Тарҷумаи сураи ҲАҶ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية
Verse 1
1. Эй мардум, аз азоби Парвардигоратон бо иҷро намудани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш битарсед, ки албатта, зилзилаи қиёмат ҳодисаи бузургест, ки андоза ва сифати он зилзиларо
ва чӣ гуна шуданашро ҳеҷ кас надонад, ба ҷуз Парвардигори ҷаҳониён.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\523
ва чӣ гуна шуданашро ҳеҷ кас надонад, ба ҷуз Парвардигори ҷаҳониён.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\523
Verse 2
2. Он рӯз, барпо шудани қиёматро бубинед, ки ҳар ширдиҳанда аз тифле, ки шир медиҳад, ғофил шавад ва ҳар зани бордор бори шиками худро (1) бар замин гузорад ва мардумро чун маст бинӣ, ҳол он ки маст нестанд, балки азоби Аллоҳ бисёр сахт аст, ки ақлу идрокашонро рабудааст.
____________________
1. Фарзанди норасидаро.
____________________
1. Фарзанди норасидаро.
Verse 3
3. Баъзе аз мардуми аҳли куфр бе ҳеҷ донише дар бораи Аллоҳ баҳс мекунанд ва дар қудрати Аллоҳ шак меоранд,
ки чӣ гуна аз нав зинда хоҳем шуд? Ва ҳар шайтони саркашро пайравӣ мекунанд.
ки чӣ гуна аз нав зинда хоҳем шуд? Ва ҳар шайтони саркашро пайравӣ мекунанд.
Verse 4
4. Дар қазои илоҳӣ бар шайтон чунин муқаррар шудааст, ки ҳар кас, ки шайтонро дӯст бидорад ва пайравӣ намояд, пас шайтон ӯро гумроҳ мекунад ва ӯро ба сӯи азоби оташи сӯзон мебарад.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 5\394
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 5\394
5. Эй мардум, агар дар шубҳа ҳастед аз рӯзе, ки Аллоҳ мурдаҳоро зинда мегардонад, Мо падари шуморо аз хок, сипас насли вайро аз нутфае, ки дар раҳми зан қарор мегирад, сипас аз лахтаи хуне,
ки он ба қудрати Аллоҳ баста мегардад, сипас аз порагӯшти шаклёфта, ки дар муддати муайян таваллуд мешавад ва гоҳ ношаклёфта, ки пеш аз муддати таваллуд, меафтад, биёфаридаем, то қудрати худро бароятон ошкор кунем. Ва то замоне муайян ҳар чиро хоҳем, дар раҳмҳо нигаҳ медорем, сипас аз батни модаратон шуморо кӯдаке берун меоварем. Сипас, шуморо тарбият мекунем, то ба ниҳояти ҷавонии худ бирасед. Баъзе
аз шумо мемиранд ва баъзе ба пирию фартутӣ бурда мешаванд, то он гоҳ ки ҳар чи омӯхтаанд, фаромӯш кунанд. Ва ту заминро хушкшуда мебинӣ. Чун борон бар он бифиристем, дар ҷунбиш ояд ва сабзиш ёбад ва аз ҳар навъ гиёҳи зебо ва хуррам бирӯёнад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\367
ки он ба қудрати Аллоҳ баста мегардад, сипас аз порагӯшти шаклёфта, ки дар муддати муайян таваллуд мешавад ва гоҳ ношаклёфта, ки пеш аз муддати таваллуд, меафтад, биёфаридаем, то қудрати худро бароятон ошкор кунем. Ва то замоне муайян ҳар чиро хоҳем, дар раҳмҳо нигаҳ медорем, сипас аз батни модаратон шуморо кӯдаке берун меоварем. Сипас, шуморо тарбият мекунем, то ба ниҳояти ҷавонии худ бирасед. Баъзе
аз шумо мемиранд ва баъзе ба пирию фартутӣ бурда мешаванд, то он гоҳ ки ҳар чи омӯхтаанд, фаромӯш кунанд. Ва ту заминро хушкшуда мебинӣ. Чун борон бар он бифиристем, дар ҷунбиш ояд ва сабзиш ёбад ва аз ҳар навъ гиёҳи зебо ва хуррам бирӯёнад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\367
Verse 6
6. Ин ҳама далелҳои зикршуда ба сабаби он аст, ки Аллоҳ ҳақ аст, мурдагонро зинда месозад ва албатта, Ӯ бар ҳама чиз тавоно аст.
Verse 7
7. Ва ба дурустӣ, ки қиёмат хоҳад омад, шубҳае дар он нест. Ва Аллоҳ ҳамаи касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, зинда мекунад.
Verse 8
8. Ва аз миёни мардуми куффор касест, ки дар бораи ягонагии Аллоҳ бе ҳеҷ донише ва ҳеҷ роҳнамоӣ ва ҳеҷ китоби равшанибахше баҳс мекунад.
Verse 9
9. Гарданро ба такаббур ба як сӯ мегардонад, то мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созад. Насиби ӯ дар дунё хорист ва дар рӯзи қиёмат азоби оташро ба ӯ мечашонем.
Verse 10
10. Барои он саркаш гуфта мешавад: Ин ҷазои корҳоест, ки пеш аз ин кардаӣ ва Аллоҳ бе гуноҳ ба бандагонаш ситам намекунад.
Verse 11
11. Ва аз миёни мардум касест, ки ислом овардааст, вале дар қалбаш имон дохил нашудааст Аллоҳро бо шубҳа мепарастад. Агар хайре ба ӯ расад, дилаш ба он хайр ором гираду мутмаин шавад ва дар ибодати Аллоҳ бардавом истад ва агар озмоише (балое) пеш ояд, рӯй бартобад. Дар дунёву охират зиён бинад ва он зиёни ошкору равшан аст.
Verse 12
12. Ва он зиёндида ғайри Аллоҳ касеро мехонад, ки на зиёне ба ӯ мерасонад ва на фоидае ва ин гумроҳиест беинтиҳо.
Verse 13
13. Касеро мехонад, ки зиёнаш наздиктар аз суди ӯ. Ва чӣ ҳамдамон ва дӯстони баде ҳастанд. (Яъне, мурод аз ин бутҳояшон аст).(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\534
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\534
Verse 14
14. Ҳамоно Аллоҳ касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба бустонҳое, ки дар зери он ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд, дохил
месозад ва Аллоҳ ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад.
месозад ва Аллоҳ ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад.
Verse 15
15. Касе мепиндошт, ки Аллоҳ дар дунёву охират, ҳаргиз ӯро (дини Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро) нусрат намедиҳад ва ба ин хотир асабонӣ аст, пас ресмоне аз сақфи хонааш биёвезад, то худро хафа кунад, сипас ресмонро бибурад
ва бингарад, ки оё ин ҳила хашмашро дур мекунад? (Хулосаи маъно ин аст, ки ҳамон тавре ки расидани ӯ ба осмон ғайри мумкин аст, ҳаргиз Аллоҳ нусрати паёмбараш Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва салламро қатъ намегардонад)(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\580
ва бингарад, ки оё ин ҳила хашмашро дур мекунад? (Хулосаи маъно ин аст, ки ҳамон тавре ки расидани ӯ ба осмон ғайри мумкин аст, ҳаргиз Аллоҳ нусрати паёмбараш Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва салламро қатъ намегардонад)(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\580
Verse 16
16. Ва ин гуна Қуръонро ба сурати оёти равшан нозил кардем. Ва аммо ҳидоят дар дасти Аллоҳ аст, Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\535
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\535
Verse 17
17. Аллоҳ миёни онон, ки имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд ва онон, ки дини яҳуд ё собиён,(1) ё насоро, ё маҷусият (оташпарастӣ)-ро баргузидаанд ва онон, ки мушрик шудаанд, дар рӯзи қиёмат ҳукм мекунад ва мӯъминонро ба ҷаннат ва кофиронро ба дӯзах медарорад. Бегумон Аллоҳ бар ҳама чиз огоҳ аст!
Ва ҳар якро мувофиқи аъмолаш ҷазои муносиб медиҳад(2)
____________________
1. Онҳо қавмеанд, ки бар фитраташон боқӣ монданд ва дини муқарраре надоранд, ки ба он пайравӣ намоянд. 2. Тафсири Ибни Касир 5\402
Ва ҳар якро мувофиқи аъмолаш ҷазои муносиб медиҳад(2)
____________________
1. Онҳо қавмеанд, ки бар фитраташон боқӣ монданд ва дини муқарраре надоранд, ки ба он пайравӣ намоянд. 2. Тафсири Ибни Касир 5\402
Verse 18
18. Оё надидаӣ, (эй Паёмбар), тамоми касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд ва офтобу моҳ ва ситорагону кӯҳҳо ва дарахтону чаҳорпоён ва бисёре аз мардум Аллоҳро саҷда мекунанд. Ва бисёр касоне ҳастанд, ки азоб бар онҳо муқаррар шудааст ва ҳар киро Аллоҳ хор созад, гиромидорандае надорад. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ
ҳар чӣ бихоҳад, ҳамон мекунад.
ҳар чӣ бихоҳад, ҳамон мекунад.
Verse 19
19. Ин ду гурӯҳ: (аҳли имон ва аҳли куфр) душманони якдигаранд дар бораи Парвардигорашон ба хусумат бархостаанд. Ҳар яке худро ҳақ медонад. Пас, онон, ки кофир шуданд, барояшон ҷомаҳое аз оташ бурида шудааст, ки ҷасадҳояшонро бирён мекунад ва аз боло бар сарашон оби ҷӯшон мерезанд.
Verse 20
ﮱﯓﯔﯕﯖﯗ
ﯘ
20. Ба он оби ҷӯшон ҳар чӣ дар даруни шикам доранд ва низ пӯстҳояшон гудохта мешавад.
Verse 21
ﯙﯚﯛﯜ
ﯝ
21. Ва барои азоб додани онҳо гурзҳои оҳанин муҳайё аст.
Verse 22
22. Ҳар гоҳ ки бихоҳанд аз он азоб, аз он андӯҳ берун оянд, бори дигар ононро ба он бозгардонда мешаванд. Ва ба онон гуфта мешавад, ки бичашед азоби оташи сӯзонро.
Verse 23
23. Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар зери он ҷӯйҳо меравад, дохил месозад. Дар он ҷо бо дастбандҳое аз тиллову марворид ороста шаванд
ва либосашон дар он ҷо аз ҳарир (абрешим) аст.
ва либосашон дар он ҷо аз ҳарир (абрешим) аст.
Verse 24
24. Онон дар дунё ба сӯи сухани пок тавҳид роҳ ёфтанд ва ба сӯи роҳи ислом, ки баранда ба ҷаннат аст, роҳнамоӣ шудаанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\595
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\595
Verse 25
25. Онҳое, ки кофир шудаанд ба он чи ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи
ва саллам) овард ва мардумро аз роҳи Аллоҳ ва Масҷидулҳаром, ки барои мардуми чи муқиму чи мусофир баробар аст, бозмедоранд ва низ ҳар киро дар он ҷо қасди каҷравӣ ё ситамкорӣ дошта бошад, ба ӯ азоби дардовар бичашонем.
ва саллам) овард ва мардумро аз роҳи Аллоҳ ва Масҷидулҳаром, ки барои мардуми чи муқиму чи мусофир баробар аст, бозмедоранд ва низ ҳар киро дар он ҷо қасди каҷравӣ ё ситамкорӣ дошта бошад, ба ӯ азоби дардовар бичашонем.
Verse 26
26. Ва эй Паёмбар, ба ёд ор замонеро, ки ҷойгоҳи хонаи Аллоҳро барои Иброҳим муайян сохтем ва ба ӯ гуфтем: «Ҳеҷ чизро шарики Ман масоз ва хонаи Маро барои тавофкунандагон ва ба намоз истодагон ва рукуъкунандаву саҷдакунандагон покиза бидор».
Verse 27
27. Ва эй Иброҳим, мардумро ба воҷиб будани ҳаҷ даъват кун, то пиёда ё савор бар шутурони лоғар, ки асари заҳмати сафар онҳоро хаста кардааст, аз роҳҳои дур назди ту биёянд.
Verse 28
28. То шоҳиди манфиатҳои худ бошанд, аз омурзиши гуноҳҳояшон ва савобҳои қурбониашон ва тоаташон ва савдоҳояшон ва номи Аллоҳро дар рӯзҳое муайян
(даҳаи аввали зулҳиҷҷа ва серӯзи пас аз он) ба ҳангоми забҳи чорпоён; (аз шутур, гов ва гӯсфандон), ки Аллоҳ ризқи рӯзии онҳо сохтааст, ёд кунанд. Пас аз онҳо бихӯреду бенавоёни фақирро низ таом диҳед.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\380
(даҳаи аввали зулҳиҷҷа ва серӯзи пас аз он) ба ҳангоми забҳи чорпоён; (аз шутур, гов ва гӯсфандон), ки Аллоҳ ризқи рӯзии онҳо сохтааст, ёд кунанд. Пас аз онҳо бихӯреду бенавоёни фақирро низ таом диҳед.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\380
Verse 29
29. Сипас, чиркро(1) аз худ дур кунанд ва назрҳои хешро адо кунанд ва бар он хонаи кӯҳансол (Каъба) тавоф кунанд.
____________________
1. Олудагиҳо ва чизҳои зиёдатии бадан, мисли ноҳун ва мӯй. Тафсири Бағавӣ 5\380
____________________
1. Олудагиҳо ва чизҳои зиёдатии бадан, мисли ноҳун ва мӯй. Тафсири Бағавӣ 5\380
Verse 30
30. Ин аст ҳукми Аллоҳ дар он чи гузашт ва ҳар кас шаъоири (1) Аллоҳро бузург шуморад, пас ин дар назди Парвардигораш барояш беҳтар аст. Ва чорпоён бар шумо ҳалоланд, магар онҳое, ки бароятон хонда шуд: аз моли худмурда, хун ва дигар чизҳои ҳаромшуда. Пас аз палидиҳое, ки баъзе аз онҳо бутҳо ҳастанд, дурӣ кунед ва аз сухани ботилу дурӯғ низ парҳез кунед.
____________________
1. Ибодатҳо ва қурбониҳо ҳангоми адои ҳаҷ.
____________________
1. Ибодатҳо ва қурбониҳо ҳангоми адои ҳаҷ.
Verse 31
31. Дар дини Аллоҳ рост бошед, барои Аллоҳ ҳеҷ гуна шарике муқаррар накунед ва ҳар кас, ки ба Аллоҳ ширк оварад,
чун касест, ки аз осмон фурӯ афтад ва паррандае ӯро бирабояд ё боде ба макони дуре рӯфта партофтааст.
чун касест, ки аз осмон фурӯ афтад ва паррандае ӯро бирабояд ё боде ба макони дуре рӯфта партофтааст.
Verse 32
32. Ин аст ҳукми Аллоҳ ва касоне, ки шиорҳои Аллоҳро бузург мешуморанд; (аз ибодатҳо ва қурбониҳо) ба дурустӣ ин корашон нишони парҳезгории дилҳост.
Verse 33
33. Аз он шутурони қурбонӣ то замоне муайян бароятон фоидаҳоест, сипас ҷои қурбониашон дар он хонаи кӯҳансол (Каъба) аст.
Verse 34
34. Барои ҳар уммате тарзи қурбониро муаяйн сохтаем, то номи Аллоҳро ба ҳангоми забҳ бар чорпоёне, ки қурбонӣ карда мешаванд бар забон ронанд. Пас маъбуди шумо маъбуди яктост, дар баробари Ӯ таслим шавед.
Ва фӯрутанонро(1) ба некиҳои дунёву охират хушхабар деҳ.
____________________
1. Касонеанд, ки дар баробари бандагони Адлоҳ хоксоранд.
Ва фӯрутанонро(1) ба некиҳои дунёву охират хушхабар деҳ.
____________________
1. Касонеанд, ки дар баробари бандагони Адлоҳ хоксоранд.
Verse 35
35. Касоне ҳастанд, чун номи Аллоҳ бурда шавад, дилҳояшон аз тарси Ӯ ҳаросон мегардад ва дар баробари мусибатҳое, ки ба онҳо мерасад, сабр меварзанд ва намозро барпо медоранд
ва аз он чи рӯзиашон додаем, нафақа мекунанд.
ва аз он чи рӯзиашон додаем, нафақа мекунанд.
Verse 36
36. Шутурони қурбониро барои шумо аз шаъоири Аллоҳ қарор додем, то ба он ба сӯи Аллоҳ наздик шавед. Шуморо дар онҳо хайру баракатест; аз хӯрдан, садақа кардан ва савоб гирифтан. Пас ҳангоми қурбонӣ, дар ҳоле, ки бар пой истодаанд, номи Аллоҳро бар онҳо бихонед ва чун пахлӯяшон бар замин расид, аз гӯшти онҳо бихӯред ва фақирони боқаноат ва гадоёнро бихӯронед. Ин гуна Мо онҳоро барои шумо ром кардем. Бошад, ки шумо сипосгузорӣ кунед!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\538
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\538
Verse 37
37. Ҳаргиз гӯштҳо ва хунҳои қурбониён ба Аллоҳ намерасад, чунки Аллоҳ бениёз ва лоиқи ситоиш аст, балки парҳезгории шумо, (яъне ихлосу нияти шумо) ба Ӯ мерасад. Ҳамчунин онҳоро бароятон мусаххар намуд, то Аллоҳро ба хотири он, ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед. Ва некӯкоронро мужда бидеҳ!
Verse 38
38. Ба ростӣ, Аллоҳ аз касоне, ки имон овардаанд, дифоъ мекунад, зеро Аллоҳ хиёнаткорони носипосро
дӯст надорад!
дӯст надорад!
Verse 39
39. (Дар ибтидои Ислом ҷангидан бар муқобили куффор мамнӯъ буд ва бар азияти онҳо сабр кардан маъмӯр буд. Пас вақте, ки азияти мушрикон то ҷое расид, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз Макка ба Мадина ҳиҷрат намуд ва Ислом қувват пайдо кард.) Ба мусалмонон ҷангидан бо куффор рухсат дода шуд, ба сабаби он ки онҳо мавриди ситам қарор гирифтаанд ва бегумон Аллоҳ бар ёрӣ кардан ва пирӯз гардонидани онҳо тавоност.
Verse 40
40. Онҳое, ки ба ноҳақ аз
диёрашон ронда шудаанд, гуноҳашон танҳо ин буд, ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳи яктост?» Ва агар Аллоҳ баъзе аз мардумро ба василаи баъзе дигар дафъ намекард, бегумон хилватхонаҳои роҳибон(1) ва ибодатхонаҳои насоро ва яҳуд ва масоҷиди
мусалмонон, ки дар онҳо номи Аллоҳ бисёр ёд карда мешавад, вайрон мегардид. Ва албатта, Аллоҳ ёрӣ мекунад касеро, ки дини Ӯро ёрӣ медиҳад. Бегумон Аллоҳ тавонову пирӯзманд аст бар ҳамаи халоиқ ва ғолиб аст ва ҳама дар ихтиёри Ӯянд.(2)
____________________
1. Ибодатхонаи донишмандони насоро. 2. Тафсири Саъдӣ 1\540
диёрашон ронда шудаанд, гуноҳашон танҳо ин буд, ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳи яктост?» Ва агар Аллоҳ баъзе аз мардумро ба василаи баъзе дигар дафъ намекард, бегумон хилватхонаҳои роҳибон(1) ва ибодатхонаҳои насоро ва яҳуд ва масоҷиди
мусалмонон, ки дар онҳо номи Аллоҳ бисёр ёд карда мешавад, вайрон мегардид. Ва албатта, Аллоҳ ёрӣ мекунад касеро, ки дини Ӯро ёрӣ медиҳад. Бегумон Аллоҳ тавонову пирӯзманд аст бар ҳамаи халоиқ ва ғолиб аст ва ҳама дар ихтиёри Ӯянд.(2)
____________________
1. Ибодатхонаи донишмандони насоро. 2. Тафсири Саъдӣ 1\540
Verse 41
41. Ҳамон касоне, ки агар дар замин ба онҳо қудрат диҳем, намозро дар вақташ мегузоранд ва закоти молро бар мустаҳиқаш медиҳанд ва амр ба маъруфу наҳй
аз мункар мекунанд. Ва саранҷоми ҳамаи корҳо аз они Аллоҳ аст!
аз мункар мекунанд. Ва саранҷоми ҳамаи корҳо аз они Аллоҳ аст!
Verse 42
42. Эй Расул, ғамгин набош, агар инҳо туро Дурӯғгӯ бароранд, пеш аз онҳо қавми Нӯҳу
Од ва Самудро низ дурӯғ бароварда буданд,
Од ва Самудро низ дурӯғ бароварда буданд,
Verse 43
ﮡﮢﮣﮤ
ﮥ
43. ва низ қавми Иброҳим ва қавми Лут,
Verse 44
44. ва мардуми Мадян(1) ва Мӯсоро низ дурӯғгӯ шумориданд. Ман ба кофирон мӯҳлат додам ва ба зудӣ онҳоро ба ҷурми гуноҳашон ҷазо накардам, сипас онҳоро ба азоб гирифтор намудам. Ва (бингар) уқубати Ман чӣ гуна буд?(2)
____________________
1. Қавми Шуъайб алайиссалом. 1. Тафсири Саъдӣ 1\540
____________________
1. Қавми Шуъайб алайиссалом. 1. Тафсири Саъдӣ 1\540
Verse 45
45. Чӣ бисёр шаҳрҳоеро дар ҳоле, ки аҳлаш ситамкор буданд, нобуд кардаем ва чунон ки сақфҳояшон бар деворҳояшон фурӯ рехтааст ва чӣ бисёр чоҳҳо, ки бекор монд ва (низ) қасрҳои баланди гаҷкоришуда бесоҳиб монд.
Verse 46
46. Оё қурайшиҳои беимон дар замин сайр намекунанд, то соҳиби дилҳое гарданд, ки ба василаи онҳо хирадмандона биандешанд, то ибрат бигиранд ва гӯшҳое, ки ба он бишнаванд, панд бигиранд? Бегумон чашмҳо нобино намегарданд, балки дилҳое, ки дар синаҳо ҷой доранд, аз дарк кардани ҳақ кӯр мешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\391
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\391
Verse 47
47. Ва кофирони Қурайш аз рӯи ҷаҳолаташон бо шитоб азобро аз ту, -эй Расул-, металабанд ва Аллоҳ ҳаргиз ваъдаи худро хилоф намекунад. Ва бегумон назди Парвардигори ту як рӯз аз рӯзҳои қиёмат монанди
ҳазор сол аст, ки шумо дар дунё мешумуред.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\541
ҳазор сол аст, ки шумо дар дунё мешумуред.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\541
Verse 48
48. Чӣ бисёр деҳаҳое буданд, ки мардумонашон золим буданд ва Ман мӯҳлаташон додам, сипас онҳоро ба азоб гирифтор намудам. Ва бозгашти ҳама назди Ман аст!
Verse 49
49. Бигӯ - эй Расул: «Эй мардум, ман барои шумо бимдиҳандаи ошкорам».
Verse 50
50. Пас онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, барои онҳо омурзиши гуноҳон аст ва аз ризқу рӯзии пок ва хубе бархӯрдоранд.
Verse 51
51. Ва онон, ки дар инкори оёти Мо мекӯшанд ва мехоҳанд Моро оҷиз кунанд, онҳо сокинони ахли ҷаҳаннаманд.
Verse 52
52. Мо пеш аз ту ҳеҷ расул ё паёмбареро нафиристодаем, магар он ки чун ба хондани оёт машғул шуд, шайтон дар сухани ӯ чизе шубҳа меафканд. Ва он гоҳ Аллоҳ он чиро, ки шайтон афканда буд, аз байн мебарад, сипас оёти хешро устувор медорад ва Аллоҳ доно аст ба он чи ки шуд ва мешавад ва чизе
аз Ӯ пинҳон намемонад ва бо ҳикмат аст ҳар чизеро дар ҷояш қарор медиҳад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\542
аз Ӯ пинҳон намемонад ва бо ҳикмат аст ҳар чизеро дар ҷояш қарор медиҳад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\542
Verse 53
53. То Аллоҳ он чиро ки шайтон барои бемордилоне, ки дар дилҳояшон шак ва нифоқ аст, меафканад ва онон,
ки дилҳояшон аз имон овардани ба Аллоҳ сахт аст, озмуне қарор диҳад. Бегумон ситамкорон бар муқобили Аллоҳ ва расулаш дар мухолифат ва душмании дуру дароз ҳастанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\669
ки дилҳояшон аз имон овардани ба Аллоҳ сахт аст, озмуне қарор диҳад. Бегумон ситамкорон бар муқобили Аллоҳ ва расулаш дар мухолифат ва душмании дуру дароз ҳастанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\669
Verse 54
54. Ва то соҳибони илм бидонанд, ки он (ваҳй) аз ҷониби Парвардигорат ҳақ аст ва ба он имон биёваранд ва дилҳояшон ба он ором гирад ва дар баробараш таслим ва фӯрутан шаванд.
Ва ба дурустӣ, ки Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд, ба роҳи рост (яъне Ислом) ҳидоят мекунад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\542
Ва ба дурустӣ, ки Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд, ба роҳи рост (яъне Ислом) ҳидоят мекунад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\542
Verse 55
55. Ҳамеша кофирон дар он чи Паёмбар овардааст шак мекунанд, то он гоҳ, ки қиёмат ногаҳон бар сарашон фаро расад ё ба
азоби рузи наҳс(1) гирифтор оянд.
____________________
1. Азоби рӯзе, ки ҳеҷ хайру хубӣ дар он нест.
азоби рузи наҳс(1) гирифтор оянд.
____________________
1. Азоби рӯзе, ки ҳеҷ хайру хубӣ дар он нест.
Verse 56
56. Фармонравоӣ дар он рӯз аз они Аллоҳ аст. Миёнашон ҳукм мекунад. Пас касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар боғҳои пурнозу неъмат (биҳишт) ҳастанд.
Verse 57
57. Ва касоне, ки куфр варзидаанд ва оёти Моро дурӯғ шумурдаанд, барояшон азоби хоркунандае аст, ки онҳоро хору залил мегардонад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1 \ 543
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1 \ 543
Verse 58
58. Ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ барои нусрати дини Аллоҳ ҳиҷрат намуданд, сипас дар майдони ҷанг кушта шуданд ё дар бистари худ мурданд, албатта, Аллоҳ ба онҳо дар ҷаннат ризқи нек медиҳад. Яқинан Аллоҳ беҳтарин рӯзидиҳандагон аст.(1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 5\447
____________________
1. Тафсири ибни Касир 5\447
Verse 59
59. Ононро ба ҷое дароварад, ки онон он ҷоро дӯст доранд ва аз он хушнуд бошанд. Ва он ҷаннат аст. Ва албатта, Аллоҳ доно аст ба ҳоли шахсе, ки дар роҳи Ӯ ҳиҷрат намудааст ё барои дунё ҳиҷрат кардааст
ва бурдбор аст аз он касоне, ки Ӯро нофармонбардорӣ мекунанд ва фавран онҳоро ба азоб намегирад!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18 \ 674
ва бурдбор аст аз он касоне, ки Ӯро нофармонбардорӣ мекунанд ва фавран онҳоро ба азоб намегирад!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18 \ 674
Verse 60
60. Ҳукм бар ин аст, ҳар кас ситам кунад, барои ӯ ҷоиз аст, ба андозае, ки ба ӯ ситам шудааст, бар ҷинояткор ситам намояд баъд аз он ҷинояткор бар ӯ дубора ситам кунад, ба дурустӣ, ки Аллоҳ ситамдидаро ёриаш хоҳад кард. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ афвкунанда ва омурзанда аст гунаҳкоронро, фавран ба гуноҳашон азоб намедиҳад ва аз гуноҳашон дармегузарад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\543
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\543
Verse 61
61. Ин ба он сабаб аст, ки Аллоҳ шабро дар рӯз ва рӯзро дар шаб дохил мегардонад ва бар яке аз он ду меафзояд ва аз дигаре мекоҳад ва баръакс.
Ба Аллоҳ ба ҳамаи садоҳо шунавост ва ба ҳама корҳо биност.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1 \ 543
Ба Аллоҳ ба ҳамаи садоҳо шунавост ва ба ҳама корҳо биност.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1 \ 543
Verse 62
62. Ин ба он сабаб аст, ки Аллоҳ ҳақ аст ва он чи кофирон ҷуз Ӯ маъбуди дигаре мехонанд, ботил аст ва Ӯ баландмартабаву бузург аст.
Verse 63
63. Оё надидаӣ, ки Аллоҳ аз осмон борон фиристод ва замин бар асари он сарсабзу хуррам мегардад? Албатта, Аллоҳ дар рӯёнидани наботот аз замин дақиқ ва огоҳ аст!
Verse 64
64. Аз они Ӯст он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст. Ба дурустӣ, Аллоҳ бениёз ва сазовори ситоиш аст!
Verse 65
65. Оё надидаӣ, ки Аллоҳ ҳар чиро дар рӯи замин ҳаст ва киштиҳоро, ки дар баҳр ба фармони Ӯ мераванд, бароятон мусаххар гардонид? Ва Аллоҳ намегузорад осмон бар замин фурӯ резад, то ҳама ҳалок шаванд, магар ба изну хости худаш. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ бар мардум бахшоянда ва меҳрубон аст.
Verse 66
66. Ӯ Аллоҳ зотест, ки шуморо зиндагӣ бахшид ва шуморо аз нестӣ ба вуҷуд овардааст, сипас бимиронад ва баъд аз мурданатон шуморо боз зинда месозад. Бегумон инсон дар баробари неъматҳои Аллоҳ ношукр аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\398
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\398
Verse 67
67. Барои ҳар уммате дине ниҳодем, то бар он дину оин амал кунанд. Пас, дар бораи амр мушрикони Қурайш бо ту эй Расул, ситеза накунанд ва мардумро ба сӯи Парвардигори худ даъват кун, бегумон ту бар роҳи рост ҳастӣ.
Verse 68
68. Ва агар бо ту эй Расул, ситеза карданд, бигӯ барояшон: "Аллоҳ бар ҳар коре, ки мекунед, огоҳтар аст".
Verse 69
69. Аллоҳ миёни шумо дар рӯзи қиёмат дар бораи он чи ихтилоф меварзидед, ҳукм хоҳад кард.(1)
____________________
1. Дар ин оят одоби накӯест ва ин оят рад аст дар ҷавоби шахсе, ки бо такаббур ҷидол мекунад.
____________________
1. Дар ин оят одоби накӯест ва ин оят рад аст дар ҷавоби шахсе, ки бо такаббур ҷидол мекунад.
Verse 70
70. Оё надонистаӣ, эй Расул, ки Аллоҳ ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад? Бегумон тамоми инҳо дар китоби Лавҳи Маҳфуз сабт аст ва ин кор барои Аллоҳ осон аст.
Verse 71
71. Ва мушрикон ғайри Аллоҳ чизеро мепарастанд, ки Аллоҳ ҳеҷ далеле бар сиҳатии парастиши онҳо нозил накардааст ва чизеро мепарастанд, ки ба он илме надоранд. Ва барои ситамкорон ҳеҷ ёваре нест.
Verse 72
72. Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон хонда мешавад, дар чеҳраи кофирон нохӯширо мебинӣ, балки наздик аст ҳамла кунанд ба он касоне, ки оёти Моро бар онҳо мехонанд. Бигӯ эй Расул барояшон: «Оё шуморо бар чизе бадтар аз ин огоҳ кунам? Ҳамон оташи ҷаҳаннам аст, ки Аллоҳ онро бар касоне, ки имон наовардаанд, ваъда додааст ва оташ, бад саранҷомест!»
Verse 73
73. Эй мардум, мисоле оварда шуд. Ба он гӯш диҳед. Касонеро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуди худ мехонед ва мадад металабед, агар ҳама ҷамъ шаванд, магасе (пашшае)-ро нахоҳанд офарид ва агар магасе чизе аз онҳо бирабояд, наметавонанд онро аз ӯ боз пас бигиранд. Пас, толибу матлуб ҳарду (дармондаву) нотавонанд! Пас, бо ин қадар хорию нотавонӣ чӣ гуна ин бутҳоро парастиш карда мешавад?(1)
____________________
1. Тафсири Табрӣ 18\686
____________________
1. Тафсири Табрӣ 18\686
Verse 74
74. Инҳо мушрикон Аллоҳро, чунонки лоиқи бузургии Ӯст, бузург надоштанд. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳама чиз нерӯманд ва пирӯз аст!
Verse 75
75. Аллоҳ аз миёни фариштагону мардумон расулоне ихтиёр мекунад. Албатта, Аллоҳ ба гуфтори бандаҳояш шунаво аст ва ба ҷамиъи ашё биност!
Verse 76
76. Он чиро, ки дар пеши рӯяшон аст ва он чиро, ки пушти сарашон (оянда ва гузаштаи онҳо) аст, медонад. Ва ҳамаи корҳо ба сӯи Ӯ бозмегарданд.
Verse 77
77. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон овардаед, дар намози худ рукӯъ ва саҷда кунед ва Парвардигоратонро бипарастед ва корҳои нек ба ҷой оваред, то наҷот ёбед.
78. Дар роҳи Аллоҳ, ҷиҳод кунед, он гуна ки шоистаи ҷиҳод дар роҳи Ӯст. Ӯ шуморо баргузид. Ва бароятон дар дин ҳеҷ корҳои душвориро бар дӯши шумо нагузоштааст. Дини падаратон Иброҳимро барои шумо ташриъ кардааст. Ӯ пеш аз ин дар китобҳои пешин ва дар ин Қуръон шуморо "мусалмон" номид. То Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо низ бар дигар мардум гувоҳ бошед.
Пас, намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Аллоҳ ибодат кунед, ки Ӯ ёвар ва сарпарасти шумо аст. Чӣ сарпараст ва сарвари нек ва чӣ мададгор ва кӯмаккунандаи хубе аст!
Пас, намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Аллоҳ ибодат кунед, ки Ӯ ёвар ва сарпарасти шумо аст. Чӣ сарпараст ва сарвари нек ва чӣ мададгор ва кӯмаккунандаи хубе аст!
تقدم القراءة