سورة المدثر

الترجمة الطاجيكية

Тарҷумаи сураи МУДДАССИР ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية

الترجمة الطاجيكية

الناشر

مجمع الملك فهد

Verse 1
1.       Эй ҷома дар сар кашида,
Verse 2
2.       бархез аз ҷои хобат, пас бим деҳ одамонро аз азоби Аллоҳ!
Verse 3
3.       Ва такбиру таъзиму ибодатро махсуси Парвардигорат гардон!
Verse 4
4.       Ва ҷомаатро аз наҷосатҳо покиза дор!(1)
____________________
1. Яъне, покии зоҳирӣ нишонаи покии ботинӣ аст.
Verse 5
5.       Ва давомат кун дурӣ ҷӯстанро аз бутҳо ва аз корҳои ширк, пас ба онҳо наздикӣ макун!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/895
Verse 6
6.       Ва чизе мадеҳ, ки беш аз он чашм дошта бошӣ.
Verse 7
7.       Ва барои розигии Парвардигорат бар амру наҳйҳояш собир бош!
Verse 8
8.       Пас он гоҳ ки дар сур (карнай) барои аз нав зинда шудан, дамида шавад,
Verse 9
9.       пас он рӯз рӯзи сахте хоҳад
буд.
Verse 10
10. Барои кофирон осон нест, ки халос шаванд аз муноқишаи ҳисобу китоб.
Verse 11
11. Маро эй Паёмбар, бо он ки дар шиками модараш танҳояш бе молу фарзанд, офаридаам, вогузор.
Verse 13
13. Ва писароне ҳама дар Макка назди ӯ ҳозир.
Verse 14
14. Ва васоили зиндагиро аз ҳар ҷиҳат барои ӯ фароҳам сохтаам.
Verse 15
15. Он гоҳ тамаъ мебандад, ки бар неъматаш(1) биафзоям.
____________________
1. Яъне, бар замми ин неъматҳо боз ҳам молу фарзандонашро зиёд гардонам. Ва ҳамоно ӯ кофир аст бар Ман.
16. Ҳаргиз, ки ҳамоно, ӯ дар баробари Қуръон ва оёти Мо саркашӣ карду ситеза ҷӯст.
Verse 17
17. Зуд аст, ки ба сараш машаққатҳоеро аз навъҳои азобе, ки дар он роҳат нест меорем.(1)
____________________
1. Ин оятҳо дар ҳаққи Валид бинни Муғира нозид шудааст, ки хеле ҳам саркаш ва душмани Аллоҳ ва расулаш буд. (Инчунин ҷазо дода мешавад ҳар як кофири саркашро). Тафсири Саъдӣ 1/896
Verse 18
18. Ҳароина, ӯ андешид ва нақшае кашид(1).
____________________
1. Яъне, чи таънае мезанад дар ҳаққи Қуръон ва Муҳаммад.
Verse 19
19.Пас марг бар ӯбод, чӣ гуна нақшае кашид?
Verse 20
20.    Боз ҳам марг барӯ бод, чӣ нақшае кашид?
Verse 21
21.    Сипас он гоҳ, ки нигарист, (яъне, фикр карду нақша кашид ва тайёрӣ дид дар таъна задани Қуръон).
Verse 22
22.    Сипас рӯй турш кард ва пешонӣ дарҳам кашид. Баъд аз он, ки чизе наёфт, ки ба он Қуръонро таъна занад.
Verse 23
23.    Сипас рӯй гардонид аз ҳақ ва гарданкашӣ кард аз эътироф шудан ба мағлубияташ.
24.    Пас гуфт дар бораи Қуръон:
«Ин чизе, ки Муҳаммад мегӯяд, ҷуз ҷодуе, манқул аз пешиниён ривоят шуда, ҳеҷ нест.
25.    Ин сухани махлуқон аст, ки Муҳаммад онро таълим гирифтаасту, баъд аз он даъво мекунад, ки он аз назди Аллоҳ аст.
Verse 26
26.    Ба зудӣ ӯро ба сақар (дӯзах) бияфканам. То бисӯзад дар оташаш.
Verse 27
27.    Ту чӣ медонӣ, ки сақар чи гӯна аст?
Verse 28
28.    На, гӯштеро боқӣ мегузорад ва на устухонеро раҳо месозад.
Verse 29
29.   Тағйирдиҳанда ва сиёҳкунандаи пӯст аст.
Verse 30
30.   Нуздаҳ фаришта барои азоби онҳо муваккаланд.
31.   Муваккалони дӯзахро ҷуз аз фариштагони сахтгир қарор надодем. Ва шумори онҳо ҷуз барои имтиҳони кофирон нест. То аҳли китоб (Яҳуд ва Насоро) бовар кунанд(1) ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва ахди китобу мӯъминон шак накунанд.
Ва то он мунофиқон ва кофирон, ки дар дилҳояшон маразест, бигӯянд: «Аллоҳ аз ин шумораи аҷоиб чӣ мехостааст?» Аллоҳ инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад роҳ менамояд.
Ва шумори лашкари(1) Парвардигоратро ҷуз Ӯ кассе надонад. Ва ин ҷаҳаннам ҷуз ҳушдор ва панде аз барои мардум нест(3).
____________________
1. Яъне, он чизе, ки дар Қуръон дар бораи хозинони ҷаҳаннам гуфта шудааст ҳақ аст ва аз назди Аллоҳ аст. Тафсири Табарӣ 30/24
2. Аз он ҷумла фариштагонро.
3. Тафсири Бағавӣ 8/271
Verse 32
32.   Инчунин нест, ки онҳо мепиндоранд(1), савганд ба моҳ!
____________________
1. Яъне, Ба рисолати паёмбар бовар намекунанд.
Verse 33
33.   Ва савганд ба шаб, чун пушт кунад рӯй ба рафтан орад
Verse 34
34.   Ва савганд ба субҳ, чун парда барафканад,
Verse 35
35.   ки ҳароина, ин дӯзах яке аз ҳодисаҳои бузург аст.
Verse 36
36.   Тарсонандаи одамиён аст.
37.   Барои ҳар касе аз шумо, ки бихоҳад, наздик шудан ба Парвардигорашро бо амали нек ё бозпас монад бо куфру нофармонӣ.
38.   Ҳар кас гаравгони корест, ки кардааст, хоҳ нек аст, хоҳ бад аз он раҳо намеёбад, то он вақте ки ҳаққашро бидиҳад.
Verse 39
39.   Ғайри мусалмонони холис онҳое, ки худашонро бо амалҳои шоиста наҷот доданд.
Verse 40
40.   Онҳо дар биҳиштҳо нишастаанд ва аз якдигарашон мепурсанд,
Verse 41
41.   аз кофироне, ки дар ҳаққи худашон гуноҳ кардаанд.
Verse 42
42.   Чӣ чизҳое шуморо ба ҷаҳаннам даровард?
43.   Гӯянд гунаҳкорон: "Мо дар дунё аз намозгузорон набудем
Verse 44
44.   ва ба дарвешону камбағалон таъом намедодем
Verse 45
45.   ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем
Verse 46
46.   ва рӯзи қиёматро дӯруғ
мешуморидем,
Verse 47
47.   то марги мо фаро расид ва мо дар ҳамон гумроҳӣ будем"
Verse 48
48.   Пас, шафоъати шафоаткунандагон(1) фоидаашон набахшад. Зеро шафоъат барои онҳоест, ки Аллоҳ таъоло аз онҳо розист ва барои шафоаткунанда иҷозат додааст.
____________________
1. Хоҳ фаришта бошад, хоҳ паёмбар ё дигараш.
49.   Пас он мушриконро чӣ шудааст, ки аз Қуръон ва пандҳои он рӯй гардонанд?
Verse 50
50.   Монанди харони ваҳшие, ки рамида
52.   Балки ҳар як аз он мушрикҳо мехоҳанд, ки аз сӯйи Аллоҳ китоби кушодае ба ӯ дода шавад.(1)
____________________
1. Ҳамчунон ки ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дода шудааст.
53.   На чунин аст, ки онҳо мепиндоранд, балки онҳо аз охират наметарсанд. Ва ба баъсу ҷазо боварӣ надоранд.
Verse 54
54.   На чунин аст, ки онҳо дар бораи Қуръон меандешанд албатта, ки ин Қуръон пандест агар саъодати худро бихоҳанд,
Verse 55
55.   пас ҳар кӣ бихоҳад, онро бихонад ва аз он андарз бигирад ва аз ҳидояташ фоида бибарад.
56.   Ва панд нагиранд, магар ин ки Аллоҳ хоҳад ҳидояти онҳоро. Ӯ таъоло шоёни он аст, ки аз Ӯ битарсанд ва итоъаташ кунанд. Ва
Ӯ шоёни омӯрзидан аст касонеро, ки ба Ӯ имон оранду итоъаташ кунанд!
تقدم القراءة