Ва [эй Паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки аз паёмбарон паймон [яктопарастӣ ва нубувват] гирифтем ва [ба вижа] аз ту ва Нуҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо- писари Марям; ва аз ҳамаи онон паймони маҳкаме [дар бораи таблиғи дин] гирифтем
الترجمة الطاجيكية - عارفي
7. Ва ба ёд ор эй Паёмбар, он ҳангомро, ки аз паёмбарон паймони маҳкам ва устувор гирифтем ва ҳамчунин аз туву аз Нӯҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо писари Марям ва аз ҳамаи онҳо паймони сахте гирифтем, ки дар адои масъулияти расонидани даъват ва адои амонат ва тасдиқ кардани баъзеяшон баъзеро кутоҳӣ накунанд. Ва онон аз паёмбарони соҳибазманд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\213
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\213
الترجمة الطاجيكية
وَإِذۡ أَخَذۡنَا مِنَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ مِيثَٰقَهُمۡ وَمِنكَ وَمِن نُّوحٖ وَإِبۡرَٰهِيمَ وَمُوسَىٰ وَعِيسَى ٱبۡنِ مَرۡيَمَۖ وَأَخَذۡنَا مِنۡهُم مِّيثَٰقًا غَلِيظٗا
Ва он ҳангом, ки аз паёмбарон паймон гирифтем ва аз туву аз Нӯҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо бинни Марям ва аз ҳамаи онҳо паймоне сахт гирифтем,
Tajik - Tajik translation