Тарҷумаи сураи АҲЗОБ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية - عارفي
Verse 1
Эй паёмбар, аз Аллоҳ таоло парво кун ва аз кофирон ва мунофиқон итоат накун. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора донои ҳаким аст
Verse 2
Ва аз он чи аз ҷониби Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад пайравӣ кун. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора ба он чи мекунед, огоҳ аст
Verse 3
Ва бар Аллоҳ таоло таваккал кун ва ҳамин басанда аст, ки Аллоҳ таоло корсози ту бошад
Verse 4
Аллоҳ таоло даруни ҳеҷ марде ду қалб барояш наниҳодааст ва [ба ҳамин сурат] ҳаргиз ҳамсаронатонро ки мавриди зиҳор [ва таҳрими ҷинсӣ] қарор медиҳед, [ҳамчун] модаронатон нагардондааст; ва [ҳамчунин] писархондаҳоятонро писаронатон насохтааст. Ин сухани [нодуруст] аст, ки бар забон меоваред ва Аллоҳ таоло ҳақро мегӯяд ва Ӯст, ки ба роҳи рост ҳидоят мекунад
Verse 5
Онон [писархондаҳо]-ро ба падаронашон нисбат диҳед, [ки] назди Аллоҳ таоло одилонатар аст. Агар падаронашонро намешиносед, пас, онҳо бародарони динӣ ва бардагони озодшуда [ва дар ҳукми дӯстони] шумо ҳастанд. Дар мавриди он чи [қаблан] иштибоҳ кардаед, гуноҳе бар шумо нест; вале он чи дилҳоятон қасди онро дорад [ва амдан бар забон меоваред, гуноҳ аст; пас, агар тавба кунед] ҳамвора Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Verse 6
Паёмбар [дар тамоми умур] нисбат ба муъминон, аз худашон сазовортар аст [ва назар ва хосташ авлавият дорад] ва ҳамсарони ӯ [аз лиҳози ҳурмати издивоҷ дар ҳукм] модаронашон ҳастанд; ва дар китоби Аллоҳ таоло, хешовандон [дар ирс бурдан аз якдигар] нисбат ба муъмином ва муҳоҷирон авлавият доранд [ва милоки ирс, хешовандӣ аст на имон]; магар ин ки [бихоҳед] ба дӯстонатон некӣ кунед [ва бахше аз амволатонро ба эшон бидиҳед]. Ин [ҳукм] дар он китоб [Лавҳи маҳфуз] навишта шудааст
Verse 7
Ва [эй Паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки аз паёмбарон паймон [яктопарастӣ ва нубувват] гирифтем ва [ба вижа] аз ту ва Нуҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо- писари Марям; ва аз ҳамаи онон паймони маҳкаме [дар бораи таблиғи дин] гирифтем
Verse 8
[Аллоҳ таоло чунин кард] то [бо кофирон итмоми ҳуҷҷат карда бошад ва] аз ростгӯён [паёмбарон] дар бораи ростиашон бипурсад ва барои кофирон азобе дарднок муҳайё кардааст
Verse 9
Эй касоне, ки имон овардаед, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред; он гоҳ ки сипоҳиёне [аз қабоили араб] ба сӯятон омаданд. Пас, Мо тундбоде [сахт] ва лашкаре [аз фариштагон] ки онҳоро намедидед, бар онон фиристодем [ва ба сахти шикасташон додем]; ва ҳамвора Аллоҳ таоло ба он чи мекунед биност
Verse 10
Вақте [дар ғазваи Хандақ] душманон аз боло ва поён [ва аз шарқ ва ғарби шаҳр] ба сӯятон омаданд [ва Мадинаро муҳосира карданд]; он гоҳ ки чашмҳо [ба фаровонии душман] хира гашта ва ҷонҳо [аз шиддат ва ваҳшат] ба гулугоҳ расида буд ва шумо ба Аллоҳ таоло гумонҳо [-и гуногун] мебурдед
Verse 11
ﮖﮗﮘﮙﮚﮛ
ﮜ
Онҷо буд, ки муъминон озмоиш шуданд ва шадидан ба ваҳшат ва изтироб афтоданд
Verse 12
Ва [низ ба ёд оваред] ҳангоме ки мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ [шак ва тардид] буд, мегуфтанд: «Он чи Аллоҳ таоло ва Паёмбараш [дар бораи пирӯзӣ бар кофирон] ваъда додаанд, ҷуз фиребе беш нест»
Verse 13
Ва [низ] ҳангоме ки гурӯҳе аз онон гуфтанд: «Эй аҳли Ясриб, инҷо ҷойи мондани шумо нест; пас, [ба хонаҳоятон] бозгардед»; ва бархе аз онон аз Паёмбар иҷозати [бозгашт] мехостанд ва мегуфтанд: «Хонаҳои мо бе ҳифзкунанда аст»; дар ҳоле ки бе ҳифзкунанда набуд. Онон чизе ҷуз фирор [аз ҷиҳод] намехостанд
Verse 14
Агар [лашкари душманон] аз атрофи он [шаҳр] бар онон ворид мешуданд [ва хонаҳояшонро муҳосира мекарданд] ва аз онон хоста мешуд, ба куфр ва ширк бозгарданд, ҳатман чунин [тааҳҳуде ба душман] доданд ва ҷуз теъдоде андак [дар баробари ин дархост] муқовимат намекарданд
Verse 15
Ва пеш аз ин [вақте ҳамин мунофиқон дар ҷанги Уҳуд аз муқобили кофирон гурехтанд] бо Аллоҳ таоло паймон бастанд, ки [ҳаргиз ба душман] пушт накунанд [ва аз майдон нагурезанд]; ва ҳамвора паймони илоҳӣ бозхост дорад
Verse 16
[Эй Паёмбар, ба мунофиқон] бигӯ: « Агар аз марг ё кушта шудан фирор кунед, ҳаргиз суде ба ҳолатон надорад; ва дар он сурат низ [аз зиндагии дунё] ҷуз андаке баҳраманд намешавед»
Verse 17
Бигӯ: «Агар Аллоҳ таоло бароятон мусибат ё раҳмате хоста бошад, кист, ки шуморо дар баробари [иҷрои фармони] Ӯ ҳифз кунад?» ва онон барои хеш ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ корсоз ва ёригаре намеёбанд
Verse 18
Аллоҳ таоло касонеро аз шумо, ки боздоранда [-и мардум аз ҷиҳод] ҳастанд ва ба бародаронашон мегӯянд: «Ба мо бипайвандед» ба хубӣ мешиносад. [Онон сустбоваранд] ва ҷуз андаке ба майдони ҷанг намеоянд
Verse 19
[Мунофиқон дар ҳама чиз] бар шумо бухл меварзанд; ва ҳангоме ки бим [ҷанг пеш] меояд, дар ҳоле ки чашмҳояшон [аз ваҳшат дар косахона] мечархад, ҳамчун касе, ки аз [сахтии] марг беҳуш шуда бошад, туро нигоҳ мекунанд; ва чун [буҳрон ва] тарс бартараф шуд, ба хотири ҳирс ва тамаъе, ки ба ғаноим доранд, бо забонҳои тунд ва нешдор шуморо меранҷонанд. Онон [ҳаргиз] имон наёвардаанд; пас, Аллоҳ таоло аъмолашонро табоҳ мегардонад ва ин [кор] ҳамвора бар Аллоҳ таоло осон аст
Verse 20
[Мунофиқон] мепиндоранд [ки лашкариён] аҳзоб [ҳануз аз атрофи Мадина] нарафтаанд; ва агар аҳзоб бозгарданд, [ин сустбоварон] орзу мекунанд, ки миёни бодиянишинон [пинҳон] бошанд [ва аз ҳамон ҷо] ахбори [даргирии] шуморо ҷӯё шаванд; ва [ҳатто] агар байни [сипоҳи] шумо буданд, ҷуз андаке намеҷангиданд
Verse 21
Бе тардид, дар [ рафтор ва гуфтори] Расулуллоҳ, барои шумо сармашқи некуе аст; барои ҳар ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират умед дорад ва Аллоҳро бисёр ёд мекунад
Verse 22
Ва чун муъминон [лашкари] аҳзобро диданд, гуфтанд: «Ин [имтиҳони илоҳӣ ва пирӯзии ниҳоияш] ҳамон чизе аст, ки Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ба мо ваъда додаанд ва [бар ҳақ ] Аллоҳ таоло ва Паёмбараш рост гуфтанд» ва [мушоҳидаи анбӯҳи душман] ҷуз бар имон ва таслимашон [дар муқобили Парвардигор] наяфзуд
Verse 23
Аз миёни муъминон мардоне ҳастанд ба аҳд ва паймоне, ки бо Аллоҳ таоло баста буданд, [содиқона] вафо карданд; бархе аз онон то охир бар аҳд ва паймони худ истоданд [ ва дар ин роҳ даргузаштанд ё шаҳид шуданд] ва бархе дигар ҳануз чашминтизор [шаҳодат] ҳастанд ва ҳаргиз [паймони худро] дигаргун насохтаанд
Verse 24
[Ин рӯйдодҳо пеш меояд] то Аллоҳ таоло ростгӯёнро ба [поси поймардӣ ва] ростгӯияшон подош диҳад ва мунофиқонро – агар бихоҳад – азоб кунад ё тавбаашонро бипазирад. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Verse 25
Ва Аллоҳ таоло [сипоҳи ] касонеро, ки куфр варзида буданд бо [тамоми нокомӣ ва] хашмашон [аз ин ки] ба ҳеҷ ғанимате даст наёфта буданд, [аз атрофи Мадина] бозгардонд ва [пуштибонии] Аллоҳ таоло дар ҷанг, муъминонро кифоят кард; ва Аллоҳ таоло ҳамвора тавонову шикастнопазир аст
Verse 26
[Аллоҳ таоло] Гурӯҳе аз аҳли китоб [яҳудиёни Бани Қурайза]- ро, ки аз онон [мушрикон] пуштибонӣ карда буданд, аз қалъаҳояшон ба зер кашид ва дар дилҳояшон ваҳшат андохт; [чунон ки шумо] гурӯҳе [аз онон] –ро мекуштед ва гурӯҳеро ба асорат мегирифтед
Verse 27
Ва заминҳои кишоварзӣ ва хонаҳо ва амволашон ва [ҳамчунин] сарзаминеро, ки ҳаргиз по ба он ҷо нагузошта будед [Хайбар], дар ихтиёратон ниҳод; ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност
Verse 28
Эй Паёмбар, ба ҳамсаронат [ки нафақаи бештаре мехоҳанд] бигӯ: « Агар зиндагии дунё ва зинатҳояшро мехоҳед, биёед, то шуморо [бо ҳадяи муносиб] баҳраманд созам ва [бидуни ҳеҷ озоре] ба шоистагӣ раҳоятон кунам
Verse 29
Ва агар муштоқи Аллоҳ таоло ва паёмбараш ва сарои охират ҳастед, пас, [бидонед, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло барои некукоронатон подоши бузурге фароҳам кардаааст»
Verse 30
Эй занони Паёмбар, ҳар яке аз шумо, ки [гуноҳи] ношоисти ошкоре муртакиб шавад, азобаш дучандон мегардад; ва ин [кор] ҳамвора барои Аллоҳ таоло осон аст
Verse 31
Ва ҳар яке аз шумо, ки пайваста фармонбардори Аллоҳ таоло ва Паёмбараш бошад ва коре шоиста кунад, подошашро ду баробар медиҳем ва барояш [дар биҳишт] рӯзии арзишманде фароҳам овардаем
Verse 32
Эй занони Паёмбар, агар парҳезкорӣ кунед, [дар бартарӣ ва шарофат] монанди ҳеҷ як аз занони [одӣ] нахоҳед буд; пас, ҳангоми сухан гуфтан [бо мардон] ноз ва нармиш ба кор набаред, то [мабодо] он ки дар дилаш беморӣ аст, [дар шумо] тамаъ кунад ва ба шеваи шоиста сухан бигӯед
Verse 33
Ва дар хонаҳоятон бимонед ва ҳамчун ҷилвагари [-и занон дар даврони] ҷоҳилияти пешин, ҷилвагарӣ [ва худнамоӣ] накунед ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунед. Эй аҳли хона [паёмбар], ҷуз ин нест Аллоҳ таоло мехоҳад палидӣ [ва озори бегонагон]-ро аз шумо дур намояд ва комилан покатон гардонад
Verse 34
Ва ҳар он чиро, ки аз оёти илоҳӣ ва суннати Паёмбар дар хонаҳоятон хонда мешавад, ба ёд дошта бошед. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора борикбини огоҳ аст
Verse 35
Аллоҳ таоло барои мардони мусулмон ва занони мусулмон ва мардони муъмин ва занони муъмин ва мардони фармонбардор ва занони фармонбардор ва мардони ростгӯ ва занони ростгӯ ва мардони шикебо ва занони шикебо ва мардони фурӯтан ва занони фурӯтан ва мардони инфоқгар ва занони инфоқгар ва мардони рӯзадор ва занони рӯзадор ва мардони покдоман ва занони покдоман ва мардон ва заноне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд, барои [ҳамаи] онон омурзиш ва подоши бузург фароҳам намудааст
Verse 36
Барои ҳеҷ мард ва зани муъмине шоиста нест, ки вақте Аллоҳ таоло ва расулаш ба коре фармон медиҳанд [дар иҷрои он фармон] ихтиёре дошта бошанд;ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва расулаш нофармонӣ кунад, ҳаққо, ки дар гумроҳии ошкоре гирифтор шудааст
[Ба ёд овар] Вақте ба [Зайд ибни Ҳориса]-касе, ки Аллоҳ таоло ба ӯ неъмат [Ислом] дода буд ва ту неъмат [озодӣ] бахшида будӣ- [ба насиҳат] мегуфтӣ: «Ҳамсаратро барои худ нигаҳ дор ва аз Аллоҳ таоло парво кун» ва дар дили хеш [дар мавриди издивоҷ бо Зайнаб пас аз талоқаш] пинҳон медоштӣ, ки Аллоҳ таоло ошкоркунандаи он буд ва [чун ин издивоҷ бо суннатҳои ҷоҳилӣ мухолиф буд] аз [сарзаниши] мардум метарсидӣ; ҳол он ки Аллоҳ таоло сазовортар аст, ки аз Ӯ битарсӣ. Пас, ҳангоме ки Зайд ниёзашро аз вай ба поён бурд [ва талоқаш дод], ӯро ба издивоҷи ту даровардем, то барои муъминон дар мавриди издивоҷ бо ҳамсарони писархондаҳояшон, ки аз онон ком гирифтаанд [ва талоқашон додаанд], ҳеҷ гуноҳе набошад; ва фармони Аллоҳ таоло ҳамвора анҷомпазир аст
Verse 38
Бар Паёмбар, дар мавриди он чи Аллоҳ таоло барояш муқаррар [ва ҳалол] доштааст, ҳеҷ гуна гуноҳе вуҷуд надорад. [Ин кор] Суннати илоҳӣ аст [ва] дар бораи касоне [паёмбароне], ки пеш аз ин будаанд [низ сидқ мекунад]; ва фармони Аллоҳ таоло ҳамвора дақиқ ва ҳисобшуда аст
Verse 39
[ҳамон] касоне, ки паёмҳои Аллоҳро [ба мардум] мерасонанд ва танҳо аз Ӯ метарсанд ва аз ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ таоло тарсе надоранд; ва Аллоҳ таоло барои ҳисобрасии [корҳои бандагонаш] кофӣ аст
Verse 40
Муҳаммад ҳаргиз падари ҳеҷ яки аз мардони шумо [аз ҷумла Зайд] нест; балки расули Аллоҳ таоло ва хотами паёмбарон аст; ва Аллоҳ таоло ҳамвора ба ҳар чизе доност
Verse 41
Эй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳро бисёр ёд кунед
Verse 42
ﰂﰃﰄ
ﰅ
Ва бомдод ва шомгоҳ Ӯро ба покӣ биситоед
Verse 43
Ӯст, ки бар шумо дуруд [ва раҳмат] мефиристад ва фариштагонаш [низ дуоятон мекунанд], то шуморо аз торикиҳо ба сӯйи нур берун оварад ва [Аллоҳ таоло] ҳамвора нисбат ба муъминон меҳрубон аст
Verse 44
Рӯзе, ки бо Ӯ дидор мекунанд, дурудашон «Салом» аст ва [Аллоҳ таоло] бар эшон подоше арҷманд фароҳам сохтааст
Verse 45
Эй Паёмбар, Мо туро гувоҳ ва башоратбахш ва бимдиҳанда фиристодаем
Verse 46
ﭣﭤﭥﭦﭧﭨ
ﭩ
Ва [туро] даъватгаре ба сӯйи Аллоҳ таоло ба фармони Ӯ ва чароғи равшанибахш [қарор додем]
Verse 47
Ва ба муъминон башорат бидеҳ, ки аз ҷониби Аллоҳ таоло бахшиши бузурге барояшон [дар пеш] аст
Verse 48
Ва аз кофирон ва мунофиқон итоат накун ва ба озорашон бетаваҷчуҳ бош ва бар Аллоҳ таоло таваккал кун; ва ҳамин басанда аст, ки Аллоҳ таоло [ёвар ва] коргузори ту бошад
Verse 49
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар гоҳ бо занони муъмин издивоҷ кардед, сипас пеш аз онки бо онон ҳамбистар шавед талоқашон додед, аз ҷониби шумо ҳеҷ иддае бар уҳдаи онон нест, ки ҳисобашро нигоҳ доред; аз ин рӯ, эшонро [бо ҳадяи муносиб] баҳраманд созед ва ба некутарин ваҷҳ раҳояшон созед
Эй паёмбар, Мо ҳамсаронат, ки маҳрашонро пардохтаӣ ва [низ] канизонеро, ки Аллоҳ таоло [аз баҳраи ҷанг] ба ту арзонӣ доштааст, бароят ҳалол кардаем ва [низ издивоҷ бо] духтари амуҳоят ва духтари аммаҳоят ва духтартағоҳоят ва духтархолаҳоят, ки бо ту ҳиҷрат кардаанд ва [ҳамчунин] агар зани муъмине худро [бидуни маҳрия] ба паёмбар бибахшад, чунончи паёмбар бихоҳад, [метавонад] бо вай издивоҷ кунад. [Ин ҳукм] Вижаи туст, на дигар муъминон. Бе тардид, Мо медонем барои онон дар мавриди ҳамсарон ва канизонашон чи ҳукме таъйин кардаем. [Ин ҳукми вижаро барқарор кардем] То ҳеҷ тангное [дар роҳи анҷоми вазифа] бар ту набошад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст
Verse 51
[Навбати] ҳар як аз онон [ҳамсаронат]- ро, ки бихоҳӣ [метавонӣ] ба таъхир андозӣ ва ҳар кадомро бихоҳӣ, [метавонӣ] назди хеш ҷой диҳӣ; ва агар ҳар як аз ононро, ки аз ӯ канора гирифтаӣ [ва навбаташ ба таъхир афтодааст] талаб кунӣ, [дар ҳар ҳол] ҳеҷ гуноҳе бар ту нест. Ин [ихтиёр дар интихоб] наздиктар аст ва ин ки чашмашон равшан шавад ва андӯҳгин набошанд ва ҳамагиашон аз он чи ба онон бахшидаӣ хушнуд гардидаанд; ва Аллоҳ таоло медонад, ки шумо [мардон дар бораи муҳаббати бештар ба бархе занонатон] чи дар дил доред; ва Аллоҳ таоло ҳамвора донои бурдбор аст
Verse 52
Аз ин пас [дигар издивоҷ бо] ҳеҷ зане бароят ҳалол нест ва набояд [бархе аз ҳамсаронатро талоқ диҳӣ, то] ҳамсаронеро ҷойнишини онон кунӣ, ҳатто агар зебоии онон [занони ҷадид] туро хуш ояд. Магар он ки [ба сурати каниз] дар ихтиёрат бошад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора бар ҳар чизе нигаҳбон аст
Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳои паёмбар дохил нашавед; магар он ки барои [сарфи] ғизое ба шумо иҷозат диҳанд; бе он ки [зудтар аз вақти ғизо биравед ва] мунтазири омода шуданаш шавед; вале ҳангоме ки шуморо фаро хонданд, ворид шавед ва чун ғизо хӯрдед, пароканда гардед ва саргарми [баҳс ва] гуфтугӯ нашавед. Ин [рафторатон] паёмбарро меозорад ва ӯро аз [ибрози ин мавзӯъ дар баробари] шумо шарм дорад; [вале] Аллоҳ таоло аз [баёни] ҳақ шарм надорад. Ва ҳангоме ки аз ҳамсарони ӯ дархосте доред, [ниёзатонро] аз пушти пардае аз онон бихоҳед [ва дар чеҳраи онон нанигаред; чаро ки] ин [кор] барои дилҳои шумо ва эшон поктар аст; ва [ҳамчунин] бароятон сазовор нест, ки Расулуллоҳро биёзоред ва ҳаргиз шоистаи шумо нест, ки пас аз ӯ бо ҳамсаронаш издивоҷ кунед. Ба ростӣ, ки ин [кор] назди Аллоҳ таоло [гуноҳе] бузург аст
Verse 54
Агар чизеро ошкор кунед ё пинҳон доред, [бидонед, ки] бетардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе огоҳ аст
Verse 55
Бар онон [занони мусулмон] гуноҳе нест [дар надоштани ҳиҷоб] назди падаронашон ва писаронашон ва бародаронашон ва писарони бародаронашон ва писарони хоҳаронашон ва занон [ҳамдин]-ашон ва бардагонашон; ва [эй занони мусулмон] аз Аллоҳ таоло парво кунед. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ аст
Verse 56
Ба ростӣ, Аллоҳ таоло ва фариштагонаш бар паёмбар дуруд мефиристанд; [пас] эй касоне, ки имон овардаед [шумо низ] бар ӯ дуруд фиристед ва ба шоистагӣ салом гӯед
Verse 57
Касоне ки Аллоҳ таоло ва паёмбарашро меозоранд, Аллоҳ таоло дар дунё ва охират ононро аз раҳмати хеш дур мекунад ва барояшон азоби хоркунанда омода кардааст
Verse 58
Ва онон, ки мардон ва занони муъминро бе он ки муртакиби [амали зиште] шуда бошанд, [бо иттиҳомоти нораво] меозоранд, бори дурӯғ ва гуноҳи ошкорро бар дӯш мекашанд
Verse 59
Эй паёмбар, ба ҳамсарон ва духтаронат ва дигар занони муъмин бигӯ, ки чодарҳояшонро ба шоистагӣ бар [сар ва синаи] хеш бияфкананд. Ин [гуна пӯшиш] муносибтар аст ба ин ки [дар ҷомеа матонат ва виқор] шинохта шаванд ва [дар натиҷа] мавриди озор [ҳарзагон] қарор нагиранд, Ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Verse 60
Агар мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ [нифоқ] аст ва овозасозӣ дар Мадина [аз дурӯғгӯӣ ва шоеасозӣ] даст барнадоранд, яқинан туро бар онон мусаллат мегардонем. Дар ин сурат ҷуз муддати кӯтоҳе наметавонанд дар ин шаҳр дар канори ту бимонанд
Verse 61
Лаънатшудагонанд ва ҳар ҷо ки ёфта шаванд, бояд бемуҳобо дастгир ва кушта шаванд
Verse 62
[Ин] Суннати Аллоҳ таоло дар мавриди афроде [аз мунофиқон] , ки пештар будаанд, ҷорӣ гаштааст; ва ҳаргиз дар суннати Аллоҳ таоло дигаргунӣ [ва тағйире] намеёбӣ
Verse 63
[Эй паёмбар] Мардум дар бораи [замони вуқуъи] қиёмат аз ту мепурсанд; бигӯ: «Дониши он танҳо назди Аллоҳ таоло аст»; ва ту чи медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад
Verse 64
Бе тардид, Аллоҳ таоло кофиронро аз раҳмати хеш дур карда ва барояшон оташи афрӯхта муҳайё кардааст
Verse 65
[Оташе] Ки ҷовидона дар он хоҳанд монд [ва барои дифоъ аз худ] ҳеҷ корсоз ва ёригаре намеёбанд
Verse 66
Рӯзе, ки чеҳраҳояшон дар оташи дузах дигаргун мешавад, [бо пушаймонӣ] мегӯянд: «Эй кош, аз Аллоҳ таоло ва Паёмбар итоат карда будем
Verse 67
[Онон баҳона меоваранд ва] мегӯянд: «Парвардигоро, мо аз раҳбарон ва бузургони худ итоат кардем ва онон [буданд], ки моро гумроҳ карданд
Verse 68
Парвардигоро! Азобашонро дучандон кун ва ба лаънати бузург [ва сахт] лаънат бифармо!»
Verse 69
Эй касоне, ки имон овардаед, [Паёмбарро наёзоред ва] монанди касоне набошед ки Мӯсоро [бо тӯҳматҳои нораво] озурданд, сипас Аллоҳ таоло ӯро [аз он чи дар ҳаққаш мегуфтанд] табриа намуд; ва [Мӯсо] ҳамвора назди Аллоҳ обрӯманд аст.
Verse 70
Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва сухани рост ва дуруст бигӯед
Verse 71
[Парҳезгор ва ростгӯ бошед] то Аллоҳ таоло корҳоятонро ислоҳ кунад ва гуноҳонатонро биёмурзад ва [бидонед] ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунад, яқинан ба комёбии бузурге даст ёфтааст
Verse 72
Мо амонати [анҷоми таколифи шаръӣ] – ро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳсорон арза доштем ва онҳо аз таҳаммулаш сар боз заданд ва аз он тарсиданд ва [-ле] инсон онро пазируфт. Ҳаққо, ки ӯ [дар ҳаққи хеш] ҳамвора ситамгор ва нодон аст
Verse 73
[Инсон чунин кард] то Аллоҳ таоло мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро азоб кунад ва тавбаи мардону занони муъминро [ки амонатдорони шоистае буданд] бипазирад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст
تقدم القراءة