Ва ҳаргиз бар ҳеҷ мурдае аз онон намоз нахон ва [барои дуо хондан ва талаби омурзиш] бар сари қабраш наист, [чаро ки] бе тардид, онон ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш куфр варзидаанд ва дар ҳоле мурданд, ки нофармон буданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
84. Чун бимиранд, бар ҳеҷ яке аз мунофиқон намоз магузор ва бар қабрашон наист. Зеро онон ба Аллоҳ ва расулаш кофир шудаанд ва дар ҳолати ноитоатии фармон мурдаанд! (Ин ҳукм ом аст ба ҳар касе, ки нифоқаш маълум шудааст).(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/347
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/347
الترجمة الطاجيكية
وَلَا تُصَلِّ عَلَىٰٓ أَحَدٖ مِّنۡهُم مَّاتَ أَبَدٗا وَلَا تَقُمۡ عَلَىٰ قَبۡرِهِۦٓۖ إِنَّهُمۡ كَفَرُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَمَاتُواْ وَهُمۡ فَٰسِقُونَ
Чун бимиранд, бар ҳеҷ як аз онон намоз макун ва бар қабрашон маист. Инҳо ба Худо ва расулаш кофир шудаанд ва нофармон мурдаанд!
Tajik - Tajik translation