Тарҷумаи сураи СОД ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية
Verse 1
ﭑﭒﭓﭔﭕ
ﭖ
1. Сод.(1) Аллоҳ савганд ёд мекунад ба Қуръони бузурги соҳиби панд, ки мардум
аз бузургии қадри он дар ғафлатанд.
____________________
1. Дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд.
аз бузургии қадри он дар ғафлатанд.
____________________
1. Дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд.
Verse 2
ﭗﭘﭙﭚﭛﭜ
ﭝ
2. Балки касоне, ки кофир шуданд дар саркашианд ва аз пазируфтани ҳақ дар ихтилофанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\142
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\142
Verse 3
3. Чӣ басо мардумеро, ки пеш аз он мушрикон ба ҳалокат расонидем. Ҳангоми нузули азоб онҳо тавбакунон фарёд бароварданд, вале он замон вақти наҷот набуд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\52
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\52
Verse 4
4. Ва кофирон дар таъаҷҷуб шуданд аз ин, ки бимдиҳандае аз миёни худашон баромад, ки онҳоро ба сӯи Аллоҳ даъват намояд ва аз азоби Ӯ бим намояд. Ва кофирон гуфтанд: «Ин паёмбар нест, балки ҷодугари дурӯғгуст.
Verse 5
5. Оё ҳамаи маъбудонро як маъбуд қарор додааст? Ва ҳароина, он чизе, ки ӯ овардааст ин чиз аҷибе аст?»
Verse 6
6. Бузургонашон ба роҳи худ рафтанд ва қавми худро ба парастиши маъбудонашон ташвиқ намуда гуфтанд: «Биравед ва ба парастиши маъбудони хеш пойдорӣ кунед, ки ҳароина, ин Паёмбар, даъвате, ки ӯ мекунад чизе аст хосташуда, ки мехоҳад бар шумо бузург ва бартар бошад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\72
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\72
Verse 7
7. Мо ҳаргиз ин чунин сухане, ки ӯ даъват менамояд дар охирин ойин(1) нашунидаем, ин ҷуз дурӯғ ҳеҷ чизе нест.
____________________
1. Яъне, гузаштагони мо ба ин гуна сухан моро даъват накардаанд.
____________________
1. Яъне, гузаштагони мо ба ин гуна сухан моро даъват накардаанд.
Verse 8
8. Оё аз миёни ҳамаи мо ваҳй махсус ба ӯ (Муҳаммад) нозил шудааст?» балки онҳо аз ваҳйи Ман дар шубҳаанд, балки ин суханро ба он сабаб гуфтаанд, ки ҳанӯз азоби моро начашидаанд. Пас, агар азоби Ӯро мечашиданд ба гуфтани ин сухан ҷуръат намекарданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\710
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\710
Verse 9
9. Оё хазинаҳои раҳмати Парвардигори пирӯзманди бахшандаат дар назди онҳост, то ҳар касро, ки бихоҳанд аз он бидиҳанд, ё аз он маҳрум кунанд?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\710
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\710
Verse 10
10. Оё фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни он ду аст, аз они онҳост?(1) Пас, агар чунин аст, бо асбоб ва ҳар василаҳои дигаре ба осмон боло раванд, то ба он чи ки мехоҳанд аз додан ва боздоштан, ҳукм намоянд.(2)
____________________
1. Яъне, мушрикон. 2. Тафсири Бағавӣ 7\73
____________________
1. Яъне, мушрикон. 2. Тафсири Бағавӣ 7\73
Verse 11
ﯟﯠﯡﯢﯣﯤ
ﯥ
11. Он ҷо (шаҳри Макка) лашкарест ночиз аз чанд гурӯҳи шикастхӯрдаи ҷамъшуда.
Verse 12
12. Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Од ва Фиръавн соҳиби қуввати бузург, ки паёмбаронро дурӯғгӯ мебароварданд.
Verse 13
13. Ва низ қавми Самуд ва қавми Лут ва мардуми Айка(1) аз он ҷамоатҳо буданд,
ки паёмбаронро дурӯғ бароварданд.
____________________
1. Қавми Шуайб алайҳиссалом.
ки паёмбаронро дурӯғ бароварданд.
____________________
1. Қавми Шуайб алайҳиссалом.
Verse 14
14. Аз онон касе набуд, ки паёмбаронро дурӯғгӯ набароварда бошад, пас онҳоро азоби Ман воҷиб омад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\160
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\160
Verse 15
15. Ва ин мушрикон, агар бар ширки худ пойдор истанд, ҷуз бонги сахти маргборе интизорӣ надоранд, чунонки онро дигар таваққуфе набошад.
Verse 16
16. Ва гуфтанд ба тариқи масхараомезӣ: «Эй Парвардигори мо, номаи аъмоли моро пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб ба дасти мо бидеҳ!»
Verse 17
17. Бар ҳарчӣ мегӯянд, сабр кун эй Расул, ва аз бандаи Мо Довуди соҳиби қувватро ёд овар. Бегумон ӯ бисёр тавбакунанда ва ба хушнудии Аллоҳ руҷуъкунанда буд!(1)
____________________
1. Ин оят барои дилбардорӣ ва тасаллоии Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва
саллам аст.
____________________
1. Ин оят барои дилбардорӣ ва тасаллоии Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва
саллам аст.
Verse 18
18. Ҳароина, Мо кӯҳҳоро ром кардем, кӯҳҳо дар шомгоҳу бомдодон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд.
Verse 19
ﭦﭧﭨﭩﭪﭫ
ﭬ
19. Ва низ парандагон бар ӯ гирд меомаданд. Ҳама фармонбари ӯ буданд.
Verse 20
ﭭﭮﭯﭰﭱﭲ
ﭳ
20. Фармонравоияшро ба
ҳайбат, қувват ва нусрат устуворӣ бахшидем ва ӯро ҳикмату фасоҳат дар сухан ато кардем.
ҳайбат, қувват ва нусрат устуворӣ бахшидем ва ӯро ҳикмату фасоҳат дар сухан ато кардем.
Verse 21
21. Эй Расул, оё хабари он шикояткунандагонро шунидаӣ, он гоҳ ки аз девори қаср ба масҷид даромаданд?
Verse 22
22. Ба назди Довуд дохил шуданд. Довуд аз даромадани онҳо тарсид. Гуфтанд: «Матарс, мо ду даъвогар ҳастем, ки яке бар дигаре ситам кардааст. Миёни мо ба дурустӣ доварӣ кун ва пой аз адолат берун манеҳ ва моро ба роҳи рост ҳидоят кун.
Verse 23
23. Яке аз он ду гуфт: Ҳароина, ин бародари ман аст. Ӯро наваду нӯҳ гӯсфанд аст ва маро як гӯсфанд. Мегӯяд: «Онро ҳам ба ман бидеҳ ва дар даъво ва ҳуҷҷати худ бар ман ғолиб омадааст».
Verse 24
24. Довуд гуфт: «Албатта ӯ, ки гӯсфанди туро аз ту мехоҳад, то ба гӯсфандҳои хеш бияфзояд, бар ту ситам кардааст ва ҳароина, бисёре аз шарикон бар якдигар ситам мекунанд магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва инҳо низ андак ҳастанд». Ва Довуд донист, ки ӯро озмудем. Пас, аз Парвардигораш омурзиш хост ва ба рукӯъ дарафтоду тавба кард.
Verse 25
25. Пас, Мо ин хатояшро(1) бахшидем. Ҳароина, ӯро назди Мо наздики ва мақоми боло ва дар охират бозгашти некӯест.
____________________
1. Дар Қуръон чӣ гуна будани хатогии Довуд алайҳиссалом зикр нашудааст, чун ба зикри он ниёзе нест. Тафсири Саъдӣ 1\711
____________________
1. Дар Қуръон чӣ гуна будани хатогии Довуд алайҳиссалом зикр нашудааст, чун ба зикри он ниёзе нест. Тафсири Саъдӣ 1\711
Verse 26
26. Эй Довуд, ҳароина, Мо туро дар замин ҷонишин сохтаем. Пас, дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ кун ва аз пайи ҳавои нафс марав, ки туро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ месозад. Ҳароина, онон, ки аз роҳи Аллоҳ каҷрав мешаванд, ба он сабаб, ки рӯзи ҳисобро фаромӯш кардаанд, ба азоби сахте гирифтор мешаванд.(1)
____________________
1. Дар ин оят тавсия аст барои соҳибони амр, ки бо ҳақ ҳукм намоянд ва аз ҳақ берун нашаванд, вагарна аз роҳи ҳақ гумроҳ мешаванд.
____________________
1. Дар ин оят тавсия аст барои соҳибони амр, ки бо ҳақ ҳукм намоянд ва аз ҳақ берун нашаванд, вагарна аз роҳи ҳақ гумроҳ мешаванд.
Verse 27
27. Мо ин осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост, беҳуда наофаридаем. Ин гумони касонест, ки кофир шуданд. Пас, вой бар кофирон, ки рӯзи қиёмат аз азоби оташ бархурдор мешаванд.
Verse 28
28. Оё касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, монанди фасодкунандагон дар замин қарор хоҳем дод?
Ё парҳезгоронро чун гуноҳкорон қарор хоҳем дод? Чунин чиз дар ҳикмат ва ҳукми Аллоҳ лоиқ нест, балки мӯъминони парҳезгорро савоб медиҳад ва фасодкорони бадкорро азоб медиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1 \ 712
Ё парҳезгоронро чун гуноҳкорон қарор хоҳем дод? Чунин чиз дар ҳикмат ва ҳукми Аллоҳ лоиқ нест, балки мӯъминони парҳезгорро савоб медиҳад ва фасодкорони бадкорро азоб медиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1 \ 712
Verse 29
29. Китобе аст пурбаракат, ки онро бар ту эй Расул, нозил кардем, то дар оёташ бияндешанд ва ба роҳнамоии он амал намоянд ва хирадмандон бояд аз он панд гиранд.
Verse 30
30. Мо Сулаймонро бар Довуд бахшидем. Чӣ бандаи некӯе буд ва албатта, ӯ бисёр ба тоат ва хушнудии Аллоҳ руҷуъкунанда буд.
Verse 31
ﮅﮆﮇﮈﮉﮊ
ﮋ
31. Ба ёд биёвар он гоҳ ки ба ҳангоми аср аспони тезрав, ба ӯ нишон дода шуд.
Verse 32
32. Пас, гуфт Сулаймон: «Ҳароина, ман чунон шефтаи меҳри аспон шудам, ки
аз зикри Паврвардигорам бехабар гаштам, то офтоб дар пардаи ғуруб пӯшида шуд, (яъне намози аср қазо
шуд),
аз зикри Паврвардигорам бехабар гаштам, то офтоб дар пардаи ғуруб пӯшида шуд, (яъне намози аср қазо
шуд),
Verse 33
33. он аспони нишондодаро назди ман бозгардонед». Пас, шурӯъ ба даст кашидан бар соқҳо ва гарданҳои онҳо кард.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\196
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\196
Verse 34
34. Мо Сулаймонро озмудем ва бар тахти ӯ ҷасадеро(1) афкандем сипас ӯ рӯй
ба Аллоҳ овард ва тавба кард.
____________________
1. Он ҷасад писарбачаи норасе буд, ки яке аз ҳамсаронаш ба дунё оварда буд. Ин дар он замоне буд, ки ӯ қасам хӯрда буд, ки ба ҳама ҳамсарони худ наздик шавад ва онҳо ҳар якеашон ҷанговаре таваллуд кунанд, то дар роҳи Аллоҳ биҷанганд, вале "ин шо Аллоҳ" нагуфт. Магар онҳо якеашон писарбачаи норасое таваллуд кард.
ба Аллоҳ овард ва тавба кард.
____________________
1. Он ҷасад писарбачаи норасе буд, ки яке аз ҳамсаронаш ба дунё оварда буд. Ин дар он замоне буд, ки ӯ қасам хӯрда буд, ки ба ҳама ҳамсарони худ наздик шавад ва онҳо ҳар якеашон ҷанговаре таваллуд кунанд, то дар роҳи Аллоҳ биҷанганд, вале "ин шо Аллоҳ" нагуфт. Магар онҳо якеашон писарбачаи норасое таваллуд кард.
Verse 35
35. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро бибахш ва маро махсус мулке ато кун ва пас аз ман касе сазовори он набошад, ки ҳароина, ту бисёр бахшояндаӣ».
Verse 36
36. Пас, бодро роми ӯ кардем, ки ба нармӣ ҳар ҷо ки мехост, ба фармони ӯ мерафт.
Verse 37
ﯥﯦﯧﯨ
ﯩ
37. Ва низ шайтонҳоро, ки ҳам бинокор буданду ҳам ғавос(1) роми ӯ кардем.
____________________
1. Яъне, фурӯраванда буданд ба қаъри дарёву баҳрҳо барои берун овардани дурру марҷон.
____________________
1. Яъне, фурӯраванда буданд ба қаъри дарёву баҳрҳо барои берун овардани дурру марҷон.
Verse 38
ﯪﯫﯬﯭ
ﯮ
38. Ва низ гурӯҳе дигарро, ки ҳама баста дар занҷири ӯ буданд.
Verse 39
39. Ин мулк ва фармонравоии азим, атои беҳисоби Мост, ба ҳар кас хоҳӣ онро бидеҳ ва хоҳӣ нигаҳ дор, ки туро дар ин бора ҳисобу китоб карда намешавад.
Verse 40
ﯷﯸﯹﯺﯻﯼ
ﯽ
40. Бегумон барои Сулаймон назди Мо дар охират наздикӣ ва бозгашти некӯст.
Verse 41
41. Ва эй Расул, аз бандаи Мо Аюб ёд кун, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод, ки ҳароина, маро шайтон ба ранҷу азоб афкандааст.
Verse 42
42. Пас, ба ӯ гуфтем: Поятро дар замин бикӯб: Ин обест барои шифо, то ба он шустушӯй кунӣ ва сард аст барои нӯшидан(1).
____________________
1. Аюб алайҳиссалом шустушуй кард ва нӯшид, дар ҳол аз тамоми дардҳои зоҳириву ботинӣ шифо ёфт. Тафсири Ибни Касир 7\74
____________________
1. Аюб алайҳиссалом шустушуй кард ва нӯшид, дар ҳол аз тамоми дардҳои зоҳириву ботинӣ шифо ёфт. Тафсири Ибни Касир 7\74
Verse 43
43. Ва ба ӯ хонаводааш ва
ҳамчанди он аз дигар ёронро аз фарзандону наберагон ато кардем ва ин худ раҳмате аз Мо буд ва барои хирадмандон андарз ва панде бошад.
ҳамчанди он аз дигар ёронро аз фарзандону наберагон ато кардем ва ин худ раҳмате аз Мо буд ва барои хирадмандон андарз ва панде бошад.
Verse 44
44. Ба ба ӯ гуфтем: «Дастае аз химчаҳои борикро ба даст гир ва бо он занатро бизан ва савганди хешро машикан».(1) Ӯро (Аюбро) бандаи собире ёфтем. Чӣ некӯ бандае буд (Аюб)! Ҳароина, ӯ ба тоати Парвардигораш бисёр руҷӯъкунанда буд.
____________________
1.Муфассирон мегӯянд: Ҳамсари Аюб алайҳиссалом дар айёми беморӣ ҳамеша ӯро хидмат мекард, як бор дар хидмат кӯтоҳӣ намуд. Аюб алайҳиссалом хашмгин шуд ва савганд ёд кард, чун шифо ёбад ӯро сад тозиёна бизанад. Аллоҳ ӯро амр фармуд, ки дастаи хӯшаҳои хурмо, ки сад шоха дошта бошад, бигирад ва ӯро як зарба бизанад, ба сад зарба баробар мешавад. Тафсири Табарӣ 21 \ 214
____________________
1.Муфассирон мегӯянд: Ҳамсари Аюб алайҳиссалом дар айёми беморӣ ҳамеша ӯро хидмат мекард, як бор дар хидмат кӯтоҳӣ намуд. Аюб алайҳиссалом хашмгин шуд ва савганд ёд кард, чун шифо ёбад ӯро сад тозиёна бизанад. Аллоҳ ӯро амр фармуд, ки дастаи хӯшаҳои хурмо, ки сад шоха дошта бошад, бигирад ва ӯро як зарба бизанад, ба сад зарба баробар мешавад. Тафсири Табарӣ 21 \ 214
Verse 45
45. Эй Расул, бандагони Моро Иброҳиму Исо ва Яъқуб, ки дорои қудрату тавоноӣ дар тоат ва дорои биноӣ дар дин буданд, ба некӯӣ ёд кун!
Verse 46
ﭶﭷﭸﭹﭺ
ﭻ
46. Ҳароина, Мо пок сохтем онҳоро барои хислати поке, ки он ёд кардани саройи охират аст. Пас, барои дарёфт кардани он сарой итоати Мо карданд ва мардумро ба сӯи он даъват намуданд.
Verse 47
ﭼﭽﭾﭿﮀ
ﮁ
47. Ва ҳароина, онҳо дар назди Мо баргузидагону неконанд.
Verse 48
48. Ва эй Расул, бандагони Моро Исмоил ва Ясаъ ва Зулкифлро ба некӯӣ ёд кун, ки ҳама аз зумраи неконанд.
Verse 49
49. Ин Қуръон барои ту ва қавмат панде аст ва ҳароина, барои парҳезгорон бозгашти некӯест;
Verse 50
ﮔﮕﮖﮗﮘ
ﮙ
50. биҳиштҳои ҷовидон, ки дарҳои он ба рӯяшон кушода аст.
Verse 51
51. Дар он ҷо такя задаанд ва ҳаргуна меваву нӯшиданиҳои бисёре, ки бихоҳанд, металабанд.
Verse 52
ﮢﮣﮤﮥﮦ
ﮧ
52. Ва назди онҳо ҳамсаронест ҳамсол, ки ҷуз ба шавҳарони хеш назар надоранд.
Verse 53
ﮨﮩﮪﮫﮬ
ﮭ
53. Ин аст, он чизҳое, ки барои рӯзи ҳисоб ба шумо эй парҳезгорон, ваъда додаанд.
Verse 54
54. Ҳароина, ин ризқи Мост барои шумо, ки онро ҳеҷ поёне нест.
Verse 55
ﯗﯘﯙﯚﯛﯜ
ﯝ
55. Ин (яъне, он чи зикр шуд, подоши парҳезгорон) аст. Ва бегумон, барои саркашон, ки дар куфру маъсият аз ҳад гузаштаанд, бадтарин бозгаштҳост.
Verse 56
ﯞﯟﯠﯡ
ﯢ
56. Ва ҷаҳаннам аст, ки дар он ворид мешаванд, пас чӣ бад оромгоҳест, ки барои онҳо омода шудааст.
Verse 57
ﯣﯤﯥﯦ
ﯧ
57. Ин азоб оби ҷӯшону чирк ва хунобаи дӯзахиёнро бояд бичашанд ва бинӯшанд.
Verse 58
ﯨﯩﯪﯫ
ﯬ
58. Ва азобу шиканҷаҳое дигар аз ҳар навъ доранд.
Verse 59
59. Ҳангоме ки вориди ҷаҳаннам мешаванд, якдигарро дашном дода ва баъзеашон барои баъзе мегӯянд: Ин гурӯҳе аст, ки бо шумо
ба ҷаҳаннам медароянд.
Пас, ҷавоб медиҳанд: Хушомадашон мабод, ки албатта, онҳо дохилшудагон ба оташ ҳастанд чуноне, ки мо дохил шудаем.
ба ҷаҳаннам медароянд.
Пас, ҷавоб медиҳанд: Хушомадашон мабод, ки албатта, онҳо дохилшудагон ба оташ ҳастанд чуноне, ки мо дохил шудаем.
Verse 60
60. Сипас гӯянд пайравон ба сарварон: «Балки, хушомад шуморо мабод. Шумо ин азобро пешопеш барои мо фиристода будед, чӣ бад ҷойгоҳест»
Verse 61
61. Гӯянд гӯруҳи пайравон: «Эй Парвардигори мо, ҳар кас ин азобро пешопеш барои мо омода кардааст, азобашро дар оташ дучандон афзун кун!»
Verse 62
62. Ва гӯянд дӯзахиён ба ҳамдигар: «Чаро мардонеро, ки бо мо буданд дар дунё ва онҳоро аз зумраи бадкорон мешумурдем, акнун намебинем?
Verse 63
ﭜﭝﭞﭟﭠﭡ
ﭢ
63. Оё онҳоро ба масхара мегирифтем, воқеъан, мо иштибоҳ карда будаем ё ин
ки ҳамроҳи мо дар дӯзаханд, лекин аз назарҳо дур мондаанд?»
ки ҳамроҳи мо дар дӯзаханд, лекин аз назарҳо дур мондаанд?»
Verse 64
ﭣﭤﭥﭦﭧﭨ
ﭩ
64. Албатта, ин гуфтугӯ ва ҷидоли аҳли ҷаҳаннам бо якдигар, қатъан, рост аст ва дар вуқӯъи он ҳеҷ шакке нест.
Verse 65
65. Бигӯ эй Расул, ба қавми худ: «Ҷуз ин нест, ки ман бимдиҳандае ҳастам, ки шуморо ба сабаби имон наоварданатон, аз омадани азоби Аллоҳ метарсонам ва ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Аллоҳи яктои қаҳҳор нест, ки сазовори парастиш бошад, балки танҳо Ӯ таоло сазовори парастиш аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\235
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\235
Verse 66
66. Ӯ, танҳо Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост. Ӯ таоло пирӯзманду ғолиб аст, дар интиқоми душманонаш ва омурзанда аст, барои ҳар касе, ки аз гуноҳонаш тавба кунад ва ба сӯй хушнудии Парвардигораш руҷӯъ намояд».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\716
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\716
Verse 67
ﭿﮀﮁﮂ
ﮃ
67. Бигӯ эй Расул, ба қавми худ: «Ин Қуръон хабари бузурге аст,
Verse 68
ﮄﮅﮆ
ﮇ
68. ки шумо аз нафъи он бехабареду рӯй мегардонед ва ба он амал намекунед.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\236
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\236
Verse 69
69. Ман аз сокинони олами боло (фариштагон) чун дар бораи офариниши Одам, ки бо якдигар ҷидол ва гуфтутӯ мекарданд, хабаре надорам.(1)
____________________
1. Ин қисса дар ояти 30-юми сураи Бақара зикр шудааст.
____________________
1. Ин қисса дар ояти 30-юми сураи Бақара зикр шудааст.
Verse 70
70. Танҳо аз он рӯй ба ман ваҳй мешавад, ки ман бимдиҳандае ошкор ҳастам, ки шуморо аз азоби Ӯ метарсонам ва шариаташро барои шумо баён медорам».
Verse 71
71. Ёд кун эй Расул, барояшон вақте ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ҳароина, ман башареро аз гил хоҳам офарид.
Verse 72
72. Чун ҷасади ӯро бо пуррагӣ тамомаш кардам ва дар он аз рӯҳи худ дамидам, ҳама саҷдааш кунед».(1)
____________________
1. Мурод аз ин саҷда саҷдаи ибодат ва таъзим нест, балки саҷдаи салом ва эҳтиром аст. Аллоҳ дар шариати Ислом саҷда карданро барои ғайри Худ мутлақан ҳаром гардонд.
____________________
1. Мурод аз ин саҷда саҷдаи ибодат ва таъзим нест, балки саҷдаи салом ва эҳтиром аст. Аллоҳ дар шариати Ислом саҷда карданро барои ғайри Худ мутлақан ҳаром гардонд.
Verse 73
ﮯﮰﮱﯓ
ﯔ
73. Пас ҳамаи фариштагон фармонро баҷо оварда саҷда карданд,
Verse 74
ﯕﯖﯗﯘﯙﯚ
ﯛ
74. ғайри Иблис, ки саркашӣ карду аз кофирон шуд.
Verse 75
75. Аллоҳ гуфт: «Эй Иблис, чӣ чиз туро аз саҷда кардан дар баробари он чи Ман бо ду дасти худ офаридам, манъ кард? (1) Оё такаббур бар Одам намудӣ ё аз ҷумлаи баландмартабагон бар Парвардигорат будӣ?»
____________________
1. Дар ин оят сифати ду дасти Аллоҳ бар ваҷҳе, ки лоиқ ба зоти Ӯст, исбот шудааст.
____________________
1. Дар ин оят сифати ду дасти Аллоҳ бар ваҷҳе, ки лоиқ ба зоти Ӯст, исбот шудааст.
Verse 76
76. Гуфт: «Ман аз ӯ (Одам) беҳтарам. Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил ва оташ аз гил беҳтараст».
Verse 77
ﯷﯸﯹﯺﯻ
ﯼ
77. Гуфт Аллоҳ таоло: «Пас, аз ҷаннат берун шав, ки ба ростӣ ту рондашудаӣ.
Verse 78
ﯽﯾﯿﰀﰁﰂ
ﰃ
78. Ва ҳароина, то рӯзи қиёмат лаънати Ман бар ту хоҳад буд».
Verse 79
ﰄﰅﰆﰇﰈﰉ
ﰊ
79. Иблис гуфт: «Эй Паврвардигори ман, маро то рӯзе, ки мардум аз қабрҳояшон аз нав зинда шаванд, мӯхлат деҳ ва ҳалок насоз!»
Verse 80
ﰋﰌﰍﰎ
ﰏ
80. Аллоҳ гуфт: «Пас, ҳароина, ту аз мӯҳлатёфтагонӣ,
Verse 81
ﰐﰑﰒﰓ
ﰔ
81. то он рӯзи замони муайян».(1)
____________________
1. Ва он рӯзест, ки ҳама мемиранд, касе ва чизе дар ин дунё боқӣ намемонад.
____________________
1. Ва он рӯзест, ки ҳама мемиранд, касе ва чизе дар ин дунё боқӣ намемонад.
Verse 82
ﰕﰖﰗﰘ
ﰙ
82. Иблис гуфт: «Ба иззати Ту савганд, ёд мекунам, ки ҳароина, ҳамаи онҳоро гумроҳ кунам,
Verse 83
ﰚﰛﰜﰝ
ﰞ
83. магар онҳое, ки аз бандагони мухлиси Ту бошанд ва дар паноҳи ту бошанд, гумроҳ карда натавонам».
Verse 84
ﭑﭒﭓﭔ
ﭕ
84. Аллоҳ гуфт: «Ҳақ аст он чи мегӯям ва рост аст ва ҷуз ҳақ намегӯям,
Verse 85
85. ки албатта, ҷаҳаннамро аз ту ва фарзандонат ва аз ҳамаи пайравонат аз фарзандони Одам пур кунам».
Verse 86
86. Бигӯ эй Расул, барои мушрикони қавмат: «Ман аз шумо дар баробари расонидани ин дин музде наметалабам ва нестам аз онҳое, ки ба дурӯғ чизе аз худ мебофанд, балки пайравӣ мекунам он чи ки ба ман ваҳй гуфта мешавад».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\103
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\103
Verse 87
ﭩﭪﭫﭬﭭ
ﭮ
87. Ва ин Қуръон ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест. Ва ҳамаи манфиатҳои динӣ ва дунявии ҷаҳониёнро ба онҳо ёдоварӣ менамояд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\717
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\717
Verse 88
ﭯﭰﭱﭲ
ﭳ
88. Ва албатта, эй мушрикон, хабари сидқи онро баъд аз муддате, ки Ислом ғолиб мешавад ва одамон гурӯҳ гурӯҳ дар он дохил мешаванд хоҳед донист. Ва инчунин вақте ки азоб бар шумо фуруд ояд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\83
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\83
تقدم القراءة