Тарҷумаи сураи МАРЯМ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية
Verse 1
ﭑ
ﭒ
1. Коф, Ҳо, Ё,Ъайн, Сод.(1)
____________________
1. Тафсири ҳарфҳои муқаттаъа дар сураи Бақара гузашт.
____________________
1. Тафсири ҳарфҳои муқаттаъа дар сураи Бақара гузашт.
Verse 2
ﭓﭔﭕﭖﭗ
ﭘ
2. Ин аст баёни бахшоиши Парвардигорат бар бандааш Закариё (алайҳиссалом),
ки онро ба ту қисса мекунем, то ки панд гиранд пандгирандаҳо.
ки онро ба ту қисса мекунем, то ки панд гиранд пандгирандаҳо.
Verse 3
ﭙﭚﭛﭜﭝ
ﭞ
3. Он гоҳ ки Парвардигорашро оҳиста ва ором нидо кард.
Verse 4
4. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, устухони ман суст гашта ва нишонаҳои пирӣ сарамро фаро гирифтааст ва ҳаргиз дар дуо ба даргоҳи ту, эй Парвардигори ман, ноумед набудаам.
Verse 5
5. Ва ҳамоно ман пас аз марги хеш аз хешовандонам метарсам, ки дини туро зоеъ кунанд ва ҳамсарам таваллуд намекунад.
Пас маро аз ҷониби Худ фарзанде (меросбаре) ато кун,
Пас маро аз ҷониби Худ фарзанде (меросбаре) ато кун,
Verse 6
6. ки меросбари ман ва меросбари хонадони Яъқуб бошад ва ӯро, эй Парвардигори ман, шоиставу писандидаи Худат ва бандагонат гардон.
Verse 7
7. «Эй Закариё, Мо туро ба писаре ба номи Яҳё мужда медиҳем. Аз ин пеш касеро ҳамноми ӯ насохтаем».
Verse 8
8. Закариё гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз куҷо писаре бошад, ҳол он ки занам таваллуд намекунад ва ҳамоно ман худ дар пирӣ ба нотавонӣ расидаам?».
Verse 9
9. Фармуд: ҳамин гуна аст. «Парвардигори ту гуфтааст: «Ин кор барои Ман осон аст ва ба ростӣ туро, ки пеш аз ин чизе набудаӣ ва вуҷуд ҳам надоштӣ, биёфаридаам»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ. 1/490.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ. 1/490.
Verse 10
10. Закариё гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ман аломату нишонеро бинамой»(1) Гуфт: «Нишонаи ту ин аст, ки се шабу се рӯз бо мардум сухан натавонй гуфт, дар ҳоле, ки тансиҳат ва солим ҳастӣ (яъне дар ҳоле, ки на гунг ҳастиву на кар)».(2)
____________________
1. То дилам қарор гирад. Тафсири Саъдӣ. 1/490. 2. Тафсири Табарӣ. 18/151.
____________________
1. То дилам қарор гирад. Тафсири Саъдӣ. 1/490. 2. Тафсири Табарӣ. 18/151.
Verse 11
11. Пас Закариё аз меҳроби ибодат ба миёни қавми худ баромад ва ба онон ишора кард, ки субҳу шом тасбеҳ гӯед.
Verse 12
12. (Пас чун Яҳё таваллуд шуд ва хитобро мефаҳмидагӣ шуд, Аллоҳ таъоло ба ӯ амр кард) «Эй Яҳё, китоб (Таврот)-ро ба қувват ва қасду фаҳми маъонияш ва амал кардан ба ӯ бигир». Ва дар кӯдакӣ ба ӯ доноӣ, нубуввату фаҳми Таврот ато кардем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 18/155.
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 18/155.
Verse 13
13. Ва ба ӯ меҳру шафқат кардем ва аз гуноҳҳо покизааш сохтем ва ӯ парҳезгор буд.
Verse 14
ﭢﭣﭤﭥﭦﭧ
ﭨ
14. Ба падару модар бисёр некӣ мекард ва ҷаббору (мутакаббир) гарданкаш аз тоъати Аллоҳу волидайнаш набуд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 18/160.
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 18/160.
Verse 15
15. Салом аз ҷониби Аллоҳ бар ӯ, рӯзе, ки зода шуд ва рӯзе, ки мемирад ва рӯзе, ки дигарбора зинда гардонида мешавад!
Verse 16
16. Эй Паёмбар, ёд кун дар ин Қуръон хабари Марямро, он гоҳ, ки аз хонадони хеш ба маконе рӯ ба сӯйи баромадани офтоб канора гирифт.
Verse 17
17. Пас дар баробари онон пӯшише бар гирифт ва онгоҳ Мо Рӯҳи(1) Худро наздаш фиристодем ва чун инсоне тамом бар ӯ намудор шуд.
____________________
1. Ҷабраил алайҳиссаломро. Тафсири Саъдӣ. 1/491.
____________________
1. Ҷабраил алайҳиссаломро. Тафсири Саъдӣ. 1/491.
Verse 18
18. Марям гуфт: «Аз ту ба Аллоҳи меҳрубон паноҳ мебарам, агар аз Аллоҳ тарсӣ ба ман зиёне нарасон».
Verse 19
19. Ҷабраил гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ту ҳастам, то туро писари поку покиза аз гуноҳ бубахшам».
Verse 20
20. Марям гуфт: "Аз куҷо маро фарзанде бошад, ҳол он ки ҳеҷ инсоне ба ман даст назадааст ва ман ҳаргиз зинокору фоҳиша ҳам набудаам".
Verse 21
21. Ҷабраил гуфт, ҳамчунон ки ту гуфтӣ, ҳеҷ кас ба ту даст нарасонидааст ва ту зинокор ҳам нестӣ Ва аммо Парвардигори ту инчунин гуфтааст: «Ин барои ман осон аст. Мо он писарро барои мардум як муъҷизае, ки далолат мекунад бар қудрати Мо ва раҳмату бахшоише созем ва ин кори муқарраркардашуда аст».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 18/165.
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 18/165.
Verse 22
ﯜﯝﯞﯟﯠﯡ
ﯢ
22. Пас аз он ки Ҷабраил дар остини куртаи ӯ пуф кард Марям ҳомиладор шуд пас ҳамли худро ба маконе дур аз мардум бурд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 18/168.
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 18/168.
Verse 23
23. Пас, дарди таваллуд ӯро ба сӯйи танаи дарахти хурмое овард. Гуфт: «Эй кош, пеш аз ин мемурдам ва аз ёдҳо фаромӯш мешудам».
Verse 24
24. Он гоҳ Ҷибраил аз поёни ӯ нидо дод, ки: «Ғамгин мабош, ба ростӣ Парвардигорат поёнтар аз ту чашмае падид овардааст».1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 18/173.
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 18/173.
Verse 25
25. Ва дарахти хурморо биҷунбон, то хурмои тозаи чидашуда бароят фурӯ резад.
Verse 26
26. Пас, бихӯру биёшом ва шодмон бош ва агар аз одамиён касеро дидӣ, бигӯ: «Барои Аллоҳи меҳрубон рӯза назр кардаам ва имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан намегӯям»(1).
____________________
1. Сукут ҳамчунон рӯза дар шариати онҳо ибодат буд, аммо дар шариати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ибодат нест.
____________________
1. Сукут ҳамчунон рӯза дар шариати онҳо ибодат буд, аммо дар шариати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ибодат нест.
Verse 27
27.Он гоҳ кӯдакро бардошт ва назди қавми худ овард. Гуфтанд: Эй Марям, ба ростӣ, аҷаб гуноҳи зиште кардаӣ.
Verse 28
28. Эй хоҳари Ҳорун, на падарат марди баде буду на модарат бадкора буд.
Verse 29
29. Пас, Марям ба тифли худ ишора кард, то аз тифл бипурсанд. Гуфтанд: «Чӣ гуна бо кӯдаке, ки дар гаҳвора аст, сухан бигӯем?».
Verse 30
30. ( Исо) гуфт: «Ман бандаи Аллоҳам, ба ман китоб (Инҷил) дода ва маро паёмбар гардонидааст.
Verse 31
31. Ва ҳар ҷо ки бошам, маро баракат ва хубӣ додааст ва маро ба хондани намоз ва додани закот, то вақте ки зинда бошам, супориш кардааст.
Verse 32
ﮞﮟﮠﮡﮢﮣ
ﮤ
32. Ва низ некӣ кардан ба модарамро супориш намуд. Ва маро гарданкашу бадрафтор қарор надодааст.
Verse 33
33. Ва салому осоиштагӣ аз ҷониби Аллоҳ бар ман, рӯзе, ки зода шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки дигарбора зинда карда мешавам!
Verse 34
34. Ин аст эй Паёмбар, қиссаи Исо ибни Марям ва сухани ҳақ, ҳамоно ки дар бораи ӯ (яҳуд ва насоро) дар шакку шубҳа буданд.
Verse 35
35. Насазад Аллоҳро, ки фарзанде баргирад. Ӯ пок аст аз ин тӯҳматҳои нораво. Чун иродаи коре кунад, ҳамоно мегӯяд: «Пайдо шав!» Пас Пайдо мешавад.
Verse 36
36. (Исо алайҳиссалом бар қавмаш гуфт): Ва ҳамоно Аллоҳ Парвардигори ману Парвардигори шумост, пас Ӯро бипарастед, ки роҳи рост, ин аст!
Verse 37
37. Пас, ихтилоф намуданд ҷамоъатҳои яҳуду насоро, (дар мавриди Исо алайҳиссалом) (1), пас вой бар касоне, ки кофир шуданд аз мушоҳидаи рӯзи бузург (қиёмат).
____________________
1. Насрониҳо дар мавриди Исо алайҳиссалом ба се гурӯҳ тақсим шуданд: Гурӯҳи аввал, Исоро Аллоҳ мешуморанд. Гурӯҳи дуюм, Исоро фарзанди Худо Аллоҳ меҳисобанд. Гурӯҳи сеюм, Исоро сеяки сегона мешуморанд. Яҳудиҳо ба Исо алайҳисаллом тӯҳмат зада мегӯянд: Исо ҷодугар ва зинозода аст. Албатта, Аллоҳ аз ҳама гуфтаҳои онон пок аст. Тафсири Саъдӣ. 1/493.
____________________
1. Насрониҳо дар мавриди Исо алайҳиссалом ба се гурӯҳ тақсим шуданд: Гурӯҳи аввал, Исоро Аллоҳ мешуморанд. Гурӯҳи дуюм, Исоро фарзанди Худо Аллоҳ меҳисобанд. Гурӯҳи сеюм, Исоро сеяки сегона мешуморанд. Яҳудиҳо ба Исо алайҳисаллом тӯҳмат зада мегӯянд: Исо ҷодугар ва зинозода аст. Албатта, Аллоҳ аз ҳама гуфтаҳои онон пок аст. Тафсири Саъдӣ. 1/493.
Verse 38
38. Чӣ қадар ҳуб шунаво бошанд ва чӣ қадар хуб бино бошанд, он рӯз, ки назди Мо меоянд, аммо ситамкорон имрӯз дар гумроҳии ошкоре ҳастанд.
Verse 39
39. Битарсон эй Паёмбар одамонро аз рӯзи пушаймонӣ, ки чун кор ба поён расад.(1)
Ва имрӯз онон дар дунё дар ғафлатанд ва онҳо аз ин сабаб имон намеоранд.
____________________
1. Яъне, ҳангоме ки аҳли имон ба биҳишт ва аҳли куфр ба дӯзах раванд. (1) Тафсири Бағавӣ. 5/232.
Ва имрӯз онон дар дунё дар ғафлатанд ва онҳо аз ин сабаб имон намеоранд.
____________________
1. Яъне, ҳангоме ки аҳли имон ба биҳишт ва аҳли куфр ба дӯзах раванд. (1) Тафсири Бағавӣ. 5/232.
Verse 40
40. Албатта, Мо замин ва ҳар киро бар рӯи он аст, ворис мешавем(1) ва ҳама ба назди Мо бозгардонида мешаванд.
____________________
1. Яъне, ҳама мемиранд, ягона Холиқи Ҷаббор мемонад. Тафсири Бағавӣ. 5/233.
____________________
1. Яъне, ҳама мемиранд, ягона Холиқи Ҷаббор мемонад. Тафсири Бағавӣ. 5/233.
Verse 41
41. Ва эй Паёмбар, дар ин Қуръон қиссаи Иброҳим алайҳиссаломро ёд кун, ки ӯ паёмбари ростгӯ ва баландмартаба буд.
Verse 42
42. Он гоҳ ки ба падараш (Озар) гуфт: «Эй падарҷон, чаро он бутонеро, ки на мешунаванд ва на мебинанд ва на ҳеҷ эҳтиёҷи туро бармеоваранд, мепарастӣ?
Verse 43
43. Эй падарҷон, Аллоҳ маро донише додааст, ки ба ту надодааст. Пас аз ман пайравӣ кун, то туро ба роҳи рост ҳидоят кунам.
Verse 44
44. Эй падарҷон, итоати шайтон макун ва бутҳоро мапараст, зеро шайтон Аллоҳи меҳрубонро фармонбаранда нест.
Verse 45
45. Эй падарҷон, метарсам, ки агар кофир бимирӣ, азобе аз ҷониби Аллоҳи меҳрубон
ба ту расад, пас ту дар дӯзах ҳамроҳи шайтон бошӣ! (1).
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 18/204.
ба ту расад, пас ту дар дӯзах ҳамроҳи шайтон бошӣ! (1).
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 18/204.
Verse 46
46. Падараш гуфт: «Эй Иброҳим, оё аз маъбудони ман рӯй мегардонӣ? Агар аз дашном додани маъбудони ман бознаистӣ, албатта, сангсорат мекунам. Ва дур шав аз ман муддати дуру дароз ва бо ман сӯҳбат макун!»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/234.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/234.
Verse 47
47. Иброҳим гуфт: «Салом бар ту бод!(1) Аз Парвардигорам бароят ҳидоят ва омурзиш хоҳам хост. Албатта, Парвардигорам бар ман меҳрубон аст ва дуои манро қабул мекунад».
____________________
1. Яъне, дар амон бошӣ, зараре бар ту намерасонам. Тафсири Табарӣ. 18/207.
____________________
1. Яъне, дар амон бошӣ, зараре бар ту намерасонам. Тафсири Табарӣ. 18/207.
Verse 48
48. Аз шумо ва аз он чизҳое, ки ба ҷои Аллоҳи барҳақ ибодат мекунед, канора мегирам ва Парвардигорамро холис дуо мекунам. Бошад, ки дар парастиши Парвардигорам ноумед ва ноком набошам.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ. 1/491.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ. 1/491.
Verse 49
49. Пас чун аз онҳо ва он чи ҷуз Аллоҳи барҳақ мепарастиданд, канора гирифт ва Исҳоқ ва Яъқубро ба ӯ бахшидем ва ҳамаро паёмбарӣ додем.
Verse 50
50. Ва раҳмати Хешро бар онҳо арзонӣ доштем ва ононро некӯном ва баландовоза гардонидем.
Verse 51
51. Ва эй Паёмбар, дар ин Қуръон қиссаи Мӯсо алайҳиссаломро ёд кун. Ҳароина, вай бандаи мухлис ва фиристодашудаву паёмбар буд.
Verse 52
52. Ва Мӯсоро аз ҷониби рости кӯҳи Тӯр нидо кардем ва наздикаш сохтем, то бо ӯ роз гӯем. (1)
____________________
1. Ин ояти карима далел аст бар исботи сифати каломи Аллоҳ, мувофиқ ба зоти муқаддаси Худаш аст. Тафсири Саъдӣ. 1/ 496.
____________________
1. Ин ояти карима далел аст бар исботи сифати каломи Аллоҳ, мувофиқ ба зоти муқаддаси Худаш аст. Тафсири Саъдӣ. 1/ 496.
Verse 53
53. Ва аз раҳмати худ ба бародараш Ҳорун паёмбарӣ бахшидем, то ӯро ёрӣ кунад.
Verse 54
54. Ва эй Паёмбар, дар ин Қуръон хабари Исмоил алайҳиссаломро ёд кун. Ҳамоно ӯ дурустқавл (ростваъда)(1) ва фиристодашудаву паёмбар буд.
____________________
1. Исмоил алайҳиссалом ба тамоми ваъдаҳои худ вафо кардааст, ҳатто ин ки ба марде ваъда додааст, ки то ту омаданат ман ин ҷо меистам ва он мард баъди се рӯз баъд омадааст ва ҳамаи ин муддат Исмоил алайҳиссалом ӯро мунтазир шуда истодааст. Тафсири Бағавӣ. 5/ 237.
____________________
1. Исмоил алайҳиссалом ба тамоми ваъдаҳои худ вафо кардааст, ҳатто ин ки ба марде ваъда додааст, ки то ту омаданат ман ин ҷо меистам ва он мард баъди се рӯз баъд омадааст ва ҳамаи ин муддат Исмоил алайҳиссалом ӯро мунтазир шуда истодааст. Тафсири Бағавӣ. 5/ 237.
Verse 55
55. Ва хонадони худро ба намозу закот амр мекард ва назди Парвардигораш шоиставу писандида буд.
Verse 56
56. Ва эй Паёмбар, дар ин Қуръон хабари Идрис алайҳиссаломро ёд кун. Ӯ ҳамоно бисёр росткирдор ва паёмбари бузурге буд.
Verse 57
ﮂﮃﮄ
ﮅ
57. Ва бардоштем ӯро ва зикрашро ба мақоми баланд дар ҳарду олам.
Verse 58
58. Онон паёмбароне буданд, ки Аллоҳ таоло неъмат барояшон арзонӣ дошт, аз зурриёти Одам ва аз фарзандони касе, ки бо Нӯҳ савори киштӣ кардем ва аз зурриёти Иброҳим ва Яъқуб ва аз зумраи касоне, ки ононро раҳнамуд карда ва баргузида будем. Ҳар гоҳ оёти Аллоҳи меҳрубон бар онон хонда мешуд, аз тарси Аллоҳ саҷдакунон ва гирён ба замин меафтоданд.
Verse 59
59. Пас аз ононе, ки ба онон инъом кардем, касоне ҷойнишини инҳо шуданд, ки намозро тарк карданд ё онро аз вақташ гузарониданд ва пайрави шаҳавот гардиданд ва ба зудӣ мулоқӣ мешаванд ҷазои гумроҳиро ва дар ҷаҳаннам хоҳанд афтод,(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир. 5/245.
____________________
1. Тафсири Ибни Касир. 5/245.
Verse 60
60. магар касоне, ки тавба кунанд ва имон биёваранд ва корҳои шоиста анҷом диҳанд, пас онҳо вориди биҳишт мешаванд ва ҳеҷ ситаме намебинанд.
Verse 61
61. Биҳиштҳои ҷовид, ки Аллоҳи меҳрубон дар ғайб (1)ба бандагони хеш ваъда кардааст ва ваъдаи Аллоҳ таъоло фаро хоҳад расид.
____________________
1. Яъне, мӯъминон ҷаннатро нодида ба он бовар карданд. Тафсири Табарӣ. 18/220.
____________________
1. Яъне, мӯъминон ҷаннатро нодида ба он бовар карданд. Тафсири Табарӣ. 18/220.
Verse 62
62. Дар он ҷо сухани беҳуда намешунаванд, ба ҷуз салом. Ва ризқу рӯзияшон ҳар субҳу шом омода аст.
Verse 63
63. Ин ҳамон биҳиштест, ки ба бандагонамон, ки парҳезгорӣ кардаанд, ато мекунем, ба сабаби пайравӣ карданашон амрҳоямонро ва парҳез карданашон аз чизҳои манъкардаи Мо.
Verse 64
64. Ва (бигӯ эй Ҷабраил ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам), мо фариштагон фуруд намеоем аз осмон ба замин, магар ба амри Парвардигори ту. Хоси Ӯст илми он чи аз пеши мост (илми омадани қиёмат) ва илми он чи ақиби мост (он чи гузашт аз дунё) ва он чи байни дунё ва охират аст.
Ва Парвардигори ту ҳаргиз фаромӯшкор нест.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавй. 5/244.
Ва Парвардигори ту ҳаргиз фаромӯшкор нест.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавй. 5/244.
Verse 65
65. Ӯст Парвардигор ва холиқи осмонҳову замин ва он чи миёни он ду ҳаст. Пас Ӯро ибодат кун ва дар ибодаташ босабр бош. Ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест на дар зот ва асмову сифоташ ва на дар корҳояш. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 18/226.
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 18/226.
Verse 66
66. Ва одами кофир(1) мегӯяд:
«Оё замоне, ки бимирам, боз зинда аз қабр берун оварда хоҳам шуд?»
____________________
1. Ҳар як кофире, ки ба зинда шудани баъд аз марг бовар надорад. Тафсири Саъдӣ. 1/ 498.
«Оё замоне, ки бимирам, боз зинда аз қабр берун оварда хоҳам шуд?»
____________________
1. Ҳар як кофире, ки ба зинда шудани баъд аз марг бовар надорад. Тафсири Саъдӣ. 1/ 498.
Verse 67
67. Оё одами кофир ба ёд надорад, ки ӯро пеш аз ин офаридаем ва ӯ ҳеҷ чизе набуд?
Verse 68
68. Пас, қасам ба номи Парвардигорат эй паёмбар, албатта, он мункирони баъсро рӯзи қиёмат бо шайтонҳо ҷамъ меоварем, он гоҳ ҳамаро (кофирону шаётинро) дар атрофи ҷаҳаннам ҳозир карда ва ба зону мешинонем. (1)
____________________
1. Аз тарси он рӯз наметавонанд рост истанд. Тафсири Саъдӣ. 1/ 498.
____________________
1. Аз тарси он рӯз наметавонанд рост истанд. Тафсири Саъдӣ. 1/ 498.
Verse 69
69. Он гоҳ аз ҳар гурӯҳ касонеро, ки дар баробари Аллоҳи меҳрубон бештар гуноҳ ва саркашӣ кардаанд, ҷудо мекунем ва аввал ононро азоб мекунем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ. 1/489.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ. 1/489.
Verse 70
70. Ва Мо албатта, онҳоеро, ки сазовортар ба дохил шудан дар оташ ва сӯхтан дар он бошанд, беҳтар мешиносем.
Verse 71
71. Ва ҳеҷ як аз шумо эй одамон нест, ки вориди ҷаҳаннам нашавад(1) ва ин ҳукмест ҳатмӣ аз ҷониби Парвардигори ту.
____________________
1. Яъне, бар пӯли сироте, ки болои ҷаҳаннам аст. Тафсири Саъдӣ. 1/ 499.
____________________
1. Яъне, бар пӯли сироте, ки болои ҷаҳаннам аст. Тафсири Саъдӣ. 1/ 499.
Verse 72
72. Он гоҳ парҳезгоронро наҷот медиҳем ва ситамкоронро ҳамчунон ба зону шинонда дар он ҷо вомегузорем.
Verse 73
73. Чун оёти возеҳу равшани моро бар онон бихонанд, кофирон ба мӯъминон гӯянд: «Кадом яке аз ду гурӯҳ ҷойгоҳи беҳтар ва маҷлиси зеботаре доранд?»
Verse 74
74. Пеш аз кофирони қавмат эй Паёмбар, чӣ басо мардумеро ба ҳалокат расонидаем, ки ба эътибори хонаву ҷой ва сурату намуд беҳтар аз онҳо буданд.
Verse 75
75. Бигӯ эй Паёмбар: «Ҳар кас, ки дар гумроҳӣ бошад, Аллоҳи меҳрубон ӯро мӯҳлат медиҳад», то он гоҳ, он чиро ба ӯ ваъда дода шудааст, бингарад: ё азоби ин дунё ва ё вуқӯъи қиёмат. Он гоҳ хоҳанд донист, ки чӣ касеро ҷойгоҳ бадтар ва лашкараш заифтар ва нотавонтар аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/253.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/253.
Verse 76
76. Ва Аллоҳ бар ҳидояти онон, ки ҳидоят ёфтаанд, меафзояд(1). ва назди Парвардигори ту подош ва оқибати кирдорҳои шоистае, ки боқӣ мондаанд, беҳтар аст.
____________________
1. Яъне имонашон зиёд мешавад. Тафсири Саъдӣ. 1/ 499.
____________________
1. Яъне имонашон зиёд мешавад. Тафсири Саъдӣ. 1/ 499.
Verse 77
77. Эй Паёмбар, оё он касеро(1), ки ба оёти Мо кофир шуд, дидй, ки мегуфт: «Албатта, дар охират ба ман молу фарзанд дода хоҳад шуд!»
____________________
1. Яъне, Воил ибни Ос ва ҳар як кофире, ки ҳамақидаи уст. Тафсири Бағавӣ. 5/ 253.
____________________
1. Яъне, Воил ибни Ос ва ҳар як кофире, ки ҳамақидаи уст. Тафсири Бағавӣ. 5/ 253.
Verse 78
78. Оё ӯ аз ғайб огоҳ шудааст, ки медонист дар охират барои ӯ молу фарзанд дода мешавад, ё аз Аллоҳи меҳрубон аҳду паймон гирифтааст?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ. 1/491.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ. 1/491.
Verse 79
79. Ҳаргиз ин тавр нест чунончи, он кофир даъво мекунад. Он чӣ мегӯяд, хоҳем навишт ва албатта, дар охират азобашро хоҳем зиёд кард.
Verse 80
ﭭﭮﭯﭰﭱ
ﭲ
80. Ва боз пас гирем аз ӯ молу фарзандонашро ва меояд рӯзи қиёмат назди Мо яккаву танҳо.
Verse 81
81. Ва мушрикон бар ивази Аллоҳ маъбудоне ихтиёр кардаанд, то сабаби пирӯзӣ ва иззаташон гарданд.
Verse 82
82. Ҳаргиз чунин нест. Балки ин бктон хкд мункир мешаванд дар охират парастиши маъбудони худро ва ба мухолифаташон (бар зидди онҳо) бархезанд.
Verse 83
83. Оё надидаи эй Паёмбар, ки Мо шаётинро ба сӯйи кофирон фиристодем, то онҳоро барои гуноҳ кардан сахт васваса кунанд. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ. 1/500.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ. 1/500.
Verse 84
84. Пас, ту эй Паёмбар, бар зидди онон шитоб макун, ки чаро зудтар азоб карда намешаванд. Ҳамоно Мо умрҳояшон ва аъмолашонро ба диққат мешуморем.(1)
____________________
1. Тафсири Бпғавӣ. 5/255.
____________________
1. Тафсири Бпғавӣ. 5/255.
Verse 85
ﮗﮘﮙﮚﮛﮜ
ﮝ
85. Рӯзе, ки парҳезгоронро зинда мекунем ва савора ва бо иззату эҳтиром ба сӯйи Аллоҳи меҳрубон равона месозем.
Verse 86
ﮞﮟﮠﮡﮢ
ﮣ
86. Ва гунаҳкоронро ташнаком ба сӯйи ҷаҳаннам мегуселонем.
Verse 87
87. Аз шафоъат кардан бенасибанд, магар он кас, ки бо Аллоҳи Раҳмон паймоне баста бошад.(1)
____________________
1. Яъне мӯъминон. Тафсири Бағавӣ. 5/ 255.
____________________
1. Яъне мӯъминон. Тафсири Бағавӣ. 5/ 255.
Verse 88
ﮮﮯﮰﮱ
ﯓ
88. Гуфтанд кофирон: «Аллоҳи меҳрубон фарзанде баргирифтааст».
Verse 89
ﯔﯕﯖﯗ
ﯘ
89. Ба ростӣ сухани бисёр зишт дар миён овардед.
Verse 90
90. Қариб аст, ки аз ин сухани зишт осмонҳо пора-пора ва замин сӯрох шавад ва кӯҳҳо бо шиддат дар ҳам фурӯ резанд.
Verse 91
ﯣﯤﯥﯦ
ﯧ
91. Ба сабаби он, ки барои Аллоҳи меҳрубон фарзанде нисбат медиҳанд.(1)
____________________
1. Аллоҳ таоло аз ин гуфтаҳо пок аст.
____________________
1. Аллоҳ таоло аз ин гуфтаҳо пок аст.
Verse 92
ﯨﯩﯪﯫﯬﯭ
ﯮ
92. Ва барои Аллоҳи меҳрубон сазовор нест, ки фарзанде бигирад.(1)
____________________
1. Зеро, ки гирифтани фарзанд дадолат ба камбудӣ ва муҳтоҷӣ мекунад ва Аллоҳ таоло ба ҳеҷ чиз муҳтоҷ нест, Ӯ таоло бениёз ва сутуда аст. Тафсири Саъдӣ 1/501.
____________________
1. Зеро, ки гирифтани фарзанд дадолат ба камбудӣ ва муҳтоҷӣ мекунад ва Аллоҳ таоло ба ҳеҷ чиз муҳтоҷ нест, Ӯ таоло бениёз ва сутуда аст. Тафсири Саъдӣ 1/501.
Verse 93
93. Ҳеҷ касе дар осмонҳо аз малоикаҳо ва замин аз инсу ҷин нест, магар он ки ба бандагӣ рӯзи қиёмат ба сӯйи Аллоҳи меҳрубон хору сархам биёяд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ. 1/501.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ. 1/501.
Verse 94
ﯺﯻﯼﯽ
ﯾ
94. Абатта, Ӯ таъоло ҳамаи халқро ҳисоб карда ва як-як шумурдааст ва ададашонро медонад.
Verse 95
ﯿﰀﰁﰂﰃ
ﰄ
95. Ва ҳамаашон дар рӯзи қиёмат яккаву танҳо назди Ӯ меоянд.(1)
____________________
1. Яъне, бе молу фарзанд. Тафсири Саъдӣ...
____________________
1. Яъне, бе молу фарзанд. Тафсири Саъдӣ...
Verse 96
96. Бегумон касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, Аллоҳ таоло барои онҳо муҳаббате қарор хоҳад дод.
Verse 97
97. Дар ҳақиқат мо ин Қуръонро ба забони ту эй Паёмбар, ки араб ҳастӣ, осон кардем, то парҳезгоронро ба ризо ва неъмати Аллоҳи меҳрубон мужда диҳӣ ва саркашонро, ки душмани ҳақ ва тарафдори ботил ҳастанд,
аз нохушнудӣ ва азоби дардноки Аллоҳ битарсонӣ.
аз нохушнудӣ ва азоби дардноки Аллоҳ битарсонӣ.
Verse 98
98. Ва чӣ бисёр аз умматони гузаштаро пеш аз қавмат ҳалок кардаем. Оё ҳеҷ як аз онҳоро мебинӣ ё ҳатто андак овозе аз онҳо мешунавӣ?
تقدم القراءة