Ва [низ] ҳангоме ки гурӯҳе аз онон гуфтанд: «Эй аҳли Ясриб, инҷо ҷойи мондани шумо нест; пас, [ба хонаҳоятон] бозгардед»; ва бархе аз онон аз Паёмбар иҷозати [бозгашт] мехостанд ва мегуфтанд: «Хонаҳои мо бе ҳифзкунанда аст»; дар ҳоле ки бе ҳифзкунанда набуд. Онон чизе ҷуз фирор [аз ҷиҳод] намехостанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
13. Ва ба ёд овар эй Расул, замонеро, ки гурӯҳе аз он мунофиқон гуфтанд: «Эй мардуми Ясриб(1), ин ҷо (хаймаҳои беруни Мадина) ҷои бозмонданатон нест, пас ба хонаҳои худ ба Мадина бозгардед». Ва гурӯҳе аз он мунофиқон баҳона карда аз Паёмбар рухсат талабиданд ва мегуфтанд: «Дар ҳақиқат, дар хонаҳои мо ҳифзкунандае нест». Хонаҳояшон беҳифзкунанда набуд, балки дурӯғ мегуфтанд, мехостанд аз майдони ҷанг бигурезанд.
____________________
1. Ясриб, ин номи қадимаи Мадина буд ва пеш аз ҳиҷрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ном бурда мешуд.
____________________
1. Ясриб, ин номи қадимаи Мадина буд ва пеш аз ҳиҷрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ном бурда мешуд.
الترجمة الطاجيكية
وَإِذۡ قَالَت طَّآئِفَةٞ مِّنۡهُمۡ يَـٰٓأَهۡلَ يَثۡرِبَ لَا مُقَامَ لَكُمۡ فَٱرۡجِعُواْۚ وَيَسۡتَـٔۡذِنُ فَرِيقٞ مِّنۡهُمُ ٱلنَّبِيَّ يَقُولُونَ إِنَّ بُيُوتَنَا عَوۡرَةٞ وَمَا هِيَ بِعَوۡرَةٍۖ إِن يُرِيدُونَ إِلَّا فِرَارٗا
Ва гурӯҳе аз онҳо гуфтанд: «Эй мардуми Ясриб, ин ҷо ҷои монданатон нест. Бозгардед». Ва гурӯҳе аз онҳо аз паёмбар рухсат талабиданд. Мегуфтанд: «Хонаҳои моро ҳифзкунандае нест». Хонаҳояшон беҳифзкунанда набуд, мехостанд бигурезанд.
Tajik - Tajik translation