Чун бо кофирон рӯ ба рӯ шудед, ононро гардан бизанед, то он ки [бисёре аз ононро] бикушед, он гоҳ асиронро ба банд кашед, сипас ё бар онон миннат гузоред [ва бидуни ҳеҷ чашмдоште озодашон кунед] ё [аз онон] фидя бигиред [ва раҳояшон кунед], то сангинии ҷанг фурукаш кунад. Ин [ҳукми илоҳӣ] аст ва агар Аллоҳ таоло мехост, худ аз онон интиқом мегирифт, вале [фармони ҷанг дод] то шуморо баробари якдигар озмоиш кунад ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шуданд, [Аллоҳ таоло ҳаргиз] натиҷаи талошашонро табоҳ намекунад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
4. Пас эй мӯъминон чун бо кофирон рӯ ба рӯ шудед дар майдони ҷанг, гарданашонро бизанед. Ба ҳамчунин идома диҳед, то ба андозае душманро ба куштан ё захмӣ кардан, заъиф намоед ва чун онҳоро сахт фурӯ куфтед, асирашон кунед ва сахт бибандед. Он гоҳ оноҳро ба эҳсон озод кунед ё ба фидя (ба ивази пулу мол). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Аллоҳ. Ва агар Аллоҳ мехост (на ба роҳи ҷанг, балки аз роҳҳои дигаре, мисли тӯфон, заминларза, сел, ғарқ сохтан ва дигар офатҳо) аз он кофирон интиқом мегирифт, вале хост, то шуморо ба якдигар биёзмояд. Ва онон, ки дар роҳи Аллоҳ кушта шудаанд, ҳаргиз савоби аъмолашонро ботил намекунад.
الترجمة الطاجيكية
فَإِذَا لَقِيتُمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فَضَرۡبَ ٱلرِّقَابِ حَتَّىٰٓ إِذَآ أَثۡخَنتُمُوهُمۡ فَشُدُّواْ ٱلۡوَثَاقَ فَإِمَّا مَنَّۢا بَعۡدُ وَإِمَّا فِدَآءً حَتَّىٰ تَضَعَ ٱلۡحَرۡبُ أَوۡزَارَهَاۚ ذَٰلِكَۖ وَلَوۡ يَشَآءُ ٱللَّهُ لَٱنتَصَرَ مِنۡهُمۡ وَلَٰكِن لِّيَبۡلُوَاْ بَعۡضَكُم بِبَعۡضٖۗ وَٱلَّذِينَ قُتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَلَن يُضِلَّ أَعۡمَٰلَهُمۡ
Чун бо кофирон рӯбарӯ шудед, гарданашонро бизанед. Ва чун онҳоро сахт фурӯ кӯфтед, асирашон кунед ва сахт бибандед. Он гоҳ ё ба миннат озод кумед ё ба фидя (ба ивази пул). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Худо. Ва агар Худо мехост, аз онон интиқом мегирифт, вале хост то шуморо ба якдигар биёзмояд. Ва онон, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, амалҳояшонро ботил намекунад.
Tajik - Tajik translation