Тарҷумаи сураи ТОРИҚ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية
Verse 1
ﭑﭒ
ﭓ
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад ба осмон ва ситорае, ки шабонагоҳ пайдо мешавад.
Verse 2
ﭔﭕﭖﭗ
ﭘ
2. Ва ту чӣ донӣ, ки ситорае, ки дар шаб пайдо мешавад, чи ҳаст?
Verse 3
ﭙﭚ
ﭛ
3. Ситораи дурахшоне ҳаст, ки торикии шабро мешикофад.
Verse 4
ﭜﭝﭞﭟﭠﭡ
ﭢ
4. Касе вуҷуд надорад, магар ки бар ӯ фариштае вакил карда шудааст барои навиштани амалҳои ӯ.
Verse 5
ﭣﭤﭥﭦ
ﭧ
5. Пас одамӣ, ки рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз мирониданро инкор мекунад, бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст?
Verse 6
ﭨﭩﭪﭫ
ﭬ
6. Аз оби мании ҷаҳандаи ночиз офарида шудааст,
Verse 7
ﭭﭮﭯﭰﭱ
ﭲ
7. ки аз миёни устухони пушти мард ва устухони синаи зан берун меояд.
Verse 8
ﭳﭴﭵﭶ
ﭷ
8. Бегумон, Аллоҳ ба бозофариниши ӯ тавоност,
Verse 9
ﭸﭹﭺ
ﭻ
9. рӯзе, ки розҳои ниҳон ошкор мешаванд. Ва амали солеҳ аз амали фосид ҷудо мегардад.
Verse 10
ﭼﭽﭾﭿﮀﮁ
ﮂ
10. Онгоҳ ӯро тавоноӣ ва ёваре набошад.
Verse 11
ﮃﮄﮅ
ﮆ
11. Савганд ба осмони бозборанда!
Verse 12
ﮇﮈﮉ
ﮊ
12. Савганд ба замине, ки дар он шикофиҳо ҳаст аз онҳо гиёҳҳо мерӯянд.
Verse 13
ﮋﮌﮍ
ﮎ
13. Бегумон, Қуръон сухани равшан ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст.
Verse 14
ﮏﮐﮑ
ﮒ
14. Ва он ҳазл нест!(1)
____________________
1. Ба ҷуз Аллоҳ барои махлуқ сазовор нест ба ғайри Аллоҳ қасам ёд кунад, зеро, ки ин амали ширк аст.
____________________
1. Ба ҷуз Аллоҳ барои махлуқ сазовор нест ба ғайри Аллоҳ қасам ёд кунад, зеро, ки ин амали ширк аст.
Verse 15
ﮓﮔﮕ
ﮖ
15. Бегумон, ононе ки паёмбар саллалллоҳу алайҳи ва салламро бовар намекунанд ҳилае меандешанд, то Қуръон ва расулро дурӯғ бароранд ва ботили худро таъйид намоянд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\920
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\920
Verse 16
ﮗﮘ
ﮙ
16. Ва Ман низ чорае меандешам, то ҳақро нусрат диҳам, агарчӣ кофиронро нописанд ояд.
Verse 17
ﮚﮛﮜﮝ
ﮞ
17. Пас кофиронро мӯхлат деҳ, андак мӯхлаташон деҳ! Ва дар фуруд омадани азоб ба онҳо шитоб макун!
تقدم القراءة