Тарҷумаи сураи БАЛАД ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية
Verse 1
ﭽﭾﭿﮀ
ﮁ
1. (Аллоҳ савганд ёд мекунад:) Савганд ба ин шаҳр (ва он Макка аст).
Verse 2
ﮂﮃﮄﮅ
ﮆ
2. Ва шаҳре, ки ту сокини он ҳастӣ
Verse 3
ﮇﮈﮉ
ﮊ
3. Ва савганд ба падар ва фарзанде, ки ба вуҷуд овард, (яъне, ба падари башарият, Одам алайҳиссалом ва фарзандони ӯ).
Verse 4
ﮋﮌﮍﮎﮏ
ﮐ
4. Ҳамоно, ки одамиро дар ранҷу меҳнат биёфаридаем.
Verse 5
ﮑﮒﮓﮔﮕﮖ
ﮗ
5. Оё мепиндорад, бо он чӣ аз мол ҷамъ намуд, ки касе бар ӯ тавоно нагардад?
Verse 6
ﮘﮙﮚﮛ
ﮜ
6. Фахр карда мегӯяд: «Моли фаровонеро харҷ кардам!»
Verse 7
ﮝﮞﮟﮠﮡ
ﮢ
7. Оё мепиндорад, ки касе ӯро надидааст?
Verse 8
ﮣﮤﮥﮦ
ﮧ
8. Оё барои ӯ ду чашм наёфаридаем?
Verse 9
ﮨﮩ
ﮪ
9. Ва забону ду лабро наёфаридаем?
Verse 10
ﮫﮬ
ﮭ
10. Ва оё барои вай роҳи неку бадро баён накардаем?
Verse 11
ﮮﮯﮰ
ﮱ
11. Пас ин шахси худсито ҳоло ба гузаргоҳи душвор дарнаёмадааст?
Verse 12
ﯓﯔﯕﯖ
ﯗ
12. Ва ту чӣ донӣ, ки гузаргоҳи сахт чист ва ба гузаштани он чӣ мадад мерасонад?
Verse 13
ﯘﯙ
ﯚ
13. Озод кардани ғуломи мӯъмин аст,
Verse 14
ﯛﯜﯝﯞﯟﯠ
ﯡ
14. ё таъом додан дар рӯзи гуруснагӣ,
Verse 15
ﯢﯣﯤ
ﯥ
15. ба ятиме, ки хешованд бошад, ки ҳам садақа мешавад ва силаи раҳм ба ҷо меояд,
Verse 16
ﯦﯧﯨﯩ
ﯪ
16. ё ба мискини хокнишине, (яъне, бенавое, ки ҳеҷ чиз надорад).
Verse 17
17. Баъд, аз он бошад, аз гурӯҳи онҳое, ки имон овардаанд ба Аллоҳу Паёмбар ва васият карданд якдигарро ба сабр намудан бар тоъати Аллоҳ ва сабр аз нофармониҳои
Ӯ ва тавсия намуданд якдигарро ба шафқату меҳрубонӣ ба бандагони Аллоҳ.
Ӯ ва тавсия намуданд якдигарро ба шафқату меҳрубонӣ ба бандагони Аллоҳ.
Verse 18
ﯵﯶﯷ
ﯸ
18. Онон, ки чунин афъолро иҷро намуданд, инҳо аҳли саъодатанд.
Verse 19
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖ
ﭗ
19. Ва касоне, ки ба оёти Мо кофир шуданд, инҳо бадбахтонанд.
Verse 20
ﭘﭙﭚ
ﭛ
20. Насиби онҳост оташе, ки аз ҳар сӯ сараш пӯшидааст.
تقدم القراءة