ﮬ
surah.translation
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
ﭑ
ﰀ
1. Алиф, Лом, Мим. (1)
____________________
1. Зикр дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара рафтааст.
____________________
1. Зикр дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара рафтааст.
2. Нозил шудани ин китоби Қуръон, ки ҳеҷ шакке дар он нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.
3. Оё мушрикон мегӯянд: Муҳаммад онро ба дурӯғ бофтааст? На, онҳо дурӯғ мегӯянд, балки Қуръон суханест барҳақ аз ҷониби Парвардигорат барои ту нозил шудааст, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштаанд, битарсонӣ. Шояд аз гумроҳиашон наҷот ёбанд ва ба роҳи ҳидоят афтанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\653
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\653
4. Аллоҳ зотест, ки осмонҳову заминро ва он чи миёни онҳост, дар шаш рӯз биёфарид ва он гоҳ бар Арш истиво ёфт.(1)
Шуморо ғайри Ӯ дӯст ё шафоаткунандае нест. Оё панд намегмред?
____________________
1. Ин сифат лоиқ ба ҷалол ва азаматии Ӯ мекунад ва сифатҳои Ӯ ба ҳеҷ махлуқоташ монандӣ надорад. Баёни ин сифат дар сураи Аъроф ояти 54 зикр шуд.
Шуморо ғайри Ӯ дӯст ё шафоаткунандае нест. Оё панд намегмред?
____________________
1. Ин сифат лоиқ ба ҷалол ва азаматии Ӯ мекунад ва сифатҳои Ӯ ба ҳеҷ махлуқоташ монандӣ надорад. Баёни ин сифат дар сураи Аъроф ояти 54 зикр шуд.
5. Кори ҷаҳони ҳастиро аз осмон то замин тадбир менамояд. Сипас он корҳо дар рӯзе, ки миқдори он ҳазор сол аст, чунон ки дар ин дунё мешуморед, ба сӯи Ӯ боло мераванд.
6. Аллоҳ, ки донои пинҳону ошкор аст ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад, ғолибу меҳрубон аст.
7. Он Зоте, ки ҳар чиро офарид ба некӯтарин сурат офарид ва офариниши одамро аз гил оғоз кард. (Ҳамоно он, Одам алайҳиссалом аст).
8. Сипас насли ӯро аз қатраи оби пасту ночиз офарид.
9. Он гоҳ аъзои шакли ӯро рост кард ва пурра гардонид ва офариниши ӯро бисёр зебо ва некӯ намуд ва аз Рӯҳи Худ ба воситаи малоика дар он бидамид. Ва бароятон гӯшу чашмҳо сохт, то байни овозу рангҳоро ҷудо кунед ва дилҳо офарид, то ба ақли хеш байни неку бад ва фоидаву зарарро дарк
намоед. Чи андак шумо шукр мегӯед!(1)
____________________
1. Таҷсири Табарӣ 20\173
намоед. Чи андак шумо шукр мегӯед!(1)
____________________
1. Таҷсири Табарӣ 20\173
10. Ба мушрикон гуфтанд:
Оё вақте ки дар замин бо гӯшту устухонамон несту нобуд шавем, оё бори дигар дар офариниши нав хоҳем буд? Балки онҳо ба дидори Парвардигорашон имон надоранд!
Оё вақте ки дар замин бо гӯшту устухонамон несту нобуд шавем, оё бори дигар дар офариниши нав хоҳем буд? Балки онҳо ба дидори Парвардигорашон имон надоранд!
11. Бигӯ эй Расул: Фариштаи марг (Малакулмавт), ки бар шумо муваккал (вазифадор карда шудааст), ҷонатонро мегирад ва лаҳзае таъхир намекунад. Сипас ба сӯи Парвардигоратон бозгардонида мешавед ва он гоҳ шуморо тибқи амалҳоятон подош ва ҷазо хоҳад дод.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\654
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\654
12. Ва агар он гоҳ бубинӣ, ки гунаҳкоронро дар назди Парвардигорашон сархам кардаанд ва мегӯянд: Эй Парвардигори мо, дидем амалҳои бадамонро ва шунидем он чиро, ки дар дунё Расулат бо мо мефармуд. Акнун моро бозгардон, ба дунё то кори шоистае кунем, ки инак, ба яқин расидаем ва он чиро, ки пеш дурӯғ мебаровардем, акнун ба он бовар дорем.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\302
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\302
13. Агар Мо мехостем, ба ҳар кас ҳидояташро медодем, вале ваъдаи Ман ҳақ аст, ки ҷаҳаннамро аз ҳамаи ҷинҳо ва одамиён пур мекунам. Ва ин ба он сабаб буд, ки онҳо гумроҳиро ба ҷои ҳидоят ихтиёр намуданд.
14. Эй мушрикон, пас ба сазои он, ки дидори чунин рӯзеро фаромӯш карда будед, акнун азобро бичашед. Ҳароина, Мо низ шуморо имрӯз фаромӯш кардаем. Ба сазои куфр ва маъсияте, ки мекардед, азоби доимиро бичашед!
15. Танҳо касоне ба оёти Қуръони Мо имон овардаанд, ки чун оёти Моро бишнаванд, ба саҷда бияфтанд ва Парвардигорашонро ба покӣ биситоянд ва онҳо аз саҷда кардан ва
ба покӣ ёд намудани Офаридгорашон такаббур намекунанд.
ба покӣ ёд намудани Офаридгорашон такаббур намекунанд.
16. Аз бистари хоб
пахлӯҳояшон дур мемонад(1), Парвардигорашонро бо биму умед илтиҷо мекунанд, ки амалҳояшонро мақбули даргоҳаш кунад ва аз он ризқе, ки ба онҳо дар роҳи Аллоҳ додаем, садақа мекунанд.(2)
____________________
1. Яъне, дар охири шаб намозро барпо медоранд.
2. Тафсири Саъдӣ 1\655
пахлӯҳояшон дур мемонад(1), Парвардигорашонро бо биму умед илтиҷо мекунанд, ки амалҳояшонро мақбули даргоҳаш кунад ва аз он ризқе, ки ба онҳо дар роҳи Аллоҳ додаем, садақа мекунанд.(2)
____________________
1. Яъне, дар охири шаб намозро барпо медоранд.
2. Тафсири Саъдӣ 1\655
17. Пас, ҳеҷ кас намедонад, дар баробари корҳое, ки мӯъминон дар дунё анҷом медиҳанд, чи чизҳое дар охират барояшон пинҳон шуда, сабаби равшании чашмҳо аст ва дилҳояшон ба он ором мегирад.
18. Оё касе, ки мӯъмин аст, монанди касест, ки фосиқ аст? На, ҳаргиз дар назди Аллоҳ баробар нестанд!
19. Аммо онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба сабаби он амалҳое, ки дар дунё мекарданд, барояшон манзилгоҳе дар боғҳои биҳишт мебошад.
20. Ва аммо касоне, ки фосиқ буданд, онон ки аз тоати Аллоҳ берун омаданд ва корҳои гуноҳ карданд, манзилгоҳашон оташи дӯзах аст. Ҳар гоҳ бихоҳанд, ки аз он берун оянд, бори дигар онҳоро ба даруни оташ бозгардонанд ва ба онҳо бигӯянд: Бичашед азоби оташеро, ки дар дунё дурӯғаш мепиндоштед!
21. Ва албатта, бичашонем фосиқонро аз азоби наздики ин дунё; (монанди офат, бало ва дигар мусибатҳо), пеш аз азоби бузурги охират, шояд онҳо аз гуноҳони худ тавба карда баргарданд!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\656
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\656
22. Кист ситамкортар аз он касе, ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд диҳанд, сипас аз ҳамаи онҳо рӯй гардонад? Мо, ҳароина, аз гунаҳкорон интиқом мегирем!
23. Дар ҳақиқат ба Мӯсо китоб додем, (чунон ки ба ту эй Расул Қуръонро додем.) Пас аз дидори Мӯсо дар шаби Исро ва Меъроҷ дар шубҳа мабош. Ва онро роҳнамои банӣ Исроил қарор додем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\193
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\193
24. Ва аз фарзандони Исроил пешвоёне қарор додем, ки ба фармони Мо мардумро
ҳидоят мекарданд ва онҳоро ба ибодати Аллоҳ даъват мекарданд ва чун сабр пеша карданд бар душвориҳои даъват ва ҳидояти мардум ва ба оёти Мо, яқин доштанд.
ҳидоят мекарданд ва онҳоро ба ибодати Аллоҳ даъват мекарданд ва чун сабр пеша карданд бар душвориҳои даъват ва ҳидояти мардум ва ба оёти Мо, яқин доштанд.
25. Албатта, Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ кофирон ва мӯъминон ихтилоф мекарданд, миёнашон бо адл доварӣ мекунад ва ҳар киро ҷазои муносиб хоҳад дод.
26. Оё барои кофирони Макка равшан нашудааст, ки пеш аз онҳо чӣ қадар аз наслҳоро нобуд кардем ва инҳо дар сафарҳои худ аз диёрҳои қавми Ҳуд, Солеҳ ва Лут мегузаранд ва он вайронаҳоро мушоҳида мекунанд ва дар хонаву ҷои онҳо роҳ мераванд. Бегумон дар ин нишонаҳоест бар ҳақиқат будани паёмбарон, оё намешунаванд ин оятҳоро, то аз онҳо панд пазиранд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\196
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\196
27. Оё надидаанд, дурӯғшуморандагони рӯзи қиёмат, ки ҳароина, Мо обро ба замини хушку бегиёҳ равона месозем, то киштзорҳо бирӯёнем чорпоёнашон ва худашон аз он бихӯранд? Оё ин неъматҳоро бо чашмони худ намебинанд? Пас бидонанд, ки Аллоҳ таоло ин гуна чизҳоеро, ки падид овард, албатта, бар зинда гардондани мурдаҳо қодир аст.
28. Мушрикон ба азоби Аллоҳ шитобида ва мегӯянд: Агар рост мегӯед ва даъво мекунед, ки мо ба азоб гирифтор хоҳем шуд, пас пирӯзӣ(1) чӣ вақт хоҳад буд?(2)
____________________
1. Омадани азоб. 2. Тафсири Саъдӣ 1\657
____________________
1. Омадани азоб. 2. Тафсири Саъдӣ 1\657
29. Бигӯ эй Расул: Дар рӯзи пирӯзӣ имон овардани кофирон судашон надиҳад, зеро имонашон, имони ночорӣ аст ва ба онҳо мӯҳлат дода нашавад, то аз гуноҳҳои гузаштаи худ тавба кунанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\657
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\657
30. Пас, (эй Расули Мо), аз мушрикон рӯй гардон ва мунтазир бош, ки онҳо ба азоб гирифтор хоҳанд шуд ва низ онҳо дар интизоранд, ки ту дар азобе мубтало шавӣ.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\374
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\374