 39
ﮮﮯﮰ
ﮱ
39. Гурӯҳи бисёре аз пешиниёнанд.
Verse 40
ﯓﯔﯕ
ﯖ
40. Ва гурӯҳи зиёде аз пас омадагонанд.
Verse 41
ﯗﯘﯙﯚﯛ
ﯜ
41. Ва аҳли шақоват, он бадбахтон чӣ ҳоли баде доранд?
Verse 42
ﯝﯞﯟ
ﯠ
42. Дар боди гарми ҷаҳаннам ва оби ҷӯшонанд,
Verse 43
ﯡﯢﯣ
ﯤ
43, дар сояи дуди сиёҳ,
Verse 44
ﯥﯦﯧﯨ
ﯩ
44. ки ин соя на хунук бошад ва на боиззат.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/130
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/130
Verse 45
ﯪﯫﯬﯭﯮ
ﯯ
45. Ҳамоно аҳли дӯзах, пеш аз ин дар дунё дар нозу неъмати ҳаром буданд ва саркашӣ мекарданд аз он чизе, ки паёмбарон барои онҳо оварда буданд.
Verse 46
ﯰﯱﯲﯳﯴ
ﯵ
46. Ва ҳамеша бар гуноҳи бузург (ширк) мудавомат мекарданд. Ва нияти тавба надоштанд аз ширку гуноҳ.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/132
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/132
Verse 47
47. Ва мегуфтанд он мункирони рӯзи қиёмат: «Оё замоне, ки мо мурдему хоку устухон шудем, оё боз мо зинда мешаваем?(1)
____________________
1. Яъне, ба зинда шудани дубора боварӣ надоштанд.
____________________
1. Яъне, ба зинда шудани дубора боварӣ надоштанд.
Verse 48
ﰀﰁ
ﰂ
48. Оё падарони наухстини мо низ зинда мешаванд?
Verse 49
ﰃﰄﰅﰆ
ﰇ
49. Бигӯ эй Паёмбар: «Албатта, ҳамаро аввалин ва охирин фарзандони Одам,
Verse 50
ﰈﰉﰊﰋﰌ
ﰍ
50. бегумон дар ваъдагоҳи он рӯзи муайян (қиёмат) ҷамъ карда шаванд.(4)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/133
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/133
Verse 51
ﭑﭒﭓﭔﭕ
ﭖ
51. Спас шумо, эй гумроҳони роҳи ҳидоят,
дурӯғшуморандагони ваъда ва азоби Аллоҳ,
дурӯғшуморандагони ваъда ва азоби Аллоҳ,
Verse 52
ﭗﭘﭙﭚﭛ
ﭜ
52. ҳатман аз дарахти заққум(1) хоҳед хӯрд.
____________________
1. Яъне, бадтарин дарахт. Тафсири Саъдӣ 1/834
____________________
1. Яъне, бадтарин дарахт. Тафсири Саъдӣ 1/834
Verse 53
ﭝﭞﭟ
ﭠ
53. Ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард.
Verse 54
ﭡﭢﭣﭤ
ﭥ
54. Ва бар болои он оби ҷӯшоне, ки ташнагиро намешиканад, хоҳед нӯшид,
Verse 55
ﭦﭧﭨ
ﭩ
55. Ва монанди шутурони мубтало ба бемории ташнагӣ менӯшед.
Verse 56
ﭪﭫﭬﭭ
ﭮ
56. Он чизеро, ки дучор мешаванд аз азоб, зиёфатест, ки тайёркарда шудааст барои онҳо дар рӯзи қиёмат.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/834
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/834
Verse 57
ﭯﭰﭱﭲ
ﭳ
57. Мо шуморо эй одамон аз нестӣ ба ҳастӣ офаридем, пас чаро аз нав зинда шуданро бовар намекунед?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/136
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/136
Verse 58
ﭴﭵﭶ
ﭷ
58. Оё шумо мебинед он чи (оби маниро), ки мерезонед дар баччадони зан?
Verse 59
ﭸﭹﭺﭻﭼ
ﭽ
59. Оё шумо он маниро ба сурати инсон меофаринед ё Мо офаринандаем?
Verse 60
60. Мо муайян кардем дар миёни шумо маргро ва ҳаргиз оҷиз карда шуда нестем,
Verse 61
61. аз ин, ки тағйир диҳем халқияти шуморо дар рӯзи қиёмат. Ва шуморо ба сурате, ки аз он бехабаред, аз нав биёфаринем.
Verse 62
ﮐﮑﮒﮓﮔﮕ
ﮖ
62. Ва ҳамоно шумо хуб донистед, ки Аллоҳ таъоло нахустин бор шуморо аз нестӣ офарид, пас чаро қудрати Аллоҳро ба ёд намеоред бар ин, ки ӯ қодир аст шуморо дубора халқ мекунад?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/138
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/138
Verse 63
ﮗﮘﮙ
ﮚ
63. Дар он чизе, кишт мекунед, андешидаед?
Verse 64
ﮛﮜﮝﮞﮟ
ﮠ
64. Оё шумо мерӯёнедаш аз замин ё Мо рӯёнандаем?
Verse 65
ﮡﮢﮣﮤﮥﮦ
ﮧ
65. Агар мехостем, ҳароина он зироъатро гиёҳи хушку дарҳамшикаста мегардонидем, ки аз он фоидае намедидед, пас дар ин ҳол, таъаҷубкунон мегӯед:
Verse 66
ﮨﮩ
ﮪ
66. Албатта мо зиёнкардаву азобкардагонем,
Verse 67
ﮫﮬﮭ
ﮮ
67. балки мо аз ризқу рӯзӣ бенасиб мондагонем.
Verse 68
ﮯﮰﮱﯓ
ﯔ
68. Оё дар обе, ки менӯшед, андешидаед?
Verse 69
69. Оё шумо онро аз абр фуруд овардаед сӯи замин, ё Мо фуруд орандагонем?
Verse 70
ﯝﯞﯟﯠﯡﯢ
ﯣ
70. Агар мехостем, ин обро шӯр мегардонидем, ки аз он фоидае намедидед. Пас, чаро шукри Парвардигоратонро бар фуруди ин оби ширин намегӯед?
Verse 71
ﯤﯥﯦﯧ
ﯨ
71. Оё дар оташе, ки аз шохҳои дарахт меафрӯзед, андешидаед?
Verse 72
ﯩﯪﯫﯬﯭﯮ
ﯯ
72. Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем?
Verse 73
ﯰﯱﯲﯳﯴ
ﯵ
73. Мо он оташеро, ки меафрӯзед ҳушдоре аз дӯзах ва барои манфиъати мусофирони роҳгузар матоъе сохтем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/835
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/835
Verse 74
ﯶﯷﯸﯹ
ﯺ
74. Пас ба покӣ ёд кун эй Паёмбар номи Парвардигори бузургатро!
Verse 75
ﯻﯼﯽﯾﯿ
ﰀ
75. (Савганд ёд карда мегӯяд Аллоҳ таъоло:) Савганд ба ҷойгоҳи фӯру рафтани ситораҳо дар ғурубгоҳи осмон!
Verse 76
ﰁﰂﰃﰄﰅ
ﰆ
76. Ва ин ҳароина, хеле савганди бузург аст, агар бидонед.
Verse 77
ﭑﭒﭓ
ﭔ
77. Адбатта, ин Қуръоне, (ки ба Муҳаммад нозил шудааст,) Қуръони бузургу гиромиқадр ва фоидаовар аст.
Verse 78
ﭕﭖﭗ
ﭘ
78. Дар китобе нигаҳ дошта шудааст, ки аз чашми халқ пӯшида аст (ва ин китоби пинҳон Лавҳи Маҳфузаст, ки дар назди Аллоҳ ва фариштагон манзалати бузург дорад.)
Verse 79
ﭙﭚﭛﭜ
ﭝ
79. Даст намерасонад ба Қуръон, магар фариштагони гиромиқадре, ки Аллоҳ таъоло онҳоро аз офату гуноҳон пок гардонидааст. (Ва инчунин даст намерасонад Қуръонро магар касоне, ки пок ҳастанд аз ширк, ҷанобат ва бе таҳоратӣ.)(1)
____________________
1. Тафсирм Бағавӣ 8/23
____________________
1. Тафсирм Бағавӣ 8/23
Verse 80
ﭞﭟﭠﭡ
ﭢ
80. Ин Қуръони карим, нозилшудааст аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён. (Пас он ҳақ аст.)
Verse 81
ﭣﭤﭥﭦ
ﭧ
81. Оё нисбати ин калом сустӣ ва бепарвоӣ мекунед?
Verse 82
ﭨﭩﭪﭫ
ﭬ
82. Ва ба ҷои шукри неъматҳое, ки Аллоҳ ба шумо додааст, шумоён онро дӯруғ мебароред ва кофир мешавед?(1)
____________________
1. Дар ин оят инкор аст барои онҳое, ки бепарвоӣ мекунанд ба амрҳои Қуръон ва эътибор намедиҳанд ба даъвати он.
____________________
1. Дар ин оят инкор аст барои онҳое, ки бепарвоӣ мекунанд ба амрҳои Қуръон ва эътибор намедиҳанд ба даъвати он.
Verse 83
ﭭﭮﭯﭰ
ﭱ
83. Пас, чаро ҳангоме, ки ҷон ба ҳулқум мерасад тавоноии бозгардонидани онро надоред.
Verse 84
ﭲﭳﭴ
ﭵ
84. Ва шумо дар ин ҳангом ҳозирастеду менигаред? (Албатта наметавонед!)
Verse 85
85. Ва Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед.
Verse 86
ﭾﭿﮀﮁﮂ
ﮃ
86. Пас агар метавонед ин ки дар баробари аъмолатон ҷазо дода намешавед,
Verse 87
ﮄﮅﮆﮇ
ﮈ
87. агар рост мегӯед, он руҳро боз гардонед. (Ҳаргиз наметавонед!)
Verse 88
ﮉﮊﮋﮌﮍ
ﮎ
88. Пас, чун мурда аз муқаррабони даргоҳи Илоҳӣ бошад,
Verse 89
ﮏﮐﮑﮒ
ﮓ
89. пас барои ӯст ҳангоми маргаш раҳмату осоишу гули хушбӯй ва биҳишти пурнеъмат дар охират.
Verse 90
ﮔﮕﮖﮗﮘﮙ
ﮚ
90. Ва аммо агар мурда аз ёрони рост (аҳли саъодат бошад),
Verse 91
ﮛﮜﮝﮞﮟ
ﮠ
91. пас гуфта мешавад ба ӯ: Салом ва амон бод ба ту аз ҷониби ёрони рост (аҳли саъодат).
Verse 92
ﮡﮢﮣﮤﮥﮦ
ﮧ
92. Ва аммо агар мурда аз дурӯғшуморандагони баъсу гумроҳони роҳи ҳидоят бошад,
Verse 93
ﮨﮩﮪ
ﮫ
93. пас ӯро ба оби гарму ҷӯшони дӯзах меҳмонӣ кунанд.
Verse 94
ﮬﮭ
ﮮ
94. Ва саранҷоми ӯ дарафтодан ба дӯзах аст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/836
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/836
Verse 95
ﮯﮰﮱﯓﯔ
ﯕ
95. Албатта ин хабарҳое, ки эй Паёмбар ба ту зикр кардем, ҳама росту дуруст аст!
Verse 96
ﯖﯗﯘﯙ
ﯚ
96. Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй ва Ӯро пок шумор аз он чи золимон мегӯянд!
تقدم القراءة