ﯞ
surah.translation
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, дар баробари Аллоҳу паёмбари Ӯ пешдастӣ макунед (ҳеҷ ҳукмеро бар ҳукми Аллоҳ ва паёмбараш муқаддам масозед ва аз пеши худ ҳукме накунед ва дар гуфтору кирдоратон) аз Аллоҳ битарсед, зеро Аллоҳ ба гуфторатон шунаво ва ба кирдоратон доност. (1)
____________________
1. Ин оят ваъид аст барои муъминон, ки дар шариати Аллоҳ чизеро навовари накунанд. Тафсири Табарӣ 22 \ 277
____________________
1. Ин оят ваъид аст барои муъминон, ки дар шариати Аллоҳ чизеро навовари накунанд. Тафсири Табарӣ 22 \ 277
2. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати ӯ амал кардаед, садои худро аз садои Паёмбар баландтар макунед ва ҳамчунон ки бо якдигар баланд сухан мегӯед, бо ӯ ба овози баланд сухан магӯед, то надониста аъмолатон зоеъ нашавад.
3. Ҳароина, касоне, ки дар назди паёмбари Аллоҳ садояшонро поин меоваранд, ҳамонҳоянд, ки Аллоҳ дилҳояшонро ба тақво озмудааст ва софу холис гардонидааст. Онҳоро дар баробари ин одобашон омӯрзиш ва музди бузург аст ва ҳамон ҷаннат аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/282
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/282
4. Ҳароина, онҳое, ки аз он сӯи ҳуҷраҳо нидоят медиҳанд, (эй Паёмбар) бештарашон намедонанд, (ки ту чӣ мақоми волое дар даргоҳи Аллоҳ дорӣ ва бояд бо ту бо эҳтиром рафтор кунанд.) (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/799
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/799
5. Агар сабр мекарданд, то ту худ берун меомадӣ ва назди онҳо мерафтӣ, албатта, барояшон беҳтар мебуд ва Аллоҳ омӯрзанда аст онҳоро, аз сабаби беадабӣ ва кӯтоҳие, ки аз рӯи нодонӣ аз онон сар зад ва меҳрубон аст, ба онҳо, ки зуд онҳоро азоб намекунад. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/286
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/286
6. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардед, ва ба шариъати ӯ амал намудаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед.
7.Ва бидонед, ки ҳароина, паёмбари Аллоҳ дар миёни шумост, ҳурмати ӯро нигаҳ доред. Агар дар бисёре аз корҳо шуморо итоъат кунад, ба машаққат хоҳед афтод. Вале Аллоҳ имонро маҳбуби шумо сохт ва онро дар дилатон биёрост ва куфру фисқу исёнро дар назаратон нописанд ва зишт гардонид. Инҳо худ ба ҳақ роҳёфтагонанд.
8.Ин хайре, ки барояшон муваффақ шуд, бахшишу неъматест аз ҷониби Аллоҳ ва Аллоҳ доно аст ба касе, ки Ӯро шукргузорӣ мекунад ва дар тадбири умури халқаш бо ҳикмат аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/290
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/290
9.Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон (бо ҳукми китоби Аллоҳ ва суннати расулаш) оштигӣ барқарор кунед. Ва агар як гурӯҳ бар дигаре дастдарозӣ кард ва қабул накард, бо он ки дастдарозӣ кардааст, биҷангед, то ба фармони Аллоҳ бозгардад. Пас, агар бозгашт, миёнашон сулҳи одилонае барқарор кунед ва адолат варзед, ки ҳароина, Аллоҳ одилонро дӯст дорад.(1)
____________________
1. Дар оят сифати муҳаббати Аллоҳ исбот шудааст, ҳамчунон ки лоиқ ба Зоти бузурги Ӯ мебошад.
____________________
1. Дар оят сифати муҳаббати Аллоҳ исбот шудааст, ҳамчунон ки лоиқ ба Зоти бузурги Ӯ мебошад.
10. Ҳароина, мӯъминон бо якдигар дар дин бародаронанд. Миёни бародаронатон сулҳ барқарор кунед ва аз Аллоҳ битарсед, то бар шумо раҳмат орад.
11. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати ӯ амал намудаед гурӯҳе аз мардон гурӯҳи дигарро масхара накунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд.
Ва гурӯҳе аз занон гурӯҳи дигарро масхара накунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбҷӯӣ макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед. чӣ бад аст номи фисқ пас аз имон овардан.
Ва касоне, ки аз масхара кардан, айбҷӯӣ кардан ва ба лақаби зишт ном гирифтан тавба намекунанд, худ ситамкоронанд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/344
Ва гурӯҳе аз занон гурӯҳи дигарро масхара накунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбҷӯӣ макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед. чӣ бад аст номи фисқ пас аз имон овардан.
Ва касоне, ки аз масхара кардан, айбҷӯӣ кардан ва ба лақаби зишт ном гирифтан тавба намекунанд, худ ситамкоронанд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/344
12. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати ӯ амал намудаед, аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед. Ҳароина, баъзе аз гумонҳо гуноҳ мебошанд. Ва дар корҳои пинҳонии якдигар ҷосусӣ макунед ва айби мусалмононро фош макунед ва бархе аз шумо бархе дигареро ғайбат накунад. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас, худатон онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина, Аллоҳ ба бандагонаш тавбапазиру меҳрубон аст!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/801
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/801
13. Эй мардум, ҳароина, Мо шуморо аз як марду як зан биёфаридем, (ки он ду Одам ва Ҳаво алайҳимассаломанд.)
Ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта, гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумост. Пас фахр кардан бо насабро тарк кунед. Ҳароина, Аллоҳ огоҳ ва бохабар аст!
Ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта, гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумост. Пас фахр кардан бо насабро тарк кунед. Ҳароина, Аллоҳ огоҳ ва бохабар аст!
14. Арабҳои бодиянишин гуфтанд: «Ба Аллоҳу расулаш комилан имон овардем!» Бигӯ барояшон эй Расул: Комилан «имон наёвардаед. Бигӯед, ки таслим шудаем ва ҳанӯз имон дар дилҳоятон дохил нашудааст. Ва агар Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед, аз савоби аъмоли шумо чизе кам карда намешавад. Ҳароина, Аллоҳ омӯрзанда аст барои касе, ки аз гуноҳони худ тавба кардааст ва ба ӯ меҳрубон аст». (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/351
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/351
15. Ҳароина, мӯъминони комил касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу паёмбари ӯ имон овардаанд ва ба шариъати ӯ амал намуданд ва дар имонашон дигар шак накардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карданд. Инҳо дар имонашон росткирдоранд. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7/390
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7/390
16. Бигӯ (эй Расул барои ин аъробиҳо): «Оё мехоҳед Аллоҳро аз диндории худ огоҳ кунед? Ҳол он ки Аллоҳ аз ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, огоҳ аст ва Ӯ ба ҳар чизе дақиқан огоҳ аст!» ва чизе, ки дар дилҳои шумо ҳаст; аз имон ё куфр ё некӯӣ ё бадӣ, бар Ӯ пӯшида нест. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/802
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/802
17. Аз ин ки ислом овардаанд, (инҳо аъробиҳо) бар ту эй Расул миннат мекунанд.
Бигӯ барояшон: «Ба хотири исломатон бар ман миннат магузоред, чаро ки нафъи имон ба худи он инсон бармегардад, балки Аллоҳ ба он сабаб, ки шуморо ба имон роҳ намудааст, бар шумо миннат мениҳад, агар дар иддиъои имонатон рост ва дуруст ҳастед!»
Бигӯ барояшон: «Ба хотири исломатон бар ман миннат магузоред, чаро ки нафъи имон ба худи он инсон бармегардад, балки Аллоҳ ба он сабаб, ки шуморо ба имон роҳ намудааст, бар шумо миннат мениҳад, агар дар иддиъои имонатон рост ва дуруст ҳастед!»
18. Ҳароина, Аллоҳ он чи пинҳон ва махфӣ аст дар осмонҳову заминро медонад ва ҳеҷ чизе бар Ӯ пӯшида намемонад ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност! Ва Ӯ ҷазодиҳандаи шумост, дар баробари некӯӣ подоши нек ва дар баробари бадӣ ҷазои бад медиҳад. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/802
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/802