Тарҷумаи сураи МАЪОРИҶ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية
Verse 1
ﮮﮯﮰﮱ
ﯓ
1. Пурсандае аз мушрикон барои худ ва қавмаш азобе пурсид, ки
Verse 2
ﯔﯕﯖﯗ
ﯘ
2. бар кофирон рӯзи қиёмат фурӯд хоҳад омад, ки касе онро дафъ натавонад кард.
Verse 3
ﯙﯚﯛﯜ
ﯝ
3. Аз ҷониби Аллоҳе, ки соҳиби мартабаҳои бузургу олист.
Verse 4
4. Дар рӯзе, ки миқдораш бо рӯзҳои дунё панҷоҳ ҳазор сол(1) аст, фариштагон ва рӯҳ (Ҷабраил алайҳиссалом) ба сӯи Ӯ боло раванд.
____________________
1. Панҷоҳ ҳазор сол барои кофирон аст, аммо барои мӯьминон ба миқдори як намоз аст. Тафсири Бағавӣ 8/221
____________________
1. Панҷоҳ ҳазор сол барои кофирон аст, аммо барои мӯьминон ба миқдори як намоз аст. Тафсири Бағавӣ 8/221
Verse 5
ﯪﯫﯬ
ﯭ
5. Пас, сабр кун эй Паёмбар дар баробари озору азияти онҳо, сабре, ки дар он нолиш ва шикоят нест, ба ғайри Аллоҳ.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/603
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/603
Verse 6
ﯮﯯﯰ
ﯱ
6. Албатта кофирон он рӯзи азобро дур ва воқеънопазир мебинанд.
Verse 7
ﯲﯳ
ﯴ
7. Ба Мо онро воқеъшаванда ва наздикаш мебинем.
Verse 8
ﯵﯶﯷﯸ
ﯹ
8. Рузе, ки осмон чун миси гудохта гардад.
Verse 9
ﯺﯻﯼ
ﯽ
9. Ва кӯҳҳо чун пашми рангине гарданд, ки бод онҳоро парешон кардааст.
Verse 10
ﯾﯿﰀﰁ
ﰂ
10.Ва ҳеҷ хешованде аз ҳоли хешованди худ напурсад.(1)
____________________
1. Зеро ҳама ба ҳоли худ машғул аст.
____________________
1. Зеро ҳама ба ҳоли худ машғул аст.
Verse 11
11. Якдигарро мебинанд ва мешиносанд, наметавонад касе ба дигаре фоидае расонад. Аз азоби он рӯз кофир орзу мекунад, ки барои наҷоти худ фарзандони худро ба иваз диҳад.
Verse 12
ﭜﭝ
ﭞ
12. ва низ зану бародарашро.
Verse 13
ﭟﭠﭡ
ﭢ
13. ва низ хешонашро, ки ӯро ҷой додаанд.
Verse 14
ﭣﭤﭥﭦﭧﭨ
ﭩ
14. ва низ ҳамаи онҳоеро, ки дар рӯи заминанд аз одамон ва ғайрашон, сипас худро аз азоби Аллоҳ наҷот диҳад.
Verse 15
ﭪﭫﭬﭭ
ﭮ
15. Ҳаргиз на, эй кофир! Ҳеҷ гуна иваз туро аз азоб наҷот намедиҳад. Ҳамоно дӯзах оташест шӯълазананда.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/607
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/607
Verse 16
ﭯﭰ
ﭱ
16. Аз сахтии гармиаш пӯсти сар ва соири атрофи баданро меканад.
Verse 17
ﭲﭳﭴﭵ
ﭶ
17. Мехонад ба худ ин оташи сӯзон ҳар киро, ки дар дунё аз ҳақ рӯй гардонида, тарки итоъати Аллоҳ ва расулаш карда буд.
Verse 18
ﭷﭸ
ﭹ
18. Ва ҷамъ кард пулу молро, пас захира кард ва адо накард ҳаққи Аллоҳро дар молаш.(1)
____________________
1. Яъне закот ва хайрот надод. Тафсири Табарӣ 23/ 610
____________________
1. Яъне закот ва хайрот надод. Тафсири Табарӣ 23/ 610
Verse 19
ﭺﭻﭼﭽﭾ
ﭿ
19. Албатта, одамӣ ҳарису бесабр офарида шудааст.
Verse 20
ﮀﮁﮂﮃ
ﮄ
20. Чун бадӣ ва вазниние ба ӯ расад, беқарорӣ кунад.
Verse 21
ﮅﮆﮇﮈ
ﮉ
21. Ва чун хубӣ ва осонӣ ба дасташ афтад, бахилӣ мекунад,
Verse 22
ﮊﮋ
ﮌ
22. магар намозгузороне,
Verse 23
ﮍﮎﮏﮐﮑ
ﮒ
23. ки намозашонро дар ҳама ҳолат мехонанд ва ягон чизе онҳоро аз намоз машғул намесозад:
Verse 24
ﮓﮔﮕﮖﮗ
ﮘ
24. Ва онон, ки дар амволашон ҳаққест муъайян (яъне, закот),
Verse 25
ﮙﮚ
ﮛ
25. барои пурсандаву (гадоён) ва он, ки аз қаноъатмандӣ намепурсад(1).
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/ 617
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/ 617
Verse 26
ﮜﮝﮞﮟ
ﮠ
26. Ва касоне, ки рӯзи қиёматро тасдиқ мекунанд, пас ба амалҳои солеҳ барои он рӯз тайёрӣ мебинанд.
Verse 27
ﮡﮢﮣﮤﮥﮦ
ﮧ
27. Ва касоне, ки аз азоби Парвардигорашон тарсонанд,
Verse 28
ﮨﮩﮪﮫﮬ
ﮭ
28. ки ҳароина аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд.
Verse 29
ﮮﮯﮰﮱ
ﯓ
29. Ва касоне, ки шармгоҳи худро аз тамоми он чизҳое, ки ҳаром аст, нигаҳ медоранд,
Verse 30
30. магар барои ҳамсаронашон ё канизонашон, ки дар ин ҳол, албатта, маломате бар онҳо нест.
Verse 31
31. Пас касе, ки барои қазои шаҳвати худ аз ғайри ҳамсарону канизони худ талаб кунад, пас онҳо, аз ҳад хузаштагонанд.
Verse 32
ﯧﯨﯩﯪﯫ
ﯬ
32. Ва касоне, ки амонатҳои Аллоҳ ва бандагон ва аҳдҳои ба Аллоҳ ва бандагонро риъоя мекунанд.
Verse 33
ﯭﯮﯯﯰ
ﯱ
33. Ва касоне, ки шаҳодати худро ба ҳақ бетағйир ва пӯшиш адо мекунанд.
Verse 34
ﯲﯳﯴﯵﯶ
ﯷ
34. Ва касоне, ки намозҳояшонро дар вақташ мехонанд ва ягон воҷиберо аз он тарк намекунанд.
Verse 35
ﯸﯹﯺﯻ
ﯼ
35. Инҳое, ки чунин сифатҳои бузуртеро доранд, ҷой дода шудаанд дар биҳиштҳои
гиромӣ мукарраму муъаззаз.
гиромӣ мукарраму муъаззаз.
Verse 36
ﯽﯾﯿﰀﰁ
ﰂ
36. Пас, чист, ки кофирон ба сӯи ту эй Паёмбар мешитобанд?
Verse 37
ﰃﰄﰅﰆﰇ
ﰈ
37. Даста - даста аз ҷониби чапу рости ту ҷамъ шудаанд, сухан мегӯянду тааҷҷуб мекунанд.
Verse 38
38. Оё ҳар яке аз он кофирон тамаъ мекунад, ки Аллоҳ таъоло ба биҳишти пурнеъмат дохилаш мекунад?
Verse 39
ﰒﰓﰔﰕﰖﰗ
ﰘ
39. Ҳаргиз на, ҳеҷ яке аз онҳо ба ҷаннат дохил намешавад. Албатта Мо офаридем онҳоро аз оби манӣ, ки худ медонанд, пас имон наоварданд. Пас чи гуна мушарраф мешаванд ба даромадани ҷаннат?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/621
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/621
Verse 40
40. Пас, савганд ба Парвардигори машриқи офтобу ситорагон ва мағрибҳояшон, ки Мо, ҳароина тавоноем,
Verse 41
41. ки ба ҷои онҳо мардуми беҳтар ва мутеътар ба Аллоҳро биёварем ва дар ин кор нотавон нестем ва ҳеҷ кас аз Мо пешдастӣ накунад ва Моро бознадорад, ҳар вақте ки хоҳем иъода кардани онҳоро.
Verse 42
42. Пас, бигузорашон (мушриконро), то ба беҳудагӣ машғул шаванду ва дар дунёяшон бозӣ кунанд, то ба рӯзи қиёмат бирасанд, ки ваъдаашон додаем ба азоб.
Verse 43
43. Рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо бароянд, чунонки дар дунё назди бутонашон, ки ба ғайри Алдоҳ онҳоро ибодат мекарданд, мешитобанд.
Verse 44
44. Ваҳшат бар чашмонашон ғолиб шуда аз ҳавлу ҳарос ва ба хорӣ афтодаанд. Ин аст ҳамон рӯзе, ки онҳоро ваъда дода мешуд дар ҳаёти дунё, ки омадани қиёмат ҳақ ва рост аст ва онҳо истеҳзо мекарданду дӯруғ мебароварданд!
تقدم القراءة