Тарҷумаи сураи КАҲФ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية
Verse 1
1. Тамоми шукру сипос хос барои Аллоҳ аст, ки бар бандааш (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) китоби Қуръонро фуруд овард ва дар он ҳеҷ гуна каҷӣ ва инҳирофе қарор надодааст.
Verse 2
2. Китобест собит ва устувор ва Аллоҳ онро нозил кардааст, то мардумро аз азоби сахти худ битарсонад ва мӯъминонро, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда диҳад, ки барои онҳо подоши хубест ва он ҷаннат аст.
Verse 3
ﯸﯹﯺ
ﯻ
3. Ҷовидона дар он биҳиште, ки неъмати хуби Аллоҳ таоло ҳаст, хоҳанд монд.
Verse 4
ﯼﯽﯾﯿﰀﰁ
ﰂ
4.Ва аз азоби сахти Ӯ битарсонад касонеро, ки мегӯянд: «Аллоҳ фарзанде ихтиёр кардааст»(1).
____________________
1. Ин оят яҳудиёну насрониҳоро ба хотири ба Худованд фарзанд қоил шуданашон бим медиҳад. Яҳудиён Узайрро писари Худо медонанд ва насрониҳо Исо (а)-ро. Тафсири Саъдӣ 1/469.
____________________
1. Ин оят яҳудиёну насрониҳоро ба хотири ба Худованд фарзанд қоил шуданашон бим медиҳад. Яҳудиён Узайрро писари Худо медонанд ва насрониҳо Исо (а)-ро. Тафсири Саъдӣ 1/469.
Verse 5
5. Аз он на бар онҳо на бар падарони онҳо ҳеҷ огоҳие нест. Гуноҳи бузург аст ин сухан, ки мебарояд аз даҳонашон. Ин сухан (Аллоҳ соҳиби фарзанд аст) дурӯғи маҳз аст, ки мегӯянд.
Verse 6
6. Пас агар ба ин сухани (Қуръон) имон наёваранд, шояд мехоҳӣ дар пайи онҳо худро аз ғаму андӯҳ ҳалок созӣ.
Verse 7
7. Ба таҳқиқ, Мо ҳар чӣ дар рӯи замин аст, зиннати он қарор додем, то имтиҳонашон кунем, ки кадоми яке аз онҳо беҳтар амал мекунанд.
Verse 8
ﭼﭽﭾﭿﮀﮁ
ﮂ
8. Ва ҳамоно Мо ҳастем, ки рӯи заминро чун дунё ба охир расад, мисли биёбоне хушк хоҳем кард.
Verse 9
9. Оё пиндоштаӣ, ки Асҳоби Каҳф ва Рақим аз нишонаҳои аҷибу ғариби Мо будаанд?
Verse 10
10. Ба ёд ор эй Паёмбар, чун он ҷавонмардони мӯъмин аз тарси қавмашон ба ғор паноҳ бурданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо,
моро аз сӯйи худ раҳмат иноят
кун ва моро аз бадӣ нигоҳ дор ва бароямон дар кори мо роҳи наҷоте фароҳам фармо».
моро аз сӯйи худ раҳмат иноят
кун ва моро аз бадӣ нигоҳ дор ва бароямон дар кори мо роҳи наҷоте фароҳам фармо».
Verse 11
11. Пас чандин соле ононро дар он ғор хобонидем.
Verse 12
12. Сипас бедорашон кардем, то бидонем кадом як аз он ду гурӯҳ муддати замонеро, ки гузарониданд, ба хотир доранд.
Verse 13
13. Мо хабари Асҳоби Каҳфро ба ростӣ барои ту эй Паёмбар ҳикоят мекунем: онҳо ҷавонмардоне буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварда буданд ва
Мо низ бар ҳидояташон афзудем.
Мо низ бар ҳидояташон афзудем.
Verse 14
14. Бар дилҳояшон нерӯ ва устуворӣ бахшидем. Он гоҳ ки дар назди он подшоҳи кофир истоданд ва гуфтанд: «Парвардигори мо, Парвардигори осмонҳову замин аст. Ҷуз Ӯ касеро маъбуди барҳақ нахонем, ки ҳар гоҳ чунин кунем, ҳамоно сухани дурӯғе гуфта бошем.
Verse 15
15. Ин қавми мо, ба ғайри Ӯ таоло маъбудон (бутҳо)-и дигаре ихтиёр кардаанд. Чаро барои исботи ибодаташон онҳоро далели равшане намеоваранд? Кист ситамкортар (кофиртар) аз касе, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебандад ва ба Ӯ ширк меорад?
Verse 16
16. Ва чун аз ин кофирон канора ҷустед ва ҷуз Аллоҳи барҳақ маъбуди дигареро намепарастед, пас ба сӯйи ғор паноҳ баред, то Аллоҳ аз раҳмати хеш бар шумо фароху арзонӣ кунад ва дар корҳоятон барои шумо кушоиш фароҳам орад.
Verse 17
17. Ва хуршедро мебинӣ, ки чун тулуъ мекунад, аз ҷониби рост ба ғор моил мешавад ва чун ғуруб мекунад, аз болояшон ба ҷониби чап мегузарад ва онҳо дар саҳнаи ғор бароҳат хобанд (яъне дар вақти тулуъ ва ғуруб онҳоро гармии офтоб азият намедод). Ва ин ҳама аз нишонаву муъҷизаҳои Аллоҳ аст. Ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, ҳидоят ёфтааст ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳаргиз корсозу роҳнамое барои ӯ нахоҳӣ ёфт.
Verse 18
18. Мепиндоштӣ эй бинанда, ки Асҳоби Каҳф бедоранд, ҳол он ки воқеан дар хоб буданд ва Мо онҳоро дар ҳоле, ки хоб буданд ба дасти росту дасти чап мегардонидем, то замин ҷисми ононро нахӯрад ва сагашон бар остонаи ғор ду дасти хеш дароз карда буд. Агар аз ҳоли онҳо огоҳ мешудӣ, албатта гурезон бозмегаштӣ ва аз онҳо сахт метарсидӣ.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/158.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/158.
Verse 19
19. Ҳамчунин бедорашон кардем, то бо якдигар гуфтугӯ кунанд. Яке аз онҳо пурсид: «Чанд вақт аст,
ки оромидаед?» Гуфтанд: «Як рӯз ё ниме аз рӯз оромидаем». Гуфтанд: «Парвардигоратон беҳтар донад, ки чанд вақт оромидаед. Якеро аз худ бо ин пулатон ба шаҳр бифиристед, то бингарад, ки ғизои покиза кадом аст ва аз он бароятон рӯзиятонро биёварад. Ва бояд ки бо ҳушёрӣ (эҳтиёт) рафтор кунад, то касе ба шумо огоҳӣ наёбад. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/160.

Verse 20
20. Зеро агар шуморо қавматон биёбанд, сангсор хоҳанд кард ё ба дини хеш дароваранд.
Ва агар чунин шавад, то абад растагор нахоҳед шуд.
Ва агар чунин шавад, то абад растагор нахоҳед шуд.
Verse 21
21. Бад-ин сон мардумро ба ҳолашон огоҳ кардем, то бидонанд, ки ваъдаи Аллоҳ (яъне, зинда гардонидан баъди миронидан) рост аст ва ҳароина, дар вуқуъи қиёмат шубҳае нест.
Он гоҳ дар бораи онҳо бо якдигар ба гуфтугӯ пардохтанд ва гуфтанд:
«Бар ғори онҳо биное бисозед, Парвардигорашон аз ҳолашон огоҳтар аст».
Ва онон, ки бар амрашон ғолибтар шуда буданд,(1) гуфтанд: «Албатта, бар ғорашон масҷиде месозем».(2)
____________________
1. Яъне онҳое, ки соҳиби амру қувват буданд. Тафсири Саъдӣ. 1/473. 2. Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам сохтани бино бар болои қабрҳо ё навиштани чизе болои онҳоро манъ кардаанд, зеро ин амал ғулув ва ҳаром аст.

Verse 22
22. Баъзе аз аҳли китоб хоҳанд гуфт: «Се тан буданд ва чаҳорумашон сагашон буд» ва мегӯянд: «Панҷ тан буданд ва шашуминашон сагашон буд, ба хаёлу гумон ва ғоибона» ва мегӯянд: «Ҳафт тан буданд ва ҳаштуминашон сагашон буд». Бигӯ эй Расул:
«Парвардигори ман ба адади онҳо донотар аст ва шумори онҳоро ҷуз андак касони дигаре намедонанд». Ва ту дар бораи Асҳоби Каҳф бо аҳли китоб ҷуз ба зоҳир муҷодала макун ва касеро дар бораашон аз аҳли китоб мапурс.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 17/641.

Verse 23
23. Дар бораи ҳеҷ чизе магӯ, ки ман фардо онро анҷом медиҳам,
Verse 24
24. магар ин ки бигӯйӣ агар Аллоҳ бихоҳад онро анҷом медиҳам. Ва чун фаромӯш кунӣ, Парвардигоратро ба ёд ор(1). ва бигӯ: «Шояд Парвардигори ман маро аз наздиктарин (дурусттарин) роҳ ҳидоят кунад».
____________________
1. Чун ки ёди Аллоҳ фаромуширо дур мекунад. Тафсири Саъдӣ. 1/474.
____________________
1. Чун ки ёди Аллоҳ фаромуширо дур мекунад. Тафсири Саъдӣ. 1/474.
Verse 25
25. Ва онон дар ғори худ сесад сол оромиданд ва нӯҳ сол ба он афзудаанд. (1)
____________________
1. Яъне, ҳисоби солшумории шамсӣ сесад сол ва ба ҳисоби солшумории қамарӣ сесаду нӯҳ сол. Тафсири Бағавӣ. 5/165.
____________________
1. Яъне, ҳисоби солшумории шамсӣ сесад сол ва ба ҳисоби солшумории қамарӣ сесаду нӯҳ сол. Тафсири Бағавӣ. 5/165.
Verse 26
26. Бигӯ эй Расул: «Аллоҳ донотар аст, ки чанд сол орамиданд. Илми ғайби осмонҳову замин аз они Ӯст. чӣ қадар биносту чӣ қадар шунавост! Чуз Ӯ корсозе надоранд ва касеро
дар фармон ва ҳукмҳои худ (илми ғайб) шарикнасозад».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/165.
дар фармон ва ҳукмҳои худ (илми ғайб) шарикнасозад».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/165.
Verse 27
27. Эй Паёмбар, бар ту ҳар чӣ аз китоби Парвардигорат ваҳй шудааст, тиловат кун. Сухани Ӯро тағйирдиҳандае нест. Ва ту ҷуз Ӯ, ҳаргиз паноҳгоҳе намеёбӣ.
Verse 28
28. Эй Паёмбар, сабр кун ҳамроҳ бо касоне (ёрони фақират), ки ҳар субҳу шом Парвардигорашонро мехонанд ва хушнудии
Ӯро меҷӯянд. Ва набояд чашмони ту барои ёфтани зебу зиннатҳои зиндагии ин дунё аз инҳо ба сӯйи куффор гардад. Ва аз он ки дилашро аз зикри худ ғофилу бехабар сохтаем ва аз паи ҳавои нафси худ меравад ва дар корҳояш исроф меварзад, пайравӣ макун! (1)
____________________
1. Бузургони Макка ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: Агар мисли Билолу Суҳайбу Аммор ғуломони пойлучро аз назди худ биронӣ, мо бо ту ҳамроҳ мешавем. Аллоҳ барои итоат накардан аз талабу хостаи кофирон, ояти мазкурро нозил кард. Тафсири Табарӣ. 18/7.

Verse 29
29. Эй Паёмбар, ба он ғофилон бигӯ: «Ин сухани ҳақ аз ҷониби Парвардигори шумост. Ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад ва ҳар кӣ бихоҳад, кофир шавад».
Мо барои кофирон оташе
омода кардаем, ки он аз ҳар тараф онҳоро дар бар мегирад ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд аз ташнагӣ, аз обе чун миси гудохта бихӯронандашон, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешавад, чӣ оби баде ва чӣ оромгоҳи бадест!(1)
____________________
1. Дар ин оят ҳушдор ва ваиди сахтест барои аҳли куфр. Тафсири Табарӣ. 18/19.

Verse 30
30. Касоне, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, албатта Мо подоши некӯкоронро барбод намекунем.
Verse 31
31. Барояшон биҳиштҳое ҷовид аст. Аз зери қасрҳо ва манзилҳояшон рӯдҳои ширин ҷорист. Биҳиштиёнро ба дастбандҳои заррине меороянд ва ҷомаҳои сабзе аз матоъи нахи нозук ва матоъи абрешим мепӯшанд ва дар он ҷо бар тахтҳо такя мезананд. Чӣ подоши некӯе ва чӣ оромгоҳи некӯест ин ҷаннат!
Verse 32
32. Ва барояшон достони ду мардеро аз умматони пешина, ки якеашон мӯъмин ва дигараш кофир буд, баён кун, ки ба яке (ба кофир) ду боғи ангур дода будем ва бар
гирди онҳо дарахтони хурмо ва дар миёнашон киштзор карда будем.
гирди онҳо дарахтони хурмо ва дар миёнашон киштзор карда будем.
Verse 33
33. Он ду токзор меваи худро бе ҳеҷ каму кост медоданд.
Ва рӯде байни он ду ҷорӣ гардонидем.
Ва рӯде байни он ду ҷорӣ гардонидем.
Verse 34
34. Ҳосил аз они ӯ буд. Ба дӯсти (мӯъминаш), ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, мағрурона гуфт: «Ман ба мол аз ту бештар
ва ба ёрону тарафдорҳо пирӯзтарам».
ва ба ёрону тарафдорҳо пирӯзтарам».
Verse 35
35. Ва он мард бар хештан ситам карда(1) ва ба ин ҳолат ба боғи худ даромад ва гуфт: "Напиндорам, ки ин боғ ҳаргиз аз миён биравад".
____________________
1. Яъне ба рӯзи аз нав зинда шудан (қиёмат) бовар накард.
____________________
1. Яъне ба рӯзи аз нав зинда шудан (қиёмат) бовар накард.
Verse 36
36. Ва напиндорам, ки қиёмат ҳам биёяд (ва агар фарз кунем, ки қиёмат шавад ҳам, чунон ки ту мегӯйӣ эй мусалмон,) ва агар ҳам маро назди Аллоҳ баранд, албатта боғе беҳтар аз ин боғ хоҳам ёфт.
Verse 37
37. Дӯсти мӯъминаш, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, гуфт: «Оё бар он Аллоҳе, ки туро аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид ва боз туро марди комил сохт, кофир шудаӣ?
Verse 38
38. Вале, ӯ Аллоҳи барҳақ, Парвардигори ман аст ва ман ҳеҷ касро дар ибодат шарики Парвардигорам намесозам.
Verse 39
39. Чаро он гоҳ ки ба боғи худ даромадӣ, нагуфтӣ: «Ҳамду сипос мар Аллоҳро он чи хости Аллоҳ аст шуданист, нест ҳеҷ қуввате, магар ба хости Аллоҳ?» Агар мебинӣ, ки дороиву фарзанди ман камтар аст аз ту.
Verse 40
40. Шояд Парвардигори ман маро чизе беҳтар аз боғи ту диҳад. Шояд бар он боғ соиқае (оташаке) бифиристад ва онро ба замине софу лағжанда иваз кунад.
Verse 41
41. Ё оби он бар замин фурӯ равад ва ҳаргиз ба ёфтани он қудрат наёбӣ.
Verse 42
42. Дар ҳақиқат ба меваҳояш офат расид ва бомдодон дасти пушаймонӣ ва ҳасрат бар даст мемолид, ба хотири он ки сарфу харҷ карда буд дар ободии он боғ ва акнун ҳамаи биноҳояш фурӯ рехтааст. Ва мегӯяд: «Эй кош, касеро шарики Парвардигорам насохта будам!»
Verse 43
43. Ва ӯро ҷамоате набуд, ки ғайр аз Аллоҳ ӯро ёрӣ диҳанд ва худ низ қудрат надошт.
Verse 44
44. Ин ҷо собит шуд, ки тасарруфу корсозӣ хос Аллоҳрост, ки ҳамеша бошандааст. Подоши Ӯ беҳтар ва саранҷомаш некӯтар аст. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/174.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/174.
Verse 45
45. Барояшон эй Паёмбар, зиндагии дунёро мисол ор, ки чун боронест, ки аз осмон фуруд оварем ва бо он гиёҳони гуногун ба фаровонӣ бирӯяд. Ногоҳ хушк шавад ва бод ба ҳар сӯ парокандааш созад ва Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност!
Verse 46
46. Дороиву фарзанд зебу зиннатҳои ин зиндагонии дунёи фонист ва амалҳои солеҳ,(1) ки ҳамеша барҷой мемонанд, назди Парвардигорат беҳтар ва умед бастан ба онҳо некӯтар аст.
____________________
1. Монанди намозҳои панҷвақта ва такбиру тасбеҳу таҳлил. Тафсири Табарӣ. 18/32.
____________________
1. Монанди намозҳои панҷвақта ва такбиру тасбеҳу таҳлил. Тафсири Табарӣ. 18/32.
Verse 47
47. Рӯзе, ки кӯҳҳоро равон
кунем аз ҷояшон ва заминро намоён мебинӣ (яъне дар рӯйи замин ягон чизе нест аз кӯҳҳо, дарахтҳо ва наботот)
ва ҳамаро барои ҳисоб гирд меоварем ва як тан аз ононро ҳам раҳо намекунем. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/175.

Verse 48
48. Ва мардум ҳозир карда шаванд назди Парвардигори ту сафкашида. Гӯем: Албатта омадед пеши Мо, чунон ки офарида будем шуморо аввалин бор (яъне бидуни моли дунёву фарзанд), балки гумон мекардед, ки ҳаргиз барои шумо ваъдагоҳе (яъне қиёматро) қарор намедиҳем.(1)
____________________
1.Тафсири Саъдӣ. 1/479.
____________________
1.Тафсири Саъдӣ. 1/479.
Verse 49
49. Дафтари аъмол кушода шавад. Гунаҳкоронро бинӣ, ки аз он чи дар он омадааст, тарсону ҳаросонанд ва мегӯянд: «Вой бар мо, ин чӣ дафтарест, ки тамоми гуноҳи ҳурду бузургро сабт кардааст». Он гоҳ аъмоли худро дар муқобили худ ҳозир ва омода мебинанд ва Парвардигори ту ба касе заррае ҳам ситам намекунад.(3)
____________________
3.Тафсири Бағавӣ. 5/177.
____________________
3.Тафсири Бағавӣ. 5/177.
Verse 50
50. Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем, ки одамро саҷда кунед,(1) ҳама саҷда карданд,
магар Иблис, ки аз ҷин буд ва аз фармони Парвардигораш сар битофт. Эй мардум, оё шайтон ва фарзандонашро ба ҷои Ман ба дӯстӣ мегиред, ҳол он, ки душмани ашаддии шумоянд? Золимон чизи бадеро (яъне шайтонро сарпарасту корсози худ) ба ҷои Аллоҳ интихоб кардаанд.(2)
____________________
1. Саҷдаи эҳтиром ва таҳийят, на саҷдаи ибодат. 2. Тафсири Табарӣ. 18/44.

Verse 51
51. Он гоҳ, ки осмонҳову замин ва худашонро меофаридам, онҳоро (Иблису фарзандонашро) ҳозир накарда будам, балки Худ, якто ҳамаро халқ кардам бе ягон ёвар. Зеро Ман гумроҳонро ба ёрӣ намегирам. Пас чӣ гуна ононро дӯст ва шарики Ман мегиред? (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ. 1/480.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ. 1/480.
Verse 52
52. Ва рӯзе, ки Аллоҳ таъоло мегӯяд: «Онҳоеро, ки мепиндоштед шарикони Мананд дар ибодат, садо кунед, то ин ки шуморо кӯмак кунанд». Садо кунанд ва шарикон ҷавоб надиҳанд. Он гоҳ ҳалокатгоҳро
(ҷаҳаннам) миёнашон қарор диҳем.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/181.
(ҷаҳаннам) миёнашон қарор диҳем.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/181.
Verse 53
53. Ва чун гунаҳкорон оташро мебинанд ва медонанд, ки дар он хоҳанд афтод ва аз он ҳеҷ роҳи хурезе наёбанд.
Verse 54
54. Дар ин Қуръон барои мардум ҳар гуна достоне баён кардаем, то ки панд гиранд ва имон оранд, вале одамӣ беш аз ҳама муҷодалагар (хусуматгар) аст.
Verse 55
55. Ва чизе мардумро бознадошт аз ин ки вақте ҳидоят ба сӯяшон боз омад имон наёваранд ва аз Парвардигорашон талаби омурзиш кунанд, ҷуз ин ки мехостанд сарнавишти пешиниён барои онон биёяд ё азоб дар баробарашон қарор гирад.
Verse 56
56. Ва Мо паёмбаронро нафиристодем, ҷуз он ки ба ахли имон ва некӯкорон мужда диҳанд ё ахли куфр ва гунаҳгоронро битарсонанд. Ва кофироне, ки мехоҳанд ба нирӯи ботил ҳақро аз миён бибаранд, ҷидол мекунанд ва оёти Маро ва чизе аз он бим дода шудаанд, масхара мекунанд.
Verse 57
57. Кист ситамгортар аз он, ки оёти Парвардигорашро барояш бихонанд, пас
ӯ баъди фаҳмидан рӯй гардонад ва корҳои баде, ки аз пеш карда, фаромӯш кунад? Ҳамоно Мо бар дили онҳо парда афкандем, то оёти Қуръонро нафаҳманд ва гӯшҳояшонро кар сохтем, то онро нашунаванд. Агар даъват кунӣ кофиронро ба сӯйи ҳидоят, ҳаргиз роҳ наёбанд.(1)
____________________
1. Ин оят барои касоне, ки аз ҳақ (Қуръон) рӯй мегардонанд, ҳушдоре аст. Тафсири Саъдӣ. 1/180.

Verse 58
58. Ва Парвардигорат омурзандаву
меҳрубон аст. Агар мехост, кофиронро ба сабаби кирдори бадашон ба зудӣ дар ин ҷаҳон азоб медод. Аммо барои онҳо замони муъайяне аст, ки чун фаро расад, ҳаргиз, паноҳгоҳе наёбанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/1183.

Verse 59
59. Ва он шаҳрҳоеро, ки наздики Макка ҳастанд, чун кофир шуданд, ба ҳалокат расонидем ва барои ҳалокаташон вақтро муайян намудем.(1)
____________________
1. Яъне, мардуми он шаҳрҳо қавми Ҳуд, Солеҳ, Лут ва Шуъайб буданд. Тафсири Табарӣ. 18/53.
____________________
1. Яъне, мардуми он шаҳрҳо қавми Ҳуд, Солеҳ, Лут ва Шуъайб буданд. Тафсири Табарӣ. 18/53.
Verse 60
60. Ва ба ёд овар эй Расул, чун Мӯсо ба шогирди худ (Юшаъ ибни Нун) гуфт:
Ман ҳамчунон хоҳам рафт, то он ҷо, ки ду баҳр ба ҳам расидаанд. Ё биравам муддатҳои дароз, то бирасам ба назди марди солеҳе, ки аз ӯ таълим бигирам.
Ман ҳамчунон хоҳам рафт, то он ҷо, ки ду баҳр ба ҳам расидаанд. Ё биравам муддатҳои дароз, то бирасам ба назди марди солеҳе, ки аз ӯ таълим бигирам.
Verse 61
61. Пас чун он ду ба он ҷо, ки ду баҳр ба ҳам расида буданд, расиданд, нишастанд болои санге ва он моҳиеро, ки барои хӯрдан гирифта буданд, фаромӯш карданд ва моҳӣ роҳашро сарозер ба дарё гирифт.
Verse 62
62. Чун аз он ҷо гузаштанд,
Мӯсо ба шогирди худ гуфт: «Хӯроки чоштамонро биёвар, ки дар ин сафарамон машаққате дидаем».
Мӯсо ба шогирди худ гуфт: «Хӯроки чоштамонро биёвар, ки дар ин сафарамон машаққате дидаем».
Verse 63
63. (Он ҷавоне, ки ҳамроҳи Мӯсо буд,) гуфт: «Оё ба ёд дорӣ он замонеро, ки дар канори санг макон гирифта будем, то ки истироҳат кунем? Ман моҳиро фаромӯш кардам
он ҷо. Ва ин шайтон буд, ки сабаб шуд фаромӯш кунам, хабар додани қиссаашро, ки чӣ гуна моҳӣ зинда шуд ва ба тариқи таъаҷҷубовар ба баҳр рафт».
он ҷо. Ва ин шайтон буд, ки сабаб шуд фаромӯш кунам, хабар додани қиссаашро, ки чӣ гуна моҳӣ зинда шуд ва ба тариқи таъаҷҷубовар ба баҳр рафт».
Verse 64
64. Мӯсо гуфт: «Он ҷо ҳамон ҷоест, ки дар талабаш будаем». Пас ба нишони қадамҳои худ ҷустуҷӯкунон бозгаштанд.
Verse 65
65.Ва дар он ҷо бандае аз бандагони некӯкори Мо (Хизр алайҳиссалом)-ро, ки раҳмати хеш бар ӯ арзонӣ дошта будем ва худ ба ӯ дониш омӯхта будем, биёфтанд.
Verse 66
66. Мӯсо ба ӯ гуфт: «Оё туро пайравӣ кунам, то аз он чи ба ту Аллоҳ омӯхтааст(1) ва он мояи рушд аст, ба ман биёмӯзӣ?
____________________
1. Аллоҳи меҳрубон ба Хизр каромот дода буд, ки ҳақиқати бисёре аз корҳои пӯшидаеро медонист, ки дигарон намедонистанд. Тафсири Саъдӣ. 1/481.
____________________
1. Аллоҳи меҳрубон ба Хизр каромот дода буд, ки ҳақиқати бисёре аз корҳои пӯшидаеро медонист, ки дигарон намедонистанд. Тафсири Саъдӣ. 1/481.
Verse 67
ﮘﮙﮚﮛﮜﮝ
ﮞ
67.Хизр гуфт: «Ту ҳаргиз наметавони ҳамроҳи ман сабр кунӣ.
Verse 68
68.Ва чӣ гуна дар баробари чизе, ки ба он огаҳӣ наёфтаи, сабр хоҳи кард?»
Verse 69
69.Мӯсо гуфт: «Агар Аллоҳ бихоҳад, маро сабркунанда хоҳи ёфт, он чунон ки дар ҳеҷ коре туро нофармонӣ накунам».
Verse 70
70.Хизр гуфт: «Агар аз паи ман меоӣ, набояд, ки аз ман чизе бипурсӣ, то ман, худ туро аз он огоҳ кунам».
Verse 71
71. Пас ба роҳ баромаданд, то ба киштӣ савор шуданд.
Хизр киштиро сӯрох кард.
Мӯсо гуфт: «Киштиро сӯрох мекунӣ, то мардумашро ғарқ созӣ? Коре, ки кардӣ, бегумон кори бисёр бадест!»
Хизр киштиро сӯрох кард.
Мӯсо гуфт: «Киштиро сӯрох мекунӣ, то мардумашро ғарқ созӣ? Коре, ки кардӣ, бегумон кори бисёр бадест!»
Verse 72
72. Хизр гуфт: «Оё нагуфта будам, ки ту ҳаргиз бо ман сабр карда наметавонй?»
Verse 73
73. Мӯсо гуфт: «Фаромӯш кардам, маро бозхост макун ва ба ин андоза бар ман сахт магир».
Verse 74
74. Пас, ба роҳи худ идома доданд, то ба писаре вохӯрданд, Хизр ӯро кушт. Мӯсо гуфт: «Оё шахси поку бегуноҳе, ки ҳеҷ касеро накуштааст, ту ӯро куштӣ?
Ба ростӣ кори зиште анҷом додӣ».
Ба ростӣ кори зиште анҷом додӣ».
Verse 75
75. Хизр гуфт: «Оё нагуфта будам, ки ту ҳаргиз бо ман сабр карда наметавонӣ?»
Verse 76
76. Мӯсо гуфт: «Агар аз ин пас аз ту чизе бипурсам, бо ман ҳамроҳӣ макун! Ҳамоно ту аз ҷониби ман маъзур бошӣ».
Verse 77
77. Пас ба роҳи худ идома доданд, то ба шаҳре расиданд. Аз мардуми он шаҳр таоме хостанд. Пас онон меҳмондорияшон накарданд. Он ҷо деворе диданд, ки
наздик буд, бияфтад. Хизр деворро рост кард. Мӯсо гуфт: «Агар мехостӣ метавонисти дар баробари ин кор музде бигирӣ».
наздик буд, бияфтад. Хизр деворро рост кард. Мӯсо гуфт: «Агар мехостӣ метавонисти дар баробари ин кор музде бигирӣ».
Verse 78
78. Хизр гуфт: «Акнун замони ҷудоӣ миёни ману туст ва туро аз сирри он корҳо, ки таҳаммулашонро надоштӣ, огоҳ мекунам.
Verse 79
79. Аммо он киштӣ аз они бенавоёне буд, ки дар баҳр кор мекарданд. Хостам хароб (нуқсондор)-аш кунам, зеро дар пеши рӯяшон подшоҳе буд, ки киштиҳои солимро ба зӯрӣ мегирифт.
Verse 80
80. Ва аммо он писарро падару модараш мӯъмин буданд.
Пас тарсидам, ки он дуро ба исёну куфр дарандозад.
Пас тарсидам, ки он дуро ба исёну куфр дарандозад.
Verse 81
81. Пас хостем то дар ивази ӯ Парвардигорашон ба ҷои ӯ фарзанди поктар ва меҳрубонтар барояшон ато фармояд.
Verse 82
82. Аммо девор аз они ду ятими мардуми ин шаҳр буд, дар зераш ганҷе буд аз они писарон. Падарашон марди солеҳе буд. Парвардигори ту мехост он ду бар ҳадди балоғат (ба воя) расанд ва ганҷи худро берун оранд. Ва ман ин корро ба майли худ накардам, балки ба амри Аллоҳ кардам. Раҳмати Парвардигори ту буд. Ин аст таъвили он чи ки дар он сабр карда натавонистӣ.(1).
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/198.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/198.
Verse 83
83. Эй Паёмбар, аз ту дар бораи Зулқарнайн (подшоҳи одил) мепурсанд. Бигӯ: "Барои шумо аз саргузашти ӯ хабаре хоҳам дод."
Verse 84
84. Ҳамоно мо ӯро дар замин қудрат додем ва роҳи расидан ба ҳар чизеро бар ӯ нишон додем.
Verse 85
ﭜﭝ
ﭞ
85. Пас ӯ низ он роҳро бо кӯшишу ғайрат пай гирифт.
Verse 86
86. То ба ғурубгоҳи хуршед расид. Дид, ки хуршед дар чашми гилолуди сиёҳ ғуруб мекунад ва бар он ҷо мардумеро ёфт. Мо гуфтем: "Эй Зулқарнайн, мехоҳӣ азобашон кун агар ба ягонагии Худо иқрор нашаванд ва мехоҳӣ бо онҳо некӣ кун (Яъне, ба онҳо роҳи ҳақро нишон бидеҳ.)"
Verse 87
87. Гуфт: "Аммо ҳар кас, ки ситам кунад (кофир шавад), мо азобаш хоҳем кард. Он гоҳ ӯро назди Парвардигораш баргардонида шавад, то Ӯ еиз ба сахтӣ дар ҷаҳаннам азобаш кунад.
Verse 88
88. Ва аммо ҳар кас, ки имон оварад ва корҳои шоиста кунад, аҷре некӯ дорад. Ва Мо бо фармони худ ӯро ба кори осоне хоҳем гузошт.»
Verse 89
ﮖﮗﮘ
ﮙ
89. Боз ҳам роҳро пай гирифт. Яъне ба сӯйи машриқ бозгашт бо сабабҳое, ки Аллоҳ ба ӯ дода буд.
Verse 90
90. То ба макони баромадани офтоб расид. Дар он ҷо дид, ки бар қавме метобад, ки дар баробари тобиши офтоб барояшон пӯшише қарор надода будем.
Verse 91
91. Чунин буд. Ва мо бар аҳволи ӯ ҳар ҷое, ки мерафт, хабар дорем.
Verse 92
ﯓﯔﯕ
ﯖ
92. Боз ҳам Зулқарнайн роҳро пай гирифт.
Verse 93
93. То ба миёни ду кӯҳ расид. Дар паси он ду кӯҳ мардумеро дид, ки ҳеҷ суханеро намефаҳмиданд.
Verse 94
94. Гуфтанд: «Эй Зулқарнайн, ҳамоно Яъҷуҷу Маъҷуҷ(1) дар ин сарзамин фасод мекунанд. Пас, оё барои ту муздеро
мукқаррар кунем, то ту миёни мову онҳо садде (деворе) бисозӣ?»
____________________
1. Ин ду гурӯҳ умматони фасодкор, аз авлоди Ёфус писари Нӯҳ мебошанд. Тафсири Бағавӣ. 5/202.
мукқаррар кунем, то ту миёни мову онҳо садде (деворе) бисозӣ?»
____________________
1. Ин ду гурӯҳ умматони фасодкор, аз авлоди Ёфус писари Нӯҳ мебошанд. Тафсири Бағавӣ. 5/202.
Verse 95
95. Гуфт: «Он чи Парвардигори ман маро ба он тавоноӣ додааст, беҳтар аст аз музде, ки ба ман медиҳед. Маро ба нерӯи хеш мадад кунед, то миёни шумову онҳо садде (деворе) бисозам.
Verse 96
96. Барои ман порчаҳои оҳан биёваред». Чун миёни он ду кӯҳро баробар кард, гуфт: «Оташ бидамед!». То он оҳанро бигудохт. Ва гуфт: «Миси гудохта биёваред, то бар он резам».
Verse 97
97. Натавонистанд Яъҷуҷу Маъҷуҷ аз он девор боло раванд ва натавонистанд низ дар он сӯрохӣ кунанд.
Verse 98
98. Зулқарнайн гуфт: «Ин деворе, ки ман сохтам, раҳмате буд аз ҷониби Парвардигори ман ва чун ваъдаи Парвардигори ман даррасид,(1) онро зеру забар кунад ва ваъдаи Парвардигори ман рост аст».
____________________
1. Яъне, чун Яъҷуҷу Маъҷуҷ бароянд.
____________________
1. Яъне, чун Яъҷуҷу Маъҷуҷ бароянд.
Verse 99
99. Ва дар он рӯз баъзе онҳоро раҳо мекунем, то чун мавҷ дарҳам омезанд аз сабаби бисёр буданашон ва чун дар сур дамида шавад, комилан ҳамаашонро як ҷо гирд оварем.(1).
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/209.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/209.
Verse 100
ﭱﭲﭳﭴﭵ
ﭶ
100. Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро чунон ки бояд, ба кофирон нишон хоҳем дод.
Verse 101
101.Он касон (кофирон), ки чашмонашон аз ёди ман дар парда буда (яъне қудратҳои Манро намедиданд) ва тавони шунидани ҳуҷҷатҳоеро, ки далолат мекарданд, ба имон овардани ба Ман ва расуламро надоштаанд.
Verse 102
102.Оё кофирон пиндоранд, ки ба ҷои Ман бандагони Манро ба маъбудӣ гиранд? Мо ҷаҳаннамро омода сохтаем, то манзилгоҳи кофирон бошад.
Verse 103
ﮓﮔﮕﮖﮗ
ﮘ
103. Эй Паёмбар, бигӯ: «Оё шуморо огоҳ кунем, ки аъмоли чӣ касоне беш аз ҳама ба зиёнашон буд?
Verse 104
104.Он касоне ҳастанд, ки(1) кӯшишҳояшон дар зиндагии дунё барбод рафтаанд ва мепиндоштанд, кори некӯ мекунанд.
____________________
1. Монанди мушрикон ва ҳар як қавме, ки мисли яҳудиёну насрониҳо дар гумроҳӣ ҳастанд. Тафсири Бағавӣ. 5/210.
____________________
1. Монанди мушрикон ва ҳар як қавме, ки мисли яҳудиёну насрониҳо дар гумроҳӣ ҳастанд. Тафсири Бағавӣ. 5/210.
Verse 105
105. Онон ба оёти Парвардигорашон ва ба мулоқот бо Ӯ имон наёварданд, пас аъмолашон несту нобуд шуд ва Мо дар рӯзи қиёмат барояшон ҳеҷ арзиш ва манзалатеро нахоҳем ниҳод.
Verse 106
106. Сазои онҳо ба сабаби куфрашон, ҷаҳаннам аст ва низ ба он сабаб, ки оятҳои Қуръону паёмбарони Маро масхара мекарданд.
Verse 107
107. Касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, албатта ҷойгоҳашон боғҳои фирдавс аст.
Verse 108
ﯪﯫﯬﯭﯮﯯ
ﯰ
108. Дар он ҷо ҷовидонанд ва ҳаргиз дархости берун рафтан накунанд.
Verse 109
109. Эй Паёмбар, бигӯ: «Агар баҳр барои навиштани суханони Парвардигори ман ранг шавад, баҳр ба поён мерасад ва суханони Парвардигори ман ба поён намерасад, ҳарчанд баҳри дигаре ба мадади он биёварем».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/212.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/212.
Verse 110
110. Бигӯ эй Паёмбар: «Ман фақат инсоне ҳастам монанди шумо. Ба ман ваҳй мешавад, ки албатта, Аллоҳи шумо, маъбуди яктост.
Пас ҳар кас хоҳони дидори Парвардигори хеш аст, бояд кори шоиста кунад ва дар парастиши Парвардигораш ҳеҷ касро шарик насозад».
Пас ҳар кас хоҳони дидори Парвардигори хеш аст, бояд кори шоиста кунад ва дар парастиши Парвардигораш ҳеҷ касро шарик насозад».
تقدم القراءة