Тарҷумаи сураи РУМ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية - عارفي
Verse 1
ﮫ
ﮬ
Алиф, лом, мим
Verse 2
ﮭﮮ
ﮯ
Румиён [дар ҷанг бо Форс] шикаст хӯрданд
Verse 3
Дар наздиктарин сарзамин [марзи Шом бо Форс] ва онон пас аз шикасташон [дар набарди дигаре] пирӯз хоҳанд шуд
Verse 4
Дар чанд соли [оянда]. Чи қабл ва чи баъд ин [пирӯзӣ сарриштаи] кор дар ихтиёри Аллоҳ таоло аст ва дар он рӯз муъминон шодмон мегарданд
Verse 5
[Ин шодӣ] ба хотири ёрӣ расонидани Аллоҳ таоло [ба аҳли китоб] аст ва Ӯ ҳар киро бихоҳад, ёрӣ мекунад ва Ӯ шикастнопазири меҳрубон аст
Verse 6
[Ин пирӯзӣ] Ваъдаи Аллоҳ таоло аст [ва] Аллоҳ таоло ҳаргиз аз ваъдаи худ тахаллуф намекунад, вале бештари мардум намедонанд
Verse 7
Онон фақат зоҳире аз зиндагии дунёро медонанд ва аз охират ғофиланд
Verse 8
Оё бо худ намеандешанд, ки Аллоҳ таоло осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ ва барои муддати муайяне наофаридааст? Бе тардид, бисёре аз мардум ба дидори Парвардигорашон [дар қиёматро] бовар надоранд
Verse 9
Оё [мушрикон] дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Онҳо бисёр нерумандтар аз инон буданд ва заминро [барои кишоварзӣ ва ободкорӣ] беш аз инон дигаргун сохтанд ва обод карданд ва паёмбаронашон бо далоили равшан ба суроғашон омаданд [аммо онон инкор карданд ва нобуд шуданд]. Аллоҳ таоло ҳаргиз бар он набуд, ки ба эшон ситам кунад, балки онон худ ба хештан ситам мекарданд
Verse 10
Он гоҳ саранҷоми касоне, ки бадӣ карда буданд, бисёр бадтар шуд, чаро ки оёти Аллоҳро дурӯғ меангоштанд ва онҳоро ба тамасхур мегирифтанд
Verse 11
Аллоҳ таоло офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад, он гоҳ [дар қиёмат ҳамагӣ] ба сӯяш бозгардонда мешавед
Verse 12
ﯝﯞﯟﯠﯡ
ﯢ
Рӯзе, ки қиёмат барпо гардад, гунаҳгорон [аз раҳмати илоҳӣ] ноумед мешаванд
Verse 13
[Дар он рӯз] Мушрикон аз байни маъбудони худ [ки мепарастиданд] ҳеҷ шафоатгаре нахоҳанд дошт ва нисбат ба маъбудонашон [ки онҳоро ҳамтои Аллоҳ таоло қарор дода буданд] куфр меварзанд
Verse 14
ﯭﯮﯯﯰﯱ
ﯲ
Рӯзе, ки қиёмат барпо гардад, [мардум бар асоси корҳояшон] аз якдигар ҷудо мешаванд
Verse 15
Аммо касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, дар бӯстоне [аз биҳишт] шодмон мегарданд
Verse 16
Ва аммо онон, ки куфр варзиданд ва оёти Мо ва дидорамон дар охиратро дурӯғ ангоштанд, инон эҳзоршудагон дар азобанд
Verse 17
ﭝﭞﭟﭠﭡﭢ
ﭣ
Пас, Аллоҳро ба покӣ ситоиш кунед, он гоҳ ки ба шаб дармеоед ва он дам, ки ба субҳ мерасед
Verse 18
ва асргоҳон ва ҳангоме ки ба нимрӯз мерасед ва ҳамду ситоиш дар осмонҳо ва замин аз они Ӯст
Verse 19
Ӯ [мавҷуди] зиндаро аз [моддаи] беҷон [нутфа] падид меоварад ва [моддаи] беҷонро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад ва заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – зинда месозад ва [шумо низ рӯзи қиёмат] инчунин барангехта мешавед
Verse 20
Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки шуморо аз хок офарид, сипас инсонҳое шудед [ки таваллуди мисл кардед ва дар замин] пароканда гаштед
Verse 21
Ва дар нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то дар канорашон ором гиред ва миёнатон муҳаббату меҳрубонӣ падид овард. Бе гумон, дар ин [неъмат] барои хирадварзон нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
Verse 22
Ва аз нишонаҳои Ӯ офариниши осмонҳо ва замин ва ихтилофи забонҳо ва рангҳои шумост. Бе тардид, дар ин [умур] барои донишварон нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
Verse 23
Ва аз нишонаҳои Ӯ хоби шумо дар шаб ва рӯз ва талошатон барои баҳрагирӣ аз бахшиши Парвардигор [ва таъмини маош] аст. Бе гумон, дар ин умур барои онон, ки гӯши шунаво доранд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
Verse 24
Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки соиқаро барои биму умед нишонатон медиҳад ва аз осмон обе мефиристад ва заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – бо он зинда месозад. Бе гумон, дар ин умур барои онон, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
Verse 25
Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки осмонҳо ва замин ба фармонаш барпост ва [рӯзи қиёмат] ҳангоме ки бо нидое шуморо аз замин фаро мехонад, ногаҳон [ҳамагӣ аз гӯрҳо] берун меоед
Verse 26
Ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ таоло аст ва ҳамагӣ [таслиму] фармонбари Ӯ ҳастанд
Verse 27
Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад ва ин кор барояш осонтар [аз офариниши нахустин] аст ва бартарин васф дар осмонҳо ва замин барои Ӯст ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
Verse 28
[Эй мушрикон] Аллоҳ таоло барои шумо аз худатон мисоле меоварад: «Оё аз бардагонатон касе ҳаст, ки дар амволе ба шумо додаем, шарикатон бошад, чунон ки ҳар ду [дар бархӯрдорӣ аз он амвол] яксон бошед ва ҳамон тавр ки [ба хотири тасарруфи мол] аз якдигар бим доред, аз онон низ бим дошта бошед? [Ҳол ки чунин нест, пас, чаро бандагон ва махлуқоти Аллоҳро бо Ӯ шарик медонед]? Мо оятамонро барои касоне, ки меандешанд, ин чунин ба равшани баён мекунем
Verse 29
[Далели ширк камбуди далоили тавҳидӣ нест] Балки ситамгорон бидуни илму огоҳӣ аз ҳавою ҳаваси худ пайравӣ мекунанд, пас онро, ки Аллоҳ таоло гумроҳ кардааст, чи касе ҳидоят мекунад? Ва онон [дар баробари азоби илоҳӣ] ҳеҷ ёваре нахоҳанд дошт
Verse 30
Пас, [эй паёмбар,] ҳақгароёна ва холисона ба ин дин рӯ овар. [Ин оини пок] Ислом аст, ки Аллоҳ таоло фитрати мардумро бар асоси он сиришта аст. Ҳеҷ тағйире дар офариниши Аллоҳ таоло нест. Ин аст [роҳи рост ва] дини устувор, вале бештари мардум [ҳақиқатро] намедонанд
Verse 31
[Эй муъминон, ба даргоҳи Парвардигор тавба кунед ва] Ба сӯи Ӯ бозгардед ва аз Ӯ парво кунед ва намоз барпо доред ва аз мушрикон набошед
Verse 32
Аз касоне [набошед], ки дар динашон тафриқа эҷод карданд ва даста-даста шуданд ва ҳар гурӯҳе ба он чи назди хеш доранд хушнуданд
Verse 33
Ҳангоме ки ба мардум [ранҷу] зиёне бирасад, зорикунон Парвардигорашонро мехонанд, сипас чун [Аллоҳ таоло] раҳмате аз ҷониби хеш ба онон бичашонад [ва гиреҳ аз корашон бикшояд], он гоҳ гурӯҳе аз онон ба Парвардигорашон ширк меоваранд
Verse 34
То ба он чи ки ба онон додаем, носипосӣ кунанд. Пас, [аз лаззатҳои дунявӣ] баҳра бигиред, ки ба зудӣ [натиҷаи кирдоратонро] хоҳед донист
Verse 35
Оё [дар китобҳои осмонӣ] далели муҳкаме бар онон нозил кардаем, ки аз [дурустии] он чи ба Ӯ [Аллоҳ таоло] ширк варзиданд, сухан мегӯяд [ва ин корро таъйид мекунад]?
Verse 36
Вақте раҳмате ба мардум бичашонем, аз он хушнуд мегарданд ва агар ба сазои корҳое, ки мекарданд, ранҷу мусибате ба эшон бирасад, [аз раҳмати илоҳӣ] ноумед мешаванд
Verse 37
Оё надиданд, ки Аллоҳ таоло [неъмату] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад густурда медорад ва [ё] танг мегирад? Бе гумон, дар ин [кушоишу сахтӣ] барои муъминон нишонаҳое [аз лутфу раҳмати Парвардигор] аст
Verse 38
Пас, ҳаққи [силаи раҳими] хешованд ва [садақа ва закоти] мустаманду дармондаро адо кун. Ин [кор] барои касоне, ки [хушнудии] Аллоҳро металабанд, беҳтар аст ва ононанд, ки растагоранд
Verse 39
Он чи аз амвол [-и худ, ки ба қасд]-и рибо ба мардум медиҳед, то [бо пас гирифтани он ба мизони бештаре бар амволатон] афзун гардад, назди Аллоҳ таоло афзоиш намеёбад, ва[-ле] он чи барои хушнудии Аллоҳ таоло [ба унвони] закот мепардозед, [баракату афзоиш меёбад] ва [касоне, ки чунин мекунанд] инонанд, ки подошашон [назди Аллоҳ таоло] чанд баробар мегардад
Verse 40
Аллоҳ таоло аст, ки шуморо офарид ва рӯзӣ дод, он гоҳ шуморо мемиронад ва боз [дар қиёмат] зинда мекунад. Оё дар миёни шариконатон касе ҳаст, ки чизе аз ин [корҳо]-ро анҷом диҳад? Муназзаҳ аст Ӯ ва аз он чи бо Вай шарик месозанд, бартар аст
Verse 41
Ба сабаби гуноҳоне, ки мардум муртакиб шудаанд, фасод [-у табоҳӣ] дар хушкӣ ва дарё ошкор гаштааст, то [Аллоҳ таоло] ҷазои бархе аз аъмолашонро ба эшон бичашонад, бошад, ки [ба сӯйи ҳақ] бозгарданд
Verse 42
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Дар замин гардиш кунед, то бубинед саранҷоми касоне, ки пеш аз шумо буданд, чи гуна будааст. Бештари онон мушрик буданд [ва ба ҳамин сабаб ҳалок шуданд]»
Verse 43
Пас, ба сӯйи дини мустақим [ва пойдор] рӯй овар, пеш аз он ки рӯзе аз ҷониби Аллоҳ таоло фаро расад, ки бозгаште надорад. Дар он рӯз [мардум] пароканда мешаванд [гурӯҳе ба биҳишт мераванд ва гурӯҳе ба дузах]
Verse 44
Ҳар ки куфр биварзад, куфраш ба зиёни [худи] ӯст ва ҳар ки коре шоиста анҷом диҳад, [биҳиштро] барои худ омода месозад
Verse 45
То [Аллоҳ таоло] касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, аз фазли худ подош диҳад. Бе тардид, Ӯ кофиронро дӯст намедорад
Verse 46
Аз нишонаҳои [қудрати] Ӯ ин аст, ки бодҳои башоратбахшро [бо муждаи борон] мефиристад, то аз раҳмати хеш ба шумо бичашонад ва киштиҳо ба фармонаш равон шаванд, то аз бахшиши Ӯ [рӯзӣ] биҷӯед, бошад, ки сипос гузоред
Verse 47
Ва дар ҳақиқат, пеш аз ту [низ]паёмбаронеро ба сӯйи қавмашон фиристодем ва онон ба далоили равшан наздашон омаданд [вале онҳоро дурӯғ ангоштанд]. Сипас аз онон, ки муртакиби гуноҳ шуда буданд, интиқом гирифтем [ва муъминонро наҷот додем] ва ёрӣ додани [муъминон [ҳаққе] бар уҳдаи Мо буд
Verse 48
Аллоҳ таоло аст, ки бодҳоро равон мекунад ва [онҳо низ тудаи] абреро ба ҳаракат дармеоваранд ва [Аллоҳ таоло] онҳоро чунон ки мехоҳад дар [паҳнои] осмон мегустаронад ва ба сурати пораҳое дармеоварад ва боронро мебинӣ, ки аз миёни он [абрҳо] берун меояд ва чун [Парвардигори меҳрубон] ин [борони ҳаётбахш]-ро ба ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад фурӯборад, он гоҳ аст, ки шодмон мешаванд
Verse 49
Ва ҳатман, пеш аз он ки бар эшон биборад. [Оре] Пеш аз он ноумед буданд
Verse 50
Пас, ба осори раҳмати илоҳӣ бингар, ки чи гуна заминро пас аз хушкӣ ва хазонаш зинда мекунад. Ба ростӣ, Ӯст, ки яқинан зиндагибахши мурдагон аст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност
Verse 51
Агар бод [-и сӯзон]-е бифиристем ва он [киштзорҳояшон]-ро зард [-у пажмурда] бубинанд, ҳатман, аз он пас носипосӣ мекунанд
Verse 52
Пас, [эй паёмбар] ту ҳаргиз наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ ва овои даъват [-и ҳақ]-ро ба гӯши карон бирасонӣ, он гоҳ ки онон пушт мекунанд ва рӯй мегардонанд
Verse 53
Ва ту роҳнамои кӯрдилон аз гумроҳияшон нестӣ. Ту танҳо [сухани ҳақро] ба гӯши касоне мерасонӣ, ки ба оёти Мо имон доранд ва [дар баробари фармони Аллоҳ таоло] таслиманд
Verse 54
Аллоҳ таоло аст, ки шуморо аз [оби] беарзише офарид, сипас баъд аз нотавонӣ [даврони хурдсолӣ] нерумандӣ бахшид, он гоҳ пас аз нерумандӣ заъфу куҳансолӣ падид овард. Ӯ ҳар чи бихоҳад, меофаринад ва Ӯ донову тавоност
Verse 55
Ва рӯзе, ки қиёмат барпо гардад, гунаҳгорон савганд ёд мекунанд, ки ҷуз соате [дар гӯр] диранг накардаанд. Онон [дар дунё низ] ин гуна ба инҳироф кашида мешуданд
Verse 56
Ва касоне, ки ба онон дониш ва имон дода шудааст, [ба гунаҳгорон] мегӯянд: «Бе тардид, шумо [бар асоси он чи] дар китоби Аллоҳ таоло [муқаддар будааст], то рӯзи растохез диранг кардаед. Пас, ин рӯзи растохез аст, аммо шумо намедонистед [ва инкораш мекардед]»
Verse 57
Дар он рӯз узрхоҳии касоне, ки ситам кардаанд, суде надорад ва аз онон дархости пузиш намешавад
Verse 58
Ба ростӣ, ки дар ин Қуръон барои мардум аз ҳар гуна масале овардем ва агар нишонае [дар мавриди ростгӯият] барояшон биёварӣ, касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «Шумо ботиландешоне беш нестед»
Verse 59
Аллоҳ таоло бар дилҳои касоне, ки [сухани ҳақро] намефаҳманд, ин гуна муҳр [-и ғафлат] мениҳад
Verse 60
[Эй паёмбар, бар озору такзиби мушрикон] Шикебо бош, [ки] ҳатман, ваъда [-и ёрӣ]-и Аллоҳ таоло ҳақ аст ва мабодо касоне, ки [ба растохез] бовар надоранд, туро аз шикебоӣ боздоранд
تقدم القراءة