Тарҷумаи сураи ИНСОН ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية
Verse 1
1. Ба ростӣ, ки омадааст бар одамӣ муддате аз замон, ки пеш аз дамидани руҳ дар вуҷудаш чизе қобили зикре набуд?(1)
____________________
1. Ин ҳамон замоне аст, ки инсон вуҷуд надоштааст. Тафсири Саъдӣ 1\900
____________________
1. Ин ҳамон замоне аст, ки инсон вуҷуд надоштааст. Тафсири Саъдӣ 1\900
Verse 2
2. Ҳароина, Мо одамиро аз нутфае омехта(1) офаридем, то ӯро бо вазифаҳои шаръӣ имтиҳон кунем. Ва шунавою бинояш сохтаем, то бишнавад оятҳоро ва бубинад далелҳоро.
____________________
1. Яъне, аз оби мард ва зан.
____________________
1. Яъне, аз оби мард ва зан.
Verse 3
3. Ҳароина, роҳро(1) ба ӯ нишон додем. Хоҳ мӯъмини шукргузор бошад хоҳ кофири ношукр.
____________________
1. Яъне, роҳи ҳақ ва гумроҳиро, роҳи хуб ва бадро. Тафсири Бағавӣ 8/292
____________________
1. Яъне, роҳи ҳақ ва гумроҳиро, роҳи хуб ва бадро. Тафсири Бағавӣ 8/292
Verse 4
ﯻﯼﯽﯾﯿﰀ
ﰁ
4. Ҳароина, Мо барои кофирон занҷирҳо омода кардем, то пойҳояшонро бубанданд ва тавқҳо муҳайё кардем, то дастҳояшонро бар гарданҳояшон бубанданд ва оташи афрӯхта низ омода кардем.
Verse 5
5. Ҳароина, некон аҳли тоъат ва ихлос, онҳое ки ҳаққи Аллоҳро адо мекунанд, рӯзи қиёмат аз шаробе менӯшанд, ки омехта ба кофур аст,
Verse 6
6. Ин шаробе, ки омехта бо кофур аст аз чашмаест, ки бандагони Аллоҳ аз он менӯшанд ва онро бар ҳар ҷое, ки мехоҳанд, ба осонӣ равон месозанд.
Verse 7
7. Ин бандагони Аллоҳ чун назр кунанд, вафо мекунанд ва аз азоби Аллоҳ дар рӯзи қиёмат, ки зарар ва бадии он ҳама инсонҳоро(1) фаро мегирад, метарсанд.
____________________
1. Магар бар онҳое, ки Аллоҳ раҳм кардааст.
____________________
1. Магар бар онҳое, ки Аллоҳ раҳм кардааст.
Verse 8
8. Ва таъомеро дар ҳоле худ дӯсташ доранду ва ба он мӯҳтоҷ ҳастанд, ба камбағалу ятим ва асир(1) мехӯронанд,
____________________
1. Камбағал, касест, ки бар касб кардан нотавон аст ва ятим касест, ки падараш фавтидаасту мол надорад ва асир касест, ки дар ҷанг ба асорат афтодааст. Тафсири Табарӣ 24/97
____________________
1. Камбағал, касест, ки бар касб кардан нотавон аст ва ятим касест, ки падараш фавтидаасту мол надорад ва асир касест, ки дар ҷанг ба асорат афтодааст. Тафсири Табарӣ 24/97
Verse 9
9. Ба забони ҳол мегӯянд ҷуз ин ҳадафи дигаре нест, ки шуморо фақат барои ризогии Аллоҳ таъом медиҳем ва аз шумо на подоше мехоҳем на сипосе.
Verse 10
10. Бадурустӣ, Мо аз Парвардигори худ, дар рӯзе, ки гунаҳкорон туршрӯй бошанд ва он рӯзи хеле сахт аст, метарсем.
Verse 11
11. Пас Аллоҳ онҳоро аз сахтии он рӯз нигаҳ дошт ва дар рӯйҳояшон хушҳолию тароват ва дар дилҳояшон шодмонӣ бахшид.
Verse 12
ﮅﮆﮇﮈﮉ
ﮊ
12. Барои сабре, ки дар дунё кардаанд, мукофоти он биҳишти анбарсиришт дод, ки дар он либосҳои абрешимӣ мепӯшанд.
Verse 13
13. Дар он ҷо бар тахтҳо такя задаанд, на гармии офтоберо мебинанд ва на хунукии сахтеро.
Verse 14
ﮗﮘﮙﮚﮛﮜ
ﮝ
14. Сояҳои дарахтонаш бар сарашон афтода ва меваҳояш ба фармонашон бошад(1).
____________________
1. Яъне, меваҳои ҷаннат ба осони ба даст меоянд.
____________________
1. Яъне, меваҳои ҷаннат ба осони ба даст меоянд.
Verse 15
15. Ва ходимон таъомҳоро дар косаҳои нуқрагин ва шаробро дар кӯзаҳо дар миёнашон ба гардиш меоранд.
Verse 16
ﮧﮨﮩﮪﮫ
ﮬ
16. Кӯзаҳое аз нуқра, ки онҳоро ба андозае пур кардаанд(1).
____________________
1. Яъне, чи қадаре, ки нӯшандаҳо мехоҳанд на зиёд ва на кам.Тафсири Саъдӣ 1/901
____________________
1. Яъне, чи қадаре, ки нӯшандаҳо мехоҳанд на зиёд ва на кам.Тафсири Саъдӣ 1/901
Verse 17
ﮭﮮﮯﮰﮱﯓ
ﯔ
17. Дар он ҷо некӯкоронро шаробе бинӯшонанд, ки омехта бо занҷабил бошад,
Verse 18
ﯕﯖﯗﯘ
ﯙ
18. аз чашмае, ки онро Салсабил(1) мегӯянд.
____________________
1. Нӯшандааш саломат монад ва гуворову пок каст. Тафсири Саъдӣ 1/901
____________________
1. Нӯшандааш саломат монад ва гуворову пок каст. Тафсири Саъдӣ 1/901
Verse 19
19. Ва ҳамеша ҷавононе ба гирдашон барои хидмат давр мезананд, ки чун онҳоро бубинӣ, пиндорӣ, ки аз зебоиашон гӯё марвориди афшондашудаанд.
Verse 20
20. Ва чун онгоҳ ба кадом ҷои ҷаннат бингарӣ, ҳар чӣ бингарӣ, неъмати фаровон ва мулки васеъи бузургаст, ки интиҳо надорад.
Verse 21
21. Бар тани биҳиштиён ҷомаҳоест дарунаш аз абрешими тунуки сабз ва берунаш аз абрешими ғафс. Ва бо дастбандҳое аз нуқра ороста шудаанд ва бинӯшонад онҳоро Парваридигорашон шароби покро.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/901
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/901
Verse 22
22. Ва гуфта шавад ба онҳо: Ҳароина, ин подоши амалҳои неки шумост ва кӯшишҳое, ки дар дунё кардед, аз назди Аллоҳ сипосгузорӣ шудааст.
Verse 23
ﰅﰆﰇﰈﰉﰊ
ﰋ
23. Ҳароина, Мо Қуръонро эй Паёмбар бар ту бо тадриҷ(1) нозил кардем, то ки мардумро ба савобу ваъдаҳо ва ба азобу ҳушдорҳои он панд диҳӣ!
____________________
1. Яъне, сура-сура ва оят-оят.
____________________
1. Яъне, сура-сура ва оят-оят.
Verse 24
24. Пас дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва аз ҳеҷ мушрике, ки дар шаҳватҳо ғӯтта задааст ё кофире, ки дар куфру залолат фурӯ рафтааст, итоъат макун!
Verse 25
ﰖﰗﰘﰙﰚ
ﰛ
25. Ва бомдоду шомгоҳон номи Парвардигоратро ба забон ёд кун.
Verse 26
26. Ва дар бахше аз шаб барояш намоз бигзор ва Ӯро бахши дарозе аз шаб ба покӣ ёд кун.
Verse 27
27. Ҳароина, инҳо кофирон ва мушрикон ин дунёи зудгузарро дӯст доранд ва он рӯзи душвор (қиёмат)-ро пушти сар мепартоянд. (Яъне, барои охират амал намекунанд).(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 24/117
____________________
1. Тафсири Табарӣ 24/117
Verse 28
28. Мо ба қудрати Худ онҳоро (одамиёнро) офаридаем ва аъзову пайвандҳояшонро ба василаи рагу пайванд нерӯманду мустаҳкам гардонидем ва агар хоҳем онҳоро ҳалок карда, ба ҷои онҳо қавме монандашон биёварем, ки бандаи мутеи Аллоҳ шаванд.
Verse 29
29. Ҳароина, ин сура пандест барои оламиён. Пас, ҳар кӣ барои худ дар дунёву охират некӯӣ хоҳад, бигирад роҳи имон ва парҳезгориро, он роҳе ки ӯро ба сӯӣ бахшиш ва розигии Аллоҳ мебарад.
Verse 30
30. Ва шумо ҷуз он наметавонед бихоҳед, магар ин ки Аллоҳ хоста бошад(1). Ҳамоно Аллоҳ доност ба аҳволи бандагонаш ва ҳаким аст дар тадбиру коргузориҳояш.
____________________
1. Яъне, ирода намекунед ҳеҷ кореро, магар ба тақдир ва иродаи Аллоҳ бошад.
____________________
1. Яъне, ирода намекунед ҳеҷ кореро, магар ба тақдир ва иродаи Аллоҳ бошад.
Verse 31
31. Ҳар касро, ки аз бандагонаш бихоҳад, шомили раҳмат ва розигии худ созад(1) ва барои ситамкорон ва таҷовузкунандагони ҳудудҳои Илоҳӣ азоби дардоваре омода кардааст.
____________________
1. Яъне, мӯъминонро.
____________________
1. Яъне, мӯъминонро.
تقدم القراءة