Аллоҳ таоло [барои муқоисаи мушрику муваҳҳид] мардеро мисол мезанад, ки чанд шарик дар бораи [моликияти] ӯ пайваста бо ҳам ихтилофу мушоҷара доранд ва дар муқобилаш марде, ки таҳти фармони як нафар қарор дорад. Оё ин ду нафар [аз назари мавқеият] яксонанд? Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст, вале бештарашон намедонанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
29. Аллоҳ масале мезанад: «Мардеро, ки ғулом аст чанд молики носозгор дар ӯ шариканд ва бар сари ӯ ихтилоф доранд ва ҳар яке аз онҳо мехоҳад, ки гуфтаи ӯро кунад ва марди, дигаре, ки ғулом аст, танҳо аз они як молик мебошад. Оё ин ду ғулом бо ҳам баробаранд? Албатта, баробар намешаванд. Инчунин мушрик дар ҳайронӣ ва шак аст ва мӯъмин дар роҳат ва оромӣ аст. Сипос Аллоҳро. Балки, аксари онҳо ҳақро намедонанд, то пайравии он кунанд.
الترجمة الطاجيكية
ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا رَّجُلٗا فِيهِ شُرَكَآءُ مُتَشَٰكِسُونَ وَرَجُلٗا سَلَمٗا لِّرَجُلٍ هَلۡ يَسۡتَوِيَانِ مَثَلًاۚ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
Худо масале мезанад: «Мардеро, ки чанд тан дар ӯ шариканд ва бар сари ӯ ихтилоф доранд. Ва марде, ки танҳо аз они яке бошад. Оё ин ду бо ҳам баробаранд? Шукру сипос Худоро. На, бештарашон намедонанд.
Tajik - Tajik translation