Тарҷумаи сураи ҚАЛАМ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية
Verse 1
ﮉﮊﮋﮌﮍ
ﮎ
1.Нун.(1) Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба қалам ва он чӣ менависанд, фариштагон ва одамон аз хайру нафъ ва илмҳо,
____________________
1. Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара хузашт.
____________________
1. Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара хузашт.
Verse 2
ﮏﮐﮑﮒﮓ
ﮔ
2.ки ту эй Расул ба фазли Парвардигорат, ки паёмбарӣ ва рисолатро бар ту арзонӣ намудааст, девона нестӣ.
Verse 3
ﮕﮖﮗﮘﮙ
ﮚ
3.Бегумон барои ту эй Расул, он чӣ аз сахтиҳо кашидаӣ бар таблиғи рисолат, мукофоти поённопазир аст
Verse 4
ﮛﮜﮝﮞ
ﮟ
4.ва ҳароина, ту эй Расул бар хулқи азим(1) ҳастӣ.
____________________
1. Тафсири ибни Касир 8\ 188. Он чиро ки Қуръон дарбар гирифтааст: аз ахлоқи ҳамида, он хулқи бузург аст ва Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дорои ҳамин хулқ буданд.
____________________
1. Тафсири ибни Касир 8\ 188. Он чиро ки Қуръон дарбар гирифтааст: аз ахлоқи ҳамида, он хулқи бузург аст ва Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дорои ҳамин хулқ буданд.
Verse 5
ﮠﮡ
ﮢ
5.Ба зудӣ ту эй Расул мебинӣ ва он кофирон низ мебинанд,
Verse 6
ﮣﮤ
ﮥ
6.ки девонагӣ дар кадом яке аз шумост.
Verse 7
7. Албатта, Парвардигори ту беҳтар медонад чӣ касе бадбахт аст ва аз роҳи ҳидояти Ӯ гумроҳ гаштааст ва Ӯ ба парҳезгорони роҳёфтагон (ба дини ҳақ) донотар аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\532
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\532
Verse 8
ﯓﯔﯕ
ﯖ
8. Пас, эй Расул бар дини худ устувор бош ва ба дурӯғшуморандагон итоъат макун.
Verse 9
ﯗﯘﯙﯚ
ﯛ
9. Таманно ва дӯст доранд, ки бо онҳо нармӣ кунӣ, то барои ту нармӣ кунанд.
Verse 10
ﯜﯝﯞﯟﯠ
ﯡ
10. Ва эй Расул, аз ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр савганд мехӯрад, пайравӣ макун:
Verse 11
ﯢﯣﯤ
ﯥ
11. Айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад ва миёни онҳо фасод меорад,
Verse 12
ﯦﯧﯨﯩ
ﯪ
12. боздоранда аз хайр, ки бар хайр кардани мол бахил аст, аз ҳад гузаранда, ки ба мардум таҷовуз мекунад, гунаҳкор, ки бар ҳаром бисёр даст задааст,
Verse 13
ﯫﯬﯭﯮ
ﯯ
13. дағалмарде, ки бадхулқ ва бадрафтор аст, зинозода, (ҳаромзодаи бепадар,)
Verse 14
ﯰﯱﯲﯳﯴ
ﯵ
14. ба хотире, ки соҳиби молу фарзанд аст саркашӣ кард ва аз пазируфтани ҳақ такаббур кард,
Verse 15
15. чун яке аз оёти Мо бар ӯ хонда шавад, онро дурӯғ шуморад ва гӯяд: «Афсонаҳои пешиниён аст»(1)
____________________
1. Гарчанде ин оят дар шаъни баъзе аз мушрикон нозил шуда бошад ҳам, монанди Валид ибни Мутира, лекин барои мусалмон таҳзир аст, ки мабодо бо яке аз ин сифатҳои бад гирифтор нашавад. Тафсири Саъдӣ 1\879
____________________
1. Гарчанде ин оят дар шаъни баъзе аз мушрикон нозил шуда бошад ҳам, монанди Валид ибни Мутира, лекин барои мусалмон таҳзир аст, ки мабодо бо яке аз ин сифатҳои бад гирифтор нашавад. Тафсири Саъдӣ 1\879
Verse 16
ﯾﯿﰀ
ﰁ
16. Ба зудӣ бар биниаш доғ гузорем, ки назди мардум бо он доғ бад шавад.
Verse 17
17. Ҳароина, Мо аҳли Маккаро бо гуруснагиву қаҳтӣ озмудаем, чунон ки соҳибони он боғро озмудем. Он гоҳ,
ки миёни худ қасам хӯрданд, ки фардо бомдод ҳатман меваҳоро хоҳанд чид ва азм карданд, ки мискинонро аз он маҳрум гардонанд.
ки миёни худ қасам хӯрданд, ки фардо бомдод ҳатман меваҳоро хоҳанд чид ва азм карданд, ки мискинонро аз он маҳрум гардонанд.
Verse 18
ﭜﭝ
ﭞ
18. Ва иншоаллоҳ нагуфтанд, (яъне, «агар Аллоҳ хоҳад» нагуфтанд)
Verse 19
19. ГТас, азобе (оташи фарогир шабона) аз сӯи Парвардигорат бар боғи онҳо фурӯ омад, дар ҳоле, ки ҳама дар хоб буданд,
Verse 20
ﭧﭨ
ﭩ
20. Пас он боғи сабзу хуррам ҳамчун шаби сиёҳ шуд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\195
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\195
Verse 21
ﭪﭫ
ﭬ
21. Ва саҳаргоҳон якдигарро нидо доданд:
Verse 22
22. «Агар мехоҳед мева бичинед, бомдодон ба киштзори худ биравед!»
Verse 23
ﭵﭶﭷ
ﭸ
23. Сипас ба роҳ афтоданд ва оҳиста ба ҳамдигар сухан мегуфтанд:
Verse 24
ﭹﭺﭻﭼﭽﭾ
ﭿ
24. ки имрӯз набояд мискине ба боғи шумо дарояд.
Verse 25
ﮀﮁﮂﮃ
ﮄ
25. Ва субҳгоҳон зуд тавонманд (ба хотири манъи бенавоён) ба он боғ расиданд, ки худро бар чидани мева ва манъи бенавоён тавоно медиданд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\546
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\546
Verse 26
ﮅﮆﮇﮈﮉ
ﮊ
26. Чун боғи худро диданд, гуфтанд: Роҳро гум кардем. Пас он ҳангом, донистанд, ки он боғи онҳост, гуфтанд:
Verse 27
ﮋﮌﮍ
ﮎ
27. Балки, мо аз ҳосил маҳрумшудаем, ба сабаби бухле, ки аз мо сар зад.
Verse 28
28. Яке аз беҳтарини онҳо гуфт: Оё ба шумо нагуфтам, чаро шукру тасбеҳи Аллоҳро намегӯед ва «иншоаллоҳ» нагуфтед?
Verse 29
ﮗﮘﮙﮚﮛﮜ
ﮝ
29. Баъд аз он ки ба роҳи ҳақ баргаштанд, гуфтанд: Пок аст Парвардигори мо, аз зулме, ки ба мо расидааст, балки
ҳароина, мо бар нафси худ ва қасди бадамон ситамкор будаем.
ҳароина, мо бар нафси худ ва қасди бадамон ситамкор будаем.
Verse 30
ﮞﮟﮠﮡﮢ
ﮣ
30. Пас, ба хотири «иншоаллоҳ» нагуфтанашон ва қасди бадашон он гоҳ маломаткунон ба якдигар рӯ оварданд.
Verse 31
ﮤﮥﮦﮧﮨ
ﮩ
31. Гуфтанд: Вой бар мо, :ҳароина, мо мардуми саркаше будаем, ки бенавоёнро манъ кардем ва мухолифати амри Аллоҳ баромадем,
Verse 32
32. бошад, ки ба сабаби тавба ва иқрори гуноҳони худ Парвардигори мо дар иваз, чизе беҳтар аз он боғ моро диҳад. Ҳароина, Мо ба Парвардигори худ рӯй овардаем!
Verse 33
33. Инчунин аст азоб, монанди азобе, ки соҳибони он боғро мубтало кардем, ҳамин гуна азоби мо дар дунё барои касест, ки амри Аллоҳро мухолифат мекунад ва аз хайр кардани мол бахилӣ менамояд. Ва агар бидонанд, азоби охират бузургтар
аст, албатта аз ҳар сабабе, ки мӯҷиби азоб аст, худро бартараф месохтанд!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\197
аст, албатта аз ҳар сабабе, ки мӯҷиби азоб аст, худро бартараф месохтанд!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\197
Verse 34
ﯡﯢﯣﯤﯥﯦ
ﯧ
34. Ҳароина, барои парҳезгорон, онон, ки аз азоби Аллоҳ тарсиданд, бо анҷом додани амрҳояш ва тарк намудани манъкардаҳояш дар назди Парвардигорашон боғҳоест пурнеъмат ва бардавом.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\552
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\552
Verse 35
ﯨﯩﯪ
ﯫ
35. Оё пас мо мусалмононро ҳамчун гунаҳкорон қарор медиҳем?
Verse 36
ﯬﯭﯮﯯ
ﯰ
36. Шуморо чӣ шудааст? чӣ гуна доварӣ мекунед, пас ҳар ду гурӯҳро дар ҷазо баробар хоҳем кард? Ҳеҷ гоҳ!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\ 198
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\ 198
Verse 37
ﯱﯲﯳﯴﯵ
ﯶ
37. Оё шуморо китобест, аз осмон нозил шуда, ки аз он мехонед ва дарс мегиред, ки фармонбардор монанди гунаҳкор аст?
Verse 38
ﯷﯸﯹﯺﯻ
ﯼ
38. Ва ба таҳқиқ, дар он китоб он чиро интихоб кунед, барои шумо навишташуда аст?! (Ҳаргиз чунин нест!)(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\ 198
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\ 198
Verse 39
39. Ё ин ки шумо бар ӯҳдаи Мо аҳду паймони устуворе доред, ки то рӯзи қиёмат ҳар чиро ҳукм кунед, ҳақ барои шумо бошад?!
Verse 40
ﰊﰋﰌﰍ
ﰎ
40. Эй Расул, аз мушрикон бипурс, кадом якеашон зомини чунин паймонест, ки кофирон дар охират монанди мӯъминонанд?
Verse 41
41. Ё онҳоро шариконест, ки онҳоро дар охират ҳамонанди мусалмонон гардонанд? Агар рост мегӯянд, дар даъвои худ, пас шарикони худро биёваранд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\198
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\198
Verse 42
42. Рӯзе, ки соқ бараҳна ва макшуф гардад, (яъне, рӯзи қиёмат вазъият бениҳоят Душвор гардад, дар он рӯз Аллоҳ таъоло соқи худро, ки бе чӣ гунагӣ ва ба чизе монандӣ надорад, ошкор кунад, Аллоҳ таъоло барои доварӣ миёни мардум биёяд) ва ҳама халоиқ
ба саҷда фаро хонда шаванд, пас мунофиқон ва мушрикон саҷда кардан наметавонанд.(1)
____________________
1. Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Парвардигори Мо (дар рӯзи қиёмат) соқашро бараҳна менамояд (бе чӣ гунагӣ) ва ҳар марду зани мӯъмине барояш саҷда мекунад, вале касоне, ки дар дунё ба ҷиҳати риё ва сумъа саҷда мекарданд, мехоҳанд, ки саҷда намоянд, вале пушти онҳо монанди табақи рост қарор мегирад» яъне, қудрат ба саҷда кардан пайдо намекунанд. (Бухорӣ №4919)
ба саҷда фаро хонда шаванд, пас мунофиқон ва мушрикон саҷда кардан наметавонанд.(1)
____________________
1. Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Парвардигори Мо (дар рӯзи қиёмат) соқашро бараҳна менамояд (бе чӣ гунагӣ) ва ҳар марду зани мӯъмине барояш саҷда мекунад, вале касоне, ки дар дунё ба ҷиҳати риё ва сумъа саҷда мекарданд, мехоҳанд, ки саҷда намоянд, вале пушти онҳо монанди табақи рост қарор мегирад» яъне, қудрат ба саҷда кардан пайдо намекунанд. (Бухорӣ №4919)
Verse 43
43. Дар ҳоле, ки чашмонашон аз надомат ва хиҷолат фурӯ афтода ва аз азоби Аллоҳ зиллат ва хорӣ онҳоро фурӯ гирад ва ҳақиқатан, ки пеш аз он дар дунё дар ҳоле, ки солим буданд, ба саҷда фаро хонда мешуданд, аммо онҳо аз рӯи такаббур саҷда намекарданд.(1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 8\200
____________________
1. Тафсири ибни Касир 8\200
Verse 44
44. Пас, эй Расул, Маро бо касе, ки ин сухан (Қуръон)-ро дурӯғ мебарорад, вогузор, зеро интиқом аз онҳо ва ҷазо доданашон бар Ман аст. Мо онҳоро ба зудӣ аз он ҷое, ки намедонанд, андак-андак ба азоб хоҳем гирифт.(1)
____________________
1. Яъне, онҳоро бо молу фарзандон ва неъматҳо зиёд хоҳем кард ва онҳо пиндоранд, ки ин барояшон инъом аст, вале оқибати онро фикр
намекунанд, ки ин сабаби ҳалокии онҳост.
____________________
1. Яъне, онҳоро бо молу фарзандон ва неъматҳо зиёд хоҳем кард ва онҳо пиндоранд, ки ин барояшон инъом аст, вале оқибати онро фикр
намекунанд, ки ин сабаби ҳалокии онҳост.
Verse 45
ﭪﭫﭬﭭﭮﭯ
ﭰ
45. Ва ба онҳо мӯҳлат диҳам ва умрашонро дароз кунам, то гуноҳро зиёд кунанд. Албатта, тадбири Ман тадбири устувор аст ва касе аз он раҳоӣ надорад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/562
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/562
Verse 46
46. Эй Расул ё аз мушрикон, дар ивази таблиғи рисолат музде металабӣ, пас товони он барояшон гаронбор аст ва онҳо аз адои он дар ранҷанд?
Verse 47
ﭹﭺﭻﭼﭽ
ﭾ
47. Ё илми ғайб назди онҳост, пас онҳо аз рӯи он менависанд он чиро, ки мегӯянд?
Verse 48
48. Пас эй Расул барои фармон ва ҳукми Парвардигорат сабр кун, ва монанди соҳиби моҳӣ (Юнус ибни Мато алайҳиссалом,) мабош, ки дар даъвати қавмаш сабр накард ва чун саршор аз ғаму андӯҳ буд, Аллоҳро нидо кард.
Verse 49
49. Агар неъмат ва раҳмате(1) аз сӯи Парвардигораш ӯро дарнамеёфт, яқинан аз шиками моҳӣ ба саҳрои беобу алаф партофта мешуд, дар ҳоле, ки ӯ бадҳол буд.
____________________
1. Яъне, мурод аз он неъмат, тавфиқ додани Юнус алайҳиссалом барои тавба буд.
____________________
1. Яъне, мурод аз он неъмат, тавфиқ додани Юнус алайҳиссалом барои тавба буд.
Verse 50
ﮖﮗﮘﮙﮚ
ﮛ
50. Пас, Парвардигораш ӯро барои рисолаташ ихтиёр кард ва ӯро аз зумраи солеҳон қарор дод, ки ният, аъмол ва ақволашон шоиста ва дуруст аст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\881
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\881
Verse 51
51. Ва кофирон чун Қуръонро шуниданд, наздик буд, ки аз сабаби бад диданашон туро бо чашмони худ билағжонанд ва аз рӯи ҳасад мегӯянд, ки қатъан ӯ девона аст.
Verse 52
ﮩﮪﮫﮬﮭ
ﮮ
52. Ва ҳол он ки Қуръон барои ҷаҳониён (аз инсу ҷин) фақат панде аст!
تقدم القراءة