[Мунофиқон дар ҳама чиз] бар шумо бухл меварзанд; ва ҳангоме ки бим [ҷанг пеш] меояд, дар ҳоле ки чашмҳояшон [аз ваҳшат дар косахона] мечархад, ҳамчун касе, ки аз [сахтии] марг беҳуш шуда бошад, туро нигоҳ мекунанд; ва чун [буҳрон ва] тарс бартараф шуд, ба хотири ҳирс ва тамаъе, ки ба ғаноим доранд, бо забонҳои тунд ва нешдор шуморо меранҷонанд. Онон [ҳаргиз] имон наёвардаанд; пас, Аллоҳ таоло аъмолашонро табоҳ мегардонад ва ин [кор] ҳамвора бар Аллоҳ таоло осон аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
19. Эй мӯъминон, ба сабаби душманию бадбиниашон бар шумо бухл меварзанд ва чун замони тарс пеш ояд, бубинӣ, ки ба ту менигаранд ва чашмонашон мисли касе, ки аз сакароти марг беҳуш шуда бошад, тагорӯй мешавад ва чун ҷанг поён ёфт, тарс аз миён биравад ва мебинӣ, ки аз ҳирси ғаноим (бойгарӣ) бо забони тезу тундӣ худ шуморо биранҷонанд. Инҳо ҳаргиз бо дилҳояшон имон наёвардаанд, пас Аллоҳ амалҳояшонро нобуд кардааст ва ин кор бар Аллоҳ осон будааст.
الترجمة الطاجيكية
أَشِحَّةً عَلَيۡكُمۡۖ فَإِذَا جَآءَ ٱلۡخَوۡفُ رَأَيۡتَهُمۡ يَنظُرُونَ إِلَيۡكَ تَدُورُ أَعۡيُنُهُمۡ كَٱلَّذِي يُغۡشَىٰ عَلَيۡهِ مِنَ ٱلۡمَوۡتِۖ فَإِذَا ذَهَبَ ٱلۡخَوۡفُ سَلَقُوكُم بِأَلۡسِنَةٍ حِدَادٍ أَشِحَّةً عَلَى ٱلۡخَيۡرِۚ أُوْلَـٰٓئِكَ لَمۡ يُؤۡمِنُواْ فَأَحۡبَطَ ٱللَّهُ أَعۡمَٰلَهُمۡۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٗا
Ҳар чизеро аз шумо дареғ медоранд ва ҷуи тарсу хафв ояд, бинӣ, ки ба ту менигаранд ва чашмонашон (аз тарси и марг) давр мезанад мисли касе, ки аз марг беҳуш туда бошад, Ва чун ваҳшат аз миён биревад, аз ҳирси ғаниматҳо бо забони тези худ биранҷонадатон. Инҳо имон наёвардаанд. Ва Худо амалҳояшонро нобуд кардааст ва ин кор бар Худо осон будааст.
Tajik - Tajik translation