Тарҷумаи сураи ЛАЙЛ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية
Verse 1
ﮡﮢﮣ
ﮤ
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад, ба шаб, ҳангоме ки торикии он ҳама ҷоро мепӯшад
Verse 2
ﮥﮦﮧ
ﮨ
2. ва савганд, ба рӯз, он гоҳ, ки равшан шавад
Verse 3
ﮩﮪﮫﮬ
ﮭ
3. ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид,
Verse 4
ﮮﮯﮰ
ﮱ
4. бегумон кӯшишу амалҳои шумо гуногун аст(1).
____________________
1. Яъне бархе аз шумо барои дунё амал мекунад ва бархе барои охират.
____________________
1. Яъне бархе аз шумо барои дунё амал мекунад ва бархе барои охират.
Verse 5
ﯓﯔﯕﯖ
ﯗ
5. Аммо касе, ки аз молаш бахшид ва парҳезгорӣ кард
Verse 6
ﯘﯙ
ﯚ
6. ва оини некро (калимаи тайибаро) тасдиқ кард,
Verse 7
ﯛﯜ
ﯝ
7. пас ба зудӣ роҳи расидан ба осоишро барояш осон мегардонем(1).
____________________
1. Яъне, роҳи хайр ва амал ба тоъати хеш тавфиқ медиҳем.
____________________
1. Яъне, роҳи хайр ва амал ба тоъати хеш тавфиқ медиҳем.
Verse 8
ﯞﯟﯠﯡ
ﯢ
8. Аммо он касе, ки бахиливу беэҳтиёҷӣ кард
Verse 9
ﯣﯤ
ﯥ
9. ва ба калимаи тайиба имон наёвард,
Verse 10
ﭑﭒ
ﭓ
10. пас ба зудӣ роҳашро ба сӯи бадӣ ва душворӣ осон мегардонем, (яъне, барои дӯзах омода месозем.)
Verse 11
ﭔﭕﭖﭗﭘﭙ
ﭚ
11. Ва чун ҳалок гардад ва дар ҷаҳаннам фурӯ афтад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад.
Verse 12
ﭛﭜﭝ
ﭞ
12. Ва бегумон нишон додани роҳ ба сӯи Аллоҳ ва ҷаннати Ӯ бар дӯши мост.
Verse 13
ﭟﭠﭡﭢ
ﭣ
13. Ва аз они Мост ҳама мулки он ҷаҳону ин чаҳон.
Verse 14
ﭤﭥﭦ
ﭧ
14. Пас шуморо эй одамон аз оташе, ки забона мезанад, бим додем,
Verse 15
ﭨﭩﭪﭫ
ﭬ
15. Ба он дохил намешавад ва намесӯзад, магар бадбахттарин инсон.
Verse 16
ﭭﭮﭯ
ﭰ
16. Ҳамон ки Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ баровард ва аз имон овардан рӯй гардонид.
Verse 17
ﭱﭲ
ﭳ
17. Ва парҳезгортарин мардум аз он оташе, ки шӯъла мезанад дур дошта хоҳад шуд,
Verse 18
ﭴﭵﭶﭷ
ﭸ
18. касе, ки моли худро медиҳад, то хештанро покиза бидорад.
Verse 19
ﭹﭺﭻﭼﭽﭾ
ﭿ
19. Ва ҳеҷ касро назди ӯ ҳаққи неъмате нест, то бихоҳад ба ин васила ба ӯ ҷазо дода шавад(1).
____________________
1. Яъне, хайре, ки ӯ мекунад ва хайре, ки дигарон мекунанд, баробар нест, зеро ӯ дар ивази неъмат ба ҷуз ризоияти Парвардигор чизе намехоҳад.
____________________
1. Яъне, хайре, ки ӯ мекунад ва хайре, ки дигарон мекунанд, баробар нест, зеро ӯ дар ивази неъмат ба ҷуз ризоияти Парвардигор чизе намехоҳад.
Verse 20
ﮀﮁﮂﮃﮄ
ﮅ
20. Ғайри ҷӯстани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ.
Verse 21
ﮆﮇ
ﮈ
21. Ва ба зудӣ дар ҷаннат хушнуд хоҳад шуд.
تقدم القراءة