Пеш аз ин низ Юсуф бо далоили равшан наздатон омад, аммо шумо аз он чи бароятон оварда буд, пайваста дар шак будед, то замоне, ки аз дунё рафт [ва бар тардидатон афзуда шуд]. Он гоҳ гуфтед: «Аллоҳ таоло ҳаргиз пас аз вай паёмбареро мабъус нахоҳад кард». Аллоҳ таоло исрофкори бадгумонро ин гуна гумроҳ месозад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
34. Юсуф, ки писари Яъқуб алайҳиссалом пеш аз Мӯсо бо далелҳои равшан бар шумо фиристода шуд ва шуморо ба ибодати Аллоҳи якто амр карда буд, пас аз он чӣ барои шумо оварда буд, ҳамеша дар шак будед, то замоне, ки Юсуф аз дунё бирафт, шак ва ширки шумо зиёд шуд ва гуфтед: Аллоҳ пас аз ӯ, ҳаргиз дигар паёмбаре нахоҳад фиристод! Аллоҳ таҷовузкори шакковарандаро ин гуна гумроҳ месозад!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\383
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\383
الترجمة الطاجيكية
وَلَقَدۡ جَآءَكُمۡ يُوسُفُ مِن قَبۡلُ بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَمَا زِلۡتُمۡ فِي شَكّٖ مِّمَّا جَآءَكُم بِهِۦۖ حَتَّىٰٓ إِذَا هَلَكَ قُلۡتُمۡ لَن يَبۡعَثَ ٱللَّهُ مِنۢ بَعۡدِهِۦ رَسُولٗاۚ كَذَٰلِكَ يُضِلُّ ٱللَّهُ مَنۡ هُوَ مُسۡرِفٞ مُّرۡتَابٌ
Юсуф пеш аз ин бо далоили равшан бар шумо мабъус (фиристода) шуд ва шумо аз он чӣ оварда буд, ҳамчунон дар шак мебудед. Чун Юсуф бимурд, гуфтед: «Худо пас аз ӯ дигар паёмбаре нахоҳад фиристод!» Худо таҷовузкори шаковарандаро ин гуна гумроҳ месозад!
Tajik - Tajik translation