Оё надидаӣ, ки Аллоҳ таоло бороне аз осмон фиристод ва онро [ба сурати] чашмаҳое дар замин ҷорӣ сохт. Он гоҳ ба василаи он киштзоре бо рангҳои гуногун падид меоварад. Сипас пажмурда мегардад ва мебинӣ, ки зард шудааст. Он гоҳ онро хурду хошок месозад? Бе тардид, дар ин [дигаргуниҳо] панде барои хирадмандон аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
21. Оё надидаӣ, эй Расул, ки ҳароина, Аллоҳ аз осмон борон фиристод ва онро дар замин даровард, пас онро чун чашмасорҳое дар замин равон гардонид, он гоҳ ба он киштзорҳои рангоранг бирӯёнид, сипас ҳама хушк мешаванд ва мебинӣ, ки зард (хазон) шудаанд, сипас онро реза-реза мегардонад? Бегумон дар ин кори Аллоҳ панде барои хирадмандон аст!
الترجمة الطاجيكية
أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَسَلَكَهُۥ يَنَٰبِيعَ فِي ٱلۡأَرۡضِ ثُمَّ يُخۡرِجُ بِهِۦ زَرۡعٗا مُّخۡتَلِفًا أَلۡوَٰنُهُۥ ثُمَّ يَهِيجُ فَتَرَىٰهُ مُصۡفَرّٗا ثُمَّ يَجۡعَلُهُۥ حُطَٰمًاۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَذِكۡرَىٰ لِأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ
Оё надидаӣ, ки Худо аз осмон борон фиристод ва онро чун чашмасорҳое дар замин равон гардонид, он гоҳ ба он киштаҳои рангоранг бирӯёнид, сипас ҳама хушк мешаванд ва мебинӣ, ки зард шудаанд, он гоҳ хурдашон месозад? Албатта хирадмандонро дар он пандест!
Tajik - Tajik translation