Ва [эй муъминон, ба ёд оред] ҳангоме ки шайтон аъмоли ононро дар назарашон орост ва гуфт: «Имрӯз ҳеҷ кас бар шумо пирӯз намешавад ва ман [ёвару] паноҳатон ҳастам». Аммо ҳангоме ки ду гурӯҳ [бо ҳам] рӯбарӯ шуданд, ба ақиб бозгашту гуфт: «Ба ростӣ, ки ман аз шумо безорам ва чизе [фариштагони ёригар] –ро мебинам, ки шумо намебинед. Ман аз Аллоҳ таоло метарсам ва [аз ҳалок бим дорам, чаро ки] Аллоҳ таоло сахткайфар аст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
48. Ба ёд оред, вақте ки шайтон кирдори мушриконро дар назарашон биёрост ва барояшон гуфт: «Имрӯз аз мардум касе бар шумо пирӯз намешавад ва ман паноҳдиҳандаи шумоям». Вале чун ду гурӯҳ рӯ ба рӯ шуданд; мушрикон ҳамроҳи шайтон ва мӯъминон ҳамроҳи фариштагон шуданд. Ӯ (шайтон) бозгашту гуфт: «Ҳароина ман аз шумо безорам, дар ҳақиқат ман чизҳоеро мебинам, ки шумо намебинед, (яъне шайтон нишонаҳои пирӯзии мусалмононро бо мадади Аллоҳ аз тариқи фиристодани фириштагон
дид ва гуфт, ки) ман аз Аллоҳ метарсам, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад шахсеро, ки ба Ӯ нофармонӣ кунад!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/366
дид ва гуфт, ки) ман аз Аллоҳ метарсам, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад шахсеро, ки ба Ӯ нофармонӣ кунад!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/366
الترجمة الطاجيكية
وَإِذۡ زَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَعۡمَٰلَهُمۡ وَقَالَ لَا غَالِبَ لَكُمُ ٱلۡيَوۡمَ مِنَ ٱلنَّاسِ وَإِنِّي جَارٞ لَّكُمۡۖ فَلَمَّا تَرَآءَتِ ٱلۡفِئَتَانِ نَكَصَ عَلَىٰ عَقِبَيۡهِ وَقَالَ إِنِّي بَرِيٓءٞ مِّنكُمۡ إِنِّيٓ أَرَىٰ مَا لَا تَرَوۡنَ إِنِّيٓ أَخَافُ ٱللَّهَۚ وَٱللَّهُ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ
Шайтон кирдорашонро дар пазарашон биёрост ва гуфт; «Имрӯз аз мардум касе бар шумо ғолиб намешавад ва ман паноҳи шумоям». Вале чун ду гурӯҳ рӯбарӯ шуданд, ӯ бозгашту гуфт: «Ман аз шу мо безорам, ки чизҳое мебинам, ки шумо намебинед, ман аз Худо метарсам, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад!»
Tajik - Tajik translation