Тарҷумаи сураи МУЪМИНУН ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية
Verse 1
ﭑﭒﭓ
ﭔ
1. Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминоне, ки ба Аллоҳу расулаш тасдиқкунанда ва ба шариаташ амалкунандаанд:
Verse 2
ﭕﭖﭗﭘﭙ
ﭚ
2. касоне, ки сифатҳояшон ин аст, ки дар намозашон фурӯтан(1) ҳастанд
____________________
1. Дилашон дар баробари Аллоҳ ҳозир аст.
____________________
1. Дилашон дар баробари Аллоҳ ҳозир аст.
Verse 3
ﭛﭜﭝﭞﭟ
ﭠ
3. ва касоне, ки аз гуфтору кирдори беҳуда рӯй мегардонанд
Verse 4
ﭡﭢﭣﭤ
ﭥ
4. ва касоне, ки закоти ҳамаи
молашонро мепардозанд
молашонро мепардозанд
Verse 5
ﭦﭧﭨﭩ
ﭪ
5. ва касоне, ки шармгоҳи худро аз зино ва лавотат нигоҳ медоранд,
Verse 6
6. ҷуз бо ҳамсарон ё канизони хеш, ки дар наздикӣ (ҳамбистарӣ) бо онон мавриди маломат қарор намегиранд.
Verse 7
7. Ва касоне, ки ғайр аз ин ду роҳи машрӯъро биҷӯянд, аз ҳадди хеш таҷовуз кардаанд ва худро дучори азоби Аллоҳ кардаанд
Verse 8
ﭾﭿﮀﮁﮂ
ﮃ
8. ва касоне, ки амонатҳо ва паймонҳои худро риоят мекунанд.
Verse 9
ﮄﮅﮆﮇﮈ
ﮉ
9. ва касоне, ки ҳамеша намозҳояшонро дар вақтҳои муайян бо шароит ва арконаш анҷомдиҳандаанд,
Verse 10
ﮊﮋﮌ
ﮍ
10. касоне, ки дорои ин сифатҳо ҳастанд, онон меросбаронанд,
Verse 11
ﮎﮏﮐﮑﮒﮓ
ﮔ
11. ки дараҷаҳои олии ҷаннатро, ба мерос мебаранд ва онҳо ҳамеша дар он ҷовидонанд.
Verse 12
12. Албатта, Мо инсонро аз гили бардошташуда аз тамоми замин офаридем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\14
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\14
Verse 13
ﮝﮞﮟﮠﮡﮢ
ﮣ
13. Сипас ӯро ба сурати нутфае дар ҷойгоҳи устувор қарор додем, ки он раҳми занон аст.
Verse 14
14. Сипас аз он нутфа лахтахуне офаридем ва аз он лахтахун порагӯште ва аз он порагӯшт устухонҳо офаридем ва устухонҳоро ба гӯшт пӯшонидем; баъд аз он бори дигар ӯро ба офариниши дигаре офаридем. Пас пурбаракат ва бузургвор аст Аллоҳе, ки беҳтарини офаринандагон аст!
Verse 15
ﯜﯝﯞﯟﯠ
ﯡ
15. Ва баъд аз ин офариниш ҳамаи шумо хоҳед мурд.
Verse 16
ﯢﯣﯤﯥﯦ
ﯧ
16. Баъд аз он баъди марг дар рӯзи қиёмат барои ҳисобу ҷазо зинда мегардед.
Verse 17
17. Ва ба ростӣ, ки бар болои саратон ҳафт осмон биёфаридем, ҳол он ки Мо аз офариниш ғофил набудаем ва фаромӯш накардаем.
Verse 18
18. Ва аз осмон ба андозаи ниёз об фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва Мо бар нобуд карданаш тавоно ҳастем. (Ин оят барои ситамкорон таҳдид ва ваъда ба азоб аст.)
Verse 19
19. Бо он об бароятон боғҳое аз хурмову ангур падид овардем. Шуморо дар он боғҳо меваҳои бисёрест, ки аз онҳо мехӯред.
Verse 20
20. Ва низ дарахти зайтунро биофаридем, ки дар Тӯри Сино(1) мерӯяд. Равған медиҳад ва он равған барои хӯрандагон нонхӯришест.
____________________
1. Тӯри Сино- Тӯр, номи кӯҳ аст ва Сино (ба забони ибронӣ Синай) номи нимҷазираест, ки дар он Фаластин ҷой гирифтааст. Кӯҳест, ки Мӯсо (алайҳиссалом) бар он муноҷот кард. Ва гӯянд, ки самараи он дарахти зайтун аст.
____________________
1. Тӯри Сино- Тӯр, номи кӯҳ аст ва Сино (ба забони ибронӣ Синай) номи нимҷазираест, ки дар он Фаластин ҷой гирифтааст. Кӯҳест, ки Мӯсо (алайҳиссалом) бар он муноҷот кард. Ва гӯянд, ки самараи он дарахти зайтун аст.
Verse 21
21. Ва ба ростӣ, барои шумо дар чорпоён (ба мисли шутур, гов ва гӯсфанд) ибратест. Аз шире, ки дар шикамашон ҳаст, ба шумо менӯшонем ва аз онҳо фоидаҳои бисёр мебаред (ба мисли пӯст ва мӯйи онҳо) ва аз гӯшту чарбуи онҳо мехӯред.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\549
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\549
Verse 22
ﮉﮊﮋﮌ
ﮍ
22. Ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор мешавед.
Verse 23
23. Ба таҳқиқ, Нӯҳро барои даъвати тавҳид ба сӯи қавмаш фиристодем. Гуфт (барояшон): «Эй қавми ман, Аллоҳи якторо бипарастед. Шумо ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуди ҳақиқӣ надоред. Оё аз азоби Ӯ наметарсед?»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\415
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\415
Verse 24
24. Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, мехоҳад бар шумо бартарӣ ҷӯяд. Агар Аллоҳ мехост, ҳатман фариштагонеро мефиристод. Мо ҳаргиз чунин чизро аз падарони пешини худ нашунидаем.
Verse 25
25. Ӯ марди девонае беш нест. Пас муддате дар бораи ӯ сабр кунед».
Verse 26
ﯧﯨﯩﯪﯫ
ﯬ
26. (Нӯҳ) гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун, ки маро дурӯғгӯ мешуморанд, ёриам кун».
Verse 27
27. Ба ӯ ваҳй кардем, ки киштиро зери назари Мо ва ба илҳоми Мо бисоз. Ва чун фармони Мо даррасид ва об аз танӯр берун зад, (яъне, замин пур аз об шуд), аз ҳар ҷинсе ҷуфте нару модаро ва низ касони худро ба он бибар. Магар аз онҳо касеро, ки аз пеш гуфтаи Ҳақ ваъдаи ҳалок бар ӯ муқаррар шудааст.(1) Ва дар бораи ситамкорон бо Ман сухан магӯй, ки онҳо ҳама ғарқшудагонанд.
____________________
1. Монанди фарзанди Нуҳ ва занаш, ки ба ҳалокат гирифтор шуданд.
____________________
1. Монанди фарзанди Нуҳ ва занаш, ки ба ҳалокат гирифтор шуданд.
Verse 28
28. Чун худ ва ҳамроҳонат ба киштӣ нишастед ва аз ғарқ шудан эмин мондед, бигӯ: «Сипос Аллоҳро, ки моро аз қавми кофирон наҷот дод».
Verse 29
29. Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро фуруд овар дар ҷойгоҳе муборак, ки Ту беҳтарин фурудоварандагонӣ».
Verse 30
30. Дар ин достон ибратҳову пандҳост ва далолат бар ин мекунад, ки танҳо маъбуди ҳақиқӣ Аллоҳ аст ва ҳамоно Мо
танҳо озмоишкунанда будем.
танҳо озмоишкунанда будем.
Verse 31
ﭲﭳﭴﭵﭶﭷ
ﭸ
31. Сипас баъд аз онҳо мардуми дигареро ба вуҷуд овардем.
Verse 32
32. Пас аз худашон паёмбаре ба миёнашон фиристодем, ки Аллоҳи якторо бипарастед, зеро ҷуз Ӯ маъбуди ба ҳаққе надоред. Оё аз азоби Ӯ наметарсед вақте ки ғайри Ӯро мепарастед?
Verse 33
33. Гурӯҳе аз бузургони қавмаш, ки кофир буданд ва дидори охиратро дурӯғ мешумурданд ва онҳоро дар зиндагонии дунё нозу неъмат дода будем, гуфтанд: «Ин марде, ки шуморо ба яктопарастӣ даъват менамояд, инсонест монанди шумо, аз он чизҳое ки мехӯред, мехӯрад ва аз он чизҳое, ки меошомед, меошомад.
Verse 34
34. Ва агар ба инсоне ҳаммонанди худ итоъат кунед ва маъбудони худро тарк намоед, ба дурустӣ, ки он гоҳ шумо зиёнкор бошед.
Verse 35
35. Оё ӯ ба шумо ваъда медиҳад, ки ҳамоно шумо чун мурдед ва хоку устухонҳои пӯсида шудед, шумо бори дигар аз гӯр берун оварда мешавед?
Verse 36
ﯖﯗﯘﯙﯚ
ﯛ
36. Ин ваъдае(1), ки ба шумо дода шуда, дур аст, дур!
____________________
1. Яъне, ки шумо баъд аз маргатон аз зери қабр берун оварда мешавед ва ду бора зинда мешавед.
____________________
1. Яъне, ки шумо баъд аз маргатон аз зери қабр берун оварда мешавед ва ду бора зинда мешавед.
Verse 37
37. Ҷуз ҳамин зиндагонии дунявии мо чизе нест, ба дунё меоему мемирем ва ҳаргиз дигарбор зинда нахоҳем шуд.
Verse 38
38. Ӯ ба ҷуз марде, ки бар Аллоҳ дурӯғ бастааст, (каси дигар) нест ва мо ба гуфтаҳои ӯ имон намеоварем».
Verse 39
ﯴﯵﯶﯷﯸ
ﯹ
39. (Паёмбарашон) гуфт :«Эй Парвардигори ман, акнун ки маро дурӯғгӯ мебароранд, ёриам кун!»
Verse 40
ﯺﯻﯼﯽﯾ
ﯿ
40. (Аллоҳ дар ҷавоб) гуфт:
«Пас аз андак замоне инҳо такзибкунандагон пушаймон мешаванд».
«Пас аз андак замоне инҳо такзибкунандагон пушаймон мешаванд».
Verse 41
41. Пас наистода буданд, ки мувофиқи ваъдаи ба ҳақ бонги сахте омад ва ононро фурӯ гирифт. Ва ононро монанди хошоке бар селоб қарор додем. Пас қавми ситамкор, аз раҳмати Аллоҳ дуру нобуд бод!
Verse 42
ﰊﰋﰌﰍﰎﰏ
ﰐ
42. Сипас қавмҳои дигареро баъд аз онҳо падид овардем, (мисли Лут, Шуъайб, Аюб ва Юнус алайҳимуссалом).
Verse 43
43. Ҳеҷ уммате аз аҷали худ на пеш меафтад ва на дертар мекунад.
Verse 44
44. Сипас пай дар пай паёмбарони худро фиристодем. Ҳар бор, ки паёмбаре ба умматаш омад, дурӯғгӯяш бароварданд ва Мо низ онҳоро аз паси якдигар ба ҳалокат расонидем ва ахбори ононро мояи ибрати дигарон намудем. Насиби мардуме, ки имон намеоваранд ва паёмбаронро итоъат намекунанд дурӣ аз раҳмати Аллоҳ бод!
Verse 45
45. Сипас Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти Худ (1) ва далелҳои равшан фиристодем;
____________________
1. Яъне, асо, даст, малах, шабушк, қурбоққа, хун, туфон, қаҳти ва нуқсони
меваҳо.
____________________
1. Яъне, асо, даст, малах, шабушк, қурбоққа, хун, туфон, қаҳти ва нуқсони
меваҳо.
Verse 46
46. ба сӯи Фиръавн ҳокими Миср ва бузургони қавмаш ба монанди Ҳомон. Пас аз имон овардан ба Мӯсо ва бародараш Ҳорун гарданкашӣ карданд, зеро онҳо мардуми худписанди бартариҷӯй буданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\552
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\552
Verse 47
47. Ва гуфтанд: «Оё ба ду инсон, ки монанди мо ҳастанд ва қавмашон, ки мутеъ ва фармонбардори мо буданд, имон биёварем?»
Verse 48
ﮉﮊﮋﮌ
ﮍ
48. Пас, Мӯсо ва Ҳорунро дурӯғгӯ бароварданд ва худро дар баҳр ба ҳалокат афканданд.
Verse 49
ﮎﮏﮐﮑﮒﮓ
ﮔ
49. Албатта, Мо ба Мӯсо китоби Таврот додем, бошад, ки Банӣ Исроил ҳидоят шаванд.
Verse 50
50. Ва писари Марям(1) ва модарашро ояте сохтем ва он дуро бар ҷое баланди устувор ва бархӯрдор аз оби равон, ҷой додем.
____________________
1. Яъне, ӯро бе падар офаридем.
____________________
1. Яъне, ӯро бе падар офаридем.
Verse 51
51. Эй паёмбарон, аз чизҳои покизаву ҳалол бихӯред ва корҳои шоиста кунед, ки бе гумон Ман ба корҳое, ки мекунед, огоҳам! Ва аз аъмоли шумо чизе бар Ман пинҳон намемонад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\40
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\40
Verse 52
52. Эй Паёмбарон албатта, ин дини шумо динест, ягона ва Ман Парвардигори шумоям, аз Ман битарсед, бо иҷро намудани амрҳои Ман ва дурӣ ҷустан аз бимкардаҳои Ман.
Verse 53
53. Пас, дини худро фирқа- фирқа карданд ва ҳар фирқае ба равише, ки интихоб карда буданд ва онҳо ба дониш ва дине, ки доштанд, дилхуш буданд ва гумон мебурданд, ки онҳо бар ҳақанд ва дигарон бар гумроҳианд(1).
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\553
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\553
Verse 54
ﯣﯤﯥﯦﯧ
ﯨ
54. Пас, ононро бигузор, то муддати замоне дар ҷаҳолат ва гумроҳияшон бимонанд.
Verse 55
55. Оё инҳо кофирон мепиндоранд, ки он молу фарзанд, ки ба онҳо додаем,
Verse 56
56. ба хотири он аст, ки барояшон дар некиҳо саъй мекунем? На, чунин нест, балки онон дарнамеёбанд, ки Мо онҳоро мӯҳлат медиҳем!
Verse 57
57. Бегумон онҳое, ки аз хавфи Парвардигорашон бимноканд
Verse 58
ﰂﰃﰄﰅﰆ
ﰇ
58. ва онҳое, ки ба оёти каломи Парвардигорашон имон меоваранд ва ба он амал мекунанд
Verse 59
ﰈﰉﰊﰋﰌ
ﰍ
59. ва онҳое, ки (Аллоҳро якка ва ягона ибодат мекунанд) ва ба Парвардигорашон ширк намеоваранд
Verse 60
60. ва онҳое, ки дар роҳи Аллоҳ он чиро бояд бидиҳанд, медиҳанд ва боз ҳам (ба ин ҳол) дилҳояшон тарсону ҳаросон аст, ки бояд назди Парвардигорашон бозгарданд,
Verse 61
61. Оре, инҳо ҳастанд, ки ба корҳои нек мешитобанд ва дар он бар якдигар пешӣ меҷӯянд.
Verse 62
62. Бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш мукаллаф (вазифадор) намекунем.
Ва назди Мо китобест(1), ки барҳақ сухан мегӯяд. Ва бар онҳо ҳеҷ зулму ситаме намешавад.
____________________
1. Ва он китоб Лавҳи Маҳфуз аст, ки ҳама чиз дар он сабт шудааст.
Ва назди Мо китобест(1), ки барҳақ сухан мегӯяд. Ва бар онҳо ҳеҷ зулму ситаме намешавад.
____________________
1. Ва он китоб Лавҳи Маҳфуз аст, ки ҳама чиз дар он сабт шудааст.
Verse 63
63. Балки, дилҳояшон аз ин сухани ҳақ (Қуръон) дар пардаи ғафлат аст. Ва онҳо ғайр аз ин амали ширкашон корҳои зишти дигаре доранд, ки онро дар оянда анҷом медиҳанд. Пас, ба ин сабаб худро дучори ғазаб ва азоби Парвардигорашон мекунанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\554
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\554
Verse 64
64. То он гоҳ ки сарватмандонашонро ба азоб гирифтор кунем, ногаҳон доду фарёд зананд.
Verse 65
65. Ба онҳо гӯем: Имрӯз доду фарёд сар надиҳед, ки шумо наметавонед, ки худро ёрӣ диҳед ва аз сӯи Мо ёрӣ ва кӯмак намешавед!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\51
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\51
Verse 66
66. Зеро оёти Ман бароятон хонда мешуд, то ин ки ба он имон оваред, вале шумо намепазируфтед ва ба ақиб бармегаштед.
Verse 67
ﮝﮞﮟﮠ
ﮡ
67. Дар ҳоле ки дар баробари Байтулҳаром (Каъба) такаббур мекардед ва мегуфтед, ки ҳеҷ кас наметавонад бар мо ғолиб шавад, зеро мо аҳли ҳарам ва ходимони он ҳастем ва ҳангоми шаб ба афсонагӯй машғул шуда, онро тарк мекардед.
Verse 68
68. Оё дар ин сухан(1) намеандешанд, ё ба онҳо он чи омадааст, ки ба падарони нахустинашон наомадааст?
____________________
1. Яъне, Қуръон.
____________________
1. Яъне, Қуръон.
Verse 69
69. Ё он ки паёмбарашон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро нашинохтаанд, ки инкораш мекунанд?
Verse 70
70. Ё мегӯянд, ки девона аст?
На, чунин нест, балки паёмбарашон Қуръон, тавҳид ва дини ҳақро барояшон овардааст, вале бештарашон аз рӯи ҳасад ба ҳақ бадбинӣ доранд.
На, чунин нест, балки паёмбарашон Қуръон, тавҳид ва дини ҳақро барояшон овардааст, вале бештарашон аз рӯи ҳасад ба ҳақ бадбинӣ доранд.
Verse 71
71. Агар ҳақ ва ҳақиқат аз пайи ҳавасҳояшон мерафт, осмонҳову замин ва ҳар кӣ дар онҳост, ҳалок мешуд. Вале Мо Қуръонро пандашон фиристодем, ки дар он иззат ва шарафи онҳост ва онҳо бошанд, аз пандашон рӯй гардониданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\554
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\554
Verse 72
72. Ё ту эй Муҳаммад, бар даъвати худ аз онҳо музде металабӣ? Пас, музди Парвардигорат беҳтар аст, ки Ӯ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!
Verse 73
ﯿﰀﰁﰂﰃ
ﰄ
73. Албатта, ту эй Расул, қавми худ ва дигаронро ба роҳи росташон мехонӣ, ки вай дини Ислом аст.
Verse 74
74. Ва касоне, ки ба рӯзи баъс ва ҳисоб имон надоранд ва барои он рӯз амал намекунанд, аз роҳи рост каҷраванд!
Verse 75
75. Агар бар онҳо раҳм мекардем ва ранҷу заҳматеро, ки ба он гирифтор омаданд, аз онҳо дур месохтем, боз ҳам ҳамчунон бо сарсахтӣ дар туғёни хеш саргашта мемонданд.
Verse 76
76. Ба таҳқиқ ба азоб гирифторашон кардем, на фурӯтанӣ карданд барои Парвардигорашон ва на зорӣ.
Verse 77
77. То замоне, ки даре аз азоби сахт(1) ба рӯяшон кушодем, он гоҳ онҳо дар он ба куллӣ ноумед гаштанд ва намедонанд, ки чи кор кунанд.
____________________
1. Мурод аз азоб, азоби охират аст ва ба қавле дигар куштани онон дар рӯзи Бадр аст. Тафсири Табарӣ 19 \ 61 ва Тафсири Ибни Касир 5\487
____________________
1. Мурод аз азоб, азоби охират аст ва ба қавле дигар куштани онон дар рӯзи Бадр аст. Тафсири Табарӣ 19 \ 61 ва Тафсири Ибни Касир 5\487
Verse 78
78. Ва Ӯст, он Аллоҳе, ки бароятон шунавоӣ ва дидаҳо ва дидҳо биёфарид. Чӣ андак сипос мегузоред?
Verse 79
79. Ӯст, он Аллоҳе, ки шуморо дар рӯи замин падид овард ва ҳама баъд аз маргатон назди Ӯ гирд оварда мешавед ва мувофиқи амалҳоятон ҷазоятон хоҳад кард.
Verse 80
80. Ва Ӯст, он Аллоҳе, ки зинда мекунад ва мемиронад ва рафтуомади шабу рӯз аз они Ӯст. Чаро дар қудрати Ӯ оқилона намеандешед?
Verse 81
ﮔﮕﮖﮗﮘﮙ
ﮚ
81. Балки, кофирон низ ҳамон суханон гуфтанд, ки пешиниён мегуфтанд.
Verse 82
82. Гуфтанд: «Оё агар мо бимирем ва хоку устухон шавем, боз ҳам зинда мешавем?»
Verse 83
83. Эй Муҳаммад, ҳамчуноне ки ту ба мо ваъда медиҳӣ ба падаронамон низ пеш аз ин чунин ваъдаҳое дода шуда буд. Инҳо чизе ҷуз афсонаҳое пешиниён нест!»
Verse 84
84. Бигӯ эй Муҳаммад барояшон: «Агар медонед, ин замин ва ҳар кӣ дар он аст, аз они кист?»
Verse 85
ﯛﯜﯝﯞﯟﯠ
ﯡ
85. Ҳатман хоҳанд гуфт: «Аз они Аллоҳ». Бигӯ: «Оё панд намегиред, ки Ӯ бори дигар бар зинда гардонидан қодир аст?»
Verse 86
86. Бигӯ: «Кист Парвардигори осмонҳои ҳафтгона ва Парвардигори Арши бузург?»
Verse 87
ﯫﯬﯭﯮﯯﯰ
ﯱ
87. Ҳатман хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Бигӯ: «Оё наметарсед, ки ибодати ғайри Ӯро мекунед?»
Verse 88
88. Бигӯ: «Агар медонед, подшоҳии ҳама чизҳо ба дасти кист? Кист, он ки ба ҳама кас паноҳ медиҳад ва касе дар баробари Ӯ паноҳ дода намешавад?» (Яъне, ҳеҷ кас наметавонад азоби Аллоҳро аз касе боздорад ва наметавонад касеро дар баробари Аллоҳ ёрӣ кунад.)
Verse 89
ﰁﰂﰃﰄﰅﰆ
ﰇ
89. Ҳатман хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Бигӯ: «Пас, чаро фиреб мехӯред ва аз тавҳид ва тоати Парвардигор рӯй метобед?»
Verse 90
ﭑﭒﭓﭔﭕ
ﭖ
90. Балки, Мо бар мункирони рӯзи қиёмат сухани рост фиристодем ва онон дурӯғгӯ ҳастанд!
Verse 91
91. Аллоҳ ҳеҷ фарзанде надорад ва ҳеҷ маъбуде ҳамроҳи Ӯ нест. Агар чунин мебуд,
ба монанди рафтори подшоҳони дунё ҳар маъбуде он чиро офарида буд, мебурд ва баъзе бар баъзе якдигар бартарӣ меҷустанд. Аллоҳ аз он гуна ки Ӯро васф мекунанд, (аз шарику фарзанд), пок аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\427
ба монанди рафтори подшоҳони дунё ҳар маъбуде он чиро офарида буд, мебурд ва баъзе бар баъзе якдигар бартарӣ меҷустанд. Аллоҳ аз он гуна ки Ӯро васф мекунанд, (аз шарику фарзанд), пок аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\427
Verse 92
ﭲﭳﭴﭵﭶﭷ
ﭸ
92. Ӯ Аллоҳ донои ниҳону ошкор аст ва аз ҳар чи шарики Ӯ месозанд, бартар аст.
Verse 93
ﭹﭺﭻﭼﭽﭾ
ﭿ
93. Бигӯ (эй Расул): «Эй Парвардигори ман, кош чизеро, ки ба онон ваъда дода мешавад, ба ман намоён мекардӣ.
Verse 94
ﮀﮁﮂﮃﮄﮅ
ﮆ
94. Эй Парвардигори ман, пас, маро дар зумраи ситамкорон қарор мадеҳ» (Лекин аз зумраи онон бигардон, ки Ту аз онҳо розӣ ҳастӣ).
Verse 95
95. Ва ҳароина, Мо агар бихоҳем, ки он чиро ба онон ваъда додаем, аз азоб метавонем, бар ту бинамоёнем.
Verse 96
96. ( Эй Расул), дар муқобиди бадии душманонат бадӣ макун, балки бадиро ба равише, ки он беҳтар аст дафъ кун! Мо аз чизҳое ки мегӯянд инҳо мушрикон, огоҳтар ҳастем ва онҳоро ба бадтарин азоб ҷазо хоҳем дод.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\558
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\558
Verse 97
97. Бигӯ (эй Расул): «Эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои(1) шайтон ба ту паноҳ мебарам.
____________________
1. Шарораҳои хашме аст, ки инсон наметавонад худро дар он нигаҳдорӣ кунад.
____________________
1. Шарораҳои хашме аст, ки инсон наметавонад худро дар он нигаҳдорӣ кунад.
Verse 98
ﮢﮣﮤﮥﮦ
ﮧ
98. Ва ба Ту паноҳ мебарам, эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шайтон агар онҳо назди ман ҳозир оянд!»
Verse 99
99. Чун якеашонро аз кофирон марг фаро расад, мегӯяд: «Эй Парвардигори ман, маро бозгардон ба сӯи дунё.
Verse 100
100. Шояд корҳои шоистаеро, ки тарк карда будам, ба ҷой оварам». Ҳаргиз! Бегумон ин суханест, ки ӯ онро мегӯяд (ва ба фарази маҳол агар бозгардад, ба корҳои гузаштааш идома медиҳад) ва пушти сарашон то рӯзи қиёмат монеъаест, ки бозгаштан натавонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 5\494
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 5\494
Verse 101
101. Чун рӯзи қиёмат дар сур дамида шавад ва мардум аз қабр барангехта шаванд, ҳеҷ хешовандие миёнашон намонад ва ҳеҷ аз ҳоли якдигар напурсанд.
Verse 102
ﯱﯲﯳﯴﯵﯶ
ﯷ
102. Онон, ки тарозуи аъмоли некашон вазнин бошад, онҳо наҷотёфтагонанд.
Verse 103
103. Ва онон, ки тарозуи аъмоли некашон сабук бошад, ба худ зиён расонидаанд ва дар ҷаҳаннам ҷовидмондагонанд.
Verse 104
ﰃﰄﰅﰆﰇﰈ
ﰉ
104. Шӯълаҳои оташ чеҳраҳояшонро месӯзонад ва дар дӯзах туршрӯянд.
Verse 105
105. Ба онҳо гуфта мешавад: Оё оёти Ман дар дунё бароятон хонда намешуд, то ба он имон биёваред, пас, онҳоро дурӯғ меҳисобидед?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\550
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\550
Verse 106
106. Рӯзи қиёмат гӯянд: «Эй Парвардигори мо, шӯрбахтиямон бар мо галаба кард ва мо мардуми гумроҳе будем.
Verse 107
107. Эй Парвардигори мо, моро аз ин оташ берун овар ва боз ба дунё баргардон. Агар дигар бор ба сӯи гуноҳ баргашт кардем, ҳароина, аз ситамкорон бошем».
Verse 108
ﭫﭬﭭﭮﭯ
ﭰ
108. Аллоҳ гӯяд: «Дар оташ гум шавед ва бо Ман сухан магӯед». (Пас он ҳангом дуову умедашон қатъ гардид.)
Verse 109
109. Оре, гурӯҳе аз бандагони Ман мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар, ки Ту беҳтарини раҳмоварандагонӣ».
Verse 110
110. Ва шумо масхараашон мекардед, то ёди Маро аз хотиратон мебароварданд.
Ва шумо ҳамчунон ба онҳо механдидед.
Ва шумо ҳамчунон ба онҳо механдидед.
Verse 111
111. Имрӯз, ҳароина, онҳоро ба хотири сабре, ки мекарданд, подош (яъне ҷаннат) медиҳам. Қатъан, онҳо ба муроди худ расидаанд.
Verse 112
112. Аллоҳ ба дӯзахиён гӯяд: «Ба шумори солҳо чӣ муддат дар замин зистаед?»
Verse 113
113. Аз сахтии азоби он рӯз гӯянд: «Як рӯз ё қисмате аз як рӯз. Пас аз ҳисобгарон бипурс».(1)
____________________
1. Яъне, ҳисобгароне, ки моҳу рузҳоро мешуморанд, ё ба қавле фариштагон ҳастанд. Тафсири Табарӣ 19\83
____________________
1. Яъне, ҳисобгароне, ки моҳу рузҳоро мешуморанд, ё ба қавле фариштагон ҳастанд. Тафсири Табарӣ 19\83
Verse 114
114. Аллоҳ гӯяд: Дар замин ҷуз андаке намондаед, агар шумо медонистед чизе аз илмро, то он муддати андакро ба тоати Аллоҳ ва омода шудан барои рӯзи қиёмат мекардед ва ба ҷаннат мушарраф мешудед.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 5\500
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 5\500
Verse 115
115. Эй мардум, оё пиндоштед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва шумо барои ҳисобу ҷазо ба назди Мо бозгардонида намешавед?»
Verse 116
116. Пас, бартар аст, Аллоҳи якто, он фармонравои ростин. Ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест! Парвардигори Арши(1) гиромиқадр аст.
____________________
1. Арш аз бузургтарин махлуқоти Аллоҳ аст.
____________________
1. Арш аз бузургтарин махлуқоти Аллоҳ аст.
Verse 117
117. Ва ҳар кас, бо Аллоҳи якто маъбуди дигареро мехонад, ки ба ҳақиқати он ҳеҷ бурҳоне надорад, ҳароина, ҳисобаш дар охират назди Парвардигораш хоҳад буд. Албатта, рӯзи қиёмат кофирон наҷот намеёбанд.
Verse 118
118. Ва бигӯ (эй Паёмбар):
«Эй Парвардигори ман, биёмурз аз гуноҳҳо ва раҳмат кун ва Ту беҳтарини раҳматкунандагон ҳастӣ!»(1)
____________________
1. Ин оят баёнгари он аст, ки Аллоҳ паёмбарашро ба истиғфор амр кард, то умматаш ба вай иқтидо кунанд.
«Эй Парвардигори ман, биёмурз аз гуноҳҳо ва раҳмат кун ва Ту беҳтарини раҳматкунандагон ҳастӣ!»(1)
____________________
1. Ин оят баёнгари он аст, ки Аллоҳ паёмбарашро ба истиғфор амр кард, то умматаш ба вай иқтидо кунанд.
تقدم القراءة