ترجمة معاني سورة الأعراف باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.   Алиф, лом, мим, сод. (1)
____________________
1. Тафсири ҳарфҳои муқаттаъа дар сураи Бақара гузашт.
2.  Қуръон китобест, ки бар ту эй Паёмбар нозил шуда, дар дили ту аз он шубҳае набошад. Он аз тарафи Аллоҳ фуруд оварда шудааст, то ба он бим кунӣ кофиронро аз азоби Аллоҳ ва мӯъминонро панду андарзе бошад.
3.  Пайравӣ кунед эй мардум китоберо, ки нозил шуд ба сӯи шумо аз ҷониби Парвардигоратон ва ғайри Ӯ дӯстонеро (яъне пешвоёнатонро монанди шайтонҳо ва раҳбониҳо) пайравӣ макунед! Ҳамоно шумо каме панду насиҳатро мепазиред! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/299
4.   чӣ басо деҳаҳо, ки мардумашро ба сабаби итоъат накарданашон амри Моро ба ҳалокат расонидаем ва азоби мо ҳангоми шаб ё он гоҳ, ки ба хоби нисфирӯзӣ фурӯ рафта буданд, ба онон даррасид. (Аллоҳ ин ду вақтро махсус зикр намудааст, зеро ин ду вақт; вақти оромиш ва истироҳатанд. Пас омадани азоб дар ин вақтҳо бадтар ва сахттар аст.)
5.  Чун азоби Мо ба онон даррасид, суханашон ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ҳамоно мо ситамкор будем. (яъне ба гуноҳояшон иқрор шуданд)!» (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/214
6.   Албатта, хоҳем пурсид(1) аз мардуме, ки барояшон паёмбароне фиристода шуда ва низ аз паёмбароне, ки фиристода шудаанд.
____________________
1. Яъне, ҳангоме ки ба паёмбаронатон шуморо даъват карданд, чи ҷавоб додед. Тафсири Багавӣ 3/ 214
7.   Албатта ҳамаи он амалҳое, ки дар дунё гуфтаанд ва кардаанд аз рӯи илму дониш бар онҳо баён хоҳем кард, зеро Мо ҳаргиз аз онон ва аҳволашон ғоиб набудаем! (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3\389
8.  Дар он рӯзи қиёмат дар тарозу баркашидани амалҳои бандагон ҳақ хоҳад буд. Онҳое, ки тарозуҳои аъмоли некашон вазнин аст, растагоронанд (наҷот ёфтагонанд). (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/215
9. Онон, ки ба сабаби бадиҳояшон тарозуи аъмолашон сабук гаштааст, касоне ҳастанд, ки ба оёти Мо имон наёварда буданд ва аз ин рӯ, ба худ зиён расонидаанд.
10.   Ҳамоно -эй мардум- дар замин ҷойгоҳатон додем ва роҳҳои маъишататонро (1) дар он муқаррар намудем. Ва чӣ андак шукр мекунед!
____________________
1. Яъне, ризқу рӯзиатонро
11.   Ва ҳамоно шуморо (яъне падари шумо Одам алайҳиссаломро) биёфаридаем ва ӯро беҳтарин сурат бахшидем он гоҳ ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». (1)
Ҳама саҷда карданд, ҷуз Иблис ва (Иблис аз рӯи такаббур) аз саҷдакунандагон набуд. (2)
____________________
1. Саҷдаи эҳтиром ва ҳурмат 2. Тафсири Саъдӣ 1/284
12.   (Аллоҳ ба Иблис) гуфт: «Вақте туро ба саҷда фармон додам, чӣ чиз туро аз он боздошт?» Иблис гуфт: «Ман аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил». (Иблис бар ин бовар буд, ки унсури оташ аз унсури гил беҳтар аст.) (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/327
13.   (Аллоҳ ба Иблис) гуфт: «Пас фуруд рав аз ҷаннат, зеро лоиқ нест туро, ки дар он саркаши кунӣ, пас берун шав аз ҷаннат. Ҳамоно ту эй Иблис аз хору зор шудагонӣ.
14.   (Иблис) гуфт: «Маро то рӯзи қиёмат, ки зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ».
15.   (Аллоҳ) гуфт: «Ҳамоно ту то дамидани сури аввал аз мӯҳлатёфтагонӣ».
16.  (Иблис) гуфт: «Ба сабаби он, ки гумроҳ кардӣ маро, албатта бинишинам, то боздорам фарзандони Одамро аз роҳи рости Ту. (1)
____________________
1. Дини Ислом, Тафсири Саъдӣ 1/284
17.   Пас албатта биёям ба сӯяшон аз пеш то дар дилашон ба рӯзи охират шакро дохил кунам ва аз пушт муҳаббати дунёро дар дилашон ҷо кунам ва аз ҷониби рост дар динашон шубҳа андозам ва аз чап бар гуноҳ ҷалбмандашон кунам ва наёби бисёрии ононро шукргузор. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/94
18.   (Аллоҳ ба Иблис) гуфт: «Аз ин ҷо (ҷаннат) берун шав, мазамматшудаву рондашуда! Ҳар, ки пайравӣ кунад туро аз фарзандони Одам, албатта пур кунам дӯзахро аз ҳамаи шумоён. (1)
____________________
1. Аллоҳ дар ин оят қасам хӯрдааст, ки дӯзахро аз иблис ва пайравонаш, ки аз инсу ҷин мебошанд, пур менамояд. Тафсири Саъдӣ 1/ 285
19.   Эй Одам, ту ва ҳамсарат (Ҳавво) дар биҳишт макон гиред. Пас аз ҳар ҷо, ки хоҳед, бихӯред аз меваҳои ҷаннат, вале ба ин дарахт наздик машавед, ки дар сурати наздик шудан, аз ситамгорон хоҳед шуд.
20.   Пас шайтон он дуро (Одам ва Ҳавворо) васваса кард, то шармгоҳашонро, ки пӯшида буданд, дар назарашон ошкор кунад. Ва он дуро фиреб дода гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт манъ кард, то мабодо ду фариштае мешавед ё ки ҷовидона дар ҷаннат мемонед. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/219
21.   Ва (Иблис) барояшон савганд хӯрд, ки насиҳатгару хайрхоҳи шумоям.
22.Ва он ду (Одам ва Ҳавво)- ро фиреб дод ва ба пастӣ афканд. Чун аз он меваи дарахт хӯрданд, шармгоҳҳояшон ошкор шуд, шарм доштанд ва баргеро болои барге бар тани худ мечаспонданд то аврати худро бипӯшонанд аз баргҳои биҳишт. Парвардигорашон нидо дод: «Оё шуморо аз хӯрдани он дарахт манъ накарда будам ва нагуфта будам, ки шайтон ошкоро душмани шумост?»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/220
23.Гуфтанд (Одам ва Ҳавво):
«Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ба хӯрдани меваи он дарахт ва агар моро наёмӯрзӣ ва бар мо меҳрубонӣ накунӣ, албатта аз зиёндидагон хоҳем буд».
24.Аллоҳ (ба Одаму Ҳавво ва Иблис) гуфт: «Фуруд оед аз осмон, бархе душмани бархе дигар ва то дами марг замин қароргоҳ ва ҷои таматтӯьи (баҳрабардории) шумо хоҳад буд».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/359
25.Аллоҳ (ба Одам ва Ҳавво) гуфт: «Дар он ҷо зиндагӣ хоҳед кард ва дар он ҷо хоҳед
мурд ва аз он берун оварда шавед дар рӯзи қиёмат».
26.   Эй фарзандони Одам, ҳамоно барои шумо либосе фиристодем, то шармгоҳатонро бипӯшад ва ин либос зарурӣ аст ва низ либоси зиннатро, ки ин либоси камоли неъмат аст.
Ва либоси парҳезгорӣ, (1) ки ин ба ҷо овардани амрҳои Аллоҳ ва дур будан аз манъкардаҳои Ӯст ва он беҳтарин либос аст барои мӯъмин. Ва ин яке аз оёти Аллоҳ аст, бошад, ки панд гиранд.
____________________
1. Яъне ммон ва ҳаё беҳтарин либоси муъмин аст. Тафсири Табарӣ 12/ 366
27.   Эй фарзандони Одам, шайтон шуморо нафиребад, ҳамчунон ки падару модаратонро (Одам ва Ҳавворо) аз биҳишт берун ронд, либос аз танашон берун кард, то шармгоҳашонро ба онҳо бинамоёнад. Ҳамоно шайтон ва ҳампешагонаш аз ҷое, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Ҳамоно Мо шайтонҳоро дӯстони касоне қарор додем, ки ба ягонагии Аллоҳ имон намеоваранд.
28.   Чун куффор кори зиште кунанд, (1) гӯянд: «Падарони худро низ чунин ёфтаем ва Аллоҳ моро ба он фармон додааст». Бигӯ (эй Паёмбар): «Аллоҳ ба зишткорӣ фармон намедиҳад. Чаро ба Аллоҳ нисбат медиҳед, он чизҳоеро, ки намедонед?»
____________________
1. Яке аз корҳои зишташон ин буд, ки онон хонаи Каъбаро тани бараҳна тавоф мекарданд. Тафсири Табарӣ 12/378
29.   Бигӯ эй Паёмбар: «Парвардигори ман ба адл фармон додааст ва ба ҳангоми ҳар намоз рӯй ба ҷониби Ӯ доред ва Ӯро бо имони холис бипарастед. Ва ҳамчунон ки шуморо офаридааст (аввалин бор), бори дигар ба сӯи Ӯ бозмегардед. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/286
30.   Гурӯҳеро ҳидоят кард ба роҳи рост ва гурӯҳе собит шуд барояшон он гумроҳиву торикӣ. Ҳамоно онҳо шайтонҳоро ба ҷои Аллоҳ дӯст гирифта ва ононро итоъат карданд ва мепиндоранд, ки ҳидоят ёфтаанд».
31.   Эй фарзандони Одам, дар вақти ҳар намоз либоси худ бипӯшед ва худро зиннат диҳед. Ва низ бихӯреду биёшомед аз он чизҳои поке, ки Аллоҳ ба шумо додааст, вале исроф макунед, ки ҳамоно Аллоҳ исрофкоронро дӯст намедорад.(1)
____________________
1. Аллоҳ дар ин оят амр кардааст ба хурдану ошомидан ва манъ кардааст аз исрофкорӣ. Тафсири Саъдӣ 1/ 287
32.    Бигӯ (эй Паёмбар барои мушрикони ҷоҳил): «Чӣ касе либосҳоеро, ки Аллоҳ барои бандагонаш падид оварда ва хӯрданиҳои хуштаъмро ҳаром кардааст?» Бигӯ (эй Паёмбар барои инҳо мушрикон): «Ин чизҳо дар ин дунё барои касонест, ки имон овардаанд (яъне лоиқи мусалмонон аст, агарчи дигарон ҳам истифода баранд) ва дар рӯзи қиёмат низ хоси мӯъминон бошанд». Ҳамчунон оёти Аллоҳро барои доноён ба тафсил баён мекунем.
33.    Бигӯ (эй Паёмбар барои инҳо мушрикон): «Ҳамоно Парвардигори ман, зишткориҳоро (гуноҳони кабираро), чи ошкор бошанд бо бадан ва чи пинҳон дар дил аз кибру худнамоӣ ва низ зулму аз ҳад гузаронии ноҳақро ҳаром кардааст ва низ ҳаром кардааст, чизеро шарики Аллоҳ созед, ки ҳеҷ далеле бар шарик овардани он нозил нашудааст ё дар бораи Аллоҳ (дар номҳо ва сифатҳояш) чизҳое бигӯед, ки намедонед. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/287
34.   Ҳар умматеро аз мушриконе ки паёмбари Аллоҳро дурӯғ бароварданд вақти муайянест, ки омадани азоби Аллоҳ барояшон ҳал мешавад. Чун аҷалашон бирасад, як соат пешу пас нашаванд».
35.   Эй фарзандони Одам, ҳар гоҳ паёмбароне аз худи шумо биёянд ва оёти Маро бар шумо бихонанд, касоне, ки парҳезгорӣ кунанд ва некукорӣ намоянд, тарсе бар онҳо нест дар рӯзи қиёмат ва низ ғамгин намешаванд барои чизҳои дунё! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/406
36.   Ва онҳо, ки оёти Моро ба дурӯғ нисбат дода ва саркашиву нофармонӣ карданд, аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд!
37.   Кист ситамкортар аз он, ки ба Аллоҳ дурӯғ бандад ё оёти Ӯро дурӯғ пиндорад? Насибе, ки аз
азоб барояшон муқаррар шуда, (дар Лавҳулмаҳфуз) ба онҳо хоҳад расид. Он гоҳ ки фиристодагони Мо (қабзкунандагони арвоҳ) биёянд, то ҷонашонро бигиранд мепурсанд: «Он чизҳое, ки ба ҷои Аллоҳ парастиш мекардед, акнун куҷоянд?» Гӯянд: «Гум шуданд ва аз дасти мо рафтанд!» Ва дар ин ҳол ба зиёни худ шаҳодат диҳанд, ки кофир будаанд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/227
38.   Гӯяд (Аллоҳ ба мушрикон): «ҳамроҳи умматҳое, ки пеш аз шумо будаанд, аз ҷинну инс дар оташ дохил шавед. Ҳар уммате, ки ба оташ дохил шавад, уммати ҳаммонанди худро лаънат кунад. То чун ҳамагӣ дар он ҷо гирд оянд, гурӯҳҳое, ки пайрав будаанд, дар бораи гурӯҳҳое, ки пешво будаанд, гӯянд: «Парвардигоро, инҳо моро дар дунё гумроҳ карданд, дучандон дар оташ азобашон кун». Гӯяд (Аллоҳ): «Азоби ҳама дучандон аст, вале шумо намедонед!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/228
39.Пешвоён ба пайравон гӯянд: «Шуморо бар мо ҳеҷ бартарӣ нест, (Аллоҳ гӯяд ба ҳамаашон) инак, ба ҷазои корҳое, ки карда будед, азобро бичашед!»
40.Ҳамоно дарҳои осмон бар рӯи касоне, ки оёти Моро дурӯғ шуморидаанд ва аз онҳо саркашӣ кардаанд, ҳаргиз кушода нахоҳад шуд ва ба биҳишт дохил нахоҳанд шуд, то он гоҳ, ки шутур аз сӯрохи сӯзан бигзарад. (1) Ва муҷримонро инчунин ҷазо медиҳем!
____________________
1. Таълиқи муҳол ба муҳол ифодаи муҳол мекунад, яъне ҳеҷ мумкин нест, ки дохили ҷаннат шаванд. Тафсири Саъдӣ 1/ 288
41.   Бистаре аз оташи ҷаҳаннам дар зер ва пӯшише аз оташи ҷаҳаннам бар рӯй доранд. Ва ситамкоронро инчунин ҷазо медиҳем!
42.   Ба ҳеҷ кас ҷуз андозаи тавону тоқаташ таклиф (вазифадор) намекунем. Онон, ки имон овардаанд ва корҳои некӯ кардаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷо ҷовидонанд.
43.   Ва ҳар гуна кинаеро аз дилашон бармеканем. Ҷӯйборҳо дар зери пояшон ҷорист. Гӯянд: «Сипос Аллоҳро, ки моро ба ин
роҳи рост раҳбарӣ карда ва агар моро раҳбарӣ накарда буд, роҳи хеш намеёфтем. Расулони Парвардигори мо ба дини ҳақ омаданд.
Ва он гоҳ биҳиштиёнро нидо диҳанд, ки ба подоши корҳое, ки мекардед, ин биҳиштро ба шумо додаанд!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/229
44.    Биҳиштиён дӯзахиёнро овоз диҳанд, ки мо
ба ҳақиқат ёфтем он савоби амалҳое, ки Парвардигорамон ба мо ваъда дода буд, оё шумо низ ба ҳақиқат ёфтаед он иқоби амалҳое, ки Парвардигоратон ваъда дода буд? Гӯянд: «Оре».
Он гоҳ нидодиҳандае дар миёнашон садо диҳад, ки лаънати Аллоҳ бар кофирон бод! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/447
45.    Он кофирон худ ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ боз медоранд ва онро каҷравӣ мепиндоранд (яъне, мехостанд, ки бо шубҳаҳо роҳи ҳақро ботил созанд) ва ба қиёмат имон надоранд! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/231
46.   Ва миёни биҳиштиён ва дӯзахиён деворест (он Аъроф аст) ва бар Аъроф мардоне (1) ҳастанд, ки ҳар як аз аҳли биҳишт ва дӯзахро ба симояшон (2) мешиносанд ва ахли биҳиштро овоз медиҳанд, ки салом бар шумо бод. Инҳо ҳарчанд умеди биҳишт доранд, вале ҳанӯз ба он дохил нашудаанд.
____________________
1. Он касоне ҳастанд, ки амалҳои хубу бадашон баробар шудааст ва умедвори раҳмати Аллоҳ мебошанд. Тафсири Табарӣ 12/ 452
2. Яъне ба нишонаҳои онон, чун сафедӣ ё сиёҳии чеҳраҳояшон.
47.   Чун аърофиён чашм ба ҷониби дӯзахиён гардонанд, гӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар шумори ситамкорон қарор мадеҳ!»
48.   Сокинони Аъроф пешвоёни куффорро, ки аз симояшон мешиносанд, овоз диҳанд ва гӯянд: «Он мол, ки дар дунё гирд оварда будед ва он ҳама саркашӣ, ки доштед, шуморо фоидае набахшид! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/290
49.   Аллоҳ ба мутакаббирони саркаши аҳли дӯзах мефармояд: Оё инҳо, (камбағалони ахли Аъроф) нестанд, ки дар ҳаққашон савганд ёд кардед, ки раҳмати Аллоҳ насибашон намешавад? Ба дурустӣ, аз гуноҳонашон даргузаштам ва ба фазлу раҳматам онҳоро насибадор кардам. Дароед эй аҳли Аъроф ба биҳишт ҳеҷ тарсе нест бар шумо, ки баъд аз ин ба азоб гирифтор шавед ва на ғамгин мешавед аз он чи ки дар дунё аз шумо фавт шуд!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/472
50.   Дӯзахиён биҳиштиёнро нидо кунанд, ки андаке об ё аз чизҳое, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ кардааст, бар мо фурӯ резед! Гӯянд: «ҳамоно Аллоҳ онҳоро бар кофирон ҳаром кардааст!
51.   Имрӯз ононро, ки динашонро бозичаву шӯхӣ ва масхара пиндоштанд ва зиндагии дунё фиребашон дода буд, фаромӯш мекунем онҳоро дар рӯзи қиёмат, ҳамчунон ки онҳо амал кардан барои ин рӯзро тарк карда буданд ва оёти Моро бовар намекарданд!
52.   Ҳамоно барои кофирон китоби Қуръон овардем, ки дар он ҳар чизеро аз рӯи дониш ба тафсил баён кардаем ва раҳмат аст барои қавме, ки имон меоранд ва амал ба шариати Ӯ мекунанд.
53.   Оё кофирон ҷуз далели сидқи ин ваъдаро (яъне, ваъдаҳое, ки дар Қуръон дода шуда буданд), интизорӣ доранд? Рӯзе, ки далели сидқаш падидор шавад, кофироне, ки он рӯзро аз ёд бурда буданд, мегӯянд: « Ҳамоно паёмбарони Парвардигори мо ба ҳақ омаданд. Пас оё шафоъаткунандагоне ҳастанд, ки моро шафоъат кунанд? Ё бозгардонида шавем ба сӯи дунё, пас амал кунем ғайри он чи мекардем?» Ҳамоно ба худ зиён расонданд ва он бутонро, ки ба дурӯғ сохта буданд, инак аз даст додаанд.
54.   Ҳамоно Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз (1) офарид. Сипас бар Арш муставӣ шуд. (2) Шабро ба рӯз мепӯшонад ва шаб шитобон ба дунболи рӯз дар ҳаракат аст. Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари (ромшудаи) фармони Ӯ ҳастанд. Инҳо аз нишонаҳои бузурги Аллоҳанд. Огоҳ бошед, ки Ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Аллоҳ, он Парвардигори ҷаҳониён, бисёр бузург аст ва аз айбу нуқсон пок аст!
____________________
1. Аз рузи якшанбе то рузи ҷумъа
2. Яъне, "Истиво" иборат аст аз баландӣ, ки лоиқ ба бузургӣ ва азамати худаш Субҳонаҳу ва таъоло мебошад. Яъне бар арш баланд ва муртафиъ гардид. Тафсири Саъдӣ 1/ 291 (Имом Молик раҳматуллоҳи алайҳ гуфтаанд: Маънои "истиво" маълум чӣ гуна будани он номаълум, имон овардан ба он воҷиб ва суол кардан аз он бидъат аст.)
55.    (Эй мӯъминон) бипурсед Парвардигоратонро бо зориву илтиҷо ва пинҳону пӯшида, то ки дуъоятон аз риё дур бошад. Ҳамоно Аллоҳ дӯст надорад аз ҳад гузарандагонро. (Бузургтарин аз ҳад гузарандагон, онҳоеанд, ки дар вақти дуъо кардан бо Аллоҳ шарик меоранд. Ба монанди талаб кардан аз мурдаҳо ва ғайра.) (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/487
56.    Ва фасод (яъне гуноҳ) накунед дар рӯи замин баъди ислоҳ кардани Аллоҳ таъоло заминро бо фиристодани паёмбарон (алайҳимуссаллом). Ва Аллоҳро аз тарси азобаш ва умед ба раҳматаш парастиш кунед! Ҳамоно раҳмати Аллоҳ ба некӯкорон наздик аст. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/291
57.   Ва Ӯст, ки пешопеши раҳмати худ (1) бодҳоро ба башорат мефиристад. Чун бодҳо абрҳои гаронборро бардоранд, Мо он абрро ба сарзаминҳои мурда (аз беобӣ) равон созем ва аз он борон мефиристем ва бо борон ҳар гуна меваҳоеро мерӯёнем. Чунон ки замини мурдаро бо оби борон зинда мегардонем, мурдагонро низ инчунин зинда мегардонем, шояд панд гиред!
____________________
1. Яъне пеш аз боридани борон
58.   Ва чун борон бар сарзамини хуб фуруд ояд, гиёҳи он ба фармони Парвардигораш ба осонӣ мерӯяд. Ва инчунин мӯъмин, ки ба ӯ оёти Аллоҳ нозил шавад, аз он баҳраманд мешавад ва ҳаёти хуш ба ӯ самара медиҳад.
Ва дар замини бад ҷуз андак гиёҳи бефоидае падид намеояд. Ва инчунин кофир, аз шунидани оёти Аллоҳ фоида намебинад. Оёти Аллоҳро барои мардуме, ки сипос мегӯянд, инчунин гуногун баён мекунем!. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/240
59.   Ҳамоно фиристодем Нӯҳ (алайҳиссалом)-ро ба сӯи қавмаш. Пас Нуҳ гуфт:
Эй қавми ман, ибодат кунед Аллоҳеро, ки нест шуморо ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ. Ҳамоно ман метарсам аз азобу уқубати рӯзи бузург (қиёмат), ки бар шумо ояд.
60.   Бузургони қавмаш гуфтанд: «Ҳамоно туро -эй Нӯҳ- ошкоро дар гумроҳӣ мебинем».
61.  (Нӯҳ алайҳиссалом) гуфт:
«Эй қавми ман, ман гумроҳ нестам ва лекин ман паёмбаре ҳастам аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён.
62.   Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо панд медиҳам ва аз Аллоҳ шариъатеро медонам, ки шумо онро намедонед.
63.   Оё инкор варзидед ва тааҷҷуб кардед аз он ки омад шуморо панду насиҳате аз ҷониби Парвардигоратон. Фуруд омад ин панди Аллоҳ ба забони марде(1) аз ҷинси худатон, то бим кунад шуморо аз азоби Аллоҳ ва то парҳезгорӣ кунед, то ки раҳмату меҳрубонӣ карда шавад бар шумо.
____________________
1. Яъне, Нуҳ алайҳиссалом
64.   Пас дурӯғгӯ пиндоштанд Нуҳро ва Мо, ӯ ва касонеро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, наҷот додем ва ононро, ки оёти Моро дурӯғ мепиндоштанд, ғарқ кардем, ки ҳамоно мардуми нобино буданд (яъне, ҳақро намедиданд)! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/241
65.   Ва бар қавми Од бародарашон (1) Ҳуд (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Ҳангоме, ки бутҳоро парастиданд барояшон гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, ки шуморо ҷуз Ӯ маъбуди барҳаққе нест ва чаро аз азоб ва ғазаби Ӯ наметарсед?»
____________________
1. Бародарашон дар насаб на дар дин. Тафсири Бағавӣ 3/242
66.   Бузургони қавми ӯ, ки кофир шуда буданд, гуфтанд эй Ҳуд: «Ҳамоно мебинем, ки ба бехирадӣ гирифтор шудаӣ ва пиндорем, ки аз дурӯггӯён бошӣ».
67.   Ҳуд (алайҳиссалом) гуфт: «Эй қавми ман, дар ман нишонае аз бехирадӣ нест, ман паёмбари Парвардигори ҷаҳониёнам.
68.   Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва ман хайрхоҳу аминам барои шумо.
69.   Оё аз ин, ки бар марде аз худатон аз ҷониби Парвардигоратон ваҳй нозил шудааст, то шуморо битарсонад, таъаҷҷуб мекунед? Ба ёд оред (неъмати Аллоҳро) он замонро, ки шуморо ҷонишини қавми Нӯҳ сохт ва ба ҷисми шумо қувват дод. (1) Пас неъматҳои Аллоҳро ба ёд оваред, бошад, ки растагор гардед!»
____________________
1. Қавми Од хело ҳам бузург ҷусса ва бо қувват буданд. Тафсири Табарӣ 12/505
70.   Қавми Од ба Ҳуд (алайҳиссалом) гуфтанд:
«Оё назди мо омадаӣ, то танҳо Аллоҳро бипарастем ва он чиро, ки падаронамон мепарастиданд аз бутҳо, раҳо кунем? Агар рост мегӯӣ, он чиро, ки ба мо ваъда медиҳӣ (яъне азобро), биёвар!»
71.   (Ҳуд алайҳиссалом) гуфт: «Азобу хашми Парвардигоратон ҳатман бар шумо нозил хоҳад шуд. Оё дар бораи ин бутҳое, ки худ ва падаронатон ба ин номҳо гузоштаед ва Аллоҳ ҳеҷ далеле бар онҳо нозил насохтааст, бо ман ситезаву муноқиша мекунед? Пас интизор бошед азоби Аллоҳро, ҳамоно ман ҳам бо шумо мунтазир ҳастам».
72.   Пас (Ҳуд алайҳиссаломро) ва ҳамроҳонашро ба фазлу раҳмати хеш наҷот додем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ пиндоштанд ва имон наёварда буданд, аз реша баркандем.
73.   Бар қавми Самуд бародарашон Солеҳ (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, шуморо ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуди барҳақ нест. Аз ҷониби Аллоҳ барои шумо нишонае ошкор омад. Ин модашутури Аллоҳ бароятон нишонаест. Раҳояш кунед, то дар замини Аллоҳ бичарад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки азобе дардовар шуморо фаро хоҳад гирифт.
74.   Ба ёд оред он замонро, ки шуморо пас аз қавми Од ҷонишинон қарор дод ва шуморо дар ин замин ҷой дод, то бар рӯи замини ҳамвораш қасрҳо барафрозед ва кӯҳҳояшро тарошида хонаҳое бисозед. Неъматҳои Аллоҳро ёд кунед ва дар замин табаҳкориву фасод макунед!»
75.   Бузургони қавмаш, ки гарданкашӣ мекарданд, ба бечорагони қавм, ки имон оварда буданд, гуфтанд:
«Оё медонед, ки Солеҳ аз ҷониби Парвардигораш омадааст?» Гуфтанд: «Мо ба он шариаъте, ки бар ӯ фиристода шудааст, имон дорем!»
76.   Гарданкашон гуфтанд: «Мо ба касе, ки шумо имон овардаед, имон намеоварем».
77.   Пас модашутурро куштанд ва аз фармони Парвардигорашон саркашӣ карданд ва гуфтанд: «Эй Солеҳ, агар паёмбар ҳастӣ, он чиро ба мо ваъда медиҳӣ аз азоб, биёвар!»
78.   Пас ларзиши сахту (яъне, овози) даҳшатоваре ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ ба зону афтода, пас ҳалок шуданд ва ҳеҷ касе аз онҳо боқӣ намонд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/248
79.   Солеҳ (алайҳиссалом) аз онон рӯй баргардонид ва гуфт: «Эй қавми ман,
рисолати Парвардигорамро ба шумо расонидам ва барои шумо некӯӣ хостам, вале шумо некхоҳонро дӯст надоред!»
80.   Ва Лут (алайҳиссаломро) фиристодем. Он гоҳ ба қавми худ гуфт: «Чаро кори баде мекунед, ки ҳеҷ кас аз мардуми ҷаҳон пеш аз шумо накардааст?
81.   Шумо ба ҷои занон бо мардон шаҳват меронед. (1) Шумо мардуми таҷовузкор ҳастед».
____________________
1. Яъне, мардон бо мардон алоқаи ҷинси мекарданд, ки аз онон пеш ин кори зиштро ҳеҷ кас накарда буд. Тафсири Бағавӣ 3/ 255
82.   Ҷавоби қавми ӯ ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Онҳоро (1) аз деҳаи худ биронед, ки онон мардуме ҳастанд, ки аз кори мо безорӣ меҷӯянд»! (яъне, бо мардон ҷимоъ намекунанд ) (2)
____________________
1. Яъне Лут алайҳи-с-салом ва пайравонашро
2. Тафсир Ибни Касир 3/ 445
83.   Лут ва хонадонашро аз азоби худ наҷот додем, ҷуз занаш, ки кофира буд, ки бо дигарон дар шаҳр монд.
84.   Бар онҳо бороне аз санг боронидем, бингар -эй Паёмбар-, ки оқибати гунаҳкорону ситамкорон чӣ гуна буд?
85.   Ва бар мардуми Мадян бародарашон Шуъайб (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, шуморо маъбуде ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Парвардигоратон нишонае равшан омадааст. Паймонаву тарозуро пурра адо кунед ва ба мардум кам мафурӯшед ва аз он пас, ки замин ба салоҳ омадааст, (аз овардани паёмбарон дини ҳақро) дар он фасод макунед, ки агар имон овардаед, ин бароятон дар дунёву охират беҳтар аст! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/556
86.   Ва бар сари роҳҳо манишинед, то касонеро, ки ба Аллоҳ имон овардаанд бо азобу шиканҷаҳо битарсонед ва аз роҳи Аллоҳ боздоред ва ба каҷравӣ водоред. Ва ёд оред он гоҳ, ки андак (камқувват) будед, Аллоҳ бар шумори шумо афзуд ва шумо дорои қувват ва азиз гаштед. Ва бингаред, ки оқибати фасодкорон чӣ гуна будааст!
87.   Агар гурӯҳе аз шумо ба он чӣ ман аз ҷониби Аллоҳ ба он фиристода шудаам, имон
овардаанд ва гурӯҳе ҳанӯз имон наовардаанд, сабр кунед, то Аллоҳ миёни мо ҳукм кунад, ки Ӯ беҳтарини ҳукмкунандагон аст!»
88.   Ашрофзодагони қавмаш, ки саркашӣ пеша карда буданд, гуфтанд: «Эй Шуъайб, ту ва касонеро, ки ба ту имон овардаанд, аз шаҳри хеш меронем, магар он ки ба дини мо бозгардед». Шуъайб (алайҳиссалом) гуфт: «Оё бозгардем ба дини куфр, агарчи аз он нафрат дошта бошем?
89.   Пас аз он ки Аллоҳ моро аз дини шумо наҷот додааст, агар ба он бозгардем, бар Аллоҳ дурӯғ баста бошем ва мо дигар бор ба он дин бознамегардем, магар он ки Аллоҳ, Парвардигори мо хоста бошад. Зеро илми Парвардигори мо бар ҳама чиз иҳота дорад. Мо бар Аллоҳ таваккал мекунем. Эй Парвардигори мо, миёни мову қавми
мо ба ҳақ ҳукм кун, ки Ту беҳтарини ҳукмкунандагон ҳастӣ!»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/258
90.Ашрофзодагони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Агар аз Шуъайб пайравӣ кунед, сахт зиён кардаед».
91.Пас ларзиши сахту даҳшатноке ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ ба зону афтода, пас ҳалок шуданд.
92.Онон, ки Шуъайбро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд, гӯё, ки ҳаргиз дар он диёр набудаанд (1). Онон, ки Шуъайбро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд, худ зиён карданд.
____________________
1. Яъне, аз беху бунёд несту нобуд шуданд. Тафсири Саъдӣ 1/ 296
93.Пас аз онҳо рӯй гардонид (Шуъайб) ва гуфт: «Эй қавми ман, ҳар оина паёмҳои Парвардигорамро ба шумо расонидам ва пандатон додам. Чӣ гуна бар мардуми кофир андӯҳгин шавам?»
94.Ва Мо дар ҳеҷ деҳае паёмбареро нафиристодем, магар он ки аҳли онро ба сахтию ранҷ гирифтор кардем, то бувад, ки тавбаву зорӣ кунанд.
95.Боз додем ба онҳо ба ҷои балову ранҷ, хубиву роҳатро (дунёву сарват ва хотирҷамъиро), то шуморашон афзун шуда молҳояшон зиёд шуд, гуфтанд: «ҳароина расида буд падарони моро сахтиву роҳат ва ин одати замона аст, ки гоҳе сахтӣ ва гоҳе роҳат мебошад. Пас гирифтем ононро ба азоби ногаҳон ва онон хабар надоштанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/576
96.   Ва агар мардуми деҳаҳо имон оварда ва парҳезгорӣ мекарданд, баракоти осмону заминро ба рӯяшон мекушодем(1). Вале паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд. Мо низ ба ҷазои кирдорашон азобашон кардем.
____________________
1. Яъне, ризқашон васеъу бобаракат мешуд.
97.   Оё мардумони ин деҳаҳо эмин шуданд аз ин ки азоби Мо ҳангоми шаб хоб рафтан, пеши онҳо биёяд.
98.   Ва оё мардумони ин деҳаҳо эмин шудаанд, аз ин ки азоби Мо чоштгоҳон ба суроғи онҳо биёяд, дар ҳоле ки онҳо бозӣ мекунанд.
99.    Оё, мардуми деҳа, ки куфр варзиданд, аз азоби Аллоҳ дар амонанд? Аллоҳ аввал мӯҳлаташон диҳад баъд аз он ба ҳалокӣ гирифторашон кунад. Аз тадбири Аллоҳ ҷуз зиёнкорон эмин намешаванд. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/298
100.Оё барои онон, ки баъд аз ҳалоки сокинони замин вориси он мешаванд, равшан нашуд, ки агар мехостем, онҳоро ба сабаби гуноҳонашон ба уқубату азоб мерасонидем ва бар дилҳояшон мӯҳр мениҳем, то шунидан натавонанд?
101.Инҳо шаҳрҳое ҳастанд, ки мо аз қавми Нӯҳ, Ҳуд, Солеҳ, Лут ва Шуъайб ахборашонро бар ту, (эй Расул) ҳикоят мекунем. Паёмбаронашон бо далелҳои равшан омаданд. Ва ба он чизҳо, ки аз он пеш дурӯғ хонда буданд, ба сабаби саркашиашон ва тасдиқ накарданашон ҳақро имон наёварданд. Ва Аллоҳ бар дилҳои кофирон инчунин мӯҳр мениҳад! Ин ҷазо ва азобест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, балки онон худ бар хештан ситам карданд. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/298
102. Дар бисёрии умматҳое ки паёмбароне ба сӯи онҳо фиристода шуд, вафодорӣ ба аҳд наёфтем, балки бештаринашонро нофармон ва фосиқ ёфтем (яъне аз итоати Аллоҳ берун рафта бо ҳавову ҳаваси худ пайравӣ намуданд). (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/10
103. Баъд аз онҳо Мӯсоро бо нишона ва мӯъҷизаҳоямон бар Фиръавни саркаш ва қавмаш фиристодем. Пас кофир шуданд ва таслим ба нишона ва мӯъҷизаҳои мо нашуданд. Инак, бингар, ки оқибати фасодкорон чӣ гуна будааст!
104. Чун Мӯсо ба назди Фиръавн омад, ӯро даъват карда гуфт: «Эй Фиръавн, ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори оламиёнам, ки Ӯ офаридагор, мураббӣ ва подшоҳи ҳама чиз аст ва маро ба сӯи ту фиристод. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/454
105. Шоиста аст, ки дар бораи Аллоҳ ҷуз ба ростӣ сухан нагӯям. Ман барои тасдиқ кардани паёмбарии худ ҳамроҳ бо мӯъҷизае аз ҷониби Парвардигоратон омадаам. Бани Исроилро озод кун ва бо ман бифирист, то ба замини муқаддас бозгарданд ва Аллоҳро парастиш кунанд». (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 2/262
106.Фиръавн гуфт: «Агар рост мегӯӣ ва мӯъҷизае ба ҳамроҳ дорӣ, онро биёвар, ки ту фиристодаи Парвардигори оламиён ҳастӣ».
107.Пас Мӯсо асояшро ба замин андохт, ногаҳон он аждаҳои воқеӣ шуд.
108.Ва дасташро берун овард, дар назари онон, ки медиданд сафеду дурахшон буд.
109.Пешвоёни қавми Фиръавн гуфтанд: «Ин шахс ҷодугари доно аст,
110.мехоҳад ҳамаи шуморо аз сарзаминатон (аз Миср) берун кунад. (Фиръавн гуфт): Эй қавм чӣ мефармоед?»
111.Гуфтанд: «Ӯ ва бародарашро нигаҳ дор ва ба онон мӯхлат бидеҳ ва касонеро ба шаҳрҳо бифирист то ҳамаро ҷамъ кунанд, (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/299
112.то ҳамаи ҷодугарони доноро назди ту биёваранд».
113.Ҷодугарон назди Фиръавн омаданду гуфтанд: «Агар пирӯз шавем, моро мукофоте ҳаст?»
114.Гуфт: «Оре ва шумо аз наздиконам хоҳед буд».
115.Ҷодугарон гуфтанд: «Эй Мӯсо, ё ту он чиро ҳамроҳи худ дорӣ бияндоз ё мо бияндозем?»
116.Мусо (алайҳиссалом) гуфт: «Шумо бияндозед». Чун ресмон ва асоҳояшонро андохтанд ногоҳ бар асари ҷодуяшон ресмонҳо ба морҳо табдил шуданд, ки роҳ мерафтанд(1), чашмони мардумро ҷоду карданд ва онҳоро тарсониданд ва ҷодуе азим оварданд.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/265
117.Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асои худро бияфкан. Ба ногаҳ диданд, фурӯ мебарад он морҳоеро, ки ба дурӯғ сохта буданд ва ба он мардумро фиреб медоданд.
118.Пас ҳақ ба субут расид ва зоҳир шуд, корҳои ҷодугарон ботил гардид.
119.Дар ҳамон ҷо мағлуб шуданд ва хору зор бозгаштанд. (Пас онон донистанд ин
нишона ва мӯъҷизаи бузург аз нишонаҳои Аллоҳ аст, ки онро ҷуз ба паёмбарон ба ҳеҷ кас намедиҳад) (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/299
120.Ҷодугарон ба саҷда афтоданд.
121.Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем, (яъне, ба мӯъҷизаҳое, ки Мӯсо оварадааст, тасдиқ намудем) (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/32
122.Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун».
123.Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он ки ман ба шумо рухсат диҳам, ба ӯ имон овардед ва тасдиқ намудед? Ин ҳиллаест, ки дар бораи ин шаҳр андешидаед, то мардумашро берун кунед.
Эй ҷодугарон ба зудӣ хоҳед донист, ки чи балое бар саратон хоҳад омад! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/33
124.Дастҳову пойҳоятонро ба хилофи якдигар хоҳам бурид (1) ва ҳамаатонро дар дарахтони хурмо бар дор хоҳам овехт, то расво шавед. (Аввалин шахсе ба дор овехт ва дасту поро бар хилофи якдигар бурид, Фиръавн буд!» (2)
____________________
1. Дасти рост ва пои чап ё баръакс 2. Тафсири Ибни Касир 3/459
125.Ҷодугарон ба Фиръавн гуфтанд: «Мо ба назди Парвардигорамон бозмегардем, ки азоби Ӯ аз азоби ту сахттар аст, то ки худро аз азоби рӯзи қиёмат наҷот диҳем! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/35
126.Ва Ту моро мавриди айб ва ор қарор намедиҳӣ ва ту амали моро инкор намекунӣ, магар барои он ки чун нишонаҳои Парвардигорамон бар мо ошкор шуд, ба онҳо имон овардем. (Сипас аз Аллоҳ хостанд:) Эй Парвардигори мо, бар мо сабри бузурге ато кун ва моро мусалмон (яъне, таслими амри худат ва пайрави паёмбаронат ва бар дини Ислом дини халили Худат Иброҳим алайҳиссалом) (1) бимирон!
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/35
127.Пешвоёни қавми Фиръавн гуфтанд: «Оё Мӯсо ва қавмашро мегузорӣ, то дар замин фасод кунанд ва туву маъбудонатро тарк гӯянд?» Фиръавн гуфт: «Писаронашонро хоҳам кушт ва занонашонро зинда хоҳам гузошт. Мо болотар аз онҳоем ва бар онҳо пирӯзӣ меёбем (ва онҳо наметавонанд аз фармони мо сар битобанд ва берун раванд!») (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/300
128.Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Аз Аллоҳ мадад ҷӯед ва сабр пеша созед ба он чи ки аз зарари Фиръавн нохушӣ дидед ва мунтазири пирӯзӣ бошед, ки ин замин аз они Аллоҳ аст ва ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, онро ба мерос медиҳад.
Ва оқибати нек аз они парҳезгорон аст!» (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/42
129.(Қавми Мӯсо дар ҳоле ки муддати бисёре дар азоби Фиръавн буданд,) гуфтанд: «Пеш аз он ки ту биёӣ, дар ранҷ будем ва пас аз он ки омадӣ, боз дар ранҷем».
(Мӯсо ононро ба пирӯзӣ умедвор карда гуфт): «Умед аст, ки Парвардигоратон душманатонро ҳалок кунад ва шуморо дар рӯи замин халифа гардонад. Он гоҳ бингарад, ки чӣ мекунед! Оё шукри Ӯро ба ҷо меоред ё не? (Ин ваъдае буд, ки Аллоҳ дар замони муқаррар ба он вафо кард)» (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/300
130.Қавми Фиръавнро ба қаҳтсолӣ ва камбудии меваҳо гирифтор кардем, шояд панд гиранд ва ба сӯи Аллоҳ ба тавба боз гарданд!
131.Чун қавми Фиръавнро некие (ризқи фаровон) насибашон мешуд, мегуфтанд: «Ҳаққи мост». Ва чун бадие (хушкӣ ва қаҳтӣ) ба онҳо мерасид, мегуфтанд: «Аз шумии Мӯсо ва пайравони ӯст». Огоҳ бошед, он неку бад, ки ба онҳо расад, аз қазо ва қадари Аллоҳ аст ва ба сабаби гуноҳ ва куфри ононанд, вале бештаринашон онро намедонанд! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/269
132.Ва (қавми Фиръавн ба Мусо) гуфтанд: «Ҳар гуна мӯъҷизае барои мо биёварӣ, ки моро ба он ҷоду кунӣ, ба ту имон нахоҳем овард»!
133.Мо низ ба онҳо нишонаҳое ошкор ва гуногун фиристодем, чун селе, ки дарахтон ва киштзорҳояшонро ғарқ кард ва малахро
фиристодем, мева, киштзор ва гиёҳонашонро хӯрд ва шабӯшк ва қурбоққаро фиристодем, ки зарфҳо ва ҷои хобашон аз қурбоққа пур шуд ва хунро фиристодем, ки онҳо менӯшиданд ва чашмаву ҷӯйҳояшон ба хун табдил мешуд. Инҳо аз нишонаҳои Аллоҳанд, ки ғайр аз Ӯ касе бар инҳо қодир шуда наметавонад. Бо вуҷуди ин қавми Фиръавн ин нишонаҳоро дида боз саркашӣ карданд, ки мардуме гунаҳгор буданд. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/301 ва Ибни Касир 3/465
134.  Ва чун азоб (тоъун) бар онҳо фурӯд омад, гуфтанд: «Эй Мӯсо, ба он аҳде, ки Аллоҳро бо ту ҳаст, ӯро бихон, ки агар ин азобро аз мо дур кунӣ тавба мекунем, ба ту имон меоварем ва он чи ки
ту моро ба он даъват мекунӣ, пайравӣ мекунем ва бани Исроилро озод мекунем ва бо ту мефиристем».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/272
135.  Ва чун азобро то он замоне, ки ба он расандаанд, аз онҳо дур кардем, он гоҳ паймони худро шикастанд ва бар куфру гумроҳиашон боқи монданд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/73
136.Пас муддати муқаррар кардашуда омад, аз онҳо интиқом гирифтем ва дар баҳр ғарқашон кардем. Зеро оёти Моро инкор карданд ва аз он дар ғафлат монданд. (Ва ин ғафлат ба сабаби тасдиқ накарданашон ба оёти Аллоҳ буд)! (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/466
137.Ва ба он мардуме (яъне бани Исроил), ки ба нотавонӣ афтода буданд, шарқу ғарби он сарзаминро (яъне Шом), ки баракат дода будем (бо зироат, меваҳо ва дарёҳо), ба мерос додем ва ваъдаи некӯе, (1) ки Парвардигори ту ба бани Исроил дода буд, ба он сабаб, ки сабр варзида буданд, таҳқиқ ёфт ва ҳар чиро Фиръавну қавмаш месохтанд аз иморатҳо ва он чизеро, ки бино мекарданд, аз қасрҳо вайрон кардем!
____________________
1. Ваъдаи Аллоҳ барои нусрат додани онҳо.
138.Ва бани Исроилро аз баҳр гузаронидем. Пас бар қавме омаданд, ки парастиши бутҳои худро пайваста анҷом медоданд. Гуфтанд: «Эй
Мӯсо, ҳамон тавр, ки онҳоро маъбудонест, барои мо ҳам маъбуде қарор бидеҳ». Ин гуфторашон аз рӯи шак набуд, балки аз ҷиҳати таъзим ва наздик шудан ба Аллоҳ буд. Аз ҳамин сабаб Мӯсо барояшон гуфт: «Шумо мардуми нодон ва бехирад ҳастед ва таъзими Аллоҳро намедонед, ки ибодат ҷуз ба Аллоҳи якто ба дигар чизе сазовор нест. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/274
139.  Он чӣ онҳо дар он ширке, ки қарор доранд ва ибодате, ки барои он бутҳо анҷом медиҳанд, нобудшаванда ва коре, ки мекунанд, ботил аст
ва азоби Аллоҳро аз онҳо дур карда наметавонанд».
140.Мӯсо гуфт: «Оё ҷуз Аллоҳ бароятон маъбуде (1) биҷӯям ва ҳол он ки Уст, ки шуморо бар ҷаҳониёни замонатон бартарӣ додааст?»
____________________
1. Сазовори ибодат
141.Ва ба ёд оваред, ҳангоме ки шуморо аз хонадони Фиръавн наҷот додем, ки: Ба азобҳои сахттарин гирифторатон мекарданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда
мегузоштанд ва наҷот додани шумо аз азоби онҳо аз ҷониби Парвардигоратон неъмати бузург буд, ё ин ки азобе, ки онон ба шумо медоданд, дар ин озмоиши бузурге буд аз тарафи Парвардигоратон. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/302
142.Сӣ шаб (1) бо Мӯсо ваъда ниҳодем ва даҳ шаби дигар бар он афзудем, то ваъдаи Парвардигораш чиҳил шаби комил шуд.
Ва Мӯсо ба бародараш Ҳорун (хотиррасон карда) гуфт: «Бар қавми ман, то бозгаштани ман ҷонишини ман бош ва роҳи салоҳ пеш гир ва ба роҳи фасодкорон марав».
____________________
1. Мурод аз си рӯз моҳи зулқаъда ва даҳ рӯзи боқӣ аз моҳи даҳаи аввали зулҳиҷҷа аст. Тафсири Табарӣ 13\86
143.Чун Мӯсо ба миъодгоҳи (ваъдагоҳи) Мо омад ва Парвардигораш бо ӯ сухан гуфт ва дастуроте аз амру наҳй ба ӯ пешниҳод кард. Мӯсо Парвардигорашро дӯст дошт ва ба дидани Ӯ муштоқ шуда гуфт: «Эй Парвардигори ман, худро бинамой, то дар Ту назар кунам». Гуфт: «Ҳаргиз Маро нахоҳӣ дид дар дунё. Вале ба он кӯҳ бинигар. Агар ба ҷои худ қарор ёфт, ту низ Маро хоҳӣ дид». Чун Парвардигораш бар кӯҳ ҷилвагар (зуҳур) шуд, кӯҳро ба замин яксон кард ва Мӯсо беҳӯш бияфтод. Чун ба ҳӯш омад, гуфт: «Бор Илоҳо, Ту аз ҳамаи он чи ки шоистаи азаматат нест, пок ҳастӣ, ба Ту бозгаштам ва ҷасорате, ки нисбат ба Ту раво доштам тавба кардам ва ман нахустини мӯъминонам». (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/302 ва тафсири Табарӣ 13/91
144.  Аллоҳ гуфт: «Эй Мӯсо,
Ман бо паёмҳоям ва сухан гуфтанам туро бевосита аз миёни мардум бартарӣ додам ва баргузидам, пас бигир он чиро ба ту додаам, аз амру наҳй ва аз сипосгузорон бош ва талаб макун он чиро, ки ту бар он тоқат надорӣ!» (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/473
145.  Барои ӯ дар он лавҳаҳо ҳар гуна панде, ки бандагон ба он ниёз (эҳтиёҷ) доранд
ва тафсили ҳар чизеро аз аҳкоми шаръӣ, ақидаҳо ва ахлоқу одоб навиштем. Пас гуфтем: «Онро ба нерӯмандӣ (ҷиддӣ ва саъю кӯшиш) бигир ва қавматро бифармой, то ба беҳтарини он амал кунанд, пас касе аз онҳо ё ғайри онҳо ба Ман шарик орад, ба зудӣ ба шумо бошишгоҳи фосиқон ва гунаҳкоронро нишон диҳам ва оташест, ки Аллоҳ онро барои душманонаш омода кардааст». (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/110
146.  Он касонеро, ки ноҳақ дар рӯи замин саркашӣ мекунанд, ба зудӣ аз фаҳми оёти хеш ва далелҳое, ки бар бузургии Ман ва шариъат ва аҳкоми Ман далолат мекунанд, дилҳояшонро боздорам, чунон ки ҳар оятеро, ки бубинанд, (ки ибодат ба ҷуз Аллоҳ ба касе сазовор нест), ба сабаби кибрашон имон наёваранд ва агар тариқи ҳидоят бубинанд, аз он нараванд ва агар роҳи гумроҳӣ бубинанд, аз он бираванд ва онро барои худ дин гиранд. Зеро инҳо оётро дурӯғ бароварданд ва аз он ғафлат варзиданд ва тафаккур дар оёти Аллоҳ намекунанд ва ибрат намегиранд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/115
147.  Ва аъмоли касоне, ки оятҳои Мо ва мулоқоти охиратро дурӯғ доштанд, нобуд шавад (1) онҳо ҷуз ба он чи мекарданд, ҷазо дода нашаванд. (Яъне, мувофиқи кирдорашон ҷазояшон хоҳем дод, агар нек бошад, нек аст, бад бошад, бад аст) (2)
____________________
1. Чунки амалҳои онҳо асосе надорад, зеро шарти асосии он вуҷуд надорад ва он; имон доштан ба оёти Аллоҳ ва тасдиқ кардан ба подош ва ҷазои Ӯст. Тафсири Саъдӣ 1 \ 302
2. Тафсири Ибни Касир 3\475
148.  Қавми Мӯсо баъд аз рафтани ӯ ба ваъдагоҳи Парвардигораш ба кӯҳи Тур аз зеварҳояшон шакли гӯсолае сохтанд ва онро маъбуди худ гирифтанд, ки ӯ ҷасаде буд. (1) Оё намебинанд, ки он гӯсола бо онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро ба ҳеҷ роҳе ҳидоят намекунад?»
Онро барои худ маъбуд гирифтанд ва бар худ ситам карданд.
____________________
1. Ҷасадеро сохтанд аз тилло ва ҷон надошт ва аз он овозе мебаромад. Тафсири Бағавӣ 3\283
149.  Ва чун баъд аз омадани Мӯсо аз муноҷоти Парвардигораш аз он кор пушаймон шуданд ва диданд, ки дар гумроҳӣ афтодаанд, гуфтанд: «Агар Парвардигорамон ба мо раҳм накунад ва моро наёмӯрзад, дар зумраи зиёнкардагон хоҳем буд».
150.  Чун Мӯсо хашмгину андӯҳнок назди қавми худ бозгашт (зеро Аллоҳ ӯро огоҳ намуд, ки қавмат дар фитнае мубтало шуданд ва онҳоро Сомирӣ ба залолат бурд), гуфт: «Дар набудани ман чӣ бад ҷонишинӣ кардед. Чаро бар фармони Парвардигори худ шитоб варзидед?» Ва лавҳаҳоро бар замин афканд ва мӯйи сари бародарашро гирифту ба сӯи худ кашид. Ҳорун гуфт: Эй писари модарам, ин қавм маро заъиф шумурданд ва наздик буд, ки маро бикушанд, пас гумон мабар, ки ман кӯтоҳӣ варзидаам, душманонро хурсанд макун ва маро
дар шумори ситамкороне, ки хилофи амри туанд ва парастиши гӯсола кардаанд, (1) қарор мадеҳ!»
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/284
151.  Вақте Мӯсо аз кардаи худ пушаймон шуд, гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ғазабам ва бародарамро аз он чи байни ӯ ва байни бани Исроил гузашт, биёмӯрз ва моро дар раҳмати хеш дохил кун, ки Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/284
152. Онон, ки хӯсоларо барои худ маъбуд интихоб карданд, ба зудӣ ба ғазаби сахти Парвардигорашон гирифтор хоҳанд шуд ва ба сабаби куфрашон дар зиндагонии ин дунё ба хорӣ хоҳанд афтод. Ва ба касоне, ки дурӯғ мебанданд ва ибодати ғайри Ӯро иқрор мекунанд, инчунин ҷазо медиҳем! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/135
153.  Онон, ки корҳои бадро анҷом медиҳанд (аз ширк ва гуноҳони кабира ва сағира), сипас тавба мекунанд ва ба Аллоҳ ва он чи воҷиб гардондаст, имон меоваранд, бидонанд, ки Парвардигори ту пас аз тавба омӯрзандаи гуноҳон аст, гарчи ба андозаи замин бошад ва меҳрубон аст бо пазируфтани тавба! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/303 ва тафсири Табарӣ 13/137
154.  Чун хашми Мӯсо фурӯ нишаст, лавҳаҳоро баргирифт. Ва дар навиштаҳои он барои онҳое, ки аз Парвардигорашон метарсанд, ҳидоят ва раҳмат буд.
155.  Ва Мӯсо барои ваъдагоҳи Мо аз миёни қавмаш ҳафтод мардро ихтиёр кард ва онҳоро ба кӯҳи Тур баровард, то қавмаш аз Парвардигорашон маъзаратхоҳӣ кунанд. Пас, чун ҳозир шуданд, гуфтанд: "Эй Мӯсо Аллоҳро ба мо ошкоро нишон деҳ!".
Чун зилзила онҳоро фурӯ гирифт, беҳӯш афтоданд ва ҳалок шуданд. Ва Мӯсо ба зорӣ ва дуъо пардохт ва гуфт: «Эй Парвардигори ман, агар мехостӣ онҳоро ва маро пеш аз ин ҳалок мекардӣ. Оё ба хотири аъмоле, ки бехирадони мо анҷом додаанд, моро ба ҳалокат мерасонӣ? Ва ин ҷуз имтиҳони Ту нест. Ҳар касро бихоҳӣ, ба он гумроҳ мекунӣ ва ҳар касро бихоҳӣ, ҳидоят мекунӣ. Ту сарпарасти мо ҳастӣ, моро биёмӯрз ва бар мо раҳм фармо, ки Ту беҳтарини омӯрзандагон ҳастӣ! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/303
156.  Барои мо дар ин дунё некӣ ва амали солеҳ муқаррар дор ва дар охират низ некӣ бинавис! Мо ба сӯи ту бозгаштаем (яъне, тавба кардем). Аллоҳ гуфт: «Азоби худро ба ҳар кас, ки бихоҳам, мерасонам ва раҳмати Ман (1) ҳама чизро дарбар мегирад. Онро барои касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд (2) ва закот медиҳанд ва ба оёти Мо имон меоваранд, муқаррар хоҳам дошт,
____________________
1. Раҳмати Ман дарбар мегирад имоноварандагонро аз уммати Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва саллам ба Ман.
2. Аз азоби Аллоҳ метарсанд ва фарзшудаҳояшро иҷро мекунанд ва аз нофармониаш дур меистанд. Тафсири Табарӣ 13 \ 156
157.Ин раҳматро барои касоне муқаррар дошт, ки аз Аллоҳ метарсанд ва аз маъсияти Ӯ дур мешаванд ва аз ин расул, ин паёмбари уммӣ (дарснахонда), ки номашро дар Тавроту Инҷили худ навишта меёбанд, пайравӣ мекунанд, он кӣ ба некӣ (тавҳиду тоъат) фармонашон медиҳад ва аз корҳои ношоиста (ширку маъсият) онҳоро бозмедорад ва чизҳои покизаро (1) бар онҳо ҳалол мекунад ва чизҳои нопокро (2) ҳаром ва бори гаронашонро аз дӯшашон бармедорад ва банду занҷирашонро мекушояд.(3) Пас касоне, ки ба паёмбари уммӣ (дарснахонда, Муҳаммад
саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон оварданд ва ҳурматашро нигоҳ доштанд ва ёриаш карданд ва аз он китоби Қуръон, ки ба ӯ нозил кардаем ва ба суннати ӯ пайравӣ карданд, растагоронанд!» (4)
____________________
1. Баҳира, соиба, васила ва ҳомӣ
2. Мисли гӯшти хук
3. Буридани мавзеъи наҷосат аз либос, сӯзондани ғаниматҳо
4. Тафсири Ибни Касир 3/489
158.Бигӯ (эй Расул, барои тамоми мардум): «Эй мардум, ман фиристодаи Аллоҳ бар ҳамаи шумо ҳастам на барои баъзеи шумо. Он Аллоҳе, ки фармонравоии осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост аз они Ӯст ва ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест. Зинда мекунад ва мемиронад. Пас ба Аллоҳ ва расули Ӯ, он паёмбари уммӣ (дарснахонда), ки ба Аллоҳу суханони ӯ имон дорад, имон биёваред, ки ақида ва амалҳояш ба роҳи дуруст ва рост қарор дорад ва аз ӯ пайравӣ кунед, то манфиъатҳои динӣ ва дунявии худро дарёбед. Бошад, ки ҳидоят шавед!» (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/305
159.Гурӯҳе аз (миёни) қавми Мӯсо ҳастанд, ки мардумро ба сӯи ҳақ роҳ менамоянд ва одилона рафтор мекунанд.
160.Бани Исроилро ба дувоздаҳ сибт (қабила ва шоха) тақсим кардем, (ки сабаби пайдоиши насли ҳар қабила марде аз фарзандони Яъқуб буд.)
Ва чун қавми Мусо аз ӯ об хостанд, ба ӯ ваҳй кардем, ки асоятро бар санг бизан, пас бар санг зад, ки аз он санг дувоздаҳ чашма равон шуд. Ва ҳар гурӯҳ ҷои обхӯриши хешро бишинохт. Ва абрро барояшон соябон сохтем ва барояшон «манна ва салво» (1) нозил кардем. Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки бар шумо рӯзӣ додаем! Аммо ононро малол шуд аз бардавом фуруд омадани он неъматҳо, пас носипосӣ карданд. Ва онон ба мо ситам накарданд, вақте ки шукри неъматро ба ҷо наоварданд, балки ба худашон ситам мекарданд ва худро дар азоб қарор доданд. Ва ин дар вақти дар биёбон монданашон буд. (2)
____________________
1. "Манн"; навъе аз ҳалво, яъне таъомест, ки маззаи он асалмонанд аст ва "салво"; гӯшти паррандае, ки аз беҳтарин навъҳои паррандагон аст (ва ба қавле бедона аст)
2. Тафсири Саъдӣ 1 \ 306
161. Ва ба ёд ор эй Расул, нофармонии бани Исроил Парвардигорашонро ва паёмбарашон Мӯсо (алайҳиссалом)-ро ва табдил доданашон суханеро, ки ба онҳо фармудашуда буд гуфтанашро, вақте ки Аллоҳ ба онҳо фармуда буд, ки дар ин шаҳр(1) сукунат кунед ва ҳар ҷо ҳар чӣ хоҳед, бихӯред ва бигӯед, ки гуноҳони моро бирез ва саҷдакунон (бо фурӯтанӣ) аз дарвоза дохил шавед, то гуноҳонатонро биёмурзем. Ба подоши некӯкорон аз хайри дунё ва охират бароятон хоҳем афзуд. Пас онҳо аз дастури Аллоҳ фармон набурданд.(2)
____________________
1. Байтулмуқаддас 2. Тафсири Табарӣ 13/178
162. Аз миёни онон, он гурӯҳ, ки бар худ ситам карда буданд, суханеро, ки ба онҳо гуфта шуда буд, дигаргун карданд. (Яъне, ба ҷои омӯрзиш талаб кардан, донаи гандум гуфтанд. Онҳоро мебоист бо таъзиму эҳтиром ба ин шаҳр дохил шаванд, балки Аллоҳро нофармонӣ карданд ва амрашро сабук шумориданд ва бо ҳолати хазидан ва нишаста дохили он шуданд)(1) Пас ба сабаби ситаме, ки мекарданд, барояшон аз осмон азоб фиристодем.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/306
163.  Эй Паёмбар, аз яҳудиён дар бораи он шаҳре, ки наздик ба баҳр буд, аз онҳо бипурс. Он гоҳ, ки дар рӯзи шанбе аз ҳад (ҳудуд ва муқарароти Аллоҳ) таҷовуз мекарданд. Аллоҳ онҳоро дар озмоиши худ қарор дод, то рӯзи шанберо эҳтиром ва таъзим кунанд ва ба шикор напардозанд. Зеро дар рӯзе, ки эҳтироми он мекарданд, моҳиён ошкор бар рӯи об меомаданд ва дар ғайри рӯзи шанбе намеомаданд. Пас онҳо барои шикор кардан ҳилаеро ба кор бурданд. Чуқуриҳо канданд ва ба онҳо дом монданд. Вақте рӯзи шанбе фаро расид, моҳиён дар ин чуқуриҳо
ба домҳо меафтоданд ва он моҳиёнро рӯзи якшанбе бармедоштанд. Онҳоро ба сабаби он, ки гуноҳ мекарданд, ҳамчунин меозмудем!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/493 ва Тафсири Саъдӣ 1/306
164.  Ва эй Расул, ба ёд ор он гоҳ, ки бани Исроил ба се гурӯҳ тақсим шуданд: (гурӯҳи аввал: золимон, дуввум: насиҳатгарон, сеюм: бетарафон) гурӯҳи бетарафон ба гурӯҳи
насиҳатгарон гуфтанд: «Чаро қавмеро, ки дар рӯзи шанбе аз ҳудуд ва муқарароти Аллоҳ таҷовуз карданд, панд медиҳед, ки Аллоҳ ҳалокашон хоҳад кард ва ба азоби дарднок мубтало хоҳад сохт?» Гурӯҳи насиҳатгарон гуфтанд: «То моро назди Парвардигоратон узре (1) бошад. Ва бошад, ки парҳезгор шаванд. (2)
____________________
1. Яъне Аллоҳ таъоло моро ба тарки амри маъруф ва наҳйи аз мункар, ки аз воҷиботи муҳими динӣ бар зиммаи мост мавриди уқубат ва бозпурсӣ қарор надиҳад.
2. Тафсири Ибни Касир 3\494 ва тафсири Саъдӣ 1 \ 306
165.  Чун пандеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромӯш карданд (яъне насиҳатро қабул накарданд), ононро, ки аз бадӣ парҳез мекарданд, наҷот додем ва гунаҳкоронро, ки дар рӯзи шанбе таҷовуз карданд ва ҳаром кардаи Аллоҳро ҳалол шумориданд ба сабаби гуноҳашон онҳоро ба азоби сахт дучор кардем. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/199
166.  Пас, вақте ки дилҳои онҳо сахт шуд, аз тарки чизе, ки аз он манъашон карда буданд, сарпечӣ карданд, ҳақро қабул накарданд, гуфтем: «Бузинагони (маймунони) хоршуда шавед!»
167.  (Ба ёд ор эй Расул), ки Парвардигори ту эълом кард, то касеро (1) бар яҳудиён бифиристад, ки то дар рӯзи қиёмат ба азоби сахт азобашон кунад (яъне, онҳоро хору залил мегардонад). Ҳароина Парвардигори ту зуд уқубат мекунад ва низ омӯрзандаву меҳрубон аст!.
____________________
1. Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва умматаш. Тафсири Бағавӣ
3\295
168.  Ононро (яҳудиёнро) гурӯҳ- гурӯҳ дар замин тақсим кардем, баъзе аз онҳо некӯкор ҳастанд ва баъзе дигар ғайри он ҳастанд.
Ва онҳоро ба некиҳову (фаровонӣ ва тандурустӣ) бадиҳо (қаҳтӣ ва вазнинӣ) озмудем, шояд ба тоъати Аллоҳ бозгарданд ва тавба кунанд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/295
169.  Баъд аз инҳо гурӯҳе бадкор ба ҷояшон нишастанд ва вориси он китоби Таврот шуданд, ки ба матоъи дунявӣ дил бастанд байни ҳалолу ҳаром фарқе намегузоштанд ва онро мегирифтанд ва иқрор мекарданд, ки ин кор гуноҳ аст ва мегуфтанд, ки ба зудӣ омӯрзида мешавем.
Ва агар монанди он боз ҳам матоъе биёбанд, баргиранд. Оё аз онон дар китоб паймон гирифта нашуда буд, ки дар бораи Аллоҳ ҷуз ба ростӣ сухан нагӯянд, ҳол он ки он чӣ дар он китоб омада буд, хонда буданд? Сарои охират барои касоне, ки мепарҳезанд, беҳтар аст. Оё андеша намекунед?
170.  Онон, ки дар илму амал ба китоби Аллоҳ тамассук (наздикӣ) меҷӯянд ва бо фармудаҳои он иқтидо мекунанд ва аз манъкардаҳои он дурӣ меҷӯянд ва намозро ба сурати зоҳирӣ ва ботиниаш адо менамоянд, бидонанд, ки подоши ислоҳгаронро бекор намесозем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/307
171. Ва (ба ёд ор эй Расул), ки кӯҳро бар болои сарашон чун соябоне нигоҳ доштем ва мепиндоштанд, агар аҳкоми онро қабул накунанд, бар сарашон хоҳад афтод. Ва барояшон гуфтем: Китоберо, ки ба шумо додаем, бо нерӯмандӣ бигиред ва ҳар чиро, ки дар он омадааст, (аз аҳду паймон) ба ёд доред, бошад, ки парҳезгор шавед ва аз азоби Аллоҳ худро наҷот диҳед!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/217
172. Ва (ба ёд ор эй Расул,)
Парвардигори ту аз пушти бани Одам фарзандонашро берун овард(1). Ва ононро бар худашон гувоҳ гирифт ва пурсид: «Оё Ман Парвардигоратон нестам?» Гуфтанд: «Оре, гувоҳӣ медиҳем ин ки Ту Парвардигори мо ҳастӣ». То дар рӯзи қиёмат нагӯед, ки мо аз он бехабар будем.
____________________
1. Яъне, рӯзи паймон аз Одам фарзандони ӯро пайдо кард ва аз пушти онон фарзандонашонро падид овард, ба тартибе ки минбаъд амалӣ шуд.
173. Ё нагӯед, ки падарони мо пеш аз ин мушрик буданд ва мо насле пас аз онҳо будем ба онҳо иқтидо кардем, оё ба сабаби коре, ки гумроҳон карда буданд, моро ба ҳалокат мерасонӣ?
174. Ҳамчунон баён кардем оётро ба умматҳои пешина, (инчунин оётро барои қавмат эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) )ба равшанӣ баён мекунем, шояд ки ба сӯи он чи ки бо Аллоҳ паймон бастаанд, аз ширкашон бозгарданд! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/252
175.Эй Паёмбар, бар уммати худ бихон хабари он мардеро аз бани Исроил, ки оятҳои китоби худро ба ӯ ато карда будем, пас олими бузург ва донишманди моҳир шуд ва ӯ пас аз донистани
ин оятҳо хориҷ шуд ва шайтон дар паяш афтод ва ба сабаби мухолифати амри Парвардигор ва итоъати шайтон дар зумраи гумроҳон даромад. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/261
176.Агар хоста будем, ба сабаби он илм, ки ба ӯ дода будем, мартабаи баландаш мебахшидем, вале ӯ коре кард, ки расвоӣ ба бор овард ва аз паи ҳавою ҳаваси хеш рафт. Масали ӯ чун масали он саг аст, ки агар ба ӯ ҳамла кунӣ, забон аз даҳон берун орад ва агар раҳояш кунӣ, боз ҳам забон аз даҳон берун орад. Ин мисоли қавмест, ки оёти Моро дурӯғ шумориданд ва аз он итоъат нанамуданд. Пас қиссаро барояшон бихон, то шояд дар ин мисолҳо ба андеша фурӯ раванд! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/308
177.  Чи бад аст масали мардуме, ки оёти Моро дурӯғ шумориданд ва ба сабаби рӯйгардонданашон аз пайравии ҳақ ва тоъати Парвардигорашон ба худашон ситам мекарданд! (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/512
178.  Ҳар касро, ки Аллоҳ ба сӯи имон ва тоъаташ роҳ намояд, пас ӯ ҳақиқатан роҳ ёфтааст. Ва ҳар касро, ки гумроҳ созад, бар анҷоми кори хайр тавфиқ надиҳад. Пас бегумон онҳо зиёнкоронанд. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/308
179.  Барои ҷаҳаннам бисёре аз ҷинну инсро биёфаридем. Онҳоро дидҳоест, ки ба он намефаҳманд амри охиратро ва умеди савоб надоранд ва аз азоби Аллоҳ наметарсанд ва онҳоро чашмҳоест, ки ба он чизеро, ки фоидаашон бошад, намебинанд ва гӯшҳоест, ки намешунаванд ҳақро, (яъне маъно ва фаҳмиши он дар дилҳояшон роҳ намеёбад.) Инҳо монанди чорпоёнанд, ки ақл надоранд, ҳатто гумроҳтар аз онҳоянд. Зеро чорпоён нафъ ва зарари худро дарк менамоянд. Инҳо худ аз имони ба Аллоҳ ва тоъаташ дар ғафлатанд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/280
180.  Аз они Аллоҳ аст, некӯтарин номҳо, ки далолат бар камоли азамати Ӯ ҳаст.
Ба он номҳояш нидо кунед, он чиро ки ирода мекунед.
Ва тарк кунед онҳоеро, ки ба номҳои Аллоҳ каҷравӣ (1) мекунанд. Ба зудӣ ҷазои он чиро ки мекунанд, хоҳанд дид.
____________________
1. Яъне, номҳои Аллоҳро тағйир медиҳанд ё онҳоро ба дигар маъно баён мекунанд.
181.  Аз офаридагони мо гурӯҳе (1) ҳастанд, ки ба дини ҳақ роҳ менамоянд ва ба адолат рафтор мекунанд ва онон пешвоёни роҳи ҳақанд, ки Аллоҳ бар онҳо имон ва амали солеҳ рӯзӣ кардааст.
____________________
1. Уммати Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Тафсири Табарӣ 13 \ 280
182.  Ва ононро, ки оёти моро дурӯғ шумориданд ва инкор карданд ва панд нагирифтанд ба зудӣ барояшон рӯзии фаровон ато мекунем ва онон гумон мекунанд, ки бар ҳақиқатанд, пас азобашон кунем аз роҳе, ки худ намедонанд. Зина ба зина
ононро то мавзеъм ҳалокат бикашем. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/310
183.  Ва ба онҳо мӯҳлат диҳам, ки тадбири (макри) Ман устувор ва маҳкам аст.
184.  Оё фикр накардаанд, ки дар ҳамнишинашон (1) нишоне аз девонагӣ нест ва ӯ ошкоро бимдиҳанда аст? (Яъне, мардумро ба сӯи он чи
ки онҳоро аз азоб наҷот медиҳад ва подошро барои онҳо ҳақ медорад, даъват мекунад) (2)
____________________
1. Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам. 2.Тафсири Саъдӣ
1\310
185.  Касоне ки оёти Аллоҳро дурӯғ мешуморанд, оё дар подшоҳӣ ва тасарруфи осмонҳову замин ва чизҳое, ки Аллоҳ офаридааст, намеандешанд? Ва шояд, ки маргашон наздик бошад ва ногаҳон бар куфрашон ҳалок гарданд. Ва баъд аз Қуръон кадом суханро бовар доранд?
186.  Ҳар касро, ки Аллоҳ гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое барояш нест. Ва ононро вомегузорад, то ҳамчунон дар саркашии хеш саргардон бимонанд.
187. (Кофирони Макка) дар бораи қиёмат аз ту (эй Расул) мепурсанд гӯё аз он бисёр пурсидаӣ ва омадани онро медонӣ, ки чи вақт фаро мерасад? Бигӯ: «Илми он назди Парвардигори ман аст.
Танҳо Ӯст, ки чун замонаш фаро расад, ошкораш месозад. Фаро расидани он бар аҳли осмонҳову замин пӯшида аст, магар ин ки бар шумо ногаҳон меояд». Чунон аз ту мепурсанд, ки гӯё ту аз он огоҳи, Бигу: «Илми он назди Аллоҳ аст, вале бештари мардум намедонанд».
188. Бигӯ (эй Расул): «Ман барои худ нафъ ва зарар карда наметавонам, магар ончи Аллоҳ бихоҳад. Ва агар илми ғайб медонистам ба хайри худ басе меафзудам ва ҳеҷ шарре ба ман намерасид. Ман фиристодаи Аллоҳ ҳастам ба сӯи шумо ва аз азобаш шуморо метарсонам ва мужда медиҳам ба савобаш қавмеро, ки рисолати маро тасдиқ менамояд ва ба шариъати ман амал мекунад. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/303
189.  Аллоҳ Зоте аст, ки ҳамаи шуморо аз як шахс биёфарид, (ки он падари шумо Одам аст.) Ва аз Одам занашро (Ҳавворо) биёфарид, то ба ӯ оромиш ёбад. Чун бо ӯ даромехт, ба боре сабук бордор шуд (1) ва чанде бо он рӯзгорро ба сар бурд. Ва чун бор вазнин гардид, он ду нафар, Аллоҳ, Парвардигори хешро бихонданд, ки агар моро фарзанде шоиста диҳӣ, аз сипосгузорон хоҳем буд!
____________________
1. Мурод аз "ҳамли сабук" марҳалаи аввалии халқи кудак (нутфа, хуни баста ва гӯштпора) мебошад ва "ҳамли вазнин" марҳалаи пеш аз таваллуд аст.
190.  Ва ҳангоме ки ба он ду фарзанди солеҳ ва солиме дод дар он чӣ Аллоҳ ба эшон дода буд, барои Аллоҳ шариконе қарор доданд. Ва Аллоҳ бартар аст аз он чи ба Ӯ шарик мегардонанд.
191.  Оё инҳо, (мушрикон) шарики Аллоҳ месозанд чизҳоеро, ки наметавонанд ҳеҷ чиз биёфаринанд ва худ махлуқ ҳастанд?
192.  Наметавонанд обидони худро ёварӣ кунанд ва на ба ёрии худ бархезанд. Пас чи гуна онҳоро бо ҳамроҳи Аллоҳ маъбуд гирифта мешавад? (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/319
193.  Эй бутпарастон, агар бутҳоеро, ки ба ҷои Аллоҳ ибодат мекунед, то шуморо ҳидоят кунанд, ба шумо ҷавоб намедиҳанд. Бароятон баробар аст, чи даъваташон кунед ва чи хомӯш бошед. Зеро онҳо намешунаванд ва намебинанд ва на ҳидоят мекунанд ва на худ ҳидоят мешаванд. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/311
194.  Эй мушрикон, онҳоеро, ки ғайр аз Аллоҳ мехонед, бандагоне чун шумоянд. Агар рост мегӯед, ки онҳо чизеро аз ибодат сазовор мешаванд, пас онҳоро бихонед, бояд дуъои шуморо иҷобат кунанд!
Ва агар шуморо иҷобат карданд ва талаботи шуморо ба ҷо оварданд, рост гуфтаед, вагарна дар ин даъвоятон дурӯғгӯ ҳастед ва бузургтарин дурӯғро ба Аллоҳ нисбат медиҳед. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/321 ва тафсири Саъдӣ 1/312
195.  Оё он бутҳоро пойҳое ҳаст, ки бо он роҳ бираванд ё онҳоро дастҳое ҳаст, ки бо он бигиранд ё чашмҳое ҳаст, ки бо он бубинанд ё гӯшҳое ҳаст, ки бо он бишнаванд? Пас маъбудоне, ки шумо парастиш мекунед, чунин чизҳо дар онҳо вуҷуд дошта набошад, онҳоро ибодат кардани шумо барои чист? Бигӯ эй Расул, барои ин мушрикон: «Шариконатонро бихонед ва бар зидди ман макр кунед ва маро мӯҳлат мадиҳед, балки ба он шитобед. Зеро сарпарасти ман Аллоҳ аст, ки маро сарпарастӣ менамояд(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/312
196.  Сарпарасти ман Аллоҳ аст, ки ин китобро нозил карда ва Ӯ шоистакоронро сарпарастӣ менамояд.
197.  Эй мушрикон, ононро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуд мехонед, на шуморо метавонанд ёрӣ кунанд ва на худро.
198.  Ва агар бутҳоро ба роҳи ҳидоят бихонед, намешунаванд ва (эй Расул) мебинӣ, ки ба ту менигаранд, вале гӯё, ки намебинанд.
Зеро на чашм доранд на биноӣ.
199.  Эй Паёмбар ту ва умматат гузашт карданро пеш гир ва ба онҳо осонгирӣ кун, то аз ту магурезанд ва ба некӣ фармон деҳ ва аз нодонон рӯй гардон!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/326
200.  Ва агар аз ҷониби шайтон дар ту ғазаб ё васвасае падид омад, ки туро аз кори хайр бозмедорад ё бар анҷоми кори бад васваса мекунад, ба Аллоҳ паноҳ бибар, зеро Ӯ ба ҳар сухан шунаво ва ба ҳар кор доност! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/313
201.  Касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд ва аз азоби Аллоҳ метарсанд ва фарзҳои Ӯро ба ҷо меоранд ва аз он чи ки манъ кардааст, дурӣ меҷӯянд, чун аз шайтон васвасае ба онҳо бирасад ва он чиро ки Аллоҳ бар онҳо воҷиб намуда ёд мекунанд ва ногаҳон (барҳақ) бино шаванд. Ва аз Аллоҳ талаби омӯрзиш менамоянд. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/534
202.  Ва бародаронашон (яъне, кофирон ва шайтонҳои инсӣ) ононро ба гумроҳӣ мекашанд ва шайтонҳои ҷин аз амали хеш бознамеистанд.
203.  (Эй Расул), чун ояте барои мушрикон наоварӣ гӯянд: «Чаро аз худ чизе ихтироъ накардӣ?» Бигӯ: «Ман пайрави чизе ҳастам, ки аз Парвардигорам ба ман ваҳй мешавад. Ва зери тадбири Аллоҳ мебошам ва Аллоҳ нишонаҳо ва оётро бар асоси бузургворӣ ва ҳикмати худ нозил мекунад. Ва ин Қуръон нишонаҳоест аз ҷониби Парвардигоратон ва раҳнамову раҳмат аст барои мардуме, ки имон меоваранд. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/313
204.  Чун Қуръон хонда шавад, ба он гӯш диҳед ва хомӯш бошед, то ки шомили раҳмати Аллоҳ шавед!
205.  (Эй Расул), Парвардигоратро дар дили худ ба зориву тарс, бе он, ки садои худ баланд кунӣ, ҳар субҳу шом ёд кун ва аз ғофилон (1) мабош!
____________________
1. Онон, ки Аллоҳро фаромӯш кардаанд. Тафсири Саъдӣ 1 \314
206.  Албатта, онон, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд, (1) аз парастиши Ӯ сар наметобанд, балки ба ибодати Ӯ тан медиҳанд ва шабу рӯз тасбеҳаш мегӯянд ва барояш саҷда (2) мекунанд
____________________
1. Фариштагони муқарраб
2. Дар ин оят саҷдаи тиловат мавҷуд аст.