Тарҷумаи сураи ҚАСАС ба الطاجيكية аз Tajik - Tajik translation
Verse 1
ﮝ
ﮞ
ҚАСАС
То, син, мим.
Verse 2
ﮟﮠﮡﮢ
ﮣ
Ин аст оятҳои ин китоби равшангар.
Verse 3
Барои онҳо, ки имон меоваранд, достони ростини Мӯсо ва Фиръавнро бар ту мехонем.
Verse 4
Фиръавн дар он сарзамин бартарӣ ҷуст ва мардумашро фирқа-фирқа сохт. Фирқаеро хор медошт ва писаронашонро мекушт ва занонашонро зинда мегузошт, ки ӯ аз фасодкорон буд.
Verse 5
Ва Мо бар он ҳастем, ки бар мустазъафони (заъифони) рӯи замин неъмат диҳем ва ононро пешвоён созем ва ворисон гардонем.
Verse 6
Ва онҳоро дар он сарзамин обрӯву қудрат бахшидем ва ба Фиръавну Ҳомон ва лашкариёнашон чизеро, ки аз он метарсиданд, нишон диҳем.
Verse 7
Ва ба модари Мӯсо ваҳй кардем, ки шираш бидеҳ ва агар бар ӯ бимнок шудӣ ӯро ба дарё бияндоз ва матарс ва ғамгин машав, ӯро ба ту бозмегардонем ва дар шумори паёмбаронаш меоварем.
Verse 8
Хонадони Фиръавн ӯро ёфтанд, то душманонашон ва сабаби андӯҳашон гардад, Фиръавн ва Ҳомон ва лашкариёнашон хато мекарданд.
Verse 9
Зани Фиръавн гуфт: «Ин сабаби шодмонии ману туст. Ӯро накушед, шояд ба мо нафъе бирасонад, ё ӯро ба фарзандӣ гирем». Ва намедонистанд, ки чӣ мекунанд.
Verse 10
Дили модари Мӯсо танг шуд. Ва агар дилашро қавӣ накарда будем, то аз мӯъминон бошад, наздик буд, ки он сирро фош созад.
Verse 11
Ва ба хоҳари ӯ гуфт: «Аз паи ӯ бирав». Ва зан бе он ки онҳо фаҳманд, аз дур дар ӯ менигарист.
Verse 12
Пистони ҳамаи доягонро аз пеш бар ӯ ҳаром карда будем. Он зан гуфт: «Оё мехоҳед шуморо ба хонаводае роҳнамоӣ кунам, ки ӯро бароятон нигоҳ доранд ва некхоҳаш бошанд?»
Verse 13
Пас ӯро назди модараш баргардонидем, то чашмони он зан равшан гардад ва ғамгин набошад ва бидонад, ки ваъдаи Худо ҳақ аст, вале бештаринашон намедонанд!
Verse 14
Чун ба ҳадди булуғ расид ва боқувват шуд, ӯро ҳикмату дониш додем ва некӯкоронро чунии мукофот медиҳем.
Verse 15
Бехабар аз мардуми шаҳр ба шаҳр дохил шуд. Ду танро дид, ки бо ҳам ҷанг мекунанд. Ин як аз пайравонаш буд ва он як аз душманонаш. Он кӣ аз пайравонаш буд, бар зидди он дигар, ки аз душманонаш буд, аз ӯ ёрӣ хост. Мӯсо муште бар ӯ зад ва ӯро кушт. Гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ӯ ба ошкоро душмане гумроҳкунанда аст».
Verse 16
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман ба худ ситам кардам. Маро бибахшой». Ва Худояш бибахшид. Зеро бахшояндаву меҳрубон аст!
Verse 17
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба шукри неъмате, ки бар ман ато кардӣ, ҳаргиз пуштибони гунаҳкорон нахоҳам шуд!»
Verse 18
Дигар рӯз дар шаҳр тарсон ва чашм бар роҳи ҳодиса мегардид. Марде, ки дирӯз аз ӯ мадад хоста буд, боз ҳам аз ӯ мадад хост. Мӯсо ба ӯ гуфт: «Ту ба ошкоро гумроҳ ҳастӣ!»
Verse 19
Чун хост мардеро, ки душмани ҳар дуи онҳо буд, бизанад, гуфт: «Эй Мӯсо, оё мехоҳӣ ҳамчунон ки дирӯз якеро куштӣ, маро низ бикушӣ? Ту мехоҳи, ки дар ин сарзамин золиме боши ва намехоҳи, ки аз муслиҳон бошӣ».
Verse 20
Марде аз дурдасти шаҳр давон омаду гуфт: «Эй Мӯсо, сардорони шаҳр дар бораи ту машварат мекунанд то бикушандат. Берун бирав. Ман хайрхоҳи ту ҳастам!»
Verse 21
Тарсону нигарон аз шаҳр берун шуд. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ситамкорон наҷот деҳ!»
Verse 22
Чун ба ҷониби Мадян равон шуд, гуфт: «Шояд Парвардигори ман маро ба роҳи рост раҳбарӣ кунад».
Verse 23
Чун ба оби Мадян расид, гурӯҳе аз мардумро дид, ки чорпоёни худро об медиҳанд ва пушти сарашон ду занро дид, ки гӯсфандони худро бозмеронанд, Гуфт: «Шумо чӣ мекунед?» Гуфтанд: «Мо об намедиҳем, то он гоҳ, ки чӯпонон бозгарданд, ки падари мо пире бузургвор аст».
Verse 24
Гӯсфандонро об дод. Сипас ба соя бозгашту гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман ба он неъмате, ки бароям мефиристӣ, мӯҳтоҷам».
Verse 25
Яке аз он ду зан, ки ба озарм (шарм) роҳ мерафт, назди ӯ омад ва гуфт: «Падарам туро мехонад, то музди об доданатро бидиҳад». Чун назди ӯ омад ва саргузашти худ бигуфт, гуфт: «Матарс, ки ту аз мардуми золим наҷот ёфтаӣ».
Verse 26
Яке аз он ду гуфт: «Эй падар, ӯро мардикор гир, ки агар чунин кунӣ, беҳтарин марди нерӯманди боваринокест, ки мардикор кардаӣ».
Verse 27
Гуфт: «Мехоҳам яке аз ин ду духтарамро зани ту кунам, ба шарти он, ки ҳашт сол мардикори ман бошӣ. Ва агар даҳ солро пурра кунӣ, худ хидматест ва ман намехоҳам, ки туро ба машаққат афканам. Иншооллоҳ, маро аз солеҳон хоҳй ёфт».
Verse 28
Гуфт: «Ин аст паймон миёни ману ту. Ҳар як аз ду муддатро, ки тамом кунам, бар ман ситаме, нахоҳад рафт ва Худо бар он чӣ мегӯем, вакил аст».
Verse 29
Чун Мӯсо муддатро тамом кард ва бо занаш равон шуд, аз сӯи Тур оташе дид. Ба касони худ гуфт: «Ин ҷо истед, Оташе дидам. Шояд аз он хабаре ё пораи оташе биёварам, то гарм шавед».
Verse 30
Чун назди оташ омад, аз канораи рости водӣ дар он сарзамини муборак аз он дарахт садо дода шуд, ки эй Мӯсо, ман Худои якто, Парвардигори ҷаҳониёнам.
Verse 31
Асоятро бипарто! Чун дидаш, ки монанди море меҷунбад, гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. «Эй Мӯсо, пеш ою матарс. Ту дар амон ҳастӣ.
Verse 32
Дасти худ ба гиребон бибар то берун ояд сафед бе ҳеҷ осебе. Ва то аз ваҳшат биёромӣ, дасти худ дар бағал кун. Ин ду аз ҷониби Парвардигорат ҳуҷҷатҳои ту барои Фиръавн ва атрофиёни ӯст, ки онон мардуме нофармонанд».
Verse 33
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, яке аз онҳоро куштаам ва метарсам маро бикушанд.
Verse 34
Ва бародарам Ҳорун ба забон аз ман фасеҳтар аст. Ӯро ба мадади ман бифирист, то маро тасдиқ кунад, ки бими он дорам, ки дурӯғгӯям шуморанд».
Verse 35
Гуфт: «Туро бо бародарат қавидаст хоҳем кард ва бароятон ҳуҷҷате қарор медиҳем. Ба сабаби нишонаҳое, ки шуморо додаем, ба шумо даст нахоҳанд ёфт. Шумо ва пайравонатон ғолиб хоҳед буд».
Verse 36
Чун Мӯсо оёти равшани Моро наздашон овард, гуфтанд; «Ин ҷодуест сохта, мо аз ниёгонамон чунин чизҳое нашунидаем».
Verse 37
Ва Мӯсо гуфт: «Парвардигори ман ба он касе, ки аз ҷониби Ӯ ба ҳидоят омадааст ва оқибати писандида дар он дунё аз они ӯст, огоҳтар аст. Зеро ситамкорон растагор (наҷотёфта) намешаванд!»
Verse 38
Фиръавн гуфт: «Эй ҷамоат, ман барои шумо худое ғайри худ намешиносам. Эй Ҳомон, барои ман оҷур (хишт) бипаз ва тораме (гунбаде) баланд бисоз, шояд худои Мӯсоро бубинам, ки дурӯғгӯяш пиндорам».
Verse 39
Ӯ ва лашкарҳояш ба ноҳақ дар замин саркашӣ карданд ва пиндоштанд, ки ба назди мо бозгардонида намешаванд.
Verse 40
Пас ӯ ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба дарё партофтем. Бингар, ки оқибати кори ситамкорон чӣ гуна буд.
Verse 41
Ва ононро аз он гуна пешвоёне сохтем, ки мардумро ба оташ даъват мекунанд ва дар рӯзи қиёмат касе ёриашон накунад.
Verse 42
Дар ин дунё аз паяшон лаънат равона сохтем ва дар рӯзи қиёмат аз зиштрӯёнанд.
Verse 43
Пас аз он, ки мардуми рӯзгори пешинро ҳалок сохтем, ба Мӯсо китоб додем, то мардумро ибрату ҳидоят ва раҳмат бошад. Шояд панд гиранд.
Verse 44
Он гоҳ ки ба Мӯсо фармони амри пайғамбариро ваҳй кардем, ту на дар ҷониби ғарбии Тур будӣ ва на аз ҳозирон.
Verse 45
Вале Мо аз он пас наслҳоеро биёфаридем, ки умрашон ба дароз кашид. Ва ту дар миёни мардуми Мадян муқим набудӣ, ки оёти Моро бар онҳо бихонӣ. Вале Мо будем, ки паёмбароне мефиристодем.
Verse 46
Ту дар канори Тур набудӣ, он гоҳ ки Мӯсоро нидо кардем. Вале ин раҳматест аз ҷониби Парвардигорат то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштанд, бим диҳй. Бошад, ки пандпазир шаванд.
Verse 47
То чун ба сабаби амалҳое, ки кардаанд, мусибате ба онҳо расад, нагӯянд: «Эй Парвардигори мо, чаро паёмбаре бар мо нафиристодӣ, то аз оёти Ту пайравӣ кунем ва аз мӯъминон бошем?»
Verse 48
Чун паёмбари ростгӯй аз ҷониби Мо бар онон фиристода шуд, гуфтанд: «Чаро он чӣ ба Мӯсо дода шуда, ба ӯ дода нашуда?» Оё инҳо пеш аз ин ба он чӣ ба Мӯсо дода шуда буд, кофир нашуда буданд? Ва гуфтанд, ки ин ҳар ду, ду ҷодуст монанди ҳам ва мо ба ҳеҷ як имон намеоварем.
Verse 49
Бигӯ: «Агар рост мегӯед, аз ҷониби Худованд китобе биёваред, ки аз ин ду беҳтар роҳ бинамояд, то ман ҳам аз он пайравӣ кунам!»
Verse 50
Пас агар иҷобатат накарданд, бидон, ки аз паи ҳавои нафси худ мераванд ва кист гумроҳтар аз он кас, ки бе он, ки роҳнамоӣ аз Худо хоҳад, аз паи ҳавои нафси худ равад? Зеро Худо мардуми золимро ҳидоят намекунад.
Verse 51
Барояшон сухан дар сухан пайвастем, бошад, ки пандпазир гарданд.
Verse 52
Касоне, ки пеш аз ин китоб китобашон дода будем, ба он имон меоваранд.
Verse 53
Ва чун бар онон тиловат шуд, гуфтанд: «Ба он имон овардем, Ҳаққест аз ҷониби Парвардигори мо ва мо пеш аз он таслим будаем».
Verse 54
Инон ба сабаби сабре, ки кардаанд, ду бор подош дода шаванд. Инон бадиро ба некӣ дур мекунанд ва низ аз он чӣ рӯзияшон додаем, садақа мекунанд.
Verse 55
Ва чун сухани беҳудае бишнаванд, аз он рӯйгардонӣ кунанд ва гӯянд: «Кирдорҳои мо аз они мо ва кирдорҳои шумо аз они шумо. Ба саломат бимонед. Мо хостори ҷоҳилон нестем!»
Verse 56
Ту ҳар касро, ки бихоҳӣ, ҳидоят намекунӣ. Худост, ки ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯ ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад.
Verse 57
Гуфтанд: «Агар аз дини ту пайравӣ кунем, моро аз сарзаминамон бармекананд». Оё онҳоро дар ҳараме амн ҷой на додаем, ки ҳама гуна меваҳо дар он фароҳам мешавад ва ин ризқест аз ҷониби Мо? Вале бештаринашон намедонанд.
Verse 58
Чӣ басо мардуми деҳаеро ҳалок сохтем, ки аз зиндагии худ дучори сармастӣ шуда буданд ва ин хонаҳои онҳост, ки баъд аз онҳо андак замоне кас дар онҳо сукно (маскан) гирифт ва Мо вориси онҳо будем.
Verse 59
Парвардигори ту мардуми деҳаҳоро ҳалок накард, то он гоҳ, ки аз худашон паёмбаре бар онҳо фиристод ва ӯ оёти Моро бар онҳо бихонд. Ва мо деҳаҳоро нобуд кардаем, ба сабаби он, ки мардумаш ситамкор будаанд.
Verse 60
Чизҳое, ки ба шумо дода шудааст, матоъест ва ороиши ин зиндагии дунявист. Ҳол он ки он чӣ назди Худост, беҳтару монданитар аст. Чаро ақлатонро кор намефармоед?
Verse 61
Оё он кас, ки ӯро ваъдаҳои нек додаем ва он ваъдаҳоро хоҳад дид, монанди касест, ки ӯро аз матоъи инҷаҳонӣ баҳраманд кардаем ва дар рӯзи қиёмат ҳам аз ҳозир карда шудагон аст?
Verse 62
Ва рӯзе, ки ононро нидо медиҳад ва мегӯяд: «Шариконеро, ки барои Ман мепиндоштаед, куҷоянд?»
Verse 63
Онон, ки ҳукм дар бораашон таҳқиқ шуда мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо касоне, ҳастанд, ки мо гумроҳашон кардем. Аз он рӯ гумроҳашон кардем, ки худ гумроҳ будем. Аз онҳо безорӣ меҷӯем ва ба ту мегаравем. Инҳо моро намепарастидаанд».
Verse 64
Ва гуфта шавад: «Акнун бутонатонро фарёд кунед». Фарёд мекунанд, вале ба онҳо ҷавоб намедиҳанд. Ва чун, азобро бубинанд, орзу кунанд, ки кош аз ҳидоятёфтагон мебуданд.
Verse 65
ﮢﮣﮤﮥﮦﮧ
ﮨ
Ва рӯзе, ки Худо нидояшон кунад ва гӯяд: «Паёмбаронро чӣ гуна қабул кардед?»
Verse 66
Дар ин рӯз хабарҳо бар онон пӯшида шавад ва аз якдигар низ натавонанд пурсид.
Verse 67
Аммо он кас, ки тавба карда ва имон оварда ва амали солеҳ ба ҷой оварда, шояд, ки аз наҷотёфтагон бошад.
Verse 68
Парвардигори ту ҳар чиро, ки бихоҳад, меофаринад ва меихтиёрад. Вале онҳоро тавони ихтиёр нест. Пок аст Худо ва аз ҳар чӣ барояш шарик месозанд ва бартар аст.
Verse 69
Ва Парвардигори ту ҳар чиро, ки дар дил пинҳон доштаанд, ё ошкор кардаанд, медонад.
Verse 70
Ӯст Худои якто. Ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Сано (шукр) хоси Ӯст, чӣ дар ин ҷаҳон ва чӣ дар ҷаҳони дигар. Ва фармон фармони Ӯст. Ва ҳамагон ба Ӯ бозгардонда мешавед.
Verse 71
Бигӯ: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Оллоҳ шабатонро то рӯзи қиёмат тӯлонӣ созад? Ғайри Ӯ кадом худост, ки шуморо равшанӣ медиҳад? Магар намешунавед?»
Verse 72
Бигӯ: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Оллоҳ рӯзатонро то рӯзи қиёмат тулонӣ созад? Ғайри Ӯ кадом худост, ки шуморо шаб медиҳад, ки дар он биёсоед? Магар намебинед?
Verse 73
Ва аз раҳмати Ӯ он кӣ барои шумо шабу рӯзро падид овард, то дар он як биёсоед ва дар ин як ба талаби рӯзи бархезед, бошад, ки шукр гӯед».
Verse 74
Ва рӯзе, ки Худо нидояшон кунад ва гӯяд: «Шариконе, ки барои Ман тасаввур мекардед, куҷоянд?
Verse 75
Ва аз ҳар миллате шоҳиде биёварем ва гӯем: «Далели худ биёваред. Он гоҳ бидонанд, ки ҳақ аз они Оллоҳ аст ва он бутон, ки ба дурӯғ худо мехонданд нобуд шаванд».
Verse 76
Қорун аз қавми Мӯсо буд, ки бар онҳо афзунӣ ҷуст. Ва ба ӯ чунон ганҷҳое додем, ки бардоштани калидҳояш бар гурӯҳе аз мардуми нерӯманд душвор менамуд. Он гоҳ, ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Сармаст мабош, зеро Худо сармастонро дӯст надорад.
Verse 77
Дар он чи Худоят ато кардааст, ҷаҳони охиратро биҷӯй ва насиби худро аз дунё фаромӯш макун. Ва ҳамчунон ки Худо ба ту некӣ карда, некӣ кун ва дар замин аз паи фасод марав, ки Худо фасодкунандагонро дуст надорад!»
Verse 78
Гуфт: «Он чӣ ба ман дода шуда, ба сабаби дониши ман будааст». Оё надонистааст, ки Худо пеш аз ӯ наслҳоеро ҳалок карда, ки қувваташон аз ӯ афзунтар ва шуморашон бештар будааст? Ва ин гунаҳкоронро аз гуноҳашон намепурсанд.
Verse 79
Ороста ба зеварҳои худ ба миёни мардумаш омад. Онон, ки хостори зиндагии дунявӣ буданд, гуфтанд: «Эй кош, он чӣ ба Қорун дода шуда, моро низ мебуд, ки ӯ соҳиби насиби бузург аст».
Verse 80
Аммо донишёфтагон гуфтанд: «Вой бар шумо. Барои онҳо, ки имон меоваранд ва корҳои шоиста мекунанд, савоби Худо беҳтар аст. Ва ба ин савоб собирон расанд».
Verse 81
Пас ӯ ва хонаашро дар замин фурӯ бурдем ва дар баробари Худо ҳеҷ гурӯҳе надошт, ки ёриаш кунад ва худ ёрӣ кардани худро наметавонист.
Verse 82
Рӯзи дигар он касон, ки дирӯз орзӯ мекарданд, ки ба ҷои ӯ мебуданд, мегуфтанд: «Аҷабо, ки Худо рӯзии ҳар касро, ки хоҳад фаровон кунад ё танг созад. Агар Худо ба мо низ неъмати фаровон дода буд, моро низ дар замин фурӯ мебурд. Намебинӣ, ки кофирон наҷот намеёбанд?»
Verse 83
Ин ҷаҳони охиратро аз они касоне сохтаем, ки дар ин ҷаҳон на хоҳони такаббурӣ ҳастанд ва на хоҳони фасод. Ва саранҷоми нек аз они парҳезгорон аст.
Verse 84
Ҳар кас, ки кори неке ба ҷой орад, беҳтар аз он музд ёбад ва ҳар ки гуноҳе кунад, пас онҳо, ки гуноҳ кардаанд, ба андозаи амалашон ҷазо дода шаванд.
Verse 85
Он кас, ки Қуръонро бар ту фарз кардааст, туро ба ваъдагоҳат бозмегардонад. Бигӯ: «Парвардигори ман беҳтар медонад, ки чӣ касе бар роҳи рост аст ва чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст».
Verse 86
Агар раҳмати Парвардигорат набуд, умеди онро надоштӣ, ки ин китоб бар ту дода шавад. Пас набояд пуштибони кофирон бошӣ!
Verse 87
Пас аз он, ки оятҳои Худо бар ту нозил шуд, туро аз он бероҳ накунанд. Мардумро ба сӯи Парвардигорат бихон ва аз мушрикон мабош.
Verse 88
Бо Худои якто худои дигареро махон. Ҳеҷ худое ғайрн Ӯ нест. Ҳар чизе нобуд шуданӣ аст ғайри зоти Ӯ. Фармон, фармони Ӯст ва ҳама ба назди ӯ бозгардонида шавед!
تقدم القراءة